Тартиби дохил ва хориҷ кардани навъҳо ба/аз Феҳристи давлатии навъҳо, инчунин пешбурди он аз 26 феврали соли 2022, № 72

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Замима

ба қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 26 феврали соли 2022, №72

Тартиби дохил ва хориҷ кардани навъҳо ба/аз Феҳристи давлатии навъҳо, инчунин пешбурди он

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1.Тартиби дохил ва хориҷ кардани навъҳо ба/аз Феҳристи давлатии навъҳо, инчунин пешбурди он (минбаъд - Тартиб) муносибатҳоро вобаста ба дохил ва хориҷ кардани навъҳо ба/аз Феҳристи давлатии навъҳо (минбаъд -Феҳристи давлатӣ) ва пешбурди он муқаррар менамояд.

2. Дохил ва хориҷ кардани навъҳо ва дурагаҳо пеш аз ҳама бо мақсади таъмин намудани истеҳсолоти кишоварзӣ бо навъҳои беҳтарин, пешгирии истифодаи навъҳои аз истеҳсолоти кишоварзӣ, хориҷшуда ва муҳлати истифодабариашон қатъшуда гузаронида мешавад. Дар ҳолати дохил кардани навъҳо ва дурагаҳо, кафолат дода мешавад, ки онҳо ба талаботи маҳаллии истеҳсолоти кишоварзӣ ҷавобгӯ буда, нисбат ба дигар навъҳо ва дурагаҳои парваришшаванда аз ҷиҳати аломатҳои муфид афзалият доранд.

3. Дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсол, фурӯш ва истифодаи тухмии навъҳо ва дурагаҳое иҷозат дода мешавад, ки ба Феҳристи давлатӣ дохил карда шудаанд.

4. Дохил ва хориҷ кардани навъҳои растанӣ ба/аз Феҳристи давлатӣ, инчунин пешбурди он аз инҳо иборат аст:

- ҳимояи манфиатҳои давлат ва исеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ аз воридот ва истифодаи навъҳо ва дурагаҳои нави тасодуфӣ, пастсифат ва аз истифода дар истеҳсолоти кишоварзӣ хориҷшуда;

- мусоидат ба фоидаовар будани ҷорикунонии навъҳо ва дурагаҳои нави хушсифати растанӣ дар истеҳсолот, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ё дигар кишварҳо бароварда шудаанд;

- таъмини интихоби озодонаи навъҳо ва дурагаҳои растаниҳо аз ҷониби истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ;

- таъмини нигоҳдории дурусти навъҳо ва дурагаҳои растанӣ дар тамоми давраи дар истифодаи тиҷоратӣ қарор доштани онҳо;

- таъмини номгузории дурусти навъҳо ва дурагаҳои тиҷоратӣ ва ҳифзшавандаи растаниҳо.

2. ТАРТИБИ ПЕШБУРДИ ФЕҲРИСТИ ДАВЛАТӢ

5. Ба/аз Феҳристи давлатӣ дохил ва хориҷ кардани навъҳоро Муассисаи давлатии "Комиссияи давлатии озмоиши навъи зироатҳои кишоварзӣ ва муҳофизати навъҳо"-и Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд.-.мақоми ваколатдор) дар асоси хулосаи Комиссияи минтақабобкунии навъҳои растанӣ амалӣ менамояд.

6. Феҳристи давлатӣ аз маҷмӯи маълумот иборат мебошад (замима мегардад).

7. Дар Феҳристи давлатӣ маълумоти зерин қайд мегардад:

- рамзи навъҳо ва дурагаҳо;

- номи навъҳо ва дурагаҳо;

- соли дохилшавӣ ба Феҳристи давлатӣ ва дурагаҳои ҳифзшавандаи растанӣ;

- рақами оргинатор;

- рамзи мамлакат;

- минтақаҳои парвариши зироатҳои кишоварзие, ки барои кишт дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон тавсия карда шудаанд;

- самтҳои истифода;

- шартҳои парвариш;

- гурӯҳи тухмӣ;

- муҳлати пухтарасӣ.

8. Дохил кардани навъҳо ва дурагаҳо ба Феҳристи давлатӣ ва хориҷ намудани онҳо аз Феҳристи давлатӣ дар асоси фармоиши мақоми ваколатдор ба расмият дароварда мешавад.

9. Мақоми ваколатдор дар муҳлати як моҳ пас аз тасдиқи фармоиш навъ ва дурагаи нави растаниро, ки нисбат ба он фармоиш бароварда шудааст, ба Феҳристи давлатӣ дохил менамояд.

