Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 марти соли 2007 "Дар хусуси тасдиқи Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар хусуси тасдиқи Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мутобиқи моддаи 57 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тасвири зайл тасдиқ карда шавад:

Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тасвири тоҷи тансиқшуда ва нимдоирае, ки аз ҳафт ситораи бо нурҳои офтоби аз паси кӯҳҳои барфпӯш тулӯъкунанда рӯи онро гирифтааст ва бо чамбаре оро ёфтааст, ки атрофашро аз тарафи рост хӯшаҳои гандум ва аз тарафи чап шохаҳои пахтаи шукуфон иҳота кардааст, иборат мебошад. Болои чамбар бо тасмаи сераха печонида шуда, дар қисми поён болои лавҳ китоби кушодашуда ҷой гирифтааст.

Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ранга буда, тоҷ, офтоб, кӯҳҳо, хӯшаҳои гандум, китоб ва лавҳ бо зарҳал тасвир ёфта, появу баргҳои ниҳолҳои пахта сабз буда, рахҳои тасмаҳо сурх, сафед ва сабз буда, муқоваи китоб сурх мебошад.

2. Қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 декабри соли 1999, №891 "Дар хусуси тасдиқи Низомнома дар бораи Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1999, № 12, моддаи 331) беэътибор дониста шавад.

Муовини

якуми Раиси Маҷлиси намояндагони

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                            А. Достиев

ш. Душанбе,

аз 14 марти соли 2007, №500

 

ПОСТАНОВЛЕНИЕ МАДЖЛИСИ НАМОЯНДАГОН МАДЖЛИСИ ОЛИ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

Об утверждении Государственного Герба Республики Таджикистан

В соответствии со статьей 57 Конституции Республики Таджикистан Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан постановляет:

1. Утвердить Государственный Герб Республики Таджикистан в следующем изображении: Государственный Герб Республики Таджикистан представляет собой изображение стилизованной короны и полукруга из семи звезд, над ней в лучах солнца, восходящего из-за гор, покрытых снегом и изображенного венцом, составленным справа из колосьев пшеницы, слева из веток хлопчатника с раскрытыми коробочками. Сверху венец перевит трехполосной лентой, в нижнем секторе помещена раскрытая книга на подставке.

Государственный Герб Таджикистана является цветным, корона, солнце, горы, колосья, книга и подставка - золотые; стебли и листья хлопчатника - зеленые; полосы на лентах красная, белая и зеленая; обложка книги красная.

2. Постановление Маджлиси Оли Республики Таджикистан от 11 декабря 1999 года, № 891 "Об утверждении Положения о Государственном Гербе Республики Таджикистан" (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 1999г., № 12, ст. 331) признать утратившим силу.

Первый заместитель Председателя

Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли

Республики Таджикистан                                А.Достиев

г. Душанбе, 14 марта 2007 года № 500