Тартиби гузаронидани пешгирии ҷарроҳии ҳамл аз 28 январи соли 2021, № 74

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 27 сентябри соли 2021 ба қайди давлатӣ гирифта шудааст, рақами бақайдгирӣ 1095

Замима

ба фармоиши вазири тандурустӣ

ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 28 январи соли 2021, № 74

ТАРТИБИ ГУЗАРОНИДАНИ ҶАРРОҲИИ ПЕШГИРИИ ҲАМЛ

Тартиби гузаронидани пешгирии ҷарроҳии ҳамл (минбаъд - Тартиб) тартиби гузаронидани пешгирии ҷарроҳии ҳамлро бо мақсади пешгирии ҳамли номатлуб муқаррар менамояд.

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. Дар Тартиб мафҳумҳои зерин истифода бурда мешаванд:

- думмал (абсесс) - беғилофакшавии ҳосилаи зерипӯстии римии этиологиаш сироятӣ;

- гиперемия - пайдо шудани сурхи дар пӯсти бадан, ин аз ҳад зиёд пур шудани рагҳои хунгузар дар ягон қисми системаи гардиши канорӣ дар натиҷаи зиёд шудани гардиши хуни артериявӣ ё хуруҷи нокофии венагӣ мебошад;

- контрасепсия - ҳар як воситае, ки қобилияти пешгирии ҳомиладоршавиро дорад;

- коагулятсия - қатъ кардани хунравӣ ё нест кардани неоплазмаҳо бо зарбаи барқӣ;

- окклюзия- ба таври сунъи бастани найчаҳои бачадон;

- оризаҳо - ҳолат ё ҳодисае, ки бемориро душвор месозад.

2. Усули ҷарроҳии пешгирии ҳамл ҳамчун мудохилаи махсус бо мақсади маҳрум сохтани одам аз наслдиҳӣ ва ё усули бебозгашти пешгирии ҳамл танҳо бо розигии хаттии ҳамсарон, барои заноне, ки ақди никоҳ надоранд, ихтиёрӣ дар асоси забонхат, барои ноболиғон бо розигии падару модар ва ё намояндаи қонунии онҳо сурат мегирад.

3. Усули ҷарроҳии пешгирии ҳамли занон ҳамчунин метавонад аз рӯйи нишондодҳои тиббӣ гузаронида шавад. Нишондодҳои тиббӣ дуюминдараҷа буда, онҳо ҳамаи зиддинишондодҳоро барои ҳомиладоршавӣ, инчунин таҳаммулнопазирии дигар усулҳои контрасепсияро дар бар мегиранд.

4. Гузаронидани ҷарроҳӣ аз рӯйи нишондодҳои тиббӣ аз тарафи комиссияе ҳал карда мешавад, ки роҳбари муассиса таъин менамояд.

5. Барои гузаронидани ҷарроҳии мазкур аз рӯйи нишондодҳои тиббӣ ба зан хулоса бо ташхиси пурраи клиникӣ дода мешавад, ки аз тарафи роҳбари муассиса, аъзои комиссия имзо ва бо муҳр тасдиқ карда шудааст. Барои гузаронидани ҷарроҳӣ аз рӯйи нишондодҳои тиббӣ ризоияти хаттии зан талаб карда мешавад.

6. Пеш аз гузаронидани ҷарроҳӣ занони гирифтори бемориҳои илтиҳобии узвҳои коси хурд, саратони ғадуди ширӣ, фибриома омода карда мешаванд.

7. Ҷарроҳӣ дар ҳолатҳои зарурати ба анҷом расонидани муоина ё бартараф намудани вайроншавии саломатӣ - ҳомиладорӣ, давраи баъди таваллудкунӣ то 42 рӯз, мавҷудияти мушкилоти баъди таваллуд ё баъди исқоти ҳамл, гематометр, хунравии маҳбалӣ, бемориҳои илтиҳобии узвҳои коси хурд ва омосҳои бадсифати узвҳои коси хурд ба таъхир андохта мешавад.

8. Ҷарроҳӣ дар занҳои гирифтори вируси норасоии масунияти одам (минбаъд - ВНМО), равандҳои зоҳиршавандаи илтиёмӣ дар коси хурд, эндометриоз, чурраи девораи шикам, кафидан ё шикоф шудани бачадонро дар анамнез муассисаҳои зинаи 3-юм гузаронида мешавад.

