Дар Вазорати адлияи
Ҷумҳурии Тоҷикистон
14 апрели соли 2021
ба қайди давлатӣ гирифта шудааст,
рақами бақайдгирӣ 1071
ҚАРОРИ РАЁСАТИ БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН
аз 16 декабри соли 2020 №164 ш. Душанбе
Дар бораи Тартиби таҳия ва муҳлати пешниҳоди ҳисоботҳои молиявии ташкилотҳои қарзии исломӣ
070.170.010
Мутобиқи моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон" ва моддаи 47 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи фаъолияти бонкии исломӣ", Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон
қ а р о р м е к у н а д:
1. Тартиби таҳия ва муҳлати пешниҳоди ҳисоботҳои молиявии ташкилотҳои қарзии исломӣ тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
2. Қарори мазкур бо тартиби муқарраршуда ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати бақайдгирии давлатӣ пешниҳод карда шуда, пас аз бақайдгирии давлатӣ ва интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
3. Департаменти назорати бонкӣ ваколатдор карда шавад, ки ҳангоми бақайдгирии давлатии қарори мазкур дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолатҳои зарурӣ ба матни замимаи ҳамин қарор тағйиру иловаҳои хусусияти таҳриридоштаро, ки мазмуни онро тағйир намедиҳанд, ворид намояд.
4. Иҷрои банди 2 қарори мазкур ба зиммаи котиби Раёсат, департаменти назорати бонкӣ, шуъбаи ҳуқуқ ва шуъбаи матбуот вогузор карда шавад.
5. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Накҳатзода Моҳбону Киромиддин гузошта шавад.
Раиси Раёсат Холиқзода Ҳоким Ҳикматулло
Бо қарори Раёсати
Бонки миллии Тоҷикистон
аз 16 декабри соли 2020, №164
тасдиқ шудааст
ТАРТИБИ ТАҲИЯ ВА МУҲЛАТИ ПЕШНИҲОДИ ҲИСОБОТҲОИ МОЛИЯВИИ ТАШКИЛОТҲОИ ҚАРЗИИ ИСЛОМӢ
Тартиби таҳия ва муҳлати пешниҳоди ҳисоботҳои молиявии ташкилотҳои қарзии исломӣ (минбаъд - Тартиб) мутобиқи моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон" ва моддаи 47 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи фаъолияти бонкии исломӣ" бо мақсади таҳлили фаъолияти молиявии ташкилоти қарзии исломӣ ва амалӣ намудани мақсаду вазифаҳои асосии танзим, назорат ва фаъолияти дурусти иқтисодии ташкилоти қарзии исломӣ таҳия гардида, тартиби таҳия ва муҳлати пешниҳоди ҳисоботи молиявиро аз тарафи ташкилотҳои қарзии исломӣ муқаррар менамояд.
БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
1. Ҳисоботи молиявии ташкилотҳои қарзии исломӣ бо тартиби муқарраршуда ҷиҳати иҷрои мақсаду вазифаҳои асосии танзим, назорат ва фаъолияти дурусти иқтисодии ташкилотҳои қарзии исломӣ равона гардида, мақсад аз он нигоҳдории суботи низоми бонкӣ, ҳимояи манфиатҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои низоми бонкӣ мебошад.
2. Таҳлили фаъолияти ташкилоти қарзии исломӣ бо тартиби муқарраршуда таъсири қарорҳои роҳбарияти ташкилоти қарзии исломиро ба пардохтпазирӣ, даромаднокӣ, сифати дороиҳо ва кифоятии сармоя ифода менамояд.
3. Ҳисобот дар асоси маълумоти ҳисобдорӣ омода гардида, барои ҳисоббаробаркунии андоз бо буҷет асос шуда наметавонад.
БОБИ 2. МУНДАРИҶА ВА ДАВРИЯТИ ПЕШНИҲОДИ ҲИСОБОТҲО
4. Ҳисоботи аз ҷониби ташкилоти қарзии исломӣ пешниҳодшаванда ҷадвалҳои зеринро дар бар мегирад:
- Ҷадвали 01.01. Дороиҳо (даҳрӯза, моҳона);
- Ҷадвали 01.02. Уҳдадориҳо (даҳрӯза, моҳона);
- Ҷадвали 01.03. Сармоя (даҳрӯза, моҳона);
- Ҷадвали 01.04. Ҳисобҳои ғайритавозунӣ (даҳрӯза, моҳона);
- Ҷадвали 01.05. Шарҳи дигар дороиҳо ва уҳдадориҳо (даҳрӯза, моҳона);
- Ҷадвали 02.01. Ҳисобот оид ба фоида ва зарар (моҳона);
- Ҷадвали 03.01. Тағйирот дар сармоя (моҳона);
- Ҷадвали 04.01. Коғазҳои қиматнок ва сармоягузорӣ (моҳона);
- Ҷадвали 05.01. Дороиҳои батаъхирафтода бо пули миллӣ (моҳона);
- Ҷадвали 05.02. Дороиҳои батаъхирафтода бо асъори хориҷӣ (моҳона);
- Ҷадвали 06.01. Таснифи дороиҳо аз рӯйи хавфҳо бо пули миллӣ (моҳона);
- Ҷадвали 06.02. Таснифи дороиҳо аз рӯйи хавфҳо бо асъори хориҷӣ (моҳона);
- Ҷадвали 07.01. Тағйирот дар фонди пӯшонидани талафоти имконпазир аз рӯйи маблағгузориҳо (моҳона);
- Ҷадвали 08.01. Маблағгузориҳои калон (моҳона);
- Ҷадвали 09.01 Маблағгузориҳои шахсони ба ташкилоти қарзии исломӣ алоқаманд (моҳона);
- Ҷадвали 10.01. Таснифи маблағгузориҳо аз рӯйи соҳаҳо бо пули миллӣ (моҳона);
- Ҷадвали 10.02. Таснифи маблағгузориҳо аз рӯйи соҳаҳо бо асъори хориҷӣ (моҳона);
- Ҷадвали 11.01. Гурӯҳбандии амонатҳо аз рӯйи соҳаҳои иқтисодиёт (моҳона);
- Ҷадвали 12.01. Бақияи муҳлати пардохти дороиҳо (даҳрӯза, моҳона);
- Ҷадвали 12.02. Бақияи муҳлати пардохти уҳдадориҳо (даҳрӯза, моҳона);
- Ҷадвали 13.01. Таснифи амонатҳо аз рӯйи маблағ ва ҳисобҳо (моҳона);
- Ҷадвали 14.01. Меъёрҳои мақбул (моҳона);
- Ҷадвали 15.01., 15.02., 15.03., 15.04. ва 15.05. Ҳисобот оид ба кифоятии сармоя (моҳона);
- Ҷадвали 16.01. Нишондиҳандаҳои моҳонаи миёна (моҳона);
- Ҷадвали 17.01. Маълумоти иловагӣ (моҳона);
- Ҷадвали 18.01. Тақсимоти фоидаи соф (моҳона);
- Ҷадвали 19.01. Мавқеи асъори хориҷӣ (моҳона);
- Ҷадвали 20.01. Маблағгузориҳои истеъмолӣ ва хурд бо пули миллӣ (моҳона);
- Ҷадвали 20.02. Маблағгузориҳои истеъмолӣ ва хурд бо асъори хориҷӣ (моҳона);
- Ҷадвали 21.01. Маблағгузориҳо ва ҷойгиркуниҳои ташкилотҳои қарзии молиявӣ (моҳона);
- Ҷадвали 21.02. Ҷойгиркуниҳои ҷалбшудаи ташкилотҳои қарзии молиявӣ (моҳона);
- Ҷадвали 22.01. Ҳаракати маблағгузориҳои ғайрифаъол ва фонд аз рӯйи онҳо (моҳона);
- Ҷадвали 23.01. 100 маблағгузориҳои калонтарини ғайрифаъол (моҳона);
- Ҷадвали 23.02. 50 маблағгузориҳои калонтарини ғайрифаъоли шахсони алоқаманд (моҳона);
- Ҷадвали 23.03. 50 маблағгузориҳои калонтарини ғайрифаъоли нав (моҳона);
- Ҷадвали 24.01. Бақияи гаравҳои барои фурӯш ба тавозун гирифташуда (моҳона);
- Ҷадвали 25.01. Ҳаракати гаравҳои барои фурӯш ба тавозун гирифташуда (моҳона).
БОБИ 3. МУҲЛАТ ВА ТАРТИБИ ПЕШНИҲОДИ ҲИСОБОТ
5. Ҳар як ташкилоти қарзии исломӣ бояд корманди масъулеро барои пурра, саҳеҳ ва сари вақт пешниҳод намудани ҳисобот уҳдадор намояд. Ин корманд барои алоқаю тамос бо Бонки миллии Тоҷикистон оид ба ҳамаи масъалаҳое, ки ба маълумоти дар ҳисобот инъикосёфта алоқаманд аст, масъул ҳисобида мешавад.
6. Ҳисобот дар шакли хаттӣ ва электронӣ дар муҳлати муқаррарнамудаи Тартиби мазкур ба Бонки миллии Тоҷикистон супорида мешавад.
7. Ҳисобот бояд аз рӯйи тартиби зерин пешниҳод карда шавад:
- ҳисоботи даҳрӯза дар давоми 6 рӯзи тақвимӣ баъди давраи ҳисоботӣ;
- ҳисоботи моҳона дар давоми 12 рӯзи тақвимӣ баъди давраи ҳисоботӣ;
- шакли электронии ҳисобот бояд ба Департаменти назорати бонкии Бонки миллии Тоҷикистон аз соати 08:00 то соати 17:00 як рӯз пеш аз рӯзи ҳисоботӣ бо тартиби муқарраршуда супорида шавад.
8. Агар дар ҳисобот хатоӣ ошкор карда шавад, ҳисобот барои ислоҳ намудан ба ташкилоти қарзии исломӣ баргардонида мешавад ва ташкилоти қарзии исломӣ бояд ба Бонки миллии Тоҷикистон ҳисоботро дар муҳлатҳои зерин пешниҳод намояд:
ҳисоботи даҳрӯза - 2 рӯзи корӣ;
ҳисоботи моҳона - 3 рӯзи корӣ.
9. Ҳангоми пешниҳод гардидани ҳисоботи молиявии нодуруст, носаҳеҳ ва сари вақт дар муҳлатҳои муқарраркардаи банди 8 Тартиби мазкур мутобиқи моддаи 48 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон" нисбати ташкилоти қарзии исломӣ чораҳои фаврии ислоҳӣ ва таъсиррасонӣ андешида мешавад.
10. Нусхаи ҳисоботҳо бо хулосаи аудитори берунии ташкилоти қарзии исломӣ бояд ба Бонки миллии Тоҷикистон баъди ба охир расидани санҷиши аудит пешниҳод карда шавад.
БОБИ 4. ТАРТИБИ ПУРКУНИИ ШАКЛҲОИ ҲИСОБОТҲОИ МОЛИЯВИИ ТАШКИЛОТҲОИ ҚАРЗИИ ИСЛОМӢ
11. Варақаи унвонии ҳисоботи молиявӣ бояд маълумоти зеринро фаро гирад:
- номи ташкилоти қарзии исломӣ;
- сана ва рақами бақайдгирии содира;
- санаи ҳисоботӣ;
- санаи таҳияи ҳисобот;
- такроршавандагии ҳисобот - "моҳона" ва "ислоҳот";
- тасдиқи санҷиши ҳисобот аз ҷониби аудити дохилӣ;
- насаб, ном ва номи падари шахси барои таҳияи ҳисобот масъул;
- тасдиқи санаи бақайдгирӣ ва баррасии ҳисобот.
12. Ҳисобот бояд аз ҷониби раиси ташкилоти қарзии исломӣ ва сармуҳосиб тасдиқ карда шавад. Кормандони дар ҳисоботҳо имзокунанда барои дурустии маълумот дар бораи ҳолати молиявии ташкилоти қарзии исломӣ ва миқдори ҷадвалҳо масъул мебошанд. Ҳисоботи солона аз ҷониби раиси шӯрои нозирони ташкилоти қарзии исломӣ, раиси кумитаи хизматрасонии маблағгузории исломӣ, яке аз аъзои шӯрои нозирон ё кумитаи аудиторӣ, раиси ташкилоти қарзии исломӣ ва сармуҳосиб тасдиқ карда шавад.
13. Маълумот оид ба аъзои шӯрои нозирон ва кумитаи хизматрасонии маблағгузории исломӣ инҳоро дар бар мегиранд:
1) аъзои шӯрои нозирон:
- насаб, ном ва номи падар;
- ҷои кор;
- вазифа;
- рақами телефони корӣ;
- намунаи имзо;
2) аъзои кумитаи хизматрасонии маблағгузории исломӣ:
- насаб, ном ва номи падар;
- ҷои кор;
- вазифа;
- рақами телефони корӣ;
- намунаи имзо.
14. Ҳисобот дар бораи аъзои шӯрои нозирон, кумитаи хизматрасонии маблағгузории исломӣ ва аъзои ташкилоти қарзии исломӣ бояд як маротиба дар охири сол ё дар ҳолатҳои даровардани тағйирот пешниҳод шавад.
15. Маълумот дар бораи роҳбарони воҳидҳои сохторӣ бояд иттилооти зеринро фаро гирад:
- насаб, ном ва номи падар;
- вазифа;
- рақами телефони корӣ;
- намунаи имзо.
16. Ҳуқуқи муайян намудани роҳбарони дахлдори воҳидҳои сохтории ташкилоти қарзии исломӣ ба аъзои раёсат ё шӯрои нозирони ташкилоти қарзии исломӣ тааллуқ дорад.
17. Маълумоти умумӣ оид ба ташкилоти қарзии исломӣ бояд иттилооти зеринро фаро гирад:
1) ном:
- номи пурраи расмии ташкилоти қарзии исломӣ;
- номи пурраи ташкилоти қарзии исломӣ, ки бо он ташкилоти қарзии исломӣ дар хориҷа фаъолият мекунад;
2) суроға:
- номи шаҳре, ки саридораи ташкилоти қарзии исломӣ дар он ҷойгир аст;
- номи кӯча ва рақами бино;
- индекси почта;
- номи нишони электронӣ;
3) воситаҳои алоқаи расмӣ:
- рақами телефони расмӣ;
- рақами факси расмӣ;
- суроғаи расмии Е-mail;
4) номи ширкате, ки аудити ташкилоти қарзии исломиро гузарондааст;
5) сармояи оинномавии ташкилоти қарзии исломӣ:
- андозаи сармояи оинномавии эълоншуда;
- андозаи сармояи пардохташуда дар асл.
18. Андозаи номиналии саҳмияҳои фурӯхташуда (оддӣ ва имтиёзнок), миқдори онҳо ва арзиши умумии ҳар номинал, инчунин миқдори умумии ҳамаи саҳмияҳо ва арзиши умумии онҳо бояд дар ҷадвал оварда шаванд.
