Тартиби пешбурди Феҳристи давлатии субъектҳои хизматрасонии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 феврали соли 2022, № 57

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Замима

ба қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 26 феврали соли 2022, №57

Тартиби пешбурди Феҳристи давлатии субъектҳои хизматрасонии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. Тартиби пешбурди Феҳристи давлатии субъектҳои хизматрасонии сайёҳӣ (минбаъд - Тартиб) раванди пешбурд ва воридсозии иттилоот ба Феҳристи давлатии субъектҳои хизматрасонии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минъбад - Феҳрист) ва хориҷ намудани иттилоот аз онро муайян намуда, барои танзими низоми хизматрасонӣ дар соҳаи сайёҳӣ нигаронида мешавад.

2. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи сайёҳӣ оид ба пешбурди Феҳристи давлатии субъектҳои хизматрасонии сайёҳӣ Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи сайёҳӣ) мебошад.

3. Ба Феҳрист шахсони воқеӣ, ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродие, ки бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дохили мамлакат ба хизматрасонии сайёҳӣ машғул мебошанд, дохил карда мешаванд.

2. ТАРТИБИ ПЕШБУРД ВА ВОРИДСОЗИИ ИТТИЛООТ БА ФЕҲРИСТ

4. Феҳрист дар шакли чопӣ ва электронӣ мутобиқи шакли замимагардида пеш бурда мешавад (замима мегардад).

5. Дар ҳолати номутобиқатии иттилооти чопӣ бо электронӣ, шакли чопии он афзалият дорад.

6. Ворид намудани субъекти хизматрасонии сайёҳӣ ба Феҳрист дар асоси аризаи пешниҳоднамудаи он ва қабули қарор аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи сайёҳӣ ба амал бароварда мешавад.

7. Феҳрист дорои иттилоот дар бораи субъектҳои хизматрасонии сайёҳӣ мебошад. Иттилоот дар бораи субъектҳои хизматрасонии сайёҳӣ аз инҳо иборат аст:

1) рақами тартибӣ;

2) номи пурраи субъекти хизматрасонии сайёҳӣ;

3) рақами мушаххаси андозсупоранда

4) суроғаи маҳалли ҷойгиршавии субъекти хизматрасонии сайёҳӣ;

5) рақами иҷозатнома барои фаъолияти сайёҳӣ;

6) муҳлати амали иҷозатнома барои фаъолияти сайёҳӣ (оғоз, анҷом);

7) шаҳодатнома дар бораи бақайдгирӣ дар мақомоти андоз;

8) иқтибос аз мақомоти андоз;

9) дастовардҳои касбӣ ва мукофотҳо дар соҳаи сайёҳӣ;

10) санаи ворид намудани субъекти хизматрасонии сайёҳӣ ба Феҳрист.

8. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи сайёҳӣ маълумоти пешниҳодгардидаро баррасӣ намуда, дар сурати ҷавобгӯ будан ё набудан ба Тартиби мазкур, дар муҳлати на дертар аз 10 рӯзи корӣ хулосаи худро ба муроҷиаткунанда ба таври хаттӣ ирсол менамояд.

9. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи сайёҳӣ бо дархости мақомоти дахлдори давлатӣ иттилооти заруриро аз Феҳрист пешниҳод менамояд.

10. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи сайёҳӣ ҳар сол иттилоотро оид ба субъектҳои хизматрасонии сайёҳӣ таҳия карда, дар сомонаи худ ҷойгир менамояд.

3. ТАРТИБИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТ БА ФЕҲРИСТ ВА ХОРИҶ НАМУДАНИ ИТТИЛООТ АЗ ОН

11. Ба Феҳрист дар ҳолатҳои зерин метавонад бо қарори мақомоти ваколатдор тағйирот ворид карда шавад:

- тағйир ёфтани шакли ташкилию ҳуқуқӣ;

- тағйир ёфтани номи шахси ҳуқуқӣ;

- тағйир ёфтани суроға;

- тағйир ёфтани номи субъекти хизматрасонии сайёҳӣ.

12. Субъекти хизматрасонии сайёҳӣ дар ҳолатҳои зерин бо қарори мақомоти ваколатдор аз Феҳрист хориҷ карда мешавад:

- тибқи муроҷиати хаттии субъекти хизматрасонии сайёҳӣ;

- ба анҷом расидани муҳлати иҷозатнома субъекти хизматрасонии сайёҳӣ барои фаъолияти сайёҳӣ;

- аз рӯзи эътибори қонунӣ пайдо намудани қарори суд оид ба қатъи фаъолият;

- ҳангоми қатъ гардидани фаъолият.

13. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи сайёҳӣ тибқи талаботи бандҳои 11 ва 12 Тартиби мазкур барои тағйир додан ва ё хориҷ намудани субъекти хизматрасонии сайёҳӣ аз Феҳрист чораҷӯӣ менамояд.

14. Субъекти хизматрасонии сайёҳӣ мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи сайёҳиро дар муҳлати на дертар аз 10 рӯзи корӣ аз санаи тағйир ёфтани маълумот ва ё қатъ гардидани фаъолияти субъект ба таври хаттӣ огоҳ менамояд.

4 . МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

15. Феҳрист дар сомонаи расмии мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи сайёҳӣ ҷойгир карда шуда, мунтазам нав карда мешавад.

 

Ниг. ба Замима

Приложение

к постановлению Правительства

Республики Таджикистан

от 26 февраля 2022 года, №57

Порядок ведения Государственного реестра субъектов туристических услуг Республики Таджикистан

1. ОСНОВНЫЕ ПОЛОЖЕНИЯ

1. Порядок ведения Государственного реестра субъектов туристических услуг (далее - Порядок) определяет порядок ведения и внесения информации в Государственный реестр субъектов туристических услуг Республики Таджикистан реестр (далее - Реестр) и удаления из него информации, и направлен на регулирование услуг в сфере туризма.

2. Уполномоченным государственным органом в области туризма по ведению Государственного реестра субъектов туристических услуг является Комитет по развитию туризма при Правительстве Республики Таджикистан (далее - уполномоченный государственный орган в сфере туризма).

3. В Реестр вносятся физические и юридические лица и индивидуальные предприниматели, занятые предоставлением туристических услуг внутри страны в порядке, установленном законодательством Республики Таджикистан.

2. ПОРЯДОК ВЕДЕНИЯ И ВКЛЮЧЕНИЯ ИНФОРМАЦИИ В РЕЕСТР

4. Реестр ведется в печатном и электронном видах в соответствии с прилагаемой формой.

5. В случае несоответствия печатной информации с электронной, преимущество имеет ее печатная форма.

6. Внесение субъекта туристических услуг в Реестр осуществляется уполномоченным государственным органом в сфере туризма на основании представленного им заявления и принятия решения.

7. Реестр содержит информацию о субъектах туристических услуг. Информация о субъектах туристических услуг включает следующее:

1) порядковый номер;

2) полное наименование субъекта туристических услуги;

3) идентификационный номер налогоплательщика;

4) адрес местонахождения субъекта туристических услуг;

5) номер лицензии на туристическую деятельность;

6) срок действия лицензии на туристическую деятельность (начало, окончание);

7) свидетельство о регистрации в налоговых органах;

8) выписка из налогового органа;

9) профессиональные достижения и награды в сфере туризма;

10) дата внесения субъекта туристических услуг в Реестр.

8. Уполномоченный государственный орган в сфере туризма рассматривает предоставленную информацию и в случае соблюдения или несоблюдения настоящего Порядка, в срок не позднее 10 рабочих дней направляет заявителю свое заключение в письменной форме.

9. Уполномоченный государственный орган в сфере туризма по запросу соответствующих государственных органов предоставляет необходимую информацию из Реестра.

10. Уполномоченный государственный орган в сфере туризма ежегодно разрабатывает и размещает на своем сайте информацию о субъектах туристических услуг.

3. ПОРЯДОК ВНЕСЕНИЯ ИЗМЕНЕНИЙ В РЕЕСТР И ИСКЛЮЧЕНИЕ ИЗ НЕГО ИНФАРМАЦИЕ

11. В Реестр могут быть внесены изменения решением уполномоченного органа в следующих случаях:

- изменения организационно-правовой формы;

- изменения наименования юридического лица;

- изменения адреса;

- изменения наименования субъекта туристических услуг.

12. Субъект туристических услуг исключается из Реестра решением уполномоченных органов в следующих случаях:

- по письменному запросу субъекта туристических услуг;

- истечения срока действия лицензии субъекта туристических услуг на туристическую деятельность;

- со дня вступления в силу решения суда о прекращении деятельности;

- в случае прекращения деятельности.

13. Уполномоченный государственный орган в сфере туризма в соответствии с требованиями пунктов 12 и 13 настоящего Порядка принимает меры по изменению или исключению субъекта туристических услуг из Реестра.

14. Субъект туристических услуг в течение 10 не позднее рабочих дней со дня изменения информации или прекращения деятельности субъекта в письменном виде уведомляет уполномоченный государственный орган в области туризма.

4. ЗАКЛЮЧИТЕЛЬНЫЕ ПОЛОЖЕНИЯ

15. Реестр размещается на официальном сайте уполномоченного государственного органа в сфере туризма и обновляется на постоянной основе.

*Приложение