9. Ҷарроҳӣ бо риояи шартҳои зерин гузаронида мешавад:

- ҳангоми набудани зиддинишондодҳои муваққатӣ;

- бо хоҳиши ихтиёрии зан;

- ҳангоми розигии шавҳар;

- ҳангоми боварӣ доштан ба набудани ҳомиладорӣ;

- баъди гузаронидани машварати ҳатмии тиббию иҷтимоӣ оид ба ҷарроҳии пешгирии ҳамл тибқи Тартиби гузаронидани машварати хатмии тиббию иҷтимоӣ оид ба ҷарроҳии пешгирии ҳамл (минбаъд - Тартиби гузаронидани машварат), ки бо фармоиши вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 феврали соли 2021, №97 тасдиқ шуда, дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 марти соли 2021, №1064 ба қайди давлатӣ гирифта шудааст, инчунин иттилоотро дар бораи дигар усулҳои контрасепсия, дар бораи воситаҳои амалиёти ҷарроҳӣ, дар бораи фоида ва хатарҳо, дар бораи бебозгашт будани усул, дар бораи бебозгашт будани бордоршавӣ, дар бораи имконияти даст кашидан ва безуриёткунонии ихтиёрии ҷарроҳӣ дар ҳар лаҳза то гузаронидани ҷарроҳиро дар бар мегирад.

10. Пас аз он барои муайян намудани вақти гузаронидани ҷарроҳии пешгирии ҳамл варақаи санҷиши баҳодиҳии зан тибқи замимаи 1 тартиб пур карда мешавад.

11. Пеш аз гузаронидани ҷарроҳии пешгирии ҳамл зан бояд ташхисҳои зеринро гузарад:

- таҳлили клиникии хун ва пешоб;

- таҳлили биохимиявии хун;

- гурӯҳи хун;

- резус-омил;

- аксуламали Вассерман ва ВНМО;

- коагулограмма;

- таҳқиқи андуда аз маҳбал;

- сабти барқии дил;

- рентгеноскопияи қафаси сина;

- муоинаи духтури даруна;

- муайян намудани меъёрҳои тиббии қобили қабул будани ҷарроҳии пешгирии ҳамл дар асоси тавсияи Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ тибқи замимаи 2.

2. УСУЛҲОИ ҶАРРОҲИИ ПЕШГИРИИ ҲАМЛ

12. Усулҳои ҷарроҳии пешгирии ҳамл инҳо мебошанд:

- минилапаротомия;

- лапароскопия;

- лапаротомия (ҳангоми ҷарроҳии буриши қайсарӣ).

13. Техникаи дастрасиро ҳангоми ҷарроҳии пешгирии ҳамл табиб вобаста ба вазъият бо роҳи лапаротомия ҳангоми ҷарроҳии буриши қайсарӣ ё ҷарроҳиҳои гинекологӣ, инчунин бо роҳи минилапаротомия ва лапароскопия интихоб менамояд.

14. Минилапаротомия як амали ҷарроҳӣ мебошад, ки буридани баданро дар минтақаи муайяни ковокии шикам (буридани девори шикам барои дастрасии қисман ба узвҳои шикам) дар бар мегирад.

15. Ҳангоми гузаронидани ҷарроҳӣ бо усули минилапаратомия дар тамоми марҳилаҳои он оид ба пешгирии сироят чораҳои мувофиқ андешида мешаванд.

16. Табиб муоинаи умумӣ ва гинекологиро мегузаронад.

17. Ба зан вояи начандон калони доруи таскинбахш (седативӣ) гузаронида мешавад. Дар қисмати болотари мӯйнокшавии зери ноф беҳискунии ҷузъӣ (тазриқ) карда мешавад.

18. Ҷарроҳ дар доираи қисмати беҳискардашуда буриши начандон калони кундаланг (дарозиаш 2-5 см) мекунад. Дар ин маврид зан дарди сустеро эҳсос карда метавонад (дар ҳолате, ки зан ба наздикӣ таваллуд карда бошад, буриши кундаланг поёнтари ноф гузаронида мешавад).

19. Ҷарроҳ асбоби махсусро (олоти болобардоранда) ба маҳбал дохил мекунад, тавассути гарданак ба ковокии бачадон мегузарад ва сипас навбат ба навбат ду найчаи фаллопиевиро ба тарзе мебардорад, ки онҳо ба буриши девораи шикам наздиктар бошанд. Ҳангоми иҷрои ин амалҳо дар зан эҳсоси нофорам пайдо шуда метавонад.