БОБИ 5. СОХТОРИ ҶАДВАЛҲОИ ҲИСОБОТӢ
19. Ҷадвали 01.01. Дороиҳо чунин маълумотҳоро дар бар мегирад:
1) пули нақд ва дигар ҳуҷҷатҳои хазинавӣ - дар ин сатр бояд маблағҳои нақд, аз ҷумла пулҳои коғазӣ ва тангаҳои гардишӣ, пули дар банкоматҳо, пули дар роҳ буда, дороиҳои пулӣ барои пардохт аз рӯйи намуди асъор ва дигар ҳуҷҷатҳои хазинавӣ инъикос ёбад;
2) сабикаи тилло - дар ин сатр бояд нархи аслии тиллои дар шакли гудохта мавҷудбудаи дар хазинаи бонк инъикос ёбад;
3) барои гирифтан аз Бонки миллии Тоҷикистон - дар ин сатр бояд суратҳисобҳои муросилотӣ, суратҳисобҳои захираҳои ҳатмии дар Бонки миллии Тоҷикистон нигоҳдошташаванда ва дигар суратҳисобҳое, ки ташкилоти қарзии исломӣ метавонад дар Бонки миллии Тоҷикистон нигоҳ дорад инъикос ёбад;
4) барои гирифтан аз ташкилотҳои қарзии молиявӣ - дар ин сатр бояд бақияи суратҳисобҳои муросилотӣ, ҷойгиркунии муҳлатнок, маблағгузориҳои байнибонкӣ ва маблағгузориҳои субординарӣ ба бонкҳо ва ташкилотҳои қарзии ғайрибонкӣ дар дохил ва берун аз қаламрави Тоҷикистон додашуда тарҳи фонди пӯшонидани талафотҳои имконпазир аз рӯйи дороиҳо (минбаъд ФПТИ) ташкилшуда аз рӯйи онҳо инъикос ёбад;
5) маблағгузорӣ дар асоси коғазҳои қиматноки исломӣ - дар ин сатр бояд коғазҳои қиматноки исломи аз ҷониби ташкилоти қарзии исломӣ харидашуда бо уҳдадории бозфурӯш дар давраи муайян бо нархи муайян инъикос ёбад;
6) маблағгузориҳо - дар ин сатр бояд маблағгузориҳо тарҳи ФПТИ мувофиқ аз рӯйи онҳо инъикос ёбанд. Ин қисмат бояд маблағгузориҳои давлатӣ, тиҷоратӣ, соҳибкории хурду миёна, кишоварзӣ, шахсони воқеӣ ва дигар маблағгузориҳоро дар бар гирад;
7) пазираҳо (аксепт) барои гирифтан - дар ин сатр бояд бақияи пазираҳое, ки аз бонкҳои дар қаламрави Тоҷикистон ва берун аз қаламрави Тоҷикистон гирифта шудаанд, инъикос ёбад;
8) коғазҳои қиматнок - дар ин сатр бояд арзиши тавозунии коғазҳои қиматноки Бонки миллии Тоҷикистон, ташкилотҳои қарзии молиявӣ, давлатӣ ва дигар коғазҳои қиматнок, сандуқи коғазҳои қиматнок барои савдо ва фурӯш (ҳам коғазҳои қиматноки қарзӣ ва ҳам саҳмияҳо), тарҳи дисконт ва захираҳои муайян, инъикос ёбад;
9) сармоягузорӣ - дар ин сатр бояд маблағи сармоягузориҳо ва коғазҳои қиматноки қарзии то муҳлати пардохт нигоҳдошта тарҳи дисконт ва захираҳои муайян инъикос ёбад. Дар ин қисмат бояд коғазҳои қиматноки харидашудаи Бонки миллии Тоҷикистон, ташкилотҳои қарзии молиявӣ, давлатӣ ва дигар коғазҳои қиматноки то муҳлати пардохт нигоҳдошта нишон дода шаванд;
10) воситаҳои асосӣ - дар ин сатр бояд арзиши замин/қитъаи замин, бино, дигар иншооти ташкилоти қарзии исломӣ ва мебелу таҷҳизот ё ба иҷора гирифтаи ташкилоти қарзии исломӣ, аз ҷумла нақлиёт, инчунин арзиши масолеҳ, корҳо ва дигар хароҷотҳои асосӣ, ки ба сохтмон алоқаманд аст, тарҳи фарсоиши ҳисобкардашуда аз рӯйи воситаҳои асосӣ инъикос ёбад. Ин қисмат бояд замин ва биноҳое, ки ташкилоти қарзии исломӣ дар онҳо фаъолият мекунад, сохтмони нотамом, бинои ба иҷора додашуда, дигар дороиҳо барои бозфурӯш, дигар воситаҳои асосии моддӣ ва дороиҳои ғайримоддиро дар бар гирад. Фарсоиш дар ҳисобот хусусияти маълумотӣ дошта, ба таркиби арзиши воситаҳои асосӣ дохил намешавад ва ба маҷмӯи дороиҳои соф таъсир намерасонад;
11) дигар дороиҳо - дар ин сатр бояд маблағи дороиҳое, ки дар дигар сатрҳои тавозун нишон дода нашудаанд, тарҳи ФПТИ ташкилшуда инъикос ёбад. Ин қисмат бояд инҳоро дар бар гирад: ҳисобҳои дебиторӣ барои гирифтан, барои гирифтан аз саридораи бонк/филиал ва аз ташкилотҳои қарзии молиявӣ, маблағҳои интиқолӣ, воситаҳои молиявӣ, амалиёт бо асъори хориҷӣ ва дороиҳои мавқуфгузошта барои андоз аз фоида.
20. Ҷадвали 01.02. Уҳдадориҳо чунин маълумотҳоро дар бар мегирад:
1) барои пардохт ба мақомотҳои давлатӣ - дар ин сатр бояд бақияи маблағи умумии уҳдадориҳо дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (Вазорати молия, Ҳукуматҳои маҳалӣ ва дигар корхонаҳои давлатӣ) инъикос ёбад;
2) барои пардохт ба Бонки миллии Тоҷикистон - дар ин сатр бояд бақияи маблағи умумии уҳдадориҳо дар назди Бонки миллии Тоҷикистон инъикос ёбад;
3) барои пардохт ба ташкилотҳои қарзии молиявӣ - дар ин сатр бояд бақияи суратҳисобҳои муросилотии бонкҳо, ҷойгиркунии муҳлатноки байнибонкӣ ва маблағгузориҳои байнибонкӣ дар қаламрав ва берун аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон инъикос ёбад;
4) барои пардохт дар асоси шартномаи коғазҳои қиматноки исломӣ - дар ин сатр бояд коғазҳои қиматноки аз ҷониби ташкилоти қарзии исломӣ фурӯхташуда бо уҳдадории бозхарид дар давраи муайян бо нархи муайян инъикос ёбад;
5) пазираҳо барои пардохт (аксепт) - дар ин сатр бояд бақияи пазираҳои барои пардохт қабулкардаи ташкилотҳои қарзии молиявӣ, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз он ҷойгиранд, инъикос ёбад;
6) амонатҳои дархостшаванда - дар ин сатр бояд пасандозҳо ва амонатҳои дархостшавандаи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки дар ташкилоти қарзии исломӣ маблағ ва сарвати худро гузоштаанд, инъикос ёбад;
7) амонатҳои пасандозӣ - дар ин сатр бояд амонатҳои пасандозии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки дар ташкилоти қарзии исломӣ маблағ ва сарвати худро гузоштаанд, инъикос ёбад;
8) амонатҳои муҳлатнок - дар ин сатр бояд амонатҳо ва пасандозҳои муҳлатноки шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки дар ташкилоти қарзии исломӣ маблағ ва сарвати худро гузоштаанд, инъикос ёбад;
9) амонатҳои сохторҳои буҷетӣ - дар ин сатр бояд маблағи умумии амонатҳои сохторҳои давлатӣ, ки дар суратҳисобҳои амонатӣ гузошта шудааст, инъикос ёбад;
10) коғазҳои қиматноки исломӣ - дар ин сатр бояд маблағи умумии коғазҳои қиматноки қарзии исломии аз ҷониби ташкилоти қарзии исломӣ баровардашуда инъикос ёбад;
11) маблағгузории субординарӣ - дар ин сатр бояд уҳдадориҳои ташкилоти қарзии исломӣ, ки баъди қонеъ намудани талаботи дигар маблағгузорон пардохта мешаванд, инъикос ёбад;
12) ҳисобҳои сармоягузории номаҳдуд - дар ин сатр бояд маблағҳои сармоягузориҳое, ки дорандагони суратҳисобҳои сармоягузории номаҳдуд қабули қарори ниҳоии сармоягузориро бе маҳдудият ё шарти муайян ба ташкилоти қарзии исломӣ додаанд, инъикос ёбад;
13) дигар уҳдадориҳо - дар ин сатр бояд маблағи дигар уҳдадориҳо, ки дар сатрҳои дигари уҳдадориҳо нишон дода нашудаанд, инъикос ёбад. Ин қисмат инҳоро дарбар мегирад: барои пардохт, маблағҳои интиқолӣ, барои пардохт ба саридораи бонк/шуъбаҳои бонк, воситаҳои молиявӣ, амалиётҳо бо асъори хориҷӣ, хароҷотҳо барои пардохт, уҳдадориҳои андозии мавқуфгузошташуда ва фонди умумӣ аз рӯйи дороиҳои фаъол;
14) фонди умумӣ аз рӯйи дороиҳои фаъол - дар ин ҳисоб бақияи фонди умумие, ки аз рӯйи дороиҳои (маблағгузориҳои) гурӯҳҳои қолабӣ ва зери назорат (дороиҳои фаъол) ташкил карда мешавад, инъикос мегардад.
21. Ҷадвали 01.03. Сармоя чунин маълумотҳоро дар бар мегирад:
1) сармояи худӣ - дар ин сатр бояд сармояи аз ҷониби саҳмиядорон эълоншуда ва пардохташуда инъикос ёбад;
2) сармояи изофа - дар ин сатр бояд фарқи байни арзиши номиналии саҳмияҳои худӣ ва арзиши бозорие, ки саҳмиядорон бо ҳамин арзиш онҳоро харидаанд ва дигар маблағҳои иловагии аз ҷониби саҳмиядорон (иштирокчиён) ба сармоя пардохташуда инъикос ёбад;
3) фоида ё зарари тақсимнашудаи солҳои гузашта - дар ин сатр бояд маблағи боқимондаи фоидаи солҳои гузашта, ки ташкилоти қарзии исломӣ онҳоро ба захираҳо ва байни саҳмиядорон тақсим накардааст, инъикос ёбад;
4) фоида ё зарари соли гузашта - дар ин сатр бояд маблағи боқимондаи фоидаи соли гузашта, ки ташкилоти қарзии исломӣ пеш аз тақсими дивидендҳо байни саҳмиядорон ва ҳиссаҷудокунии ҳатмӣ ба захираҳо нигоҳ медорад, инъикос ёбад;
5) фоида ё зарари соли ҷорӣ - дар ин сатр бояд маблағи фоида ё зарар дар давоми соли ҷорӣ то санаи ҳисоботӣ инъикос ёбад;
6) захираҳо барои амалиётҳои ояндаи ташкилоти қарзии исломӣ - дар ин сатр бояд маблағи захираҳои аз ҳисоби фоидаи барои амалиётҳои ояндаи ташкилоти қарзии исломӣ ҷудошуда, ба монанди васеъ намудани фаъолияти ташкилоти қарзии исломӣ ва хариди воситаҳои асосӣ инъикос ёбад;
7) захираҳо барои суғурта - дар ин сатр бояд маблағи захираҳои аз ҳисоби фоида барои пӯшонидани талаботи суғуртавӣ ҷудошуда инъикос ёбад;
8) захираҳо барои ҳолатҳои ғайричашмдошт - дар ин сатр бояд маблағи захираи аз ҳисоби фоида барои пӯшонидани ҳолатҳои ғайричашмдошт ҷудошуда инъикос ёбад;
9) захираи умумӣ аз ҳисоби фоида - дар ин сатр бояд маблағи захираҳои умумӣ аз рӯйи маблағгузориҳои қолабӣ ва зери назорат, ки аз ҳисоби фоида ташкил ёфтааст, инъикос ёбад;
10) захираи умумӣ аз ҳисоби хароҷот - дар ин сатр бояд маблағи захираҳои умумӣ аз рӯйи маблағгузориҳои қолабӣ ва зери назорат, ки аз ҳисоби хароҷот ташкил ёфтааст, инъикос ёбад;
11) захираи умумӣ барои дороиҳои фаъол - дар ин ҳисоб фарқияти барзиёди фонд тибқи талаботҳои назоратӣ ва талаботҳои стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ аз рӯйи дороиҳои фаъол, ки аз ҳисоби 300315 "Захираи умумӣ аз фоида" ё ҳисобҳои 300305 "Фоидаи тақсимнашуда ё зарари солҳои гузашта", 300307 "Фоида ё зарари соли гузашта" гузаронида мешавад, инъикос ёбад;
12) захираи махсус барои дороиҳои ғайрифаъол - дар ин ҳисоб фарқияти барзиёди фонд тибқи талаботҳои назоратӣ ва талаботҳои стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ аз рӯйи дороиҳои ғайрифаъол, ки аз ҳисоби 300315 "Захираи умумӣ аз фоида" ё ҳисобҳои 300305 "Фоидаи тақсимнашуда ё зарари солҳои гузашта", 300307 "Фоида ё зарари соли гузашта" гузаронида мешавад, инъикос ёбад;
13) захира барои баробаркунии фоида - дар ин сатр бояд маблағҳои сармоягузорӣ бо принсипҳои муробаҳа инъикос ёбад;
14) захираҳо барои азнавбаҳодиҳии воситаҳои асосӣ - дар ин сатр бояд маблағи захираҳое, ки дар натиҷаи азнавбаҳодиҳии воситаҳои асосӣ ба амал омадааст, инъикос ёбад;
15) захираҳо барои азнавбаҳодиҳии коғазҳои қиматнок - дар ин сатр бояд маблағи захираҳое, ки дар натиҷаи азнавбаҳодиҳии коғазҳои қиматнок ба амал амадааст, инъикос ёбад;
16) дигар захираҳои сармоявӣ - дар ин сатр бояд дигар захираҳое, ки дар сатрҳои болоӣ нишон дода нашудаанд, инъикос ёбад;
17) маблағгузориҳои субординарии тахассусӣ - дар ин сатр бояд ҳамаи маблағгузориҳои субординарии тахассусшуда бо муҳлати пардохташон зиёда аз 5 сол инъикос ёбанд.
