Низомномаи Шӯрои миллӣ оид ба инкишофи барвақтии кӯдакон аз 26 феврали соли 2022, №53

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Замимаи 1

ба қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 26 феврали соли 2022, №53

Низомномаи Шӯрои миллӣ оид ба инкишофи барвақтии кӯдакон

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. Шӯрои миллӣ оид ба инкишофи барвақтии кӯдакон дар доираи амалигардонии лоиҳаи "Инкишофи барвақтии кӯдакон барои густариши сармояи инсонӣ дар Тоҷикистон" (минбаъд - Шӯро) ҳамчун мақоми олии машваратӣ бо мақсади ҳамоҳангсозии фаъолияти вазорату идораҳо ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар амалигардонии сиёсати давлатӣ дар соҳаи инкишофи барвақтии кӯдакон, дарёфти роҳу усулҳои муосири амалигардонии сиёсат ва таҳияи пешниҳодҳо дар самти густариши сармояи инсонӣ, тақвияти фаъолият дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва маориф таъсис дода шудааст.

2. Шӯро дар фаъолияти худ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маориф", санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон ва Низомномаи мазкурро ба роҳбарӣ мегирад.

2. МАҚСАД ВА ВАЗИФАҲОИ ШӯРО

3. Мақсади асосии Шӯро аз ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти иҷроияи марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, муассисаҳои таълимӣ, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва амалигардонии сиёсати давлатӣ дар самти инкишофи барвақтии кӯдакон барои густариши сармояи инсонӣ иборат мебошад.

4. Вазифаҳои асосии Шӯро инҳо мебошанд:

- таъмини ҳамкории мутақобилаи мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, корхонаҳо ва дигар шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар самти инкишофи барвақтии кӯдакон;

- таҳияи пешниҳодҳо оид ба амалигардонии самтҳои асосии сиёсати давлатӣ оид ба рушди хизматрасониҳои бисёрсоҳавӣ ба кӯдакони синни то 6-сола;

- ташкили мониторинг ва арзёбии ҳолати рушди хизматрасониҳои бисёрсоҳавӣ ба кӯдакон дар муассисаҳои тандурустӣ ва таълимии томактабии ноҳияҳои мақсадноки лоиҳа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- мусоидат дар роҳандозии ҳамкорӣ байни мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, инчунин созмонҳои байналмилалӣ дар самти инкишофи барвақтии кӯдакон;

- таҳияи тавсия ва пешниҳодҳо ҷиҳати ҷорӣ намудани таҷрибаи беҳтарини кишварҳои дигар барои такмили низоми рушди хизматрасониҳои бисёрсоҳавӣ ба кӯдакон;

- ҳамоҳанг сохтани фаъолияти вазорату идораҳо, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва созмонҳои байналмилалӣ барои таъмини муносибати мувофиқашуда дар самти густариши сармояи инсонӣ, ки ба рушди хизматрасониҳои бисёрсоҳавӣ ба кӯдакон асос меёбад;

- баррасии масъалаҳои муҳими марбут ба ҳифзи иҷтимоӣ, таълими томактабӣ ва солимии кӯдакони маъюб;

- арзёбии фаъолият тибқи лоиҳа ва натиҷаҳои фосилавӣ дар ҳисоботҳои даврӣ;

- омӯзиш ва таҳлили вазъи ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дар самти рушди хизматрасониҳои бисёрсоҳавӣ ба кӯдакон, таҳияи пешниҳодҳо доир ба беҳтар намудани он дар муассисаҳои тандурустӣ ва таълимии томактабии ноҳияҳои мақсадноки лоиҳа;

- ҳалли дигар масъалаҳои марбут ба рушди хизматрасниҳои бисёрсоҳавӣ ба кӯдакони синни то 6-сола, ки ба густариши сармояи инсонӣ оварда мерасонад.

