Фармоиши муштараки Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2020, №155 "Дар бораи Тартиб ва меъёрҳои намунавии ройгон додани либоси махсус, пойафзоли махсус ва дигар воситаҳои ҳифозати фардӣ ба кормандон ва хизматчиён"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Дар Вазорати адлияи

Ҷумҳурии Тоҷикистон

2 апрели соли 2021

ба қайди давлатӣ гирифта шудааст,

рақами бақайдгирӣ 1070

ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ,

МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

аз "30" декабри соли 2020, № 155

ВАЗОРАТИ ТАНДУРУСТӢ

ВА ҲИФЗИ ИҶТИМОИИ АҲОЛИИ

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

аз "25" феврали соли 2021, № 179

ВАЗОРАТИ МОЛИЯИ

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

аз "25"феврали соли 2021,1, № 40

ФАРМОИШИ МУШТАРАК

Дар бораи Тартиб ва меъёрҳои намунавии ройгон додани либоси махсус, пойафзоли махсус ва дигар воситаҳои ҳифозати фардӣ ба кормандон ва хизматчиён

090.020.010

Мутобиқи банди 39 Қоидаҳо ва меъёрҳои ба кормандон додани шир, хӯроки табобатию профилактикӣ, либоси махсус, пойафзоли махсус ва дигар воситаҳои ҳифозати фардӣ, таъмин намудани кормандон бо воситаҳои ҳифозати коллективӣ, биноҳои санитарию маишӣ ва дастгоҳу таҷҳизот аз ҳисоби маблағҳои корфармо, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 сентябри соли 2014, №592 тасдиқ шудааст,

ф а р м о и ш         м е д и ҳ е м:

1. Тартиб ва меъёрҳои намунавии ройгон додани либоси махсус, пойафзоли махсус ва дигар воситаҳои ҳифозати фардӣ ба кормандон ва хизматчиён тасдиқ карда шавад (замима мегарданд).

2. Сохторҳои дахлдори Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва Иттиҳодияи корфармоёни Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои фаҳмондадиҳиро оид ба амалӣ гардидани тартиби мазкур ташкил ва назорати иҷрои онро таъмин намоянд.

3. Фармоиши мазкур барои бақайдгирии давлатӣ ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуда, пас аз ба қайдгирии давлатӣ ва интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

4. Назорати иҷрои фармоиши мазкур ба зиммаи муовинони вазирони меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, молия, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон (сарпарастони соҳа), муовини раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва муовини раиси Иттиҳодияи корфармоёни Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор карда шавад.

 

Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии               Вазири молияи Ҷумҳурии

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                    Тоҷикистон

 

Амонзода Ширин                                         Қаҳҳорзода Файзиддин

   Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии

   Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

   Абдуллозода Ҷамолиддин

 

                                            Мувофиқа шуд:

 

                                   Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии     

                                             Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

                                               Амонзода Ширин

                                          Раиси Иттиҳодияи корфармоёни

                                               Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

                                                  Шарипов Азизбек

 

Бо фармоиши муштараки вазири меҳнат,

муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз "30" декабри соли 2020, № 155,

вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз "25" феврали соли 2021, №40

ва вазири тандурустӣ ва ҳифзи

иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз "25" феврали соли 2021, № 179

тасдиқ карда шудааст

ТАРТИБ ВА МЕЪЁРҲОИ НАМУНАВИИ РОЙГОН ДОДАНИ ЛИБОСИ МАХСУС, ПОЙАФЗОЛИ МАХСУС ВА ДИГАР ВОСИТАҲОИ ҲИФОЗАТИ ФАРДӢ БА КОРМАНДОН ВА ХИЗМАТЧИЁН

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. Тартиб ва меъёрҳои намунавии ройгон додани либоси махсус, пойафзоли махсус ва дигар воситаҳои ҳифозати фардӣ ба кормандон ва хизматчиён бо мақсади иҷрои моддаи 335 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва банди 39 Қоидаҳо ва меъёрҳои ба кормандон додани шир, хӯроки табобатию профилактикӣ, либоси махсус, пойафзоли махсус ва дигар воситаҳои ҳифозати фардӣ, таъмин намудани кормандон бо воситаҳои ҳифозати коллективӣ, биноҳои санитарию маишӣ ва дастгоҳу таҷҳизот аз ҳисоби маблағҳои корфармо, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 сентябри соли 2014, № 592 тасдиқ шудааст, таҳия гардидааст.