22. Ҷадвали 01.04. Ҳисоботи ғайритавозунӣ чунин маълумотҳоро дар бар мегирад:
1) воситаҳои ғайримустақим - ҳамагӣ - дар ин сатр бояд ҷамъи ҳамаи қисмҳои ғайритавозунӣ (воситаҳои ғайримустақим) инъикос ёбад;
2) гирифташуда - дар ин сатр бояд маблағи умумии воситаҳои ғайримустақими аз ҷониби ташкилоти қарзии исломӣ гирифташуда (кафолатҳо, эътиборномаҳо, созишномаҳои стендбай, векселҳо) инъикос ёбад;
3) кафолатҳо - дар ин сатр бояд кафолатҳои аз ҷониби ташкилоти қарзии исломӣ гирифташуда инъикос ёбад;
4) эътиборномаҳои гирифташуда - дар ин сатр бояд ҳамаи эътиборномаҳои аз ҷониби ташкилоти қарзии исломӣ гирифташуда инъикос ёбад;
5) созишномаҳои гирифташуда (стэндбай) - шартнома бо қарздиҳанда дар хусуси он, ки ҳангоми зарурат дар муддати вақти муқарраршуда маблағи муайян пешниҳод мегардад. Дар ин сатр бояд шартномаҳои стэндбайи аз ҷониби ташкилоти қарзии исломӣ гирифташуда инъикос ёбад;
6) векселҳои гирифташуда - дар ин сатр бояд векселҳои аз ҷониби ташкилоти қарзии исломӣ гирифташуда инъикос ёбад;
7) додашуда - дар ин сатр бояд маблағи умумии воситаҳои ғайримустақими аз ҷониби ташкилоти қарзии исломӣ додашуда (кафолатҳо, аккредитивҳо, созишномаҳои стендбай, векселҳо) инъикос ёбад;
8) кафолатҳо - дар ин сатр бояд кафолатҳои аз ҷониби ташкилоти қарзии исломӣ додашуда инъикос ёбад;
9) эътиборномаҳои додашуда - дар ин сатр бояд ҳамаи уҳдадориҳои ғайричашмдошт аз рӯйи эътиборномаҳои додашуда инъикос ёбад;
10) созишномаҳои додашуда (стендбай) - дар ин сатр бояд ҳамаи уҳдадориҳои ғайричашмдошт аз рӯйи шартномаҳои стендбайи аз ҷониби ташкилоти қарзии исломӣ додашуда инъикос ёбад;
11) хати маблағгузориҳои истифоданашуда - ҳамагӣ - дар ин сатр бояд маблағи умумии хатҳои маблағгузории аз ҷониби ташкилоти қарзии исломӣ тибқи шартнома пешниҳодшуда, вале дар асл доданашуда инъикос ёбад;
12) маблағгузориҳои истифоданашуда - дар ин сатр бояд ҳамаи хатҳои маблағгузории аз ҷониби ташкилоти қарзии исломӣ тибқи шартнома пешниҳодшуда, вале дар асл ҳамчун маблағгузорӣ ва иҷораи молиявӣ (лизинг) доданашуда инъикос ёбад;
13) кортҳои қарзии истифоданашуда - дар ин сатр бояд кортҳои қарзии аз ҷониби ташкилоти қарзии исломӣ пешниҳодшуда, вале аз ҷониби кортдорон истифоданашуда инъикос ёбад;
14) маблағҳои пулӣ ва амволи зери идораи ташкилот - дар ин ҳисоб бояд маблағҳои пулӣ ва моликияте, ки таҳти идораи ташкилот қарор дорад, инъикос ёбад;
15) уҳдадориҳои гирифташуда (андеррайтингӣ) - дар ин сатр бояд маблағи умумии уҳдадориҳои андеррайтингӣ инъикос ёбад;
16) ҳисобҳои сармоягузории маҳдуд - дар ин ҳисоб маблағҳои сармоягузороне, ки дорандагони суратҳисобҳои сармоягузории маҳдуд ба ташкилоти қарзии исломӣ ваколати сармоягузории мушаххаси мақсаднок ва ё бо дигар маҳдудиятҳо ва шартҳои амали намуданро медиҳад, инъикос ёбад;
17) коғазҳои қиматнок - дар ин сатр бояд маблағи умумии коғазҳои қиматноки гирифташуда ва аз ҷониби ташкилоти қарзии исломӣ додашуда инъикос ёбад;
18) гирифташуда - дар ин сатр бояд маблағи коғазҳои қиматноки аз ҷониби ташкилоти қарзии исломӣ гирифташуда инъикос ёбад;
19) додашуда - дар ин сатр бояд маблағи коғазҳои қиматноки аз ҷониби ташкилоти қарзии исломӣ додашуда инъикос ёбад;
20) дороиҳои фурӯхташуда бо эҳтимолияти баргашт - бояд маблағи умумии дороиҳои фурӯхташуда бо эҳтимолияти бозхарид инъикос ёбад;
21) ҳуҷҷатҳо барои нигаҳдорӣ - дар ин ҳисоб бояд маблағи умумии арзиши номиналии ҳуҷҷатҳо барои нигаҳдорӣ инъикос ёбад;
22) гарави ба ташкилоти қарзии исломӣ мондашуда - дар ин сатр бояд маблағи умумии гарави ба ташкилоти қарзии исломӣ мондашуда инъикос ёбад;
23) чекҳои сафарии нофурӯхта - дар ин ҳисоб маблағи умумии арзиши номиналии чекҳои сафарии нофурӯхта, ки дар асоси консигнатсия (амонатфиристӣ) гирифта шудаанд, инъикос ёбад;
24) дигар ҳисобҳои ғайритавозунӣ - дар ин сатр бояд маблағи дигар ҳолатҳо, ки дар сатрҳои болоӣ нишон дода нашудааст, инъикос ёбад;
25) амалиётҳои форвардӣ - дар ин сатр бояд маблағи уҳдадориҳои ташкилоти қарзии исломӣ аз рӯйи хариду фурӯши асъори хориҷӣ, ки тибқи принсипҳои маблағгузории исломӣ сурат гирифтааст, инъикос ёбад:
- асъори хориҷии харидашуда;
- асъори хориҷии фурӯхташуда.
26) амалиёти асъори хориҷӣ (СПОТ) - дар ин сатр бояд маблағи фурӯши асъори хориҷии байнибонкӣ бо уҳдадории аз нав мубодила кардани он дар муҳлати гузаронидани амалиёт инъикос ёбад;
27) амалиёти асъори хориҷӣ (СВОП) - одатан хавфҳоро тавассути муқоисаи синтетикии дороиҳо ва уҳдадориҳои муҳлатноки ташкилоти қарзии исломӣ, ки дорои меъёри фоизии афзоянда ва тағйирёбанда мебошанд, кам мекунад;
28) сармояи эълоншудаи саҳомӣ - саҳмияҳои имтиёздор - дар ин сатр як қисми сармояи оинномавии эълоншуда аз рӯйи саҳмияҳои имтиёздор, ки барои он сертификати дахлдор дода шудаасту вале ҳанӯз пардохт нагардидааст, инъикос меёбад;
29) сармояи эълоншудаи саҳомӣ - саҳмияҳои оддӣ - дар ин сатр як қисми сармояи оинномавии эълоншуда аз рӯйи саҳмияҳои оддӣ, ки барои вай сертификати дахлдор дода шудаасту вале ҳанӯз пардохт нашудааст, инъикос меёбад.
23. Ҷадвали 01.05. Шарҳи дигар дороиҳо ва уҳдадориҳо чунин маълумотҳоро дар бар мегирад:
1) маблағҳои пулӣ барои эҳтиёҷоти маъмулӣ - дар ин ҳисоб бақияи маблағҳо барои пӯшондани эҳтиёҷоти хурд инъикос меёбад;
2) хароҷоти қаблан пардохташуда - дар ин сатр бояд хароҷоти пешакӣ пардохташуда барои амалиётҳои давраи оянда инъикос ёбад;
3) пешпардохт - дар ин сатр бояд маблағи пешпардохтҳое, ки ташкилоти қарзии исломӣ тибқи шартнома ба муштариён пардохт кардааст, ки дар оянда ба тавозун дохил карда мешавад, инъикос ёбад;
4) дивидендҳо барои гирифтан - дар ин сатр бояд дивидендҳо аз ҷониби ташкилоти қарзии исломӣ барои гирифтан ҳисобшуда инъикос меёбанд;
5) даромади ҳисобшуда барои гирифтан - дар ин сатр бояд даромад аз маблағгузориҳо, ки аз ҷониби ташкилоти қарзии исломӣ барои гирифтан ҳисоб шудааст инъикос меёбанд;
6) металлҳо ва сангҳои қиматбаҳо барои фурӯш - дар ин сатр бояд арзиши аслии металлҳо ва сангҳои қиматбаҳои ташкилоти қарзии исломӣ, ки бо мақсади фурӯш ба даст омаданд инъикос меёбанд;
7) фонди махсус барои сатри 01.05.025 ва 01.05.030 - дар ин сатр бояд маблағи фонди махсус барои даромади ҳисобшуда аз металлҳо ва сангҳои қиматбаҳо инъикос ёбад;
8) ҳисобҳои дебетии то маълумкунӣ - дар ин сатр бояд қисмҳое, ки таҳти баррасии ташкилоти қарзии исломӣ қарор доранд, инъикос ёбад;
9) пешпардохти изофагии андоз - дар ин сатр бояд маблағи изофае, ки ташкилоти қарзии исломӣ аз андози ҳисобкардааш ба буҷет пардохт кардааст, инъикос ёбад;
10) камомади хазина ва дигар ҳуҷҷатҳои хазинавӣ - дар ин сатр бояд ҳамаи ҳуҷҷатҳои пулие, ки ба мафҳуми нақд дар сатри 01.01.000 тавозун мувофиқ нестанд, инъикос ёбад;
11) ҳисобҳо барои гирифтан - дар ин сатр бояд ҳамаи дигар пешпардохтҳои коркардашуда ва маблағҳои барои гирифтан аз дигар тарафҳо тибқи тартиби суратҳисобҳои кушода инъикос ёбад;
12) дороиҳои амалнакунанда - дар ин ҳисоб бақияи дороиҳое, ки дар ташкилотҳои қарзии молиявии амалнакунанда қарор доранд инъикос мегардад;
13) дороиҳо дар ташкилотҳои басташуда ва ё барҳамхӯранда - дар ин сатр бояд ҳамаи дороиҳое, ки дар ташкилотҳои қарзии молиявии басташуда қарор доранд (тарҳи ФПТИ), инъикос ёбад;
14) фонди махсус барои сатрҳои 01.05.050, 01.05.055, 01.05.060 ва 01.05.065 - дар ин сатр бояд маблағи фонди махсус барои дороиҳое, ки дар ташкилотҳои қарзии молиявии басташуда қарор доранд, инъикос ёбад; ФПТИ-и дар ҳисобот хусусияти маълумотӣ дошта, ба маҷмӯи дороиҳо дар ташкилотҳои қарзии молиявии басташуда таъсир намерасонад;
15) китобҳо, лавозимот ва захираҳо - дар ин сатр бояд арзиши тавозунии ҳамаи китобҳо, лавозимот ва захираҳои аз ҷониби ташкилотҳои қарзии исломӣ харидашуда инъикос ёбад;
16) воситаҳои молиявӣ - дар ин ҳисоб бақия аз рӯйи амалиёт бо воситаҳои молиявӣ инъикос мегардад;
17) дороиҳо дигар - дар ин сатр бояд ҳамаи дигар дороиҳои дар сатрҳои боло зикрнашуда инъикос ёбад;
18) пешпардохти гирифташуда - дар ин сатр бояд даромади гирифтаи коркарданашуда аз ҳисоби амалиётҳои давраи оянда инъикос ёбад;
19) дивидендҳо барои пардохт - дар ин сатр бояд дивидендҳои аз ҷониби ташкилоти қарзии исломӣ пардохтшаванда инъикос ёбад;
20) суратҳисобҳои ғайрифаъол - дар ин сатр амонатҳо бо пули миллӣ ҷалбшудаи шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ, ки аз рӯйи онҳо гардиши пули нақд дар давоми давраи фаъолияти молиявии ташкилоти қарзии исломӣ дида намешавад, нишон дода шудааст;
21) ҳисобҳо то маълум шудан - дар ин сатр бояд маблағҳое, ки таҳти санҷиши ташкилоти қарзии исломӣ қарор доранд, инъикос ёбанд;
22) барзиёдии пули нақд ва дигар дороиҳо - дар ин сатр бояд ҳамаи ҳуҷҷатҳои пулие, ки ба мафҳуми нақд дар сатри 01.01.000 дохил намешаванд, инъикос ёбад;
23) андози иҷтимоӣ ва андоз аз даромади шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ - дар ин сатр бояд пардохтҳои ташкилоти қарзии исломӣ оид ба андозҳои иҷтимоӣ ва андоз аз даромади кормандони ташкилоти қарзии исломӣ инъикос ёбанд;
24) фонд барои аъзои раёсат - дар ин сатр маблағе, ки бо қарори шӯрои нозирон (иштирокчиён) аз ҳисоби фоида барои додани бонус, мукофот, дигар подошпулиҳо ва кӯмаки моддӣ ба кормандони ташкилот ҷудо карда шудааст, нишон дода мешавад;
25) андоз аз фоида барои пардохт - дар ин сатр бояд маблағҳое, ки ташкилоти қарзии исломӣ иловатан ба буҷет пардохт менамояд, инъикос ёбанд;
26) барои пардохт ба давлат - дар ин сатр бояд ҳамаи пардохтҳои ташкилоти қарзии исломӣ дар назди Ҳукумат инъикос ёбанд;
27) нафақа барои пардохт - дар ин сатр бояд ҳамаи пардохтҳои ташкилоти қарзии исломӣ дар назди нафақахӯрон инъикос ёбанд;
28) саҳмияҳои имтиёзноки муҳлаташон муайян - дар ин ҳисоб бақияи саҳмияҳои имтиёздори барои давраи муайян бо фоизи муқарраршуда баровардашудаи бонкҳо инъикос ёбад;
29) таъминот барои амалиёти муробаҳа - дар ин сатр бояд маблағҳои пешпардохти мизоҷон ба ташкилоти қарзии исломӣ инъикос гардад;
30) ФПТИ аз рӯйи уҳдадориҳои шартӣ - дар ин ҳисоб бояд бақияи ФПТИ аз рӯйи уҳдадориҳои шартии таснифшуда бо пули миллӣ ва асъори хориҷӣ инъикос гардад;
31) закот барои пардохт - дар ин сатр бояд пардохтҳои якдафъаинаи закот инъикос дода шавад, агар дар оинномаи ташкилоти қарзии исломӣ уҳдадории пардохти закот пешбинӣ шуда бошад ва оид ба пардохти закот қарори маҷлиси умумии саҳмиядорон қабул шуда бошад;
32) пардохтҳо барои хайрия - дар ин сатр бояд маблағҳо барои додан ба беморон, донишҷӯён, ятимхонаҳо ва дигар пардохтҳо ба муҳтоҷон инъикос ёбанд;
33) иҷорапулӣ барои пардохт - дар ин сатр бояд маблағҳои ташкилоти қарзии исломӣ барои иҷорапулӣ нишон дода шудаанд;
34) дигар - дар ин сатр бояд дигар уҳдадориҳое, ки дар сатрҳои болоӣ нишон дода нашудаанд, инъикос ёбанд.
