Замимаи 1
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 1 марти соли 2022, №90
Барномаи давлатии азхудкунии заминҳои нави обёришаванда ва барқарорсозии заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2027
1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
1. Барномаи давлатии азхудкунии заминҳои нави обёришаванда ва барқарорсозии заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2027 (минбаъд - Барнома) бо мақсади пешгирии тамоюли бегонашавии заминҳои корам ва васеъ намудани майдони заминҳои обёришаванда, ки яке аз омилҳои асосии баланд бардоштани самаранокии истеҳсолоти кишоварзӣ ва афзоиши ҳосилнокии зироатҳо мебошад, таҳия гардидааст.
2. Барнома ба баланд бардоштани некуаҳволии мардум дар маҳалҳо ва расидан ба ҳадафи сеюми Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, таъмин намудани амнияти озуқавории кишвар ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат равона гардидааст.
3. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари кӯҳӣ дорои релефи ҷуғрофии мураккаб буда, бо сабаби мавҷуд набудани захираҳои кофии заминҳои барои кишоварзӣ мутобиқ дар рушди экстенсивии соҳаи кишоварзӣ маҳдуд мебошад. Вобаста ба ин таъмини бехатарии озуқаворӣ тақозо менамояд, ки нисбат ба замин, бахусус заминҳои корам сиёсати ҳарчи эҳтиёт намудани ҳар як қитъаи он пеш бурда шавад.
4. Раванди гузариши иқтисодиёти кишвар ба амсилаи рушди индустриалию инноватсионӣ ногузирона ба ҳарчи баланд гардидани талаботи соҳаи саноати миллии коркард ба ашёи кишоварзӣ оварда расонида, дар шароити мазкур ҳалли масъалаҳои азхудкунии заминҳои нав ва барқарорсозии заминҳои аз гардиши кишоварзӣ таназзулёфта аҳамияти хоссаро доро мегардад.
5. Вазифаи асосии комплекси хоҷагии оби кишвар аз танзим ва риояи тавозуни обу намак дар заминҳои обёришаванда ва нигоҳдории вазъи муътадили мелиоративии заминҳои обёришаванда, ки ҳосилнокии баланди биологиии онҳоро таъмин менамояд, иборат мебошад.
6. Амалисозии Барнома тавассути иҷрои маҷмӯи корҳои беҳдошти замин ва обёрӣ дар ҳудудҳои фарогиршудаи он дар давоми 6 соли оянда аз рӯи ду самти асосӣ - азхудкунии заминҳои нави обёришаванда ва барқарорсозии заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда анҷом дода мешавад.
7. Барои расидан ба мақсадҳои Барнома иҷрои вазифаҳои мушаххас дар доираи Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Барнома пешбинӣ гардидааст, аз ҷумла дар самти:
- азхудкунии заминҳои нави обёришаванда гузаронидани корҳои маҷмӯии сохтмони мелиоративӣ, бунёди инфрасохтори барқӣ ва обтаъминкунӣ (пойгоҳҳои обкашӣ ва чоҳҳои амудӣ), шабакаҳои обёрӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ, лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ, сармояҳои мустақими дохиливу хориҷӣ;
- барқарорсозии заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда таҷдид ва такмил додани шабакаҳои обёрӣ ва заҳбуру заҳкашҳо, таъмири таҷҳизоти обкашӣ ва барқии пойгоҳҳои обкашӣ тавассути харидорӣ намудани қисмҳои эҳтиётӣ ва насби онҳо аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ, буҷетҳои маҳаллӣ, маблағҳои хизматрасонии соҳа.
8. Зимни муқаррар намудани минтақаҳои амалисозии Барнома ҷанбаъҳои мавҷудияти захираҳои кофии замини қобили азхудкунӣ, ҳолати воқеии шиддатёбии захираҳои таназзули замину об дар ҷойҳо ва дараҷаи таъсирбахшии чорабиниҳои амалишаванда ба вазъи иҷтимоию иқтисодии минтақаҳо ба инобат гирифта шудааст.
2. ТАҲЛИЛИ ВАЗЪ ВА АФЗАЛИЯТҲОИ АМАЛИСОЗИИ БАРНОМА
9. Дастрасӣ ба захираҳои замини барои пешбурди кишоварзӣ мутобиқ ва мавҷудияти инфрасохтори мукаммали обёрии он ифодагари амнияти озуқавории кишвар буда, дар таъмини аҳолии деҳот бо ҷойҳои корӣ, рушди содироти маҳсулоти рақобатпазири кишоварзии ватанӣ ва таъмин кардани саноати миллии хӯрокворӣ бо ашёи хом нақши калидӣ мебозад.