2. Либоси махсус, пойафзоли махсус ва дигар воситаҳои ҳифозати фардӣ ба кормандон ва хизматчиён ройгон дар асоси моддаи 335 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қоидаҳои гузаронидани аттестатсияи ҷойҳои корӣ аз рӯйи шароити меҳнат, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 июли соли 2014, № 429 тасдиқ шудааст, бо мақсади пешгирӣ намудани бемориҳои касбӣ ва заҳролудшавӣ, ҳифзи саломатии кормандон дар мувофиқа бо кумитаи иттифоқи касаба ва ё дигар намояндагони кормандон дода мешаванд.

3. Либоси махсус, пойафзоли махсус ва дигар воситаҳои ҳифозати фардӣ дар вақти ба кор қабул кардан, ба кори дигар гузаронидани корманд ё худ гузаштани муҳлати истифодабарӣ, гум шудан ва фарсуда шудани ин воситаҳо дар мувофиқа бо кумитаи иттифоқи касаба ва ё дигар намояндагони кормандон аз ҷониби корфармо ба корманд таъмин карда мешаванд.

4. Либоси махсус, пойафзоли махсус ва дигар воситаҳои ҳифозати фардӣ ба кормандоне, ки бо корҳои шароиташон зарарнок ва хатарнок, ҳамчунин дар шароити номусоиди ҳароратӣ ё бо ифлосӣ вобаста машғуланд, аз тарафи корфармо ройгон дода мешавад.

2. ТАРТИБИ ДОДАНИ ЛИБОСИ МАХСУС, ПОЙАФЗОЛИ МАХСУС ВА ДИГАР ВОСИТАҲОИ ҲИФОЗАТИ ФАРДӢ

5. Либоси махсус, пойафзоли махсус ва дигар воситаҳои ҳифозати фардӣ бояд дорои сертификат бошанд, пӯшиданашон мувофиқ бошад, ба ҳаракат халал нарасонанд ва ба кормандон аз рӯйи андозаи мувофиқ дода шаванд.

6. Додан ва баргардонидани либоси махсус, пойафзоли махсус ва дигар воситаҳои ҳифозати фардӣ дар харитаи аттестатсияи ҷойи (ҷойҳои) корӣ аз рӯйи шароити меҳнат қайд карда мешавад.

7. Бар ивази либоси махсус, пойафзоли махсус ва дигар воситаҳои ҳифозати фардӣ додани маблағи он манъ аст.

8. Либоси махсус, пойафзоли махсус ва дигар воситаҳои ҳифозати фардӣ ба кормандон ва хизматчиён додашуда бояд ба хусусият ва шароити корашон мутобиқ бошанд ва бехатарии меҳнатро таъмин намоянд.

9. Либоси махсус, пойафзоли махсус ва дигар воситаҳои ҳифозати фардии истифодашударо ба кормандон ва хизматчиёни дигар танҳо пас аз шустан, хушккунӣ, дезинфексия ва таъмир, ки аз ҳисоби корфармо анҷом дода мешавад, додан имкон дорад.

10. Муҳлати пӯшидани либоси махсус, пойафзоли махсус ва дигар воситаҳои ҳифозати фардиро вобаста ба дараҷаи фарсудашавӣ комиссияи дахлдор ё намояндаи ваколатдори ташкилот оид ба техникаи бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат дар мувофиқа бо ташкилоти иттифоқи касаба ё дигар намояндаи кормандон тибқи замимаи Тартиби мазкур муқаррар мекунад.

11. Либоси махсус, пойафзоли махсус ва дигар воситаҳои ҳифозати фардӣ бояд дар корхона ё дар ҷои махсус нигоҳ дошта шаванд ва ба кормандон танҳо дар давоми коре, ки барои иҷрои он лозим аст, дода шаванд.

12. Баъд аз ба охир расидани истифодаи либоси махсус, пойафзоли махсус ва воситаҳои ҳифозати фардӣ корманд бояд онҳоро барои нигоҳдорӣ ба корфармо баргардонад.