24. Ҷадвали 02.01. Ҳисобот оид ба фоида ва зарар чунин маълумотҳоро дар бар мегирад:
1) даромадҳои гирифташуда - дар ин сатр бояд маблағи умумии даромади аз ҳисоби маблағгузориҳо гирифташудаи ташкилоти қарзии исломӣ инъикос ёбад;
2) Бонки миллии Tоҷикистон - дар ин сатр бояд даромади коркардашудаи ташкилоти қарзии исломӣ барои гирифтан аз Бонки миллии Тоҷикистон аз ҳисоби маблағгузориҳо инъикос ёбад;
3) бонкҳо - дар ин сатр бояд даромади коркардашуда барои гирифтан аз маблағгузориҳои дигар бонкҳо, ҷойгиркуниҳои муҳлатнок ва маблағгузориҳои байнибонкӣ, инчунин даромад аз ҳисоби маблағгузориҳои коркардашудаи овердрафт дар ҳисобҳои лоро (барои пардохт) инъикос ёбад;
4) ташкилотҳои қарзии ғайрибонкӣ - дар ин сатр бояд даромади коркардашуда аз маблағҳои барои гирифтан аз ташкилотҳои қарзии ғайрибонкӣ, ҷойгиркуниҳои муҳлатнок ва маблағгузориҳои байнибонкӣ, инчунин даромади коркардашуда аз маблағҳои дар суратҳисобҳо (барои пардохт) инъикос ёбад;
5) маблағгузориҳои субординарӣ - дар ин сатр бояд даромади ташкилоти қарзии исломӣ аз рӯйи маблағгузориҳои субординарии пардохтшуда инъикос ёбад;
6) даромад аз дивидендҳо сармоягузориҳо барои савдо - дар ин сатр дивидендҳое, ки аз амалиёт бо коғазҳои қиматнок барои савдо дар соли ҷорӣ ба даст омадаанд, нишон дода мешавад;
7) даромад аз дивидендҳо сармоягузориҳо барои фурӯш - дар ин сатр бояд дивидендҳое, ки аз амалиёт бо коғазҳои қиматнок барои фурӯш дар соли ҷорӣ ба даст омадаанд, нишон дода шавад;
8) дивидендҳо аз сармоягузориҳо то муҳлати пардохт - дар ин сатр бояд даромаде, ки аз коғазҳои қиматнок то муҳлати пардохт гирифта шудааст, инъикос ёбад;
9) дивидендҳо аз коғазҳои қиматноки тибқи арзиши воқеӣ тавассути дигар даромади маҷмӯӣ нигоҳдошташаванда - дар ин сатр бояд даромаде, ки аз коғазҳои қиматноки исломӣ аз рӯйи арзиши воқеӣ тавассути дигар даромади маҷмӯӣ то муҳлати пардохт гирифта шудааст, инъикос ёбад;
10) дивидендҳо аз коғазҳои қиматноки тибқи арзиши воқеӣ тавассути фоида ва зарар нигоҳдошташаванда - дар ин сатр бояд даромад аз коғазҳои қиматнок аз рӯйи арзиши воқеӣ тавассути фоида ва зарар то муҳлати пардохт гирифта шудааст, инъикос ёбад;
11) даромад аз маблағгузориҳо - дар ин сатр бояд даромади гирифташуда аз маблағгузориҳо ба соҳаҳои иқтисодиёт инъикос ёбад;
12) даромад аз пазираҳо барои гирифтан - дар ин сатр бояд даромади гирифташуда аз ҳисоби маблағгузориҳои ташкилотҳои қарзии молиявӣ инъикос ёбад;
13) даромад аз ипотека - дар ин сатр бояд даромади гирифташуда аз маблағгузориҳои ипотекӣ инъикос меёбад, ки мутобиқи он ба муштарӣ барои сохтмон, харид ё таҷдиди биною иншоот ва хона маблағ дода мешавад, инъикос ёбад;
14) даромад аз сармоягузорӣ ва амалиёти хариду фурӯш (РЕПО) - дар ин сатр бояд даромади маблағгузориҳо аз хариди коғазҳои қиматнок ва бозфурӯши онҳо дар асоси (РЕПО) инъикос ёбад;
15) даромад аз ҳисоби амалиётҳои маҳдуд ва номаҳдуд - дар ин сатр бояд даромад аз ҳисоби суратҳисобҳои сармоягузории маҳдуд ва номаҳдуд, ки ташкилоти қарзии исломӣ гирифтааст инъикос ёбад;
16) дигар даромадҳо - дар ин сатр бояд даромадҳое, ки дар сатрҳои болоӣ зикр нашудаанд, инъикос ёбад;
17) хароҷотҳои пардохтшуда - дар ин сатр бояд маблағи ҳамаи хароҷотҳои пардохташудаи ташкилоти қарзии исломӣ инъикос ёбад;
18) хароҷот ба Бонки миллии Тоҷикистон - дар ин сатр бояд хароҷотҳои ташкилоти қарзии исломӣ аз рӯйи маблағҳо барои пардохт ба Бонки миллии Тоҷикистон инъикос ёбад;
19) хароҷот ба мақомотҳои давлатӣ - дар ин сатр бояд хароҷотҳои ташкилоти қарзии исломӣ ба ташкилотҳои давлатӣ инъикос ёбад;
20) хароҷот аз суратҳисобҳо ва ҷойгиркуниҳо ба бонкҳо - дар ин сатр бояд хароҷоти ташкилоти қарзии исломӣ барои пардохт ба дигар бонкҳо аз рӯйи суратҳисобҳо ва ҷойгиркуниҳо инъикос ёбад;
21) хароҷот аз суратҳисобҳо ва ҷойгиркуниҳо ба ташкилотҳои қарзии ғайрибонкӣдар ин сатр бояд хароҷотҳои ташкилотҳои қарзии ғайрибонкӣ инъикос ёбад;
22) хароҷот аз маблағгузориҳо - дар ин сатр бояд хароҷоти ташкилоти қарзии исломӣ аз рӯйи маблағгузориҳо барои пардохт ба дигар корхонаҳо инъикос ёбад;
23) хароҷот аз коғазҳои қиматноки исломии аз ҷониби ташкилот баровардашуда - дар ин сатр бояд хароҷот аз рӯйи коғазҳои қиматноки исломӣ аз ҷониби ташкилоти қарзии исломӣ баровардашуда инъикос ёбад;
24) амонатҳо - дар ин сатр бояд маблағи хароҷот аз рӯйи амонатҳое, ки аз ҷониби ташкилоти қарзии исломӣ пардохт шудаанд, инъикос ёбад;
25) амонатҳои дархостшаванда - дар ин сатр бояд хароҷоти ташкилоти қарзии исломӣ аз рӯйи амонатҳои дархостшаванда инъикос ёбад;
26) амонатҳои пасандозӣ - дар ин сатр бояд хароҷоти ташкилоти қарзии исломӣ аз рӯйи амонатҳои пасандозӣ инъикос ёбад;
27) амонатҳои муҳлатнок - дар ин сатр бояд хароҷоти ташкилоти қарзии исломӣ аз рӯйи амонатҳои муҳлатнок инъикос ёбад;
28) хароҷот аз ҳисоби сармоягузориҳои номаҳдуд - дар ин сатр бояд хароҷоти ташкилоти қарзии исломӣ аз рӯйи сармоягузории дигар бонкҳо инъикос ёбад;
29) хароҷот аз маблағгузориҳои субординарӣ - дар ин сатр бояд хароҷоти ташкилоти қарзии исломӣ аз рӯйи маблағгузории субординарии пардохтшуда инъикос ёбад;
30) хароҷот аз иҷораи молиявӣ - дар ин ҳисоб хароҷоти маблағгузориҳо аз лизинги молиявӣ дар соли ҷорӣ инъикос меёбад;
31) хароҷот аз амалиёти РЕПО-и исломӣ - дар ин сатр бояд хароҷоти ташкилоти қарзии исломӣ аз рӯйи фурӯши коғазҳои қиматноки исломӣ ва бозхариди онҳо дар асоси шартномаи РЕПО-и исломӣ инъикос ёбад;
32) хароҷотҳои дигар - дар ин сатр бояд хароҷоти дар сатрҳои болоӣ зикрнашуда инъикос ёбад;
33) даромади холис - дар ин сатр бояд даромади софи аз ҷониби ташкилоти қарзии исломӣ коркардашуда инъикос ёбад;
34) даромад ё хароҷоти коммисионӣ ва хизматрасониҳои бонкӣ - дар ин сатр бояд даромад аз хизматрасонӣ ва хароҷот аз ҳисоби хизматрасонӣ инъикос ёбад;
35) амалиётҳо бо коғазҳои қиматноки исломӣ - дар ин сатр бояд даромад аз амалиётҳо бо коғазҳои қиматноки исломӣ барои савдо ва фурӯш, инчунин хароҷотҳо аз коғазҳои қиматноки исломии худӣ барои савдо ва фурӯш, инъикос ёбад;
36) амалиётҳо бо асъори хориҷӣ - дар ин сатр бояд даромад ва хароҷоти аз амалиётҳо бо асъори хориҷӣ коркардашуда ва коркарданашуда инъикос ёбад;
37) амалиётҳои ғайритавозунӣ - дар ин сатр бояд даромади коркардашуда ва хароҷоти пардохташуда аз рӯйи амалиётҳои ғайритавозунӣ инъикос ёбад;
38) даромадҳои гуногун - дар ин сатр бояд маблағи дигар даромадҳое, ки ба даромадҳои болозикр дохил намешаванд, инъикос ёбад;
39) хароҷотҳои гуногун - дар ин сатр бояд маблағи дигар хароҷотҳое, ки ба хароҷотҳои болозикр дохил намешаванд, инъикос ёбад;
40) хароҷотҳои амалиётӣ - дар ин сатр бояд маблағи умумии хароҷоти амалиётӣ аз рӯйи музди меҳнат, мукофотпулии иловагӣ, ҷубронпулӣ, хароҷоти сафарӣ, алоқа, хароҷоти аудити беруна, ҷаримаҳо, хароҷоти таҷҳизот ва дигар хароҷотҳои амалиётӣ инъикос ёбад;
41) хароҷотҳо барои ташаккули ФПТИ - дар ин сатр бояд маблағи хароҷот барои ташаккул додани ФПТИ, ҳисобҳо барои гирифтан, хазина, сармоягузорӣ, металлҳо ва сангҳои қиматбаҳо, ипотека, гарави гирифташуда барои фурӯш, коғазҳои қиматнок ва дигар хароҷотҳо барои ташаккули ФПТИ инъикос ёбад;
42) даромад аз барқарорсозии ҳисобҳои пардохтнашуда - дар ин сатр бояд маблағи даромад аз барқарорсозии ҳисобҳои пардохтнашуда аз рӯйи маблағгузориҳо, ҳисобҳо барои гирифтан, хазина, сармоягузорӣ, металлҳо ва сангҳои қиматбаҳо, ипотека, гарави гирифташуда барои фурӯш, коғазҳои қиматнок ва дигар даромадҳо аз барқарорсозии ҳисобҳои пардохтнашуда инъикос ёбад;
43) даромади пеш аз пардохти андоз - дар ин сатр бояд маблағи умумии ҳамаи даромадҳо тарҳи ҳамаи хароҷотҳо пеш аз пардохти андоз инъикос ёбад;
44) андоз аз даромад - дар ин сатр бояд маблағи андоз аз даромади гирифтаи ташкилот дар соли ҷорӣ тибқи стандартҳои байналмилалӣ инъикос ёбад;
45) даромад ё хароҷотҳои фавқулода - дар ин сатр бояд даромад ё хароҷоти ташкилот аз рӯйи ҳолатҳои фавқулода, ки дар таркиби даромаду хароҷот пешбинӣ карда нашудааст, инъикос ёбад;
46) фоидаи соф - дар ин сатр бояд даромади соф баъди пардохти андоз ва даромад ё хароҷоти ҳолатҳои фавқулодда инъикос ёбад.