20. Найчаҳо навбат ба навбат баста ва миёнбур карда мешаванд ё бо дастаҳо ё ҳалқаҳои махсус баста мешаванд.

21. Дар ҷойи буриш дарзҳои ҷарроҳӣ гузошта мешавад ва қисмати дарзҳо бо бандинаи лейкопластирӣ пӯшонида мешавад.

22. Ба зан оид ба нигоҳубин дар давраи баъдиҷарроҳӣ тавсияҳо дода мешавад. Одатан зан баъди якчанд соати пас аз ҷарроҳӣ муассисаи тиббиро тарк карда метавонад. Ҳалли масъалаи вақти ҷавобдиҳӣ аз статсионар ба таври фардӣ ҳал карда мешавад.

23. Лапароскопия ин усули ҷарроҳие мебошад, ки тавассути буриши хурд аз 4 то 7 мм ё сӯрохҳои девори пеши шикам тибқи замимаи 3 анҷом дода мешавад.

24. Ҳангоми гузаронидани ҷарроҳӣ бо усули лапароскопия дар тамоми марҳилаҳои он оид ба пешгирии сироят чораҳои мувофиқ андешида мешаванд.

25. Табиб муоинаи умумӣ ва гинекологиро мегузаронад.

26. Намуди бедардкунониро (беҳискунии умумӣ ё минтақавӣ) анестезиолог интихоб мекунад.

27. Ҷарроҳ сӯзани махсусро ба ковокии шиками зан ворид мекунад ва дар он миқдори муайяни ҳаво ё газро мефишорад. Ин барои бурдани ковокии шикам дар масофаи кофӣ аз узвҳои коси хурд имконият медиҳад.

28. Ҷарроҳ буриши начандон калонро (дарозиаш қариб 1 см) дар доираи қисмати беҳискардашуда иҷро мекунад ва ба ковокии шикам лапароскопро ворид менамояд, ки аз найчаи дарози тунук бо системаи линзаҳо иборат аст. Бо ёрии лапароскоп ҷарроҳ узвҳои ковокии шикамро аз назар мегузаронад ва ҷойи ҷойгиршавии найчаҳои бачадонро муайян мекунад.

29. Ҷарроҳ асбоби махсусро ба ковокии шикам тавассути лапароскоп ворид менамояд (гоҳо асбоб тавассути буриши ёридиҳанда ворид карда мешавад) ва найчаҳои бачадонро мефишорад.

30. Ҳар як найча бо ёрии даста ё ҳалқа фишор дода мешавад. Ҳамчунин методикаи муоҳисаркунии равзанаи найчаи бачадон бо ёрии ҷараёни электрикӣ (электрокоагулятсия) вуҷуд дорад.

31. Ҷарроҳ асбоб ва лапароскопро аз ковокии шикам мегирад ва ҳавои пешакӣ фишурдашударо сар медиҳад. Дар буриш дарзҳои ҷарроҳӣ гузошта мешавад ва қисмати дарзҳо бо бандинаи лейкопластирӣ пӯшонда мешавад.

32. Усули лапороскопия метавонад дар реҷаи монополярӣ ё биполярӣ иҷро карда шавад.

33. Реҷаи монополярӣ - найчаи бачадонро бо диссектор дар масофаи на камтар аз 2 см аз кунҷи бачадон мегиранд ва электрокоагулятсияро мегузаронанд. Барои ба даст овардани самараи зарурӣ истифода бурдани асбоби дорои бранши танг зарур аст, ки майдони расишро кам мекунад ва зичии барқро зиёд мекунад. Найчаи бачадонро баъди коагулятсия ба масориқаи он осеб нарасонда мебуранд. Амали мазкурро аз тарафи муқобил такрор мекунанд. Дар лаҳзаи додани шиддат бодиққат назорат намудани ҳолати асбоб, троакар ва бофтаҳои атроф барои пешгирии сӯхтани бофтаҳо лозим аст. Тасодуфан ҳосил шудани занҷираи алтернативӣ ва ба он насб шудани ҳалқаи рӯдаҳо нисбатан хатарнок аст. Сӯрохшавии баъдина барои ҳаёти бемор таҳдиди воқеӣ дорад.

