Қонуни мазкур аз 1 январи соли 2022 мавриди амал қарор дода шавад
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2022"
Бо қарори
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 9 феврали соли 2022, № 638
қабул карда шудааст
Моддаи 1. Ба моддаи 15 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2022" аз 30 ноябри соли 2021 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2021, №11, мод. 630) қисми 14 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"14. Воридоти маҳсулоти озуқа, нуриҳои минералӣ, сӯзишвории дизелӣ ва бензин аз ҷониби Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ташаккули захираҳои давлатӣ дар соли 2022 тибқи номгӯй ва ҳаҷми тасдиқнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда, аксиз ва боҷи гумрукӣ озод карда мешавад.".
Моддаи 2. Қонуни мазкур аз 1 январи соли 2022 мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе,
аз 11 феврали соли 2022, № 1850