5. Ҷадвали 03.01. Тағйирот дар сармоя чунин маълумотҳоро дар бар мегирад:
1) сармояи худӣ дар охири соли гузашта - ҳамагӣ - дар ин сатр бояд маблағи сармоя, ки сараввал дар тавозун дар аввали сол пеш аз тағйирот нишон дода шудааст, инъикос ёбад. Барои ташкилоти қарзии исломие, ки фаъолияти худро аз 1-уми январи соли ҷорӣ ё дертар оғоз кардааст, маблағи сифр бояд дар ин сатр ва сармояи худӣ дар сатри 03.01.005 нишон дода шавад;
2) тағйирот дар сармояи худӣ, ки дар охири соли гузашта ба ҳисоб гирифта нашудаастдар ин сатр бояд маблағи ҳамаи тағйироти ҳисобҳои сармоя, ки ба иваз кардани рақамҳои аввали сол оварда мерасонад, инъикос ёбад. Дар сурати ворид нашудани ягон тағйирот адади сифр дар ин сатр нишон дода мешавад;
3) фоида ё зарари соли ҷорӣ - дар ин сатр бояд фоида ё зарари холис аз аввали сол инъикос ёбад. Ин маблағ бояд бо фоида ё зараре, ки дар ҳисобот оид ба фоида ё зарар сатри 02.01.525 оварда шудааст, мувофиқ бошад;
4) саҳмияҳои оддӣ ё имтиёзноки дар соли ҷорӣ пардохташуда - дар ин сатр бояд саҳмияҳои оддӣ ва ё имтиёзноки дар соли ҷорӣ пардохташуда инъикос ёбад;
5) сармояи пардохташуда бар изофаи арзиши номиналӣ дар соли ҷорӣ - дар ин сатр бояд маблағи зиёди аз арзиши номиналии саҳмияҳои оддӣ ва имтиёзноки аз ҷониби саҳмиядорон пардохташуда инъикос ёбад;
6) саҳмияҳои оддии бозхаридашуда дар соли ҷорӣ - дар ин сатр бояд маблағи саҳмияҳои оддии бозхаридашуда инъикос ёбад;
7) захира барои амалиётҳои ояндаи бонкӣ - дар ин сатр бояд натиҷаи холиси тағйирот дар захираҳо барои амалиётҳои ояндаи бонкӣ инъикос ёбад;
8) захира барои суғурта - дар ин сатр бояд натиҷаи холиси тағйирот дар захираҳо барои суғурта инъикос ёбад;
9) захира барои ҳолатҳои ғайричашмдошт - дар ин сатр бояд натиҷаи холиси тағйирот дар захираҳо барои ҳолатҳои ғайричашмдошт инъикос ёбад;
10) захираҳои умумӣ - дар ин сатр бояд натиҷаи холиси тағйирот дар захираҳои умумӣ инъикос ёбад;
11) захираи умумӣ барои дороиҳои фаъол - дар ин ҳисоб фарқияти барзиёди фонд тибқи талаботҳои назоратӣ ва талаботҳои стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ аз рӯйи дороиҳои фаъол, ки аз ҳисоби 300315 "Захираи умумӣ аз фоида" ё ҳисобҳои 300305 "Фоидаи тақсимнашуда ё зарари солҳои гузашта", 300307 "Фоида ё зарари соли гузашта" гузаронида мешавад, инъикос меёбад;
12) захира барои азнавбаҳодиҳии воситаҳои асосӣ - дар ин сатр бояд натиҷаи холиси тағйирот дар захираҳо барои азнавбаҳодиҳии воситаҳои асосӣ инъикос ёбад;
13) захираи махсус барои дороиҳои ғайрифаъол - дар ин ҳисоб фарқияти барзиёди фонд тибқи талаботҳои назоратӣ ва талаботҳои стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ аз рӯйи дороиҳои ғайрифаъол, ки аз ҳисоби 300315 "Захираи умумӣ аз фоида" ё ҳисобҳои 300305 "Фоидаи тақсимнашуда ё зарари солҳои гузашта", 300307 "Фоида ё зарари соли гузашта" гузаронида мешавад, инъикос меёбад;
14) захира барои баробаркунии фоида - дар ин сатр захирае, ки ташкилоти қарзии исломӣ бо ҷудо намудани маблағҳо аз фоидаи сармоягузорӣ барои баробаркунии фоида ташкил медиҳад, инъикос ёбад;
15) захира барои азнавбаҳодиҳии коғазҳои қиматнок - дар ин сатр бояд натиҷаи холиси тағйирот дар захираҳо барои азнавбаҳодиҳии коғазҳои қиматнок (барои фурӯш) инъикос ёбад;
16) дигар захираҳои сармоявӣ - дар ин сатр бояд натиҷаи холиси тағйирот дар дигар қисмҳои сармоя инъикос ёбад;
17) тарҳи дивидендҳои нақди эълоншуда аз рӯйи саҳмияҳои оддӣ - дар ин сатр бояд ҳамаи дивидендҳои нақди эълоншуда аз рӯйи саҳмияҳои оддӣ дар давоми соли ҷорӣ, аз ҷумла дивидендҳои пардохтанашуда дар санаи ҳисобот инъикос ёбад;
18) тарҳи дивидендҳои нақди эълоншуда аз рӯйи саҳмияҳои имтиёзнок - дар ин сатр бояд ҳамаи дивидендҳои нақди эълоншуда аз рӯйи саҳмияҳои имтиёзноки эълоншуда бо муҳлати пардохт ва бе муҳлати пардохт дар давоми соли ҷорӣ, аз ҷумла дивидендҳое, ки дар давраи ҳисоботии оянда пардохт карда мешаванд, инъикос ёбанд. Ин маблағ бояд дар дохили қавс нишон дода шавад;
19) дигар тағйирот ба сармояи худӣ (холис) - дар ин сатр бояд маблағи холиси тағйирот, ки дар сатрҳои боло нишон дода нашудааст, вале ба сармоя таъсири худро мерасонад, аз ҷумла қисми захираи азнавбаҳодиҳии воситаҳои асосии батаъхирафтода инъикос ёбад ва бо аломати манфӣ (минус) нишон дода шавад.
26. Ҷадвали 04.01. Коғазҳои қиматнок ва сармоягузорӣ чунин маълумотҳоро дар бар мегирад:
1) коғазҳои қиматнок барои савдо - ҳамагӣ - дар ин сатр бояд маблағи умумии коғазҳои қиматнок ва сармоягузориҳо дар сандуқи савдо, ки бо мақсади ба даст овардани фоида аз хариду фурӯши онҳо ҳангоми тағйирёбии арзиши онҳо дар бозор нигоҳ дошта мешаванд, инъикос меёбад;
2) саҳмияҳо барои савдо - дар ин сатр бояд арзиши тавозунии саҳмияҳои дар сандуқи савдо нигоҳдошташуда инъикос ёбад;
3) ФПТИ аз рӯйи коғазҳои қиматнок барои савдо - дар ин сатр бояд маблағи умумии ФПТИ барои коғазҳои қиматноки барои савдо баровардашуда ва саҳмияҳо инъикос ёбад;
4) коғазҳои қиматнок барои фурӯш - дар ин сатр бояд маблағи умумии коғазҳои қиматнок ва сармоягузориҳо дар сандуқи коғазҳои қиматнок барои фурӯш, ки дар ташкилотҳои қарзии исломӣ бо мақсади дастгирии пардохтпазирӣ нигоҳ дошта мешаванд, инъикос ёбад;
5) саҳмияҳо барои фурӯш - дар ин сатр бояд арзиши тавозунии саҳмияҳои дар сандуқи коғазҳои қиматноки барои фурӯш нигоҳдошташуда инъикос ёбад;
6) ФПТИ аз рӯйи коғазҳои қиматнок барои савдо - дар ин сатр бояд маблағи умумии ФПТИ барои коғазҳои қиматноки барои фурӯш баровардашуда ва саҳмияҳо инъикос ёбад;
7) коғазҳои қиматноки то муҳлати пардохт нигоҳдошта - дар ин сатр бояд маблағи умумии коғазҳои қиматнок ва сармоягузориҳо дар сандуқи коғазҳои қиматноки то муҳлати пардохт нигоҳдошташуда бо мақсади иштирок дар фаъолияти дигар шахси ҳуқуқӣ ва гирифтани даромад дар шакли дивиденд ва даромади маблағгузорӣ инъикос гардад;
8) сармоягузориҳо - дар ин сатр бояд арзиши тавозунии саҳмияҳои дар сандуқи коғазҳои қиматноки то муҳлати пардохт нигоҳдошташуда инъикос ёбад;
9) ФПТИ аз рӯйи коғазҳои қиматноки исломӣ то муҳлати пардохт нигоҳдошта - дар ин сатр бояд маблағи умумии ФПТИ барои коғазҳои қиматнок то муҳлати пардохт нигоҳдошта ва сармоягузориҳо инъикос ёбад;
10) коғазҳои қиматноки исломӣ аз рӯйи арзиши истеҳлок - дар ин сатр бояд сармоягузориҳои аз рӯйи арзиши истеҳлок нигоҳдошташуда, ки дар табақабандии стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ зери дороиҳои молиявӣ бо арзиши истеҳлокшуда дохил мешаванд;
11) коғазҳои қиматноки исломӣ аз рӯйи арзиши воқеи тавассути дигар даромади маҷмӯӣ - дар ин сатр бояд коғазҳои қиматноки нигоҳдошташуда, ки дар табақабандии стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ зери дороиҳои молиявӣ бо арзиши воқеӣ тавассути дигар даромади маҷмӯӣ дохил мешаванд, инъикос ёбанд;
12) сармоягузориҳо - дар ин сатр бояд арзиши тавозунии саҳмияҳои дар сандуқи коғазҳои қиматноки бо тавассути дигар даромади маҷмӯӣ нигоҳдошташуда инъикос ёбад;
13) коғазҳои қиматноки исломӣ аз рӯйи арзиши воқеӣ тавассути фоида ё зарар - дар ин сатр бояд коғазҳои қиматноки нигоҳдошташуда, ки дар табақабандии стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ зери дороиҳои молиявӣ бо арзиши воқеи тавасути фоида ё зарар дохил мешаванд;
14) сармоягузориҳо - дар ин сатр бояд арзиши тавозунии саҳмияҳои дар сандуқи коғазҳои қиматноки исломӣ бо арзиши воқеӣ тавасути фоида ё зарар нигоҳдошташуда инъикос ёбад.
27. Ҷадвали 05.01. ва 05.02. Дороиҳои батаъхирафтода бо пули миллӣ ва асъори хориҷӣ чунин маълумотҳоро дар бар мегирад:
1) сутуни 1 "сатрҳо" - навъи дороиҳоро дар бар мегирад;
2) сутуни 2 "ҳамагӣ" - маблағи умумии дороиҳо ва дороиҳои батаъхирафтодаро нишон медиҳад. Дороиҳои батаъхирафтода бояд пурра маҷмӯӣ (брутто) нишон дода шавад;
3) сутуни 3 "дороиҳои ҷорӣ" - бояд маблағи дороиҳои ҷорӣ, ки ба таъхир наафтодаанд ва тамдид нашудаанд, нишон дода шавад;
4) сутуни 4 "дороиҳои таҷдидшуда" - бояд маблағи умумии дороиҳои таҷдидшуда нишон дода шавад;
5) сутуни 5 "ҳамагӣ батаъхирафтода" - бояд маблағи дороиҳои батаъхирафтода нишон дода шавад. Маблағи сутуни 5 бояд ба ҷамъи сутунҳои 6, 7, 8, 9 ва 10 баробар бошад;
6) сутуни 6-10 - бояд ҳар як навъи дороӣ аз рӯйи миқдори рӯзҳои батаъхирафтода нишон дода шавад.
28. Ҷадвали 06.01. ва 06.02. Таснифи дороиҳо аз рӯйи хавфҳо бо пули миллӣ ва асъори хориҷӣ чунин маълумотҳоро дар бар мегирад:
1) сутуни 1 "сатрҳо" - навъи дороиҳоро дар бар мегирад;
2) сутуни 2 "ҳамагӣ" - маблағи маҷмӯи дороиҳо, аз ҷумла фондҳои ташкилшударо дар бар мегирад. Маблағи сутуни 2 бояд ба ҷамъи сутунҳои 4, 6, 8, 10 ва 12 баробар бошад;
3) сутуни 3 "фонди ташаккулдодашуда" - маблағи фондҳои ташкилшуда (умумӣ ва махсус)-ро дар бар мегирад. Маблағи сутуни 3 бояд ба ҷамъи сутунҳои 5, 7, 9, 11 ва 13 баробар бошад;
4) сутуни 4 "қолабӣ" - маблағи маҷмӯи дороиҳои қолабӣ, аз ҷумла фонди умумӣ нишон дода шавад;
5) сутуни 5 "фонди умумӣ" - бояд маблағи фонди умумӣ барои дороиҳои қолабӣ нишон дода шавад;
6) сутуни 6 "зери назорат" - бояд маблағи маҷмӯи дороиҳои зери назорат, аз ҷумла фонди умумӣ нишон дода шавад;
7) сутуни 7 "фонди умумӣ" - бояд маблағи фонди умумӣ барои дороиҳои зери назорат нишон дода шавад;
8) сутуни 8 "ғайриқолабӣ" - бояд маблағи маҷмӯи дороиҳои ғайриқолабӣ, аз ҷумла фонди махсус нишон дода шавад;
9) сутуни 9 "фонди махсус" - бояд маблағи фонди махсус барои дороиҳои ғайриқолабӣ нишон дода шавад;
10) сутуни 10 "шубҳанок" - бояд маблағи маҷмӯи дороиҳои шубҳанок, аз ҷумла фонди махсус нишон дода шавад;
11) сутуни 11 "фонди махсус" - бояд маблағи фонди махсус барои дороиҳои шубҳанок нишон дода шавад;
12) сутуни 12 "беэътимод" - бояд маблағи маҷмӯи дороиҳои беэътимод, аз ҷумла фонди махсус нишон дода шавад;
13) сутуни 13 "фонди махсус" - бояд маблағи фонди махсус барои дороиҳои беэътимод нишон дода шавад.
29. Ҷадвали 07.01. Тағйирот дар фонди пӯшонидани талафоти имконпазир аз рӯйи маблағгузориҳо чунин маълумотҳоро дар бар мегирад:
1) бақияи фонди махсус дар аввали сол - дар ин сатр бояд бақияи тавозунии фонди махсус аз рӯйи маблағгузориҳо дар аввали соли ҷорӣ инъикос ёбад;
2) дороиҳои барқароршуда - дар ин сатр бояд маблағи афзоиши бақияи фонди махсус аз рӯйи маблағгузориҳои хориҷшудаи пешина инъикос ёбад;
3) дороиҳои хориҷшуда - дар ин сатр бояд маблағи камшавии бақияи фонди махсус аз рӯйи маблағгузориҳо дар натиҷаи хориҷ кардан инъикос ёбад;
4) ташкил кардани фонди махсус аз аввали сол - дар ин сатр бояд маблағи пардохтҳои аслӣ ба фонди махсус аз рӯйи маблағгузориҳо дар давоми соли ҷорӣ инъикос ёбад;
5) тағйирот - дар ин сатр бояд маблағи софи ҳамаи тағйирот дар фонди махсус мувофиқ дар аввали соли ҷорӣ инъикос ёбад. Агар ин нишондиҳанда манфӣ бошад, он гоҳ он бояд бо аломати манфӣ (минус) нишон дода шавад;
6) бақияи фонди махсус дар охири давраи ҳисоботӣ - бояд ба ҷамъи бақия дар аввали сол ҷамъи дороиҳои барқароршуда тарҳи дороиҳои хориҷшуда ҷамъи тағйирот баробар бошад.
30. Ҷадвали 08.01. Маблағгузориҳои калон чунин маълумотҳоро дар бар мегирад:
1) сутуни 1 "номгӯ" - номи шахси воқеӣ ё ҳуқуқие, ки аз ташкилоти қарзии исломӣ маблағи калон гирифтааст, бояд нишон дода шавад;
2) сутуни 2 "гурӯҳ" - агар алоқамандии байни ташкилоти қарзии исломӣ ва маблағгузориҳои калон вуҷуд дошта бошад, онро нишон додан лозим аст. Чунин рамзҳо бояд истифода шаванд:
- бонк соҳиби зиёда аз 50% ҳиссаи саҳмияҳои шахс мебошад - A;
- бонк соҳиби камтар аз 50% ҳиссаи саҳмияҳои шахс мебошад- Б;
- шахси вобаста бо бонк - В;
- шахси вобаста набуда бо бонк - Г;
- гурӯҳи шахсони алоқаманд - Д;
- гурӯҳи шахсони алоқаманд набуда - Е;
3) сутуни 3 "санаи шартнома ё санаи тамдид" - санаи шартномаи маблағгузорӣ ё санаи тамдиди шартнома ва агар он тамдид шуда бошад, санаи охирини тамдид нишон дода мешавад;
4) сутуни 4 "гурӯҳи таснифот" - бояд ҳисобот оид ба гурӯҳи хавф вобаста аз таснифи маблағгузорӣ нишон дода шавад. Чунин рамзҳо бояд истифода шаванд:
қолабӣ;
зери
назорат;
ғайриқолабӣ;
шубҳанок;
беэътимод;
5) сутуни 5 "маблағ тибқи шартномаи" - бояд маблағи умумии дар шартномаи маблағгузорӣ буда нишон дода шавад;
6) сутуни 6 "маблағи дар асл додашуда" - бояд маблағи умумии дар асл додашуда нишон дода шавад;
7) сутуни 7 "бақияи тавозун" - бояд маблағи умумии бақияи тавозун (арзиши тавозунии маблағгузорӣ) нишон дода шавад;
8) сутуни 8 "коғазҳои қиматноки нигоҳдошташуда" - маблағи умумии коғазҳои қиматноки муштариёни калон, ки ташкилоти қарзии исломӣ дар тавозунаш нигоҳ медорад;
9) сутуни 9 "санаи пардохт" - бояд санаи пардохт дар шартномаи маблағгузорӣ ё дар шартномаи тамдидшуда нишон дода шавад;
10) сутуни 10 "миқдори тамдиди маблағгузорӣ" - миқдори тамдиди маблағгузорӣ нишон дода шавад;
11) сутуни 11 "намуди маҳсулот" - рақами мувофиқ ба навъи маблағгузорӣ бояд нишон дода шавад. Чунин рамзҳо бояд истифода шаванд:
муробаҳа; қарзи ҳасана;
мушорака; иҷора;
музораба; эътиборномаҳо;
таварруқ; пазираҳо;
мунтаҳия биттамлик; кафолатҳо;
салам; хати маблағгузорӣ;
истисно; кортҳои маблағгузорӣ;
ипотека; овердрафт;
12) сутуни 12 "даромад аз маблағгузорӣ" - бояд даромад аз маблағгузориҳо дар давраи ҳисоботсупорӣ нишон дода шавад;
13) сутуни 13 "шакли таъминнокӣ" - бояд манбаи асосии таъминнокии маблағгузорӣ нишон дода шавад. Чунин рамзҳо бояд истифода шаванд:
бетаъмин;
амволи ғайриманқул (бино);
нақд (амонатҳои басташуда);
автомобил;
коғазҳои қиматнок;
кафолат аз ҷониби шахсони сеюм;
дигар;
14) сутуни 14 "арзиши гарав" - бояд арзиши аслии таъминоти ба гарав гузоштаи муштарӣ нишон дода шавад;
15) сутуни 15 "фонди ташкилшуда" - бояд фонди махсус оид ба гурӯҳи хавф вобаста аз таснифи маблағгузорӣ нишон дода шавад.