10. Мақоми ваколатдор маълумотро оид ба дохил ва хориҷ кардани навъҳо ва дурагаҳо ба/аз Феҳристи давлатӣ дар нашрияи расмии мақоми ваколатдори давлатии идоракунӣ дар соҳаи кишоварзӣ нашр ва дар шабакаи интернет ҷойгир мекунад.

11. Маълумоти дар Феҳристи давлатӣ мавҷудбуда бо дархости шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ тибқи тартиби муқарраршуда пешниҳод мегардад.

12. Мақоми ваколатдор ҳуқуқ дорад фармоишро доир ба дохил ва хориҷ кардани навъҳо ва дурагаҳо ба/аз Феҳристи давлатӣ, ки бо вайронкунии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шудааст, бекор намояд.

13. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҳуқуқ доранд, ки нисбат ба фармоиши мақоми ваколатдор оид ба дохил ва хориҷ намудани навъҳо ва дурагаҳо ба/аз Феҳристи давлатӣ тибқи тартиби пешбининамудаи қонунгузорӣ шикоят намоянд.

14. Фармоиш оид ба хориҷ намудани навъҳо ва дурагаҳо ба/аз Феҳристи давлатӣ аз ҷониби мақоми ваколатдор амалӣ гардида, дар муҳлати се рӯз аз лаҳзаи тасдиқи фармоиш ба Феҳристи давлатӣ тағйирот ворид карда мешавад.

15. Мақоми ваколатдор уҳдадор аст, ки оид ба хориҷ намудани навъҳо ва дурагаҳо аз Феҳристи давлатӣ бо асосоҳо ва тартиби пешбининамудаи бандҳои 24 ва 25 Тартиби мазкур фармоиш қабул намояд.

3. ДОХИЛ НАМУДАНИ НАВЪҲО ВА ДУРАГАҲО БА ФЕҲРИСТИ ДАВЛАТӢ

16. Барои минтақабоб ва ба Феҳристи давлатӣ дохил намудан навъҳо ва дурагаҳо ба муддати 2-3 сол (дарахтони мевадиҳанда 6 сол) дар стансияҳо ва қитъаҳои давлатии навъсанҷии шаҳру ноҳияҳо мавриди санҷиши расмӣ қарор дода мешаванд.

17. Дар асоси ҳисоботи стансияҳо ва қитъаҳои давлатии навъсанҷии шаҳру ноҳияҳо мақоми ваколатдор ба Комиссияи минтақабобкунии навъҳои растанӣ пешниҳод омода мекунад.

18. Комиссияи минтақабобкунии навъҳои растанӣ як маротиба дар як сол дар ҷаласаи худ вобаста ба пешниҳоди мақоми ваколатдор оид ба минтақабобкунии навъҳо ва дурагаҳо хулоса медиҳад.

19. Мақоми ваколатдори давлатӣ баъд аз ворид шудани навъҳо ва дурагаҳои минтақабобшуда ба Феҳристи давлатӣ ба селексионери навъ ва дурагаи нави растанӣ шаҳодатномаи ҳуқуқи селексионерӣ медиҳад.

20. Навъ ва дурагаи навъи растанӣ дар ҳолати ҷавобгӯй будан ба талаботи зерин ба Феҳристи давлатӣ дохил карда мешавад:

- навин, фарқкунанда, ҳамгун ва устувор будан;

- дорои аломатҳои аз ҷиҳати хоҷагӣ арзишноки парваришӣ ва истифодабарӣ будан (танҳо барои намудҳои алоҳидаи растанӣ, ки санҷиши аломатҳои аз ҷиҳати хоҷагӣ арзишноки онҳо ҳатмӣ мебошад);

- номи мувофиқ доштан.

21. Мақоми ваколатдор, новобаста аз мувофиқ будани навъ ва дурага ба талаботи банди 20 Тартиби мазкур, дар ҳолатҳои зерин метавонад онро ба Феҳристи давлатӣ дохил накунад:

- агар аломатҳои навъ ва дурага ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат намояд;

- агар парвариши навъ ва дурага барои парвариши дигар навъу намуди растаниҳо зараровар бошад.

22. Мақоми ваколатдор дар китоби бақайдгирии навъҳои минтақабобшуда дохил намудани ҳар як навъ ва дурагаро ба қайд мегирад.

4. ХОРИҶ НАМУДАНИ НАВЪҲО ВА ДУРАГАҲОИ РАСТАНӢ АЗ ФЕҲРИСТИ ДАВЛАТӢ

23. Масъалаҳои хориҷ намудани навъ ва дурага аз Феҳристи давлатӣ дар асоси аризаи асосноки шахсони воқеӣ ё ҳуқуқӣ ё бо ташаббуси мақоми ваколатдор баррасӣ карда мешаванд.

