Бо фармони Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 4 марти соли 2022, № 353
тасдиқ шудааст
Тартиби пардохти унвонпулии ҳармоҳа ба аъзои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
1. Тартиби пардохти унвонпулии ҳармоҳа ба аъзои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон" таҳия гардида, тартиби пардохти унвонпулии ҳармоҳаро ба аъзои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон муайян месозад.
2. Ба аъзои Академияи миллии илмҳо аз рӯзи интихоб ва тасдиқ шудан ба узвият унвонпулии ҳармоҳаи якумра муқаррар карда мешавад. Унвонпулии ҳармоҳа ба узви пайваста (академик) ва узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон пардохт карда мешавад.
3. Маблағҳо барои пардохти унвонпулии ҳармоҳа ба аъзои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон аз ҳисоби буҷети давлатӣ ҷудо карда мешаванд.
4. Андозаи унвонпулии ҳармоҳа ба аъзои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
5. Пардохти унвонпулии ҳармоҳа ба аъзои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон тибқи тартиби муқарраргардида аз ҷониби раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
6. Пардохти унвонпулии ҳармоҳа тавассути муассисаҳои бонкӣ ба суратҳисоби узви пайваста (академик) ва узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
7. Аз унвонпулии ҳармоҳа ба аъзои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ситонида мешаванд.
8. Пардохти унвонпулӣ ба аъзои Академияи миллии илмҳо, ки барои истиқомати доимӣ ба мамлакатҳои дигар рафтаанд ва бо Академияи миллии илмҳо ҳамкорӣ надоранд, қатъ карда мешавад.
9. Ба аъзои фахрӣ ва аъзои хориҷии Академияи миллии илмҳо унвонпулӣ пешбинӣ карда намешавад.
Порядок ежемесячных выплат за ученые звания членам Национальной академии наук Таджикистана
1. Порядок оплаты ежемесячных выплат за ученые звания членам Национальной академии наук Таджикистана разработан в соответствии с Законом Республики Таджикистан "О Национальной академии наук Таджикистана" и определяет порядок оплаты ежемесячных выплат за ученые звания членам Национальной академии наук Таджикистана.
2. Членам Национальной академии наук со дня избрания и утверждения в членство устанавливаются пожизненные ежемесячные выплаты. Ежемесячные выплаты осуществляются действительным членам (академик) и членам-корреспондентам Национальной академии наук Таджикистана.
3. Средства для ежемесячных выплат за ученые звания членам Национальной академии наук Таджикистана выделяются за счёт государственного бюджета.
4. Размер ежемесячных выплат за ученые звания членам Национальной академии наук Таджикистана устанавливается распоряжением Президента Республики Таджикистан.
5. Ежемесячные выплаты за ученые звания членам Национальной академии наук Таджикистана в установленном порядке осуществляются президиумом Национальной академии наук Таджикистана.
6. Ежемесячные выплаты осуществляются через банковские учреждения на расчетный счет действительного члена (академик) и члена-корреспондента Национальной академии наук Таджикистана.
7. Из ежемесячных выплат за ученые звания членам Национальной академии наук Таджикистана в соответствии с законодательством Республики Таджикистан взимаются налоги и другие обязательные платежи.
8. Выплаты членам Национальной академии наук, уехавшим на постоянное место жительства в другие страны и не сотрудничающим с Национальной академией наук, прекращаются.
9. Почетным членам и иностранным членам Национальной академии наук выплаты за ученые звание не предусматривается.