31. Ҷадвали 09.01. Маблағгузориҳои шахсони ба ташкилоти қарзии исломӣ алоқаманд чунин маълумотҳоро дар бар мегирад:
1) сутуни 1 "номгӯйи шахсони вобаста" - бояд номгӯйи расмии ташкилоти алоқаманд мувофиқи қайди давлатӣ ва шахсони воқеии вобаста нишон дода шавад;
2) сутуни 2 "гурӯҳ" - алоқаи байни ташкилоти қарзии исломӣ ва муштариёни бонк нишон дода мешавад. Чунин рамзҳо бояд истифода шаванд:
- шахсони ҳуқуқӣ - А;
- шахсони воқеӣ - Б;
3) сутуни 3 "фоизи сармоягузории ташкилоти қарзии исломӣ дар корхона" - андозаи фоизи сармоягузории ташкилоти қарзии исломӣ дар сармояи шахсони алоқаманд;
4) сутуни 4 "фоизи сармоягузории корхона дар ташкилоти қарзии исломӣ" - андозаи фоизи сармоягузории шахсони алоқаманд дар сармояи ташкилоти қарзии исломӣ;
5) тартиби пур кардани сутунҳои боқимонда тибқи банди 30 тартиби мазкур (ҷадвали 08.01.) оварда шудааст.
32. Ҷадвали 10.01. ва 10.02. Таснифи маблағгузориҳо аз рӯйи соҳаҳо бо пули миллӣ ва асъори хориҷӣ чунин маълумотҳоро дар бар мегирад:
1) сутуни 1 "сатрҳо" - навъҳои дороиҳоро дар бар мегирад;
2) сутуни 2 "ҳамагӣ" - маблағи маҷмӯи дороиҳо, аз ҷумла фондҳои ташкилшударо дар бар мегирад. Маблағи сутуни 2 бояд ба ҷамъи сутунҳои 4, 6, 8, 10 ва 12 баробар бошад;
3) сутуни 3 "фонди ташаккулдодашуда" - маблағи фондҳои ташкилшуда (умумӣ ва махсус)-ро дар бар мегирад. Маблағи сутуни 3 бояд ба ҷамъи сутунҳои 5, 7, 9, 11 ва 13 баробар бошад;
4) сутуни 4 "қолабӣ" - маблағи маҷмӯи дороиҳои қолабӣ, аз ҷумла фонди умумӣ нишон дода шавад;
5) сутуни 5 "фонди умумӣ" - бояд маблағи фонди умумӣ барои дороиҳои қолабӣ нишон дода шавад;
6) сутуни 6 "зери назорат" - бояд маблағи маҷмӯи дороиҳои зери назорат, аз ҷумла фонди умумӣ нишон дода шавад;
7) сутуни 7 "фонди умумӣ" - бояд маблағи фонди умумӣ барои дороиҳои зери назорат нишон дода шавад;
8) сутуни 8 "ғайриқолабӣ" - бояд маблағи маҷмӯи дороиҳои ғайриқолабӣ, аз ҷумла фонди махсус нишон дода шавад;
9) сутуни 9 "фонди махсус" - бояд маблағи фонди махсус барои дороиҳои ғайриқолабӣ нишон дода шавад;
10) сутуни 10 "шубҳанок" - бояд маблағи маҷмӯи дороиҳои шубҳанок, аз ҷумла фонди махсус нишон дода шавад;
11) сутуни 11 "фонди махсус" - бояд маблағи фонди махсус барои дороиҳои шубҳанок нишон дода шавад;
12) сутуни 12 "беэътимод" - бояд маблағи маҷмӯи дороиҳои беэътимод, аз ҷумла фонди махсус нишон дода шавад;
13) сутуни 13 "фонди махсус" - бояд маблағи фонди махсус барои дороиҳои беэътимод нишон дода шавад;
14) сутуни 14 "арзиши таъминнокӣ" - бояд арзиши таъминоти маблағгузорҳо нишон дода шавад.
33. Ҷадвали 11.01. Гурӯҳбандии амонатҳо аз рӯйи соҳаҳои иқтисодиёт чунин маълумотҳоро дар бар мегирад:
1) сутуни 1 "соҳаҳои иқтисодиёт" - номгӯйи расмии соҳаҳои иқтисодиёро дар бар мегирад;
2) сутуни 2 "амонатҳои дархостӣ" - бояд маблағи амонатҳои дархостии бо сомонӣ ҷалбнамудаи бонк нишон дода шавад;
3) сутуни 3 "амонатҳои дархостӣ" - бояд маблағи амонатҳои дархостии бо асъори хориҷӣ ҷалбнамудаи ташкилоти қарзии исломӣ бо ҳамарзиши сомонӣ мувофиқи қурби муқарраркардаи Бонки миллии Тоҷикистон дар санаи ҳисоботӣ нишон дода шавад;
4) сутуни 4 "амонатҳои пасандозӣ" - бояд маблағи амонатҳои пасандозии бо сомонӣ ҷалбнамудаи ташкилоти қарзии исломӣ нишон дода шавад;
5) сутуни 5 "амонатҳои пасандозӣ" - бояд маблағи амонатҳои пасандозии бо асъори хориҷӣ ҷалбнамудаи ташкилоти қарзии исломӣ бо ҳамарзиши сомонӣ мувофиқи қурби муқарраркардаи Бонки миллии Тоҷикистон дар санаи ҳисоботӣ нишон дода шавад;
6) сутуни 6 "амонатҳои муҳлатнок" - бояд маблағи амонатҳои муҳлатноки бо сомонӣ ҷалбнамудаи бонк нишон дода шавад;
7) сутуни 7 "амонатҳои муҳлатнок" - бояд маблағи амонатҳои муҳлатноки бо асъори хориҷӣ ҷалбнамудаи ташкилоти қарзии исломӣ бо ҳамарзиши сомонӣ мувофиқи қурби муқарраркардаи Бонки миллии Тоҷикистон дар санаи ҳисоботӣ нишон дода шавад;
8) сутуни 8 "амонатҳои буҷавӣ" - бояд маблағи амонатҳои буҷавӣ бо сомонӣ ҷалбнамудаи ташкилоти қарзии исломӣ нишон дода шавад;
9) сутуни 9 "амонатҳои буҷавӣ" - бояд маблағи амонатҳои буҷавии бо асъори хориҷӣ ҷалбнамудаи ташкилоти қарзии исломӣ бо ҳамарзиши сомонӣ мувофиқи қурби муқарраркардаи Бонки миллии Тоҷикистон дар санаи ҳисоботӣ нишон дода шавад.
34. Ҷадвали 12.01. ва 12.02. Бақияи муҳлати пардохти дороиҳо ва уҳдадориҳо чунин маълумотҳоро дар бар мегирад:
1) ин ҷадвалҳо бақияи муҳлати пардохти дороиҳо ва уҳдадориҳоро дар санаи ҳисоботӣ нишон медиҳанд, лекин ташкилоти қарзии исломӣ бояд маълумотро вобаста аз миқдори рӯзҳои боқимонда то санаи пардохти дороиҳо ё уҳдадории молиявӣ новобаста аз муҳлати аввалаи додани дороиҳо ё қабули амонат нишон диҳад;
2) ин қисмат барои муайян намудани ҳолат ва қобилияти пардохтпазирии ташкилоти қарзии исломӣ дар санаи ҳисоботӣ истифода бурда мешавад. Ҳамаи дороиҳо ва уҳдадориҳои молиявӣ бояд дар ин ҳисобот нишон дода шаванд. Арзиши тавозунии ҳамаи дороиҳо ва уҳдадориҳои молиявӣ бояд дар сутунҳои мувофиқ дар асоси рӯзҳои боқимонда то санаи пардохт нишон дода шаванд;
3) дар ин қисмат фақат ҳамон дороиҳо ва уҳдадориҳое, ки аз рӯйи онҳо ташкилоти қарзии исломӣ даромад мегирад, ё хароҷот пардохт менамояд, бояд нишон дода шаванд. Маблағгузориҳое, ки аз рӯйи онҳо даромад гирифта намешавад ва амонатҳое ки аз рӯйи онҳо хароҷот карда намешавад, набояд дар ин қисмат нишон дода шаванд;
4) маблағҳо аз ҷумла бо асъори хориҷӣ бояд бо ҳамарзиши сомонӣ мувофиқи қурби муқарраркардаи Бонки миллии Тоҷикистон дар санаи ҳисоботӣ нишон дода шаванд.
35. Ҷадвали 13.01. Таснифи амонатҳо аз рӯйи маблағ ва ҳисобҳо чунин маълумотро дар бар мегирад: маълумот дар бораи миқдор ва маблағи умумии амонатҳо дар ташкилоти қарзии исломӣ (бо пули миллӣ ва асъори хориҷӣ), инчунин дар бораи намудҳои амонатгузорон (шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ) инъикос меёбад. Маълумот оид ба амонатҳо бо асъори хориҷӣ бояд бо ҳамарзиши сомонӣ мувофиқи қурби дар санаи ҳисоботӣ муқарраркардаи Бонки миллии Тоҷикистон нишон дода мешавад.
36. Ҷадвали 14.01. Меъёрҳои мақбул чунин маълумотро дар бар мегирад: меъёрҳои мақбул мутобиқи Дастурамали №238 "Дар бораи тартиби танзими фаъолияти ташкилотҳои қарзии исломӣ", ки таҳти №986 аз 21 августи 2019 сол ва Дастурамали №175 "Оид ба меъёрҳои ҳадди ниҳоии мавқеи кушодаи асъорӣ ва тартиби ҳисоби онҳо барои ташкилотҳои қарзии молиявӣ", ки таҳти №548 "а" аз 4 январи 2019 сол дар Вазорати адлия Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст, ба таври автоматӣ тартиб дода мешавад.
37. Ҷадвали 15.01., 15.02., 15.03., 15.04. ва 15.05. Ҳисобот оид ба кифоятии сармоя чунин маълумотҳоро дар бар мегирад:
1) ҳисобот дар бораи сармояи танзимшаванда, дороиҳои бо назардошти хавф баркашидашуда ва меъёрҳои кифоятии сармоя маълумот медиҳанд. Мувофиқи талаботи ҳисоби кифоятии сармояи бо назардошти хавф асосёфта бояд ҳамаи дороиҳои бо назардошти хавф баркашидашуда нишон дода шаванд. Ҳар як намуди дороӣ дар ин ҳисобот вазни хавфи махсуси баркашидашударо дорад. Дороиҳои махсуси бо хавф баркашидашуда фоизи арзиши тавозуни дороиҳоеро, ки бояд дар махраҷ ҳангоми ҳисобкунии кифоятии сармоя дохил карда шаванд, муайян менамояд. Ба ғайр аз ин, барои қисмҳои ғайритавозунӣ меъёри табдилдиҳии маблағгузорӣ муқаррар карда шудааст;
2) ин меъёрҳо эҳтимолияти табдилдиҳии қисмҳои ғайритавозуниро ба қисмҳои тавозунӣ инъикос менамоянд;
3) дар асоси меъёрҳои мазкур табдилёбии қисмҳои ғайритавозунӣ то муайян намудани гурӯҳи хавф муқаррар карда мешаванд. Қисмҳои ғайритавозунии бо назардошти хавф баркашидашуда (қисми ғайритавозунӣ зарби меъёри табдилёбӣ) зарби гурӯҳи хавфи мувофиқ мебошад. Якчанд гурӯҳҳои бо назардошти хавф баркашидашуда ба талабот нисбати маблағгузориҳои - давлатҳои аъзои Ташкилоти ҳамкории иқтисодӣ ва тараққиёт ва ғайри он тааллуқ доранд;
4) чунин ташкилотҳои байналмилалии молиявии муайяншуда дохил мешаванд: Гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ (WBG) (аз ҷумла: Бонки Байналмилалии Таҷдид ва Рушд (IBRD), Ширкати Байналмилалии Молиявӣ (IFC) ва Оҷонсии Кафолати Сармоягузориҳо (MIGA), - Бонки Осиёгии Рушд (ADB), Бонки Африқоии Рушд (AfDB), Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд (EBRD), Бонки Байниамрикоии Рушд (IADB), Бонки Аврупоии Сармоягузорӣ (EIB), Фонди Аврупоии Сармоягузорӣ (EIF), Бонки Сармоягузории Шимолӣ (NIB), Бонки Карибии Рушд (CDB), Бонки Исломии Рушд (IDB) ва Шурои Бонки Рушди Аврупо (CEDB);
5) ҷадвали 15.01. Барои гирифтан аз Бонки миллии Тоҷикистон нақдина, тилло, бозори байнибонкӣ ва хариди коғазҳои қиматнок ва бозфурӯши онҳоро дар асоси шартномаи РЕПО-и исломӣ, ки бо назардошти хавф мувофиқ ба ҳар ду тараф баркашида шудаанд, дар бар мегирад;
6) ҷадвали 15.02. Коғазҳои қиматнок ва саҳмияҳои худиро, ки ташкилоти қарзии исломии ҳисоботдеҳ бо назардошти хавфи мувофиқ ба ҳар ду тараф баркашидашуда нигоҳ медорад, дар бар мегирад;
7) ҷадвали 15.03. Маблағгузориҳо, дороиҳо, кафолатҳо, коғазҳои қиматнок, воситаҳои асосӣ, ва дигар дороиҳои бо назардошти хавф баркашидашудаи мувофиқ ба ҳар ду тараф тақсимшударо дар бар мегирад. Ба ғайр аз ин, маҷмӯи дороиҳо ва қисмҳои ғайритавозунии бо назардошти хавфи мувофиқ ба ҳар ду тараф баркашидашуда ва ҳисобкунии кифоятии сармояро таъмин менамояд;
8) ҷадвали 15.04. Ҳамаи қисмҳои ғайритавозунӣ меъёрҳои табдилёбии мувофиқро бо назардошти хавфи ба ҳар ду тараф баробар баркашидашуда дар бар мегиранд;
9) ҷадвали 15.05. Сармояи асосии соф, сармояи иловагӣ ва сармояи танзимшавандаи ташкилоти қарзии исломиро дар бар мегирад. Ба таркиби сармояи асосии соф саҳмияҳои оддӣ ва имтиёзнок, изофа, захира барои суғурта, захира барои фаъолияти ояндаи ташкилоти қарзии исломӣ, барои ҳолатҳои ғайричашмдошт, захираи умумӣ ва фоидаи тақсимнашуда, инчунин фоидаи солҳои гузашта баъди пардохти андоз аз фоида ва тасдиқи аудити беруна дохил мешавад. Зарари солҳои гузашта, соли ҷорӣ, қисми ғайрипулии сармояи оинномавӣ ва дороиҳои ғайримоддӣ аз сармояи асосии соф тарҳ карда мешаванд;
10) сармояи иловагӣ, маблағгузории субординарии тахассусёфта (на зиёда аз 50% сармояи асосии соф), захираҳои умумӣ (то 1.25% дороиҳои бо назардошти хавф баркашидашуда), захираҳо барои азнавбаҳодиҳии сармояи ташкилшуда бо асъори хориҷӣ, фоидаи соли ҷорӣ дар ҳаҷми 50 фоиз ва фоидаи соли гузашта, ки аз рӯйи он андоз аз фоида пурра пардохта нашудааст ва аудити беруна ҳоло онро тасдиқ накардааст, захираҳо барои азнавбаҳодиҳии, воситаҳои асосӣ, коғазҳои қиматнок ва дигар захираҳоро дар бар мегирад. Агар ҷамъи ҳамаи ин қисматҳо аз сармояи асосии соф зиёд бошад, он гоҳ сармояи умумӣ ба андозаи дукаратаи сармояи асосии соф баробар мебошад. Дар дигар ҳолатҳо, сармояи умумӣ ба ҷамъи сармояи асосии соф ва сармояи иловагӣ баробар аст;
11) барои ҳисоб кардани сармояи танзимшаванда - ҳамагӣ, мо бояд аз сармояи умумӣ фарқиятҳои мусбат байни фонди ҳисобшуда ва фонди аслиро тарҳ намоем. Сармояи танзимшаванда - ҳамагӣ ин сурати каср дар ҳисобкунии кифоятии сармоя мебошад.