34. Реҷаи биполярӣ - реҷаи нисбатан бехатар аст, вале методикаи нисбатан давомноки беззуриёткунонии лапароскопӣ мебошад. Маҷрои ҷараён бо бофтаҳо тавассути асбоб гирифташуда маҳдуд аст, вале дар ин маврид ҳамзамон фақат қитъаҳои начандон калон коагулятсия карда мешаванд. Одатан ҷарроҳ найчаи бачадонро дар 2 ё 3 ҷой коагулятсия мекунад, онро такрор ба такро бо исканҷаи биполярӣ бидуни буридани найча. Дар варианти дигари амалиёт найчаро баъди коагулятсияи яккарата бо қайчӣ мебуранд.

35. Ба зан оид ба нигоҳубин дар давраи баъдиҷарроҳӣ тавсияҳо дода мешавад. Одатан зан баъди якчанд соати пас аз ҷарроҳӣ муассисаи тиббиро тарк карда метавонад. Ҳалли масъалаи вақти ҷавобдиҳӣ аз муассисаи тиббӣ ба таври фардӣ ҳал карда мешавад.

36. Пеш аз ҷавоб додан оид ба аломатҳои хатарноке (баландшавии ҳарорати бадан, дарди шикам, сурхшавии қисматҳои дарзҳои баъдиҷарроҳӣ), ки зан бояд фавран барои кумаки тиббӣ муроҷиат намояд, машварат додан лозим аст.

37. Муоинаи санҷишӣ барои баҳо додани мавҷудияти мушкилоти баъди ҷарроҳӣ ва гирифтани дарзҳо баъди ҷавоб додан дар давоми 7 рӯз, вале на дертар аз 2 ҳафта гузаронида мешавад.

38. Лапаротомия як амали ҷарроҳӣ мебошад, ки буридани баданро дар минтақаи муайяни ковокии шикам (буридани девори шикам барои дастрасии пурра ва ё қисман ба узвҳои шикам) дар бар мегирад.

39. Бо роҳи лапаротомия ҳангоми ҷарроҳии буриши қайсарӣ ҷарроҳии пешгирии ҳамл аз рӯйи якчанд усул гузаронида мешавад:

- найчаҳои бачадон метавонанд бо роҳи ҷарроҳӣ бурида партофта шаванд (қисман ё пурра);

- окклюзия бо роҳи гузоштани рагбастҳо ва минбаъд буридан;

- коагулятсия ё гузоштани клипсҳои механикӣ, фиксаторҳо, танбаҳо.

40. Техникаи окклюзияи найчаҳои бачадон метавонад бо усулҳои зерин амалӣ карда шавад:

- усули "Померой" - ҳалқаи найчаи фаллопиевӣ бо кетгут тибқи замимаи 4 дар қисмати миёнаи он баста мешавад, сипас чок карда мешавад;

- усули "Исканҷаи Филшӣ" - дар найчаҳои бачадон дар масофаи 1-2 см дуртар аз бачадон гузошта мешавад. Баъди таваллудкунӣ тибқи замимаи 5 исканҷаҳо оҳиста-оҳиста гузошта мешаванд (ба мақсади хориҷ намудани моеъ аз ҳар ду найчаҳо).

3. МАВҶУДИЯТИ МУШКИЛОТ ҲАНГОМИ ҶАРРОҲИИ ПЕШГИРИИ ҲАМЛ

41. Пешгирии ҳамл беҳискунӣ ва амалиёти ҷарроҳиро талаб мекунад, ки гузаронидани онҳо бо хатарҳои муайян, аз ҷумла хатари сироятнокшавӣ ва/ё фасодшавии захм алоқаманд аст.

42. Захмҳои сироятшуда бо гиперемия, баландшавии умумии ҳарорат, дард, ихроҷи фасоднок тавсиф меёбад.

43. Табиб қисмати иллатнокшударо бо маҳлули безараргардонӣ коркард намуда, ба зан табобати 7-10-рӯзаро таъин менамояд.

44. Табиб қисмати иллатнокшударо бо маҳлули безараргардонӣ коркард намуда, думмалро кушода ва дренаж намуда, захмро тоза менамояд ва табобат бо ҳаббҳоро (антибиотикҳо) дар муҳлати 7-10 рӯз таъин менамояд.

45. Оқибатҳои баъдина ва мавҷудияти мушкилоти ҷарроҳии пешгирии ҳамл аз ҳомиладоршавии берун аз бачадон иборат аст, ки онро бо ҳолатҳои зерин шарҳ додан мумкин аст:

- инкишофи фистулаи бачадонӣ-перитонеалӣ баъди тавассути электрокоагулятсия гузаронидани безуриёткунонӣ;

- окклюзияи номувофиқ ё реканализатсияи найчаҳои бачадон.