3. ҲУҚУҚҲОИ ШӯРО

5. Шӯро барои татбиқи мақсаду вазифаҳои гузошташудаи зерин ҳуқуқ дорад:

- тибқи тартиби муқарраргардида аз мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва созмонҳои байналмилалии муқими Тоҷикистон маводро дархост ва истифода намояд;

- дар ҷаласаҳо, конференсияю машваратҳои мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ нисбати масъалаҳои густариши сармояи инсонӣ ва инкишофи барвақтии кӯдакон иштирок намояд;

- тибқи тартиби муқарраргардида барои иҷрои корҳои муайян ташкилоту муассисаҳо, мутахассисон ва олимонро аз соҳаҳои гуногун ба корҳои марбут ба инкишофи барвақтии кӯдакон, ки ба густариши сармояи инсонӣ оварда мерасонанд, ҷалб намояд;

- дар хусуси ворид намудани тағйиру иловаҳо ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои инкишофи барвақтии кӯдакон барои густариши сармояи инсонӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодҳо манзур намояд;

- фаъолияти вазорату идораҳо, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва созмонҳои байналмилалиро дар амалигардонии сиёсати давлатӣ оид ба густариши сармояи инсонӣ, ки инкишофи барвақтии кӯдакон ба он оварда мерасонад, ҳамоҳанг намояд;

- масъалаҳои муҳими марбут ба ҳифзи иҷтимоӣ, солимӣ ва таълими томактабии кӯдакони маъюбро баррасӣ намояд;

- мониторинги фаъолияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ оид ба инкишофи барвақтии кӯдакон ва ҳифзи иҷтимоии кӯдакони маъюбро ташкил намояд;

- роҳбарони вазорату идораҳо, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва дигар мақомотро ба ҷаласаҳо даъват намуда, бо фаъолияти онҳо оид ба корҳои анҷомдодашуда вобаста ба инкишофи барвақтии кӯдакон шинос шавад;

- ба фаъолияти Шӯро мутахассисони вазорату идораҳо ва дигар ташкилоту муассисаҳои ба ҳайати Шӯро шомилнабударо барои гузаронидани чорабиниҳое, ки аз вазифаҳои Шӯро бармеоянд, ҷалб намояд;

- тибқи тартиби муқарраргардида оид ба масъалаҳои инкишофи барвақтии кӯдакон ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти дахлдори давлатӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ тавсия ва пешниҳодҳо манзур намояд.

4. ТАШКИЛИ ФАЪОЛИЯТИ ШӯРО

6. Шакли асосии фаъолияти Шӯро ҷаласаи Шӯро мебошад. Ҷаласаи Шӯро дар шаш моҳ як маротиба гузаронида мешавад. Дар ҳолатҳои зарурӣ Шӯро метавонад ҷаласаҳои ғайринавбатии худро баргузор намояд.

7. Ҷаласаи Шӯроро раиси он ё бо супориши ӯ муовини раиси Шӯро раисӣ менамояд.

8. Ҷаласаҳои Шӯро дар сурати иштирок доштани на камтар аз нисфи аъзои Шӯро баргузоршуда ҳисобида мешавад. Қарори Шӯро бо овози аксари аъзои дар ҷаласа иштирокдошта қабул гардида, бо протокол ба расмият дароварда мешавад. Протоколи маҷлисро раиси Шӯро ё шахси дар ҷаласа раисикунанда ва котиби масъули Шӯро имзо менамоянд.

9. Дар кори Шӯро бо ҳуқуқи машваратии овоз метавонанд намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва созмонҳое, ки дар самти рушди хизматрасонии бисёрсоҳавӣ (тандурустию маориф) барои инкишофи барвақтии кӯдакон фаъолият мекунанд, иштирок намоянд.

10. Шӯро фаъолияти худро тибқи нақша, ки аз ҷониби раис тасдиқ карда мешавад, ба роҳ мемонад.

11. Фаъолияти Шӯро мунтазам дар воситаҳои ахбори омма инъикос карда мешавад.

Замимаи 2

ба қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 26 феврали соли 2022, №53

Ҳайати Шӯрои миллӣ оид ба инкишофи барвақтии кӯдакон

1. Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон (сарпарасти соҳа) - раиси Шӯро.

2. Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон - муовини раиси Шӯро.

Аъзои Шӯро:

3. Сардори раёсати кафолатҳои ҳуқуқи инсони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;

4. Сардори раёсати рушди иҷтимоии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;

5. Сардори раёсати маориф, фарҳанг ва иттилооти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;

6. Муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

7. Муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон;

8. Муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

9. Муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

10. Муовини раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

11. Муовини раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

12. Сардори сарраёсати қарзи давлатӣ ва ҷалби сармоягузории давлатии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон - котиби масъули Шӯро.