38. Ҷадвали 16.01. Нишондиҳандаҳои моҳонаи миёна чунин маълумотҳоро дар бар мегирад:
1) дар ин қисм бояд арзиши миёнаи як гурӯҳ дороиҳо ва уҳдадориҳо дар ҳар сатр нишон дода шавад. Дороиҳо ва уҳдадориҳое, ки дар ин ҷадвал нишон дода шудаанд, бояд дороиҳо ва уҳдадориҳоеро, ки ташкилоти қарзии исломӣ аз рӯйи онҳо даромад мегирад ё хароҷот менамояд, дар бар мегирад;
2) арзиши миёна бояд аз рӯйи формулаи зерин ҳисоб карда шавад:
- ҷамъи бақияҳои ҳаррӯза (рӯзҳои корӣ) дар ҳар сатр ё миқдори рӯзҳои корӣ дар моҳ.
39. Ҷадвали 17.01. Маълумоти иловагӣ чунин маълумотҳоро дар бар мегирад:
1) шумораи кормандон - бояд миқдори кормандони ташкилоти қарзии исломӣ дар маҷмуъ нишон дода шавад;
2) шумораи кормандони тахассусманд - бояд миқдори кормандони тахассусманди маълумоти олӣ доштаи ташкилоти қарзии исломӣ нишон дода шавад;
3) шумораи кормандоне, ки дар семинарҳо ширкат варзиданд - бояд миқдори кормандоне, ки дар давоми соли ҳисоботӣ дар семинарҳо иштирок варзидаанд, нишон дода шавад;
4) музди меҳнат ва дигар пардохтҳои иловагии кормандон - дар ин сатр бояд музди меҳнат, ҷубронпулӣ ва мукофотпулиҳои иловагии ба кормандон дар давоми соли ҳисоботӣ додашуда нишон дода шавад;
5) хароҷотҳо барои омӯзиши кормандон - бояд маблағи ҳамаи хароҷотҳои барои омӯзиши кормандони ташкилоти қарзии исломӣ дар давоми соли ҳисоботӣ сарфшуда нишон дода шавад;
6) миқдори филиалҳо - бояд миқдори филиалҳои ташкилоти қарзии исломӣ нишон дода шавад;
7) миқдори марказҳои хизматрасонии бонкӣ - бояд миқдори марказҳои хизматрасонии бонкии ташкилоти қарзии исломӣ нишон дода шавад;
8) миқдори воҳидҳои сайёр - бояд миқдори воҳидҳои сайёри ташкилоти қарзии исломӣ нишон дода шавад;
9) миқдори дигар воҳидҳои сохторӣ - бояд миқдори дигар воҳидҳои сохтории ташкилоти қарзии исломӣ нишон дода шавад;
10) миқдори банкоматҳо - бояд миқдори банкоматҳои ташкилоти қарзии исломӣ нишон дода шавад;
11) миқдори терминалҳо - бояд миқдори терминалҳои ташкилоти қарзии исломӣ нишон дода шавад;
12) миқдори терминалҳои худкори хизматрасон - бояд миқдори терминалҳои худкори хизматрасонии ташкилоти қарзии исломӣ нишон дода шавад;
13) миқдори кортҳои бонкӣ - бояд миқдори кортҳои бонки ташкилоти қарзии исломӣ нишон дода шавад;
14) гардиши коғазҳои қиматнок ва сармоягузорӣ - бояд маблағи гардиши ҳамаи даромаду хароҷоти коркарданашудаи коғазҳои қиматнок ва сармоягузорӣ дар давоми сол инъикос гардад;
15) гардиши амалиётҳо бо асъори хориҷӣ - бояд маблағи гардиши ҳамаи даромаду хароҷоти коркарданашудаи амалиётҳо бо асъори хориҷӣ дар давоми сол инъикос гардад;
16) маблағгузориҳои додашуда ва баргардонидашуда - бояд маблағи додашуда ва баргардонидашудаи дар давоми сол ба ғайр аз маблағгузориҳои байнибонкӣ нишон дода шавад;
17) амонатҳои ҷалбшуда ва пардохтшуда - бояд маблағи амонатҳои ҷалбшуда ва пардохтшудаи ташкилоти қарзии исломӣ дар давоми сол ба ғайр аз амонатҳои байнибонкӣ нишон дода шавад;
18) маблағгузориҳо бо асъори ҳориҷӣ додашуда - бояд бақияи маблағи додашудаи ташкилоти қарзии исломӣ (маблағгузориҳо бо асъори хориҷӣ додашуда ба мизоҷоне, ки даромадашон бо асъори ҳориҷӣ намебошад) аз рӯйи гурӯҳбандии маблағгузориҳо ба ғайр аз маблағгузориҳои байнибонкӣ нишон дода шавад;
19) гаравҳои гирифташуда барои бозфурӯш зиёда аз 6 моҳ - бояд бақияи маблағи ҳамаи гаравҳои гирифташудае, ки зиёда аз шаш моҳ дар тавозуни ташкилоти қарзии исломӣ нигоҳ дошта шудаанд, нишон дода шавад;
20) амонатҳои шахсони воқеӣ - бояд бақияи маблағ ва миқдори амонатҳои ташкилоти қарзии исломӣ то 500 нишондиҳанда бо пули миллӣ ва то 350 нишондиҳанда бо асъори хориҷӣ барои ҳисобҳо, нишон дода шавад;
21) амонатҳои калонтарин - бояд бақияи маблағи амонатҳои калонтарини ташкилоти қарзии исломӣ нишон дода шавад;
22) амонатҳои шахсони алоқаманд (вобаcта) - бояд бақияи маблағи амонатҳои шахсони вобастаи (алоқаманд) ташкилоти қарзии исломӣ нишон дода шавад;
23) гаравҳои мондашуда аз рӯйи маблағгузориҳо - бояд бақияи маблағи ҳамаи гаравҳои гирифташуда дар ҳисобҳои ғайритавозунӣ аз рӯйи гурӯҳбандии маблағгузориҳо ба ғайр аз маблағгузориҳои байнибонкӣ нишон дода шавад;
24) хатҳои қарзии истифоданашуда - бояд бақияи маблағи ҳамаи хатҳои қарзии аз дигар ташкилотҳо қабулшудаи истифоданашуда нишон дода шавад;
25) маблағҳои интиқолӣ - бояд ҳамаи маблағи воридотӣ ва содиротии интиқолӣ дар давоми сол ҷамъшуда инъикос гардад;
26) шумораи ҳисобҳо - бояд шумораи ҳамаи ҳисобҳои амонатӣ ва маблағгузориҳои ташкилоти қарзии исломӣ ба ғайр аз муштариёни байнибонкӣ нишон дода шавад.
40. Ҷадвали 18.01. Тақсимоти фоидаи соф чунин маълумотҳоро дар бар мегирад:
1) фоидаи соф - фоидае, ки баъди пардохти андозҳо ва баъди санҷиши аудитори берунӣ ба маҷлиси солонаи саҳмиядорон пешниҳод карда мешавад;
2) дивидендҳо - маблағе, ки дар маҷлиси саҳмдорон эълон шудааст, дар бар мегирад;
3) фоидаи баъди дивидендҳо - фоидаеро, ки баъди пардохти дивидендҳо ба саҳмиядорон боқӣ мемонад, дар бар мегирад;
4) захира барои амалиётҳои ояндаи бонк - қисми даромадҳои тақсимнашудаи ба зиёд кардани захираҳо барои фаъолиятҳои бонкӣ равонашударо дар бар мегирад;
5) захира барои суғурта - қисми даромадҳои тақсимнашудаи ба зиёд кардани захираҳо барои суғурта равонашударо дар бар мегирад;
6) захира барои ҳолатҳои ғайричашмдошт - қисми даромадҳои тақсимнашудаи ба зиёд кардани захираҳо барои ҳолатҳои ғайричашмдошт равонашударо дар бар мегирад;
7) захираи умумӣ - қисми даромадҳои тақсимнашудаи барои зиёд кардани захираҳои умумӣ равонашударо дар бар мегирад;
8) дигар захираҳо - қисми даромадҳои тақсимнашудаи барои мақсади дигар равонашударо, ки ба ҳисоби зиёдшавии сармояи дар боло қайдшуда дохил намешавад, дар бар мегирад;
9) фоидаи тақсимнашуда - бақияи фоидаро баъди тақсими дивидендҳо ва захираҳо дар бар мегирад.
41. Ҷадвали 19.01. Мавқеи асъори хориҷӣ чунин маълумотҳоро дар бар мегирад:
1) мавқеи кушодаи асъор бояд барои ҳар як асъоре, ки дар ташкилоти қарзии исломӣ мавҷуд аст, нишон дода шавад;
2) дар сутуни 1 ҳисоботи тавозунии мавқеи дарози асъорӣ нишон дода мешавад. Он бо роҳи аз ҳамаи дороиҳо бо як асъор тарҳ намудани ҳамаи уҳдадориҳо бо ҳамон асъор ҳисоб карда мешавад. Мавқеи дароз ҳангоми мусбат будан ба амал меояд;
3) дар сутуни 2 ҳисоботи тавозунии мавқеи кӯтоҳи асъорӣ нишон дода мешавад. Он бо роҳи аз дороиҳо бо як асъор тарҳ намудани ҳамаи уҳдадориҳо бо ҳамон асъор ҳисоб карда мешавад. Мавқеи кӯтоҳ ҳангоми манфӣ будани натиҷа ба амал меояд;
4) дар сутуни 3 ҳисоботи ғайритавозунии мавқеи дарози асъорӣ нишон дода мешавад. Он бо роҳи аз ҳамаи уҳдадориҳои харид бо як асъор тарҳ намудани ҳамаи уҳдадориҳои фурӯш бо ҳамон асъор ҳисоб карда мешавад. Мавқеи дароз ҳангоми мусбат будани натиҷа ба амал меояд;
5) дар сутуни 4 ҳисоботи ғайритавозунии мавқеи кӯтоҳи асъорӣ нишон дода мешавад. Он бо роҳи аз ҳамаи уҳдадориҳои харид бо як асъор тарҳ намудани ҳамаи уҳдадориҳои фурӯш бо ҳамон асъор ҳисоб карда мешавад. Мавқеи кӯтоҳ ҳангоми манфӣ будани натиҷа ба амал меояд;
6) дар сутуни 5 ҳисоботи савдо оид ба мавқеи дарози асъорӣ нишон дода мешавад. Он бо роҳи аз ҳамаи дороиҳои барои савдо бо як асъор тарҳ намудани ҳамаи уҳдадориҳо барои савдо бо ҳамон асъор ҳисоб карда мешавад. Мавқеи дароз ҳангоми мусбат будани натиҷа ба амал меояд;
7) дар сутуни 6 ҳисоботи савдо оид ба мавқеи кӯтоҳи асъорӣ нишон дода мешавад. Он бо роҳи тарҳ намудани ҳамаи дороиҳо барои савдо бо як асъор аз ҳамаи уҳдадориҳо барои савдо бо ҳамон асъор ҳисоб карда мешавад. Мавқеи кӯтоҳ ҳангоми манфӣ будани натиҷа ба амал меояд;
8) дар сутуни 7 ҳисобҳои сохтори мавқеи дарози асъорӣ ба ғайр аз ҳисоботи тавозунии савдо оид ба мавқеи дарози асъорӣ нишон дода мешавад. Он бо роҳи аз ҳамаи дороиҳо барои савдо бо як асъор тарҳ намудани уҳдадориҳо барои савдо бо ҳамон асъор ҳисоб карда мешавад. Мавқеи дароз ҳангоми мусбат будани натиҷа ба амал меояд;
9) дар сутуни 8 ҳисобҳои сохтори мавқеи кӯтоҳи асъорӣ, ба ғайр аз ҳисоботи тавозунии савдо оид ба мавқеи дарози асъорӣ нишон дода мешавад. Он бо роҳи аз ҳамаи дороиҳо барои савдо бо як асъор тарҳ намудани уҳдадориҳо барои савдо бо ҳамон асъор ҳисоб карда мешавад. Мавқеи кӯтоҳ ҳангоми манфӣ будани натиҷа ба амал меояд.