10. Майдони умумии заминҳои қобили обёрӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 1 570 ҳазор гектарро ташкил дода, аз он ба ҳолати соли 2021 762,9 ҳазор гектар замин обёрӣ шудааст. Наздик ба 40 фоизи ин заминҳо тавассути пойгоҳҳои обкашӣ обёрӣ мегарданд, заминҳои шӯршуда 15 фоиз, инчунин заминҳои санглох 18 фоизро ташкил медиҳанд.
11. Дар заминҳои обёришаванда 90 фоизи маҳсулоти кишоварзии кишвар истеҳсол мешавад, ки ин беш аз 25 фоизи маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ва шуғли беш аз 70 фоизи аҳолии аз ҷиҳати иқтисодӣ фаъоли ҷумҳуриро таъмин менамояд.
12. Айни ҳол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дастрасии заминҳои обӣ ба ҳар нафари аҳолӣ 0,085 гектарро ташкил медиҳад, ки нишондиҳандаи пасттарини миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ ба ҳисоб меравад.
13. Бо дарназардошти раванди болоравии тамоюлоти демографии ҷорӣ, то соли 2030 масоҳати заминҳои обёришаванда ба ҳар сари аҳолӣ то 0,06 гектар коҳиш ёфта, ин метавонад ба ҳалли босамари масъалаи таъмини амнияти озуқаворӣ дар кишвар таъсир расонад.
14. Дар давраи соҳибистиқлолӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои пайваста ҷиҳати баланд бардоштани самаранокии истифодаи захираҳои обу замин, аз ҷумла бунёду азнавсозии инфрасохтори обрасонӣ, азхудкунии заминҳои нав, беҳтар гардонидани ҳолати мелиоративии заминҳо, дар заминҳои обёришаванда ҷорӣ намудани реҷаи кишти такрории зироатҳо ба амал бароварда шуд, ки дар натиҷаи он фаровонии маҳсулоти кишоварзӣ дар бозори истеъмолӣ ва сатҳи таъминоти амнияти озуқавории аҳолии кишвар бамаротиб беҳтар гардид.
15. Азхудкунии заминҳои нави обёришаванда ва барқарорсозии заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда, ки аксари онҳо дар водиҳои дарёҳо ва фурӯхамиҳои кӯҳҳо ҷойгир шудаанд, хароҷоти зиёди моддиву молиявиро тақозо намуда, дар шароити маҳдуд будани захираҳои молиявӣ мушкилоти муайянро ба миён меоварад.
16. Мутобиқи натиҷаҳои Барномаи давлатии азхудкунии заминҳои нави обёришаванда ва барқарорсозии заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 августи соли 2012, №450 тасдиқ шудааст, барои азхудкунии заминҳои нав бо сохтмони инфрасохтори дахлдор сармоягузории дарозмуҳлат ба андозаи 50-70 ҳазор сомонӣ ва барои барқарорсозии заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда бо гузаронидани маҷмӯи корҳои беҳдошти замин хароҷоти 11-20 ҳазор сомонӣ барои як гектар зарур аст.
17. Ба мушкилоти ҷиддии соҳавӣ инчунин ҳосилнокии пасти табиии аксарияти заминҳои кишоварзӣ ва чун натиҷа ҳосилнокии пасти зироатҳои кишоварзӣ низ мансуб аст, ки сабаби асосии онҳо ба вазъи ғайриқаноатбахш расонидани ҳолати мелиоративии заминҳои обёришаванда ва ғайриоқилона истифода намудани захираҳои обу замин мебошад.
18. Бо сабаби ғайриқаноатбахш шудани холати мелиоративӣ, тамоюли эҳтимолияти дубора шӯршавии заминҳо дар майдони 310 ҳазор гектар ҷой дорад. Аз ин лиҳоз, бо мақсади пешгирии ҳолати бегонакунии заминҳо, амалӣ намудани чорабиниҳои муҳимми мелиоративӣ - таги об монондан ва обшӯй кардани заминҳои шӯршуда дар марҳилаи байнимавсимии кишоварзӣ зарур мебошад, ки ҳаҷми иловагии оби полезиро тақозо намуда, дар навбати худ хароҷоти корҳои беҳдошти заминро афзун менамояд. Дар шароити маҳдудияти дастрасӣ ба заминҳои ҳосилхези обёришаванда зарурати беҳдошти ҳолати мелиоративии заминҳои санглохи аз ҷиҳати мелиоративӣ номусоид ҷой дорад, ки қобилияти баланди такшинсозӣ дошта, ба талафоти зиёди оби полезӣ оварда мерасонад.