24. Дар асоси пешниҳоди мақоми ваколатдор Комиссияи минтақабобкунии навъҳои растанӣ дар ҳолатҳои зерин нисбат ба хориҷ намудани навъ ва дурага аз Феҳристи давлатӣ хулоса пешниҳод мекунад:

- агар баъди гузаронидани санҷиш маълум гардад, ки навъ ва дурага дигар навин, фарқкунанда, ҳамгун ва устувор нест;

- агар нигоҳдорандаи навъ ва дурага вуҷуд надошта бошад ва барои нигоҳдории навъ ва дурага дархост пешниҳод нашуда бошад;

- агар нигоҳдорандаи навъ ва дурага вуҷуд дошта бошад, вале он навъ ва дурагаро ба таври зарурӣ нигоҳ дошта натавонад.

25. Комиссияи минтақабобкунии навъҳои растанӣ инчунин метавонад оид ба хориҷ намудани навъ ва дурага аз Феҳристи давлатӣ хулоса пешниҳод намояд, агар исбот гардад, ки:

- ҳангоми ба мақоми ваколатдор супоридани дархост оид ба хориҷ намудани навъ ва дурага аз Феҳристи давлатӣ маълумоти нодуруст пешниҳод шудааст;

- парвариши навъ ва дурага барои парвариши дигар навъҳо ё намудҳои растанӣ зарарнок мебошад;

- навъ ва дурага ба ҳама талабот оид ба ҳифзи сиҳатии одамон, ҳайвонот ва растаниҳо ҷавобгӯ намебошад.

26. Мақоми ваколатдор аз китоби бақайдгирии навъҳои минтақабобшуда хориҷ намудани ҳар як навъ ва дурагаро ба қайд мегирад.

5. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

27. Барои вайрон кардани Тартиби мазкур шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Ниг. ба Замима

Приложение

к постановлению Правительства

Республики Таджикистан

от 26 февраля 2022 года, №72

Порядок включения и исключения сортов в/из Государственного реестра сортов, а также его ведения

1. ОБЩИЕ ПОЛОЖЕНИЯ

1. Порядок включения и исключения сортов в/из Государственного реестра сортов, а также его ведения (далее - Порядок) устанавливает отношения, связанные с включением и исключением сортов в/из Государственного реестра сортов (далее - Государственный реестр) и его ведения.

2. Включение и исключение сортов и гибридов проводится прежде всего с целью обеспечения производства сельского хозяйства лучшими сортами, предотвращения использования сортов, исключенных из сельскохозяйственного производства и с прекращенным сроком использования. В случае включения новых сортов растений и гибридов, гарантируется, что они отвечают местным требованиям сельскохозяйственного производства и имеют преимущество по хозяйственноценным признакам относительно других выращиваемых сортов и гибридов.

3. На территории Республики Таджикистан разрешается производство, продажа и использование семян и гибридов, включенных в Государственный реестр.

4. Включение и исключение сортов в/из Государственного реестра, а также его ведение состоит из следующего:

- защита интересов государства и сельхозпроизводителей от ввоза и использования новых случайных и низкокачественных сортов и гибридов, неиспользуемых в сельскохозяйственном производстве;

- содействие в рентабельности внедрения в производство новых высококачественных сортов и гибридов растений, выведенных в Республике Таджикистан или в других странах;

- обеспечение свободного выбора сортов и гибридов растений производителями сельскохозяйственной продукции;

- обеспечение правильного хранения сортов и гибридов растений за весь период их коммерческого применения;

- обеспечение правильного наименования коммерческих и охраняемых сортов и гибридов растений.

2. ПОРЯДОК ВЕДЕНИЯ ГОСУДАРСТВЕННОГО РЕЕСТРА

5. Включение и исключения сортов в/из Государственного реестра осуществляет Государственное учреждение "Государственная комиссия по сортоиспытанию сельскохозяйственных культур и охране сортов" Министерства сельского хозяйства Республики Таджикистан (далее - уполномоченный орган) на основании заключения Комиссии по районированию сортов растений.

6. Государственный реестр состоит из совокупных сведений (прилагается).

7. В Государственном реестре регистрируется следующие сведения:

- код сортов и гибридов;

- наименование сортов и гибридов;

- год включения в Государственный реестр охраняемых сортов и гибридов растений;

- номер оригинатора;

- код страны;

- регионы возделывания сельскогохозяйсгвенных культур, рекомендованных к посеву на территории Республики Таджикистан;

- направления использования;

- условия выращивания;

- категория семян;

- сроки созревания.

