Тартиби пешбурди мушоҳидаи давлатии оморӣ аз ҷониби ташкилотҳои дахлдори тиббӣ дар соҳаи ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил аз 26 феврали соли 2022, № 59

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 26 феврали соли 2022, № 59

тасдиқ шудааст

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 26 феврали соли 2022, № 59

тасдиқ шудааст

Тартиби пешбурди мушоҳидаи давлатии оморӣ аз ҷониби ташкилотҳои дахлдори тиббӣ дар соҳаи ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил

1. Тартиби пешбурди мушоҳидаи давлатии оморӣ аз ҷониби ташкилотҳои дахлдори тиббӣ дар соҳаи ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил муносибатҳои ба мушоҳидаи давлатии оморӣ дар самти ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил алоқамандро ба танзим медарорад.

2. Мушоҳидаи давлатии оморӣ оид ба паҳншавии бемории сил чорабиниҳои зеринро дар бар мегирад:

- бақайдгирии ҳатмӣ, сабт ва назорати эътимоднокии натиҷаҳои чораҳои пешгирикунанда;

- ташхис, табобат ва назорати диспансерии беморони сил;

- бо тартиби муқарраргардида пешниҳоди маълумоти зарурӣ аз ҷониби марказҳои ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил (вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ) ба ташкилотҳои дахлдори масъули соҳаи тандурустии давлатӣ.

3. Пешбурди мушоҳидаи давлатии омории бақайдгирӣ ва баҳисобгирӣ нисбати инҳо ба роҳ монда мешавад:

- шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, ҳангоми бори аввал дар онҳо муайян гардидани сили фаъол;

- шахсони дорои сили ғайрифаъол тибқи гурчҳҳои бақайдгирии диспансерӣ, баъди анҷоми табобати самарабахш;

- шахсони бо одамон ва ҳайвони гирифтори бемории сил алоқадошта;

...

Утвержден

постановлением Правительства

Республики Таджикистан

от 26 февраля 2022 года, №59

Утвержден

постановлением Правительства

Республики Таджикистан

от 26 февраля 2022 года, №59

Порядок ведения государственного статистического наблюдения соответствующими медицинскими организациями в сфере защиты населения от туберкулеза

1. Порядок ведения государственного статистического наблюдения соответствующими медицинскими организациями в сфере защиты населения от туберкулеза (далее-Порядок) регулирует отношения, связанные с государственным статистическим наблюдением в области защиты населения от туберкулеза.

2. Государственное статистическое наблюдение за распространением туберкулеза включает следующие мероприятия:

- обязательная регистрация, учёт и контроль за достоверностью результатов профилактических мероприятий;

- диагностика, лечение и диспансерное наблюдение за больными туберкулезом;

- в установленном порядке представление необходимой информации центрами защиты населения от туберкулеза (областные, городские и районные), соответствующим организациям, ответственным в сфере государственного здравоохранения.

3. Ведение государственного статистического наблюдения регистрации и учета осуществляется в отношении:

- граждан Республики Таджикистан, иностранных граждан и лиц без гражданства при выявлении у них активной формы туберкулеза впервые;

- лиц с неактивной формой туберкулеза в соответствии с группами диспансерного учета после завершения эффективного лечения;

- лица, находящиеся в контакте с людьми и животными больными туберкулезом;

...