19. Истифодаи ғайриоқилонаи оби полезӣ, ҳолати ғайриқаноатбахши хизматрасонии техникӣ ба низоми гидромелиоративӣ боиси хеле коҳиш ёфтани маҳсулнокии захираҳои обу замин гардидааст. Аз меъёр зиёд истифода намудани об ба ботлоқшавӣ ва шӯршавии заминҳо дар як қатор ноҳияҳои ҷумҳурӣ оварда расонидааст.
20. Тибқи маълумоти оморӣ дар ҷумҳурӣ соли 2021 бо сабабҳои гуногун 21120 гектар заминҳои обёришаванда бо кишт фаро гирифта нашуда, 18089 гектар заминҳои обёришаванда дар ҳолати партов қарор дошта, аз гардиши кишоварзӣ берун монд.
21. Яке аз сабабҳои асосии аз гардиши кишоварзӣ берун мондани аксари чунин заминҳо куҳнаву фарсуда гардидани иншооти гидротехникӣ ва пойгоҳҳои обкашии дохилихоҷагие, ки дар тавозуни хоҷагиҳои азнавташкилшуда қарор доранд, мебошад. Бо сабаби мушкилоти молиявӣ ва маҳдудияти дастрасӣ ба қарзҳои имтиёзноки дарозмуҳлат аксари заминистифодабарандагони кишвар тайи солҳои тӯлонӣ корҳои таъмирӣ ва барқарорсозиро ҷиҳати дар ҳолати коршоям нигоҳ доштани иншооти гидротехникӣ, шабакаҳои обёрӣ ва заҳбуру заҳкашҳои дохилихоҷагӣ ба роҳ намондаанд.
22. Дар навбати худ ба таври назаррас коҳиш гардидани хароҷот барои тозаву барқарор намудани заҳбуру заҳкашҳо тайи даҳсолаи охир боиси бад шудани ҳолати техникии онҳо (то 30 фоизи заҳбуру заҳкашҳои байнихоҷагӣ ва 22 фоизи дохилихоҷагӣ) гардида, дар натиҷа раванди ғайриқаноатбахш гардидани ҳолати мелиоративӣ дар майдони то 60 ҳазор гектар замин мушоҳида карда мешавад. Ҳолати мазкур метавонад дар ояндаи наздик, боиси аз гардиши кишоварзӣ берун мондани майдони зикргардидаи замин гардад. Вобаста ба ин, гузаронидани маҷмӯи чорабиниҳои барқарорсозӣ дар қатори азхудкунии заминҳои нави обёришаванда яке аз вазифаҳои аввалиндараҷа ва бетаъхир дар самти таҷдиди заминҳои обёришаванда ба ҳисоб мераванд.
3. НАТИҶАҲОИ ЧАШМДОШТИ БАРНОМА
23. Амалисозии Барнома барои ба гардиши кишоварзӣ даровардани заминҳои нав ва барқароршудаи обёришаванда имконият дода, ҳолати мелиоративии заминҳоро беҳтар менамояд, фаъолияти устувори низоми обтаъминкунӣ, истифодаи самараноки инфрасохтори обёрӣ ва заҳбуру заҳкашро ҳамчун асосҳои заминаи афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзии рақобатпазири воридотивазкунанда ва содиротӣ таъмин карда, инчунин ба беҳтар гардидани вазъи иҷтимоию иқтисодӣ дар ҳудудҳои амалигардонии Барнома мусоидат менамояд.
24. Дар натиҷаи амалисозии Барнома 11321 гектар заминҳои нави обёришаванда, аз ҷумла 1771 гектар аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ, 9550 гектар аз ҳисоби лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ ва сармоягузории мустақими дохиливу хориҷӣ аз худ карда мешаванд, инчунин 5580 гектар заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ, буҷетҳои маҳаллӣ, маблағҳои хизматрасонии соҳа барқарор хоҳанд шуд, ки дар маҷмӯъ 16901 гектар заминҳои обёришаванда ба истеҳсолоти кишоварзӣ ҷалб карда мешавад.
25. Иҷрои Барномаи мазкур имконият медиҳад, ки ба ҳисоби миёна 64 ҳазор ҷойҳои нави корӣ (ба ҳисоби то 4 нафар/га) барои аҳолии деҳоти кишвар ташкил карда шавад.
