Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 декабри соли 2002, №490 "Дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 апрели соли 2002, №155"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 апрели соли 2002, №155

(Қарори Ҳукумати ҶТ аз 09.06.2005 № 212)

Ҷиҳати иҷрои Барномаи стратегии рушди ислоҳот дар бахши энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 октябри соли 1998, №417 тасдиқ гардидааст ва мутобиқи Меморандум оид ба ҳамрайъии байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки осиёгии рушд дар бораи барқарорсозии системаи энергетикии Тоҷикистон аз 28 августи соли 2000 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Аз 1 январи соли 2003 ба Тарифҳои қувваи барқ ва гармӣ, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 апрели соли 2002, №155 тасдиқ шудаанд, тағйироту иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

- сархати сеюм ба тариқи зайл ифода карда шавад:

"барои муассисаҳои коммуналӣ ва истифодабарандагоне, ки аз ҳисоби буҷет маблағгузорӣ карда мешаванд - 1,7 дирам барои 1 кВт соат";

- аз сархати панҷум калимаҳои "истеъмолкунандагони коммуналӣ" хориҷ карда шаванд;

- сархати ҳафтум ба тариқи зайл ифода карда шавад:

"барои аҳолӣ (бо назардошти андоз аз арзиши иловашуда) барои 1 кВт. соат ҳангоми истифода то 250 кВт. соат дар як моҳ - 1,6 дирам;

барои ҳар як кВт. соати зиёда аз 250 кВт. соат истифодашуда - 2,7 дирам".

2. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҷудо намудани ҷубронпулӣ ба оилаҳои камбизоат аз сабаби баландшавии нархномаи нерӯи барқ, тартиби ҷуброни он ва дар буҷети соли 2003 ба ин мақсад барои ташкилотҳои буҷетӣ ҷудо кардани маблағро пешбинӣ намояд.

3. Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо (ҳукуматҳо) то 1 январи соли 2003 бо мақсади ҷудо намудани ҷубронпулӣ аз сабаби баландшавии нархномаи нерӯи барқ шумораи оилаҳои камбизоатро муайян созад.

4. Агентии давлатии сиёсати зиддимонополӣ ва дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо Ширкати саҳомию холдингии кушодаи "Барқи Тоҷик" бо дарназардошти тағйирот Нархномаи нави "Тарифҳо барои нерӯи барқ ва гармӣ"-ро таҳия намоянд.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                                 Э. Раҳмонов

ш. Душанбе,

аз 19 декабри соли 2002, №490