4.МЕХАНИЗМИ ТАЪСИРИ ҶАРРОҲИИ ПЕШГИРИИ ҲАМЛ - ҲОСИЛ НАМУДАНИ ОКЛЮЗИЯИ НАЙЧАҲОИ БАЧАДОН

46. Механизми таъсири ҷарроҳии пешгирии ҳамл бо як қатор оризаҳои имконпазир алоқаманд аст (оризаҳои аз анестезия пайдошуда, равандҳои илтиҳобӣ, хунравӣ).

47. Ҷароҳии пешгириии ҳамл аз сироятҳои бо роҳи алоқаи ҷинсӣ гузаранда муҳофизат намекунад.

48. Зан метавонад қарори худро дигар кунад ва ҳар лаҳза то гузаронидани ҷарроҳӣ аз ҷарроҳии пешгирии ҳамл даст кашад.

49. Ҳангоми машваратдиҳӣ оид ба ҷароҳии пешгирии ҳамл мушовир барои иттилоот додан дар бораи дигар усулҳои бозгаштпазири контрасепсия уҳдадор аст.

50. Ба зан дар бораи он иттилоот пешниҳод намудан зарур аст, ки кормандони тиббӣ барои фош намудани иттилоот дар бораи усули контрасепсияи интихобнамудааш ва гузаронидани ҷароҳии пешгирии ҳамл, ба ғайр аз кормандоне, ки дар ҷарроҳӣ иштирок менамоянд, ҳуқуқ надоранд.

51. Занон барои савол додан оид ба ҳамаи масъалаҳои рағбатдоштаашон ҳуқуқ доранд, то ин ки интихоби усули контрасепсия дарк карда шавад ва шубҳаеро боқӣ нагузорад.

52. Занон набояд ҳангоми интихоби усули контрасепсия аз ҷонибе фишоровариро эҳсос намоянд.

53. Барои кафолати он ки ҳар як зан дар асоси иттилооти ҳаматарафаи ба вай пешниҳодшуда қарори ихтиёрӣ қабул менамояд, зан, шавҳар ва табиби машваратро гузаронида шакли розигии иттилоотнокро тибқи замимаи Тартиби гузаронидани машварат пур мекунанд.

54. Табибе, ки иттилоотро дар бораи зани ҷарроҳии пешгирии ҳамл гузаронидашуда фош мекунад, барои риоя накардани сирри тиббӣ ҷавобгар мебошад.

Ниг. ба Замимаҳои 1-5

Зарегистрировано

Министерством юстиции Республики Таджикистан

от 27 сентября 2021 года, регистрационный номер 1095

МИНИСТЕРСТВО ЗДРАВООХРАНЕНИЯ И СОЦИАЛЬНОЙ ЗАЩИТЫ НАСЕЛЕНИЯ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

РАСПОРЯЖЕНИЕ

О Порядке проведения медицинской стерилизации 190.010.010.

В соответствии с частью 4 статьи 87 Кодекса здравоохранения Республики Таджикистан и пунктом 10 Положения Министерства здравоохранения и социальной защиты населения Республики Таджикистан, утвержденного постановлением Правительства Республики Таджикистан от 3 марта 2014 года, №148,

РАСПОРЯЖАЮСЬ:

1. Утвердить порядок проведения медицинской стерилизации (прилагается).

2. Начальнику управления организации медицинских услуг матерям, детям и планирования семьи Министерства здравоохранения и социальной защиты населения Республики Таджикистан:

- координировать процесс публикации и распространения данной процедуры на уровне центральных больниц и родильных домов республики;

- совместно с руководителями центральных больниц и родильных домов республики обеспечить выполнение данной процедуры;

- представить подробную информацию о проделанной работе руководству Министерства здравоохранения и социальной защиты населения.

3. Начальникам управления здравоохранения Горно-Бадахшанской автономной области, Хатлонской и Согдийской областей, города Душанбе, а также руководителям центральных больниц и родильных домов республики содействовать реализации настоящего распоряжения.

4. Настоящее распоряжение в установленном порядке предоставить в Министерство юстиции Республики Таджикистан для государственной регистрации и ввести в действие после официального опубликования.

5. Контроль за исполнением настоящего распоряжения возложить на заместителя министра - куратора отрасли.

Министр Джамолиддин Абдуллозода

г. Душанбе, от 28 января 2021 года, №74

*Порядок