4. МАБЛАҒГУЗОРИИ БАРНОМА
26. Маблағгузории Барномаи мазкур тибқи нақшаи хароҷот барои 6 сол ба нақша гирифта шуда, аз ҳисоби маблағҳои дар буҷетҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ, лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ барои ин мақсадҳо пешбинишаванда, инчунин аз ҳисоби истифодаи маблағҳои хизматрасонии соҳа ва ҷалби сармояҳои мустақими дохилию хориҷӣ таъмин карда мешавад.
27. Маблағи умумии амалисозии Барнома 563,1 млн сомониро ташкил дода, дар Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Барнома сарчашмаҳои маблағгузории пешбинишаванда бо тақсимбандии он дар давоми солҳои 2022-2027 оварда шудааст.
28. Барои азхудкунии заминҳои нави обёришаванда маблағи умумӣ дар ҳаҷми 541,8 млн сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки аз ҳисоби буҷети давлатӣ 37,4 млн сомонӣ, аз ҳисоби буҷетҳои маҳаллӣ 117 млн сомонӣ, аз ҳисоби лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ 201,6 млн сомонӣ, тавассути ҷалби сармояҳои мустақими дохилию хориҷӣ 117 млн сомонӣ, дигар сарчашмаҳои маблағгузорӣ 68,8 млн сомонӣ харҷ мегардад.
29. Барои барқарорсозии заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда 21,3 млн сомонӣ пешбинӣ гардида, аз ҳисоби буҷети давлатӣ 20,3 млн сомонӣ, буҷетҳои маҳаллӣ 0,8 млн сомонӣ ва аз ҳисоби маблағҳои хизматрасонии соҳа 0,085 млн сомонӣ харҷ карда мешаванд.
5. МЕХАНИЗМИ АМАЛИСОЗИИ БАРНОМА
30. Иҷрои бандҳои алоҳидаи Барнома аз ҷониби мақомоти идоракунии давлатӣ - Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва сохторҳои дахлдори масъули онҳо таъмин мегардад.
31. Ҳамоҳангсози амалисозии Барнома Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки ҳамоҳангии байниидоравӣ ва ҳамкориро ҷиҳати иҷрои босамари Барнома таъмин менамояд.
6. МОНИТОРИНГ ВА АРЗЁБИИ БАРНОМА
32. Мақоми ваколатдори мониторинги Барнома Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, ба доираи вазифаҳои асосии он ташаккули низоми мониторинги амалисозии Барнома, арзёбии натиҷаҳои бадастовардашуда аз руйи нишондиҳандаҳои асосии Барнома, инчунин ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон манзур намудани пешниҳодот ва ҳисоботи ҷамъбастӣ оид ба беҳтар намудани чорабиниҳои амалисозии Барнома дохил аст.
33. Мониторинг ва арзёбии Барнома бо риояи талаботи Қоидаҳои гузаронидани мониторинг ва арзёбии амалишавии ҳуҷҷатҳои стратегии сатҳи миллӣ, барномаҳои соҳавӣ ва минтақавии рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2018, №615 тасдиқ шудааст, ба роҳ монда мешавад.
34. Натиҷаҳои чашмдошти Барнома ва нишондиҳандаҳое, ки аз рӯйи онҳо дараҷаи пешрафт дар ноилгардӣ ба вазифаҳои барномавӣ зимни гузаронидани мониторинг арзёбӣ мешавад, чунин мебошанд:
- сатҳ ва муҳлати маблағгузорӣ ҷиҳати амалисозии Барнома аз тамоми сарчашмаҳои пешбинишудаи Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Барнома;
- сатҳ ва муҳлати иҷрои маҷмӯи корҳои беҳдошти замин дар самти азхудкунии заминҳои нави обёришаванда мутобиқи нишондиҳандаҳои Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Барнома;
- сатҳ ва муҳлати иҷрои маҷмӯи корҳои беҳдошти замин дар самти барқарорсозии заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда мутобиқи нишондиҳандаҳои Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Барнома.
7. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
35. Тадбирҳои беҳдошти замин ва обёрӣ оид ба азхудкунии заминҳои нави обёришаванда ва барқарорсозии заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда бо риояи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда мешаванд.
36. Ба истифода додани шабакаҳои обёрӣ, заҳбуру заҳкашҳо, пойгоҳҳои обкашӣ, инчунин муайян кардани тартиби нигаҳдорӣ ва истифодаи онҳо мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал бароварда мешавад.
37. Тавсияҳо барои ба истифода додани заминҳои нави обёришаванда ва барқарорсозии заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда якҷо бо мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи танзими муносибатҳои заминсозӣ қабул карда мешаванд.
Замимаи 2
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 1 марти соли 2022, №90
Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Барномаи давлатии азхудкунии заминҳои нави обёришаванда ва барқарорсозии заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2027
Ниг. ба Замима