42. Ҷадвали 20.01. ва 20.02. Маблағгузориҳои истеъмолӣ ва хурд бо пули миллӣ ва асъори хориҷӣ чунин маълумотҳоро дар бар мегирад:
1) дар ҷадвали 20.01. ва 20.02. бояд маълумот дар бораи маблағгузориҳои истеъмолӣ ва хурди ташкилоти қарзии исломӣ (то 500 000 сомонӣ дар назар дошта мешавад) аз рӯйи хавф ва маблағи фондҳо бо пули миллӣ ва асъори хориҷӣ (ҳамарзиш бо сомонӣ мувофиқи қурби муқарраркардаи Бонки миллии Тоҷикистон) нишон дода шавад;
2) сутуни 1 "сатрҳо" - навъҳои маблағгузориҳои истеъмолӣ ва хурдро дар бар мегирад;
3) тартиби пур кардани дигар сутунҳо тибқи банди 28 тартиби мазкур (ҷадвали 06.01 ва 06.02) оварда шудааст.
43. Ҷадвали 21.01. Маблағгузориҳо ва ҷойгиркуниҳои ташкилотҳои қарзии молиявӣ чунин маълумотҳоро дар бар мегирад:
1) сутуни 1 "номгӯ" - бояд номгӯйи ташкилоти қарзии молиявие, ки дар назди ташкилоти қарзии исломӣ уҳдадориҳои байнибонкӣ дорад, нишон дода шавад;
2) сутуни 2 "гурӯҳ" - агар алоқамандӣ байни бонк ва маблағгузориҳои байнибонкӣ вуҷуд дошта бошад, онро нишон додан лозим аст. Чунин рамзҳо бояд истифода шаванд:
ташкилоти қарзии молиявие, ки ба ташкилоти қарзии исломӣ алоқаманд намебошад A;
ташкилоти қарзии молиявие, ки ба ташкилоти қарзии исломӣ алоқаманд мебошад Б;
ташкилоти қарзии молиявие, ки ташкилоти қарзии молиявии асосӣ ҳисобида мешавад В;
ташкилоти қарзии молиявие, ки ташкилоти қарзии молиявии фаръӣ ҳисобида мешавад Г;
3) сутуни 3 "санаи шартнома ё санаи тамдид" - санаи шартнома ё санаи тамдиди он ва агар шартнома тамдид шуда бошад, санаи охирини тамдид нишон дода мешавад;
4) сутуни 4 "намуди маҳсулот" - рақами мувофиқ ба навъҳои ҷойгиркуниҳо бояд нишон дода шавад. Инчунин онҳо новобаста аз ҳаҷми маблағи додашуда иникос гарданд. Чунин рамзҳо бояд истифода шаванд:
- маблағгузории байнибонкӣ;
- ҷойгиркунии байнибонкӣ;
5) тартиби пур кардани сутунҳои боқимонда тибқи банди 30 тартиби мазкур (ҷадвали 08.01.) оварда шудааст.
44. Ҷадвали 21.02. Ҷойгиркуниҳои ҷалбшудаи ташкилотҳои қарзии молиявӣ чунин маълумотҳоро дар бар мегирад:
1) сутуни 1 "номгӯ" - бояд номгӯйи ташкилоти қарзии молиявие, ки ташкилоти қарзии исломӣ дар назди вай уҳдадориҳои байнибонкӣ дорад, нишон дода шавад;
2) тартиби пур кардани сутунҳои боқимонда тибқи банди 30 тартиби мазкур (ҷадвали 08.01.) оварда шудааст.
45. Ҷадвали 22.01. Ҳаракати маблағгузориҳои ғайрифаъол ва фонд аз рӯйи онҳо чунин маълумотҳоро дар бар мегирад:
1) бақия дар аввали давра - дар ин сатр бояд бақияи маблағи маблағгузориҳои ғайрифаъоли ташкилоти қарзии исломӣ дар аввали давра инъикос ёбад;
2) пардохташуда ё барқароршуда - дар ин сатр бояд маблағи маблағгузориҳои ғайрифаъоли дар соли ҷорӣ пардохташуда ва барқароршуда инъикос ёбад;
3) ба гурӯҳи маблағгузориҳои фаъол гузаронидашуда - дар ин сатр бояд маблағи маблағгузориҳои ғайрифаъоле, ки дар онҳо аз нав дида баромадани шартҳои шартномаи (созишномаи, аҳдҳои) маблағгузории муштарӣ аз ҷониби ташкилоти қарзии молиявӣ пешниҳод мегардад, инъикос ёбад;
4) хориҷшуда - дар ин сатр бояд маблағи маблағгузориҳои ғайрифаъоли аз тавозун хориҷшуда инъикос ёбад;
5) маблағгузориҳои дигари ғайрифаъол - дар ин сатр бояд маблағи дигар сатрҳои маблағгузориҳои ғайрифаъоли ташкилоти қарзии исломӣ инъикос ёбад;
6) додани маблағҳои иловагӣ ба маблағгузориҳои мушкилотдор - дар ин сатр бояд бақияи маблағи аз ҷониби ташкилоти қарзии исломӣ додашуда ба маблағгузории мушкилотдор дар ин давра инъикос ёбад;
7) маблағгузориҳои ғайрифаъол шудани маблағгузории фаъол - дар ин сатр бояд бақияи маблағи маблағгузорие, ки маблағи асосӣ ва (ё) фоидаҳои он тибқи талаботҳои шартномаи басташудаи ташкилот бо мизоҷон пардохт карда намешавад ва ба яке аз гурӯҳҳои ғайриқолабӣ, шубҳанок ва беэътимод дохил мешавад, инъикос ёбад;
8) дигар - дар ин сатр бояд маблағи дигар сатрҳои маблағгузориҳои ғайрифаъоли ташкилоти қарзии исломӣ инъикос ёбад;
9) бақия дар аввали давра - дар ин сатр бояд бақияи маблағи фонди махсус аз рӯйи маблағгузориҳои ғайрифаъоли ташкилоти қарзии исломӣ дар аввали давра инъикос ёбад;
10) пардохташуда/барқароршуда - дар ин сатр бояд маблағи фонди маблағгузории ғайрифаъоли пардохташудаи барқароршуда дар давоми соли ҷорӣ инъикос ёбад;
11) ба гурӯҳи маблағгузории фаъол гузаронидашуда - дар ин сатр бояд маблағи фонди маблағгузории ғайрифаъоле, ки аз нав дида баромадани шартҳои шартномаи (созишномаи, аҳдҳои) маблағгузории муштарӣ аз ҷониби ташкилоти қарзии исломӣ инъикос ёбад;
12) хориҷшуда - дар ин сатр бояд маблағи фонди маблағгузории ғайрифаъоли аз тавозуни ташкилоти қарзии исломӣ хориҷшуда инъикос ёбад;
13) дигар - дар ин сатр бояд маблағи дигар сатрҳои ҳаракати фонди маблағгузории ғайрифаъоли ташкилоти қарзии исломӣ инъикос ёбад;
14) додани маблағҳои иловагӣ ба маблағгузории муаммодор - дар ин сатр бояд бақияи маблағи фонди махсус аз рӯйи маблағгузориҳои ғайрифаъол аз ҷониби ташкилоти қарзии исломӣ додашуда ба маблағгузориҳои муаммодор дар ин давра инъикос ёбад;
15) ғайрифаъол шудани маблағгузориҳои фаъол - дар ин сатр бояд бақияи маблағи фонде, ки маблағи асосӣ ва (ё) даромади он тибқи талаботҳои шартнома пардохт карда намешавад ва ба яке аз гурӯҳҳои ғайриқолабӣ, шубҳанок ва беэътимод дохил мешавад, инъикос ёбад;
16) ба гурӯҳи хавфи баландтар гузаронидани маблағгузориҳо - дар ин сатр бояд бақияи маблағи фонде, ки маблағи асосии он ба дигар гурӯҳи хавфи баландтар гузаронида шудааст, инъикос ёбад;
17) камшавии арзиши таъминот - дар ин сатр бояд бақияи маблағи фонде, ки маблағи арзиши таъминнокии он кам шудааст инъикос ёбад;
18) дигар - дар ин сатр бояд маблағи дигар сатрҳои ҳаракати фонди ғайрифаъоли ташкилоти қарзии исломӣ инъикос ёбад.
46. Ҷадвали 23.01. 100 маблағгузориҳои калонтарини ғайрифаъол чунин маълумотҳоро дар бар мегирад:
1) сутуни 1 "номгӯйи қарзгир" - номи маблағгузороне, ки маблағи калон гирифтаанд, шахсони воқеи ва ҳуқуқӣ нишон дода шавад;
2) сутуни 2 "бахши иқтисодиёт" - номи соҳаҳои иқтисодиёт (саноат, кишоварзӣ, нақлиёт ва ғайра) нишон додан лозим аст;
3) сутуни 3 "санаи додани маблағ" - санаи шартномаи маблағгузорӣ нишон дода мешавад;
4) сутуни 4 "санаи таснифот" - санаи шартномаи тамдиди маблағгузорӣ нишон дода мешавад;
5) сутуни 5 "рӯзҳои батаъхирафтода" - рӯзҳои батаъхирафтодаи маблағгузорӣ бояд нишон дода шавад;
6) сутуни 6 "гурӯҳи таснифот" - бояд ҳисобот оид ба гурӯҳи хавф вобаста аз таснифи гурӯҳ (қолабӣ, зери назорат, ғайриқолабӣ, шубҳанок ва беэътимод) нишон дода шавад;
7) сутуни 7 "рамзи асъор" - бояд рамзи асъор (840, 972 ва ғайра) нишон дода шавад;
8) сутуни 8 "бақияи тавозун" - бояд маблағи умумии бақияи тавозун (арзиши тавозунии маблағгузорӣ) нишон дода шавад;
9) сутуни 9 "фонди ташкилшуда" - бояд маблағи фонди дар асл ташкилшуда нишон дода шавад;
10) сутуни 10 "шакли таъминнок" - бояд манбаи асосии таъминнокии гарав нишон дода шавад. Чунин рамзҳо бояд истифода шаванд:
бетаъмин;
амволи ғайриманқул (бино);
нақд (амонатҳои басташуда);
автомобил;
коғазҳои қиматнок;
кафолат аз ҷониби шахсони сеюм;
дигар;
11) сутуни 11 "арзиши таъминнокӣ" - бояд арзиши аслии таъминот барои ҳар як маблағгузорӣ нишон дода шавад;
12) сутуни 12 "маблағи барқароршуда" - бояд маблағи барқароршуда нишон дода шавад;
13) сутуни 13 "санаи гузашти маблағгузорӣ" - бояд санаи гузаштани маблағгузорӣ нишон дода шавад.
47. Ҷадвали 23.02. 50 маблағгузориҳои калонтарини ғайрифаъоли шахсони алоқаманд чунин маълумотҳоро дар бар мегирад:
1) сутуни 1 "номгӯйи шахсони алоқаманд" - бояд номгӯйи расмии ташкилоти алоқаманд мувофиқи қайди давлатӣ ва шахсони воқеии вобаста нишон дода шавад;
2) тартиби пур кардани сутунҳои боқимонда тибқи банди 46 тартиби мазкур (ҷадвали 23.01) оварда шудааст.
48. Ҷадвали 23.03. 50 маблағгузориҳои калонтарини ғайрифаъоли нав чунин маълумотҳоро дар бар мегирад:
1) сутуни 1 "номгӯйи маблағгузорон" - бояд номгӯйи расмии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки дар давоми як соли охир маблағгузориҳои онҳо ғайрифаъол шудааст, нишон дода шавад;
2) тартиби пур кардани сутунҳои боқимонда тибқи банди 46 тартиби мазкур (ҷадвали 23.01) оварда шудааст.
49. Ҷадвали 24.01. Бақияи гаравҳои барои фурӯш ба тавозун гирифташуда чунин маълумотҳоро дар бар мегирад:
1) сутуни 1 "сатрҳо" - гаравҳои ба тавозун гирифташуда аз рӯйи маблағҳои ғайриқолабиро нишон медиҳад;
2) сутуни 2 "ҳамагӣ" - маблағи умумии арзиши гаравҳои ба тавозуни ташкилоти қарзии исломӣ гирифташуда инъикос мегардад;
3) сутуни 3 "ғайриқолабӣ" - бақияи маблағи гаравҳои ба тавозуни ташкилоти қарзии исломӣ аз рӯйи муҳлати ҷойгиршудаи маблағҳои ғайриқолабӣ бояд нишон дода шавад;
4) сутуни 4 "шубҳанок" - бақияи маблағи гаравҳои ба тавозуни ташкилоти қарзии исломӣ аз рӯйи муҳлати ҷойгиршудаи маблағҳои шубҳанок бояд нишон дода шавад;
5) сутуни 5 "беэътимод" - бақияи маблағи гаравҳои ба тавозуни ташкилоти қарзии исломӣ аз рӯйи муҳлати ҷойгиршудаи маблағҳои беэътимод бояд нишон дода шавад;
6) сутуни 6 "арзиши воқеӣ" - бақияи маблағи арзиши воқеии маблағгузорӣ, ки аз арзиши тавозунии бонк бояд зиёд набошад, нишон дода мешавад;
7) сутуни 7 "фонди махсус" - бақияи маблағи фонди махсус аз рӯйи маблағҳои ғайрифаъоле, ки дар гаравҳои ба тавозун гирифтаи ташкилоти қарзии исломӣ ҷойгир шудаанд, бояд нишон дода шавад.
50. Ҷадвали 25.01. Ҳаракати гаравҳои барои фурӯш ба тавозун гирифташуда чунин маълумотҳоро дар бар мегирад:
1) бақия дар аввали давра - дар ин сатр бояд бақияи маблағи гаравҳои ташкилоти қарзии исломӣ дар аввали давра инъикос ёбад;
2) гаравҳои фурӯхташуда - дар ин сатр бояд бақияи маблағи гаравҳои фурӯхташуда дар давоми соли ҷорӣ инъикос ёбад;
3) гаравҳои пурра хориҷшуда - дар ин сатр бояд бақияи маблағи гаравҳои хориҷшуда дар давоми соли ҷорӣ инъикос ёбад;
4) хориҷкунии қисми арзиши воқеии гаравҳо - дар ин сатр бояд бақияи маблағи қисми арзиши гаравҳо инъикос ёбад;
5) дигар - дар ин сатр бояд бақияи маблағи дигар амалиётҳо бо гаравҳои дар тавозун гирифташуда инъикос ёбад;
6) гаравҳо ба тавозун гирифташуда - дар ин сатр бояд бақияи маблағи гаравҳои гирифташуда дар давоми соли ҷорӣ инъикос ёбад;
7) дигар - дар ин сатр бояд бақияи маблағи дигар амалиётҳо бо гаравҳои дар тавозун гирифташуда инъикос ёбад.