13. Корфармо уҳдадор аст:

- сари вақт кормандонро бо либоси махсус, пойафзоли махсус ва дигар воситаҳои ҳифозати фардӣ таъмин намояд;

- либоси махсус, пойафзоли махсус ва дигар воситаҳои ҳифозати фардиро дуруст ба ҳисоб гирад;

- истифодаи дурусти либоси махсус, пойафзоли махсус ва дигар воситаҳои ҳифозати фардӣ аз ҷониби кормандонро назорат барад.

3. МЕЪЁР ВА НАМУДҲОИ ЛИБОСИ МАХСУС, ПОЙАФЗОЛИ МАХСУС ВА ДИГАР ВОСИТАҲОИ ҲИФОЗАТИ ФАРДӢ

14. Номгӯи намунавии либоси махсус, пойафзоли махсус ва дигар воситаҳои ҳифозати фардӣ дар замимаи Тартиби мазкур оварда шудааст.

15. Ба корманде, ки дар шароити меҳнати вазнин, хатарнок ва зарарнок кор мекунанд, либоси махсус, пойафзоли махсус ва дигар воситаҳои ҳифозати фардӣ дар чунин шакл иловатан дода мешаванд:

1) корманд, ки бо механизми борбардорӣ, хатари тамос бо ҷараёни барқ, хавфи дучор шудан бо камони барқӣ, лаппиши металлҳои гудохта ва тарозу, дар баландӣ ё дар минтақаи имконпазир, афтидани ашё аз баландӣ, биноҳо ва дастгоҳҳои кушод бо таҷҳизоти барқӣ, иншооти зеризаминӣ, чоҳҳо, нақбҳо ва таъмири хатҳои ҳавоӣ кор мекунанд:

- тоскулоҳ;

- кулоҳи зери тоскулоҳ;

- либос бо қабати гармидиҳанда барои муҳофизат аз ифлосшавии умумии истеҳсолӣ ва таъсири механикӣ;

- шим бо қабати гармидиҳанда;

- дастпӯшакҳои барои муҳофизат аз ҳарорати баланд;

- айнаки муҳофизатӣ;

- воситаҳои муҳофизати инфиродии узвҳои нафаскашии филтрӣ;

- камарбанди муҳофизатӣ;

- пойгоҳ барои зону;

2) корманде, ки дар шароити хавфноки таркиш аз сӯхтор кор мекунанд:

- либос бо қабати гармидиҳанда аз матои бо оташ тобовар ва ё корҷома (комбинезон) аз матои бе тору пуд барои муҳофизат аз моддаҳои заҳрнок ва чанг;

- дастпӯшакҳои барои муҳофизат аз ҳарорати баланд;

- сипар барои муҳофизати рӯй;

- айнаки муҳофизатӣ;

- воситаҳои муҳофизати инфиродии узвҳои нафаскашии филтрӣ;

- ниқоби зидди газ (респиратор);

- гӯшмонакҳои зидди садо ва зергӯшмонакҳои зидди садо;

- камарбанди муҳофизатӣ;

3) корманде, ки бо корҳои кафшергарӣ машғуланд:

- сипар барои муҳофизати рӯй;

- айнаки муҳофизатӣ;

- либоси муҳофизатӣ аз ифлосшавии умумии истеҳсолӣ ва таъсири механикӣ ба рӯйпӯши гарминигоҳдорӣ;

- ниқоб;

4) корманде, ки корро дар шароити сатҳи баланди садоӣ иҷро менамоянд:

- гӯшмонакҳои зиддисадо ва зергӯшмонакҳои зидди садо;

- айнаки муҳофизатӣ;

5) корманде, ки дар баландӣ кор мекунанд:

- кулоҳ;

- тасма;

- сипар барои муҳофизати рӯй;

- камарбанди муҳофизатӣ;

- либоси муҳофизатӣ аз ифлосшавии умумии истеҳсолӣ ва таъсири механикӣ;

6) корманде, ки дар корҳое, ки хатари осеб дидани пойҳояшон кор мекунанд, инчунин корҳое, ки бо ифлосшавӣ вобаста мебошанд:

- шим бо қабати гармидиҳанда;

- пойгоҳ барои зону;

- дастпӯшак бо рӯйпуши брезентӣ;

- сипар барои муҳофизати рӯй;

- пояфзоли чармӣ бо панҷаи муҳофизатӣ аз ҳарорати баланд, ба равғану бензин тобовар;

- либоси муҳофизатӣ аз ифлосшавии умумии истеҳсолӣ ва таъсири механикӣ ба рӯйпӯши гарминигоҳдорӣ;

7) корманде, ки ба истеҳсоли чӯбҳои нусхабардорӣ машғуланд:

- пешдоман аз маводи полимерӣ бо пешбанд;

- халати пахтагин барои муҳофизат аз ифлосшавии умумии истеҳсолӣ ва таъсири механикӣ;

- воситаҳои муҳофизати инфиродии узвҳои нафаскашии филтрӣ;

8) корманде, ки дар ҷойҳои берунӣ кор мекунанд:

- болопӯш барои муҳофизат аз боришоти атмосферӣ;

- шим бо қабати гармидиҳанда;

- либоси муҳофизатӣ аз ифлосшавии умумии истеҳсолӣ ва таъсири механикӣ ба рӯйпӯши гарминигоҳдорӣ;

- калӯши диэлектрикӣ ва ё пояфзоли чармӣ бо панҷаи муҳофизатӣ аз ҳарорати баланд;

- айнаки муҳофизатӣ;

9) корманде, ки дар фасли зимистон дар ҳавои кушод аз ифлосшавии умумии саноатӣ ва таъсири механикӣ ба хунукитобовар, аз маҳлулҳои кислота ва ишкорӣ, шарора ва лаппиши металлҳои гудохта дар гармидиҳӣ кор мекунанд:

- либоси муҳофизатӣ аз ифлосшавии умумии истеҳсолӣ ва таъсири механикӣ ба рӯйпӯши гарминигоҳдорӣ;

- пойафзоли чармии бо нӯги ҳифозатӣ барои муҳофизат аз ҳарорати баланд, шарора ва лаппишҳои металлии гудохта;

- дастпӯшаки барои муҳофизат аз ҳарорати баланд, ё ин ки рӯйпӯши холдор;

- айнаки муҳофизатӣ;

10) корманде, ки ба корҳои беруна, дар ҷойҳое, ки дар давраи баҳор-тобистон ҳуҷуми ҳашаротҳои хунхӯр ё хатари сироятшавии канаи энсефалитӣ ба назар мерасад:

- либоси ҳифозатӣ аз омилҳои зарарноки биологӣ ё корҷома (комбинезон) аз матои бе тору пуд барои муҳофизат аз моддаҳои заҳрнок ва чанг;

- маҷмӯи репеллентҳо: аэрозол ва крем барои муҳофизат аз газидани хомӯшак ва пашша;

- айнаки муҳофизатӣ;

- дастпӯшакҳои барои муҳофизат аз ҳарорати баланд;

11) корманде ки дар фаслҳои махсусан сард дар қаъри дарё, кӯлҳо ва обанборҳо кор мекунанд:

- либоси таги пашмин барои истифодаи шахсӣ;

- либос аз матои синтетикӣ бо болопӯш барои муҳофизат аз об;

- айнаки муҳофизатӣ.

 

* Замима

 

Зарегистрировано

Министерством юстиции Республики Таджикистан

от 2 апреля 2021 года, регистрационный номер 1070

МИНИСТЕРСТВО ТРУДА, МИГРАЦИИ И ЗАНЯТОСТИ НАСЕЛЕНИЯ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН "30"декабря 2020 года, № 155

МИНИСТЕРСТВО ЗДРАВООХРАНЕНИЯ И СОЦИАЛЬНОЙ

ЗАЩИТЫ НАСЕЛЕНИЯ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

"25" февраля 2021 года, № 179

МИНИСТЕРСТВО ФИНАНСОВ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

"25" февраля 2021 года, № 40

СОВМЕСТНОЕ РАСПОРЯЖЕНИЕ

*О Типовом порядке и нормах выдачи бесплатной специальной одежды, специальной обуви и других средств индивидуальной защиты рабочим и служащим 090.020.010