8. Включение сортов и гибридов в Государственный реестр и их исклучение из Государственного реестра оформляется на основании распоряжения уполномоченного органа.

9. Уполномоченный орган в течении месяца после утверждения распоряжения включает в Государственный реестр новый сорт и гибрид растений, в отношении которого вынесено распоряжение.

10. Уполномоченный орган публикует информацию о включении и исключении в/из Государственнго реестра в официальном издании уполномоченного государственного органа управления сельскохозяйственной отраслью и размещается в сети интернет.

11. Сведения, содержащиеся в Государственном реестре, в установленном порядке предоставляются по запросу физических и юридических лиц.

12. Уполномоченный орган имеет право отменить распоряжение о включении и исключении сортов и гибридов в/из Государственного реестра, принятое с нарушением законодательства Республики Таджикистан.

13. Физические и юридические лица имеют право обжаловать распоряжение уполномоченного органа о включении и исключении сортов и гибридов в/из Государственного реестра в порядке, предусмотренном законодательством.

14. Распоряжение об исключении сортов и гибридов в/из Государственного реестра реализуется уполномоченным органом и в течении трех дней с момента утверждения распоряжения вносятся изменения в Государственный реестр.

15. Уполномоченный орган обязан принять распоряжение об исключении сортов и гибридов из Государственного реестра на основаниях и в порядке, предусмотренном пунктами 24 и 25 настоящего Порядка.

3. ВКЛЮЧЕНИЕ СОРТОВ В ГОСУДАРСТВЕННЫЙ РЕЕСТР СОРТОВ

16. Для районирования, включения в Государственный реестр сорты и гибриды в течение 2-3 лет (для плодовых культур - 6 лет) помещаются под официальное испытание в государственных сортоиспытательных станциях и участках городов и районов.

17. На основании отчетов государственных сортоиспытательных станций и участков городов и районов уполномоченный орган подготавливает предложения Комиссии по районированию сортов растений.

18. Комиссия по районированию сортов растений один раз в год на своем заседании дает заключения о районировании сортов и гибридов.

19. Уполномоченный государственный орган после включения сортов и гибридов в Государственный реестр предоставляет селекционеру сорта и гибрида растения свидетельство на право селекции.

20. Новый сорт и гибрид растений включается в Государственный реестр в случае соответствия следующим требованиям:

- быть новизной, отличимым, однородным и устойчивым;

- обладать хозяйственно ценными признаками выращивания и использования (только для отдельных видов растений, у которых испытание хозяйственно ценных признаков является обязательным);

- иметь соответствующее наименование.

21. Уполномоченный орган, независимо от соответствия сорта требованиям пункта 20 настоящего Порядка, может не включить сорт и гибрид в Государственный реестр в следующих случаях:

- если признаки сорта и гибрида противоречат законодательству Республики Таджикистан;

- если выращивание сорта и гибрида вредно для выращивания другого сорта и вида растений.

22. Уполномоченный орган регистрирует включение каждого сорта и гибрида в книге регистрации районированных сортов.

4. ИСКЛЮЧЕНИЕ СОРТОВ И ГИБРИДОВ РАСТЕНИЙ ИЗ ГОСУДАРСТВЕННОГО РЕЕСТРА

23. Вопросы исключения сорта и гибрида из Государственного реестра рассматриваются на основании обоснованного заявления физических или юридических лиц либо по инициативе уполномоченного органа.

24. По предложению уполномоченного органа Комиссия по районированию сортов растений принимает заключение об исключении из Государственного реестра сорта и гибрида в следующих случаях:

- если после проведенного испытания выяснится, что сорт и гибрид не является новизной, отличимым, однородным и стабильным;

- если хранителя сорта и гибрида не существует и для хранения сорта и гибрида не предоставлена заявка;

- если хранитель сорта и гибрида существует, но он не может хранить сорт и гибрид на должном уровне.

25. Комиссия по районированию сортов растений также может дать заключение об исключении сорта и гибрида из Государственного реестра, если будет доказано, что:

- во время подачи в уполномоченный орган заявки об исключении сорта и гибрида из Государственного реестра были представлены недостоверные данные;

- выращивание сорта и гибрида является вредным для других сортов и видов растения;

- сорт и гибрид не отвечает всем требованиям по охране здоровья людей, животных и растений.

26. Уполномоченный орган регистрирует исключение каждого сорта и гибрида из книги регистрации районированных сортов.

5. ЗАКЛЮЧИТЕЛНЫЕ ПОЛОЖЕНИЯ

27. За нарушение настоящего Порядка физические и юридические лица привлекаются к ответственности в порядке, установленном законодательством Республики Таджикистан.

*Приложение