Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи суғуртаи ҳатмии давлатии амволи корхонаҳои кишоварзӣ сарфи назар аз шакли моликият
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 03.12.2010, № 650)
Суғуртаи корхонаҳои кишоварзӣ, сарфи назар аз шакли моликият, аз бисьёр ҷиҳат ба шароити табиию иқлим вобастагӣ дорад.
Зарарҳои калоне, ки ба соҳаи кишоварзӣ бинобар фалокатҳои табиӣ, номусоидии иқлиму обу ҳаво расонида мешаванд на фақат ба иқтисоди хоҷагиҳои алоҳида, балки ба иқтисоди минтақаҳои том ва тамоми ҷумҳурӣ таъсир мерасонад.
Таҷрибаи кори солҳои қабл афзалияти суғуртаи ҳатмии моликияти корхонаҳои кишоварзии истеҳсолкунандаи маҳсулоти кишоварзиро нисбат ба суғуртаи ихтиёрӣ, ки асосан интихобӣ мебошад, собит мекунад. Дар мавриди суғуртаи ихтиёрӣ ҳаҷми ставкаҳои пардохтҳо нисбат ба суғуртаи ҳатмӣ, махсусан барои корхонаҳои кишоварзие, ки дар минтақаҳои ҳавфноки табиии кишоварзӣ воқеанд, чандинкарата меафзояд, ки ин ба иқтисоди хоҷагиҳои мазкур таъсири манфӣ мерасонад.
Вазъи иқтисодии бисьёр корхонаҳои кишоварзии ҷумҳурӣ имкон намедиҳад, ки ҷиҳати суғуртаи ихтиёрии амвол шартномаҳо баста шаванд. Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Пешниҳоди созмони тиҷоратии бимаи давлатии Тоҷикистон, Вазорати кишоварзӣ ва ислоҳоти замини Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бобати дар қаламрави ҷумҳурӣ нигоҳ доштани суғуртаи давлатии ҳатмии амволи корхонаҳои кишоварзии истеҳсолкунандаи маҳсулоти кишоварзӣ маъқул дониста шавад.
2. Муқаррар карда шавад, ки:
- пардохтҳои суғуртавӣ дар асоси ҳосилнокии миёнаи панҷ соли охир ва нархҳои ҷорӣ, бо дарназардошти майдонҳои зироаткорӣ барои ҳосили соли ҷорӣ, ҳисоб карда мешаванд;
- чорвои калони шоҳдор аз 2 моҳагӣ, гӯсфанду буз аз 4 моҳагӣ, хукҳо - аз 2 моҳагӣ, аспҳо, уштурҳо, хачирҳо, харҳо аз 6 моҳагӣ - аз ҳодисаҳои талафёбӣ (муриш, ноилоҷ ҳалол ё нобуд кардан) дар натиҷаи фалокатҳои табиӣ, касалиҳои сирояткунанда, заҳролудшавӣ ва сӯхтор бояд суғурта карда шаванд. Ҳайвоноте, ки дар китоби давлатии зот сабт гардидаанд, аз ҳодисаҳои талафёбӣ дар натиҷаи ҳама гуна касалиҳо ва заҳролудшавӣ, фалокатҳои табиӣ, сӯхтор, таъсири ҷараёни барқ ва дигар фалокатҳо суғурта карда мешаванд. Парранда (дар хоҷагиҳо ва дар фабрикаҳои паррандапарварӣ) аз 1 моҳагӣ, ҳайвоноти мӯинадор ва харгӯшҳо аз 4 моҳагӣ ва оилаҳои занбури асал низ бояд суғурта карда шаванд.
- барои пардохтҳое, ки аз рӯи намуди мушаххаси амвол барои соли дахлдор ҳисоб карда мешаванд, ба он корхонаҳои кишоварзие, ки суғуртаи ҳатмии амволаш дар давоми се сол ҷуброн нашудааст - ба андозаи 10 фоиз, чор сол - 20 фоиз, паҷ сол ва зиёда аз он - 30 фоиз имтиёз дода мешавад.
3. Ҳафтод фоизи маблағи фонди захиравии суғуртаи давлатии ҳатмии амволи корхонаҳои кишоварзӣ сарфи назар аз шакли моликият, ки дар тамоми давраи фаъолияти Ширкати давлатии суғуртаи Тоҷикистон "Тоҷиксуғурта" то 1 ноябри соли 2010 ташаккул ёфтааст, ба буҷети ҷумҳуриявӣ пардохта щавад .
Тибқи натиҷаҳои соли 2010, аз 1 январи соли 2011 оғоз намуда, минбаъд даромадҳо аз ҳаққи суғуртавии ин намуди суғуртаи ҳатмӣ бо тарҳи:
- ҳаққи хизматрасонии агентҳои суғуртавӣ ба андозаи 5 фоиз,
- маблағҳо барои Фонди тадбирҳои пешгирикунӣ ба андозаи 2 фоиз,
- пардохтҳои суғуртавӣ барои ҳолатҳои ҳодисаҳои суғуртавии воқеан рухдода, даромади Ширкати давлатии суғуртаи Тоҷикистон "Тоҷиксуғурта" дониста шаванд.
70 фоизи ин маблағҳо баъди ситонидани андозҳо, ба буҷети ҷумхуриявӣ гузаронида шуда, 30 фоизи он барои пешбурди кор дар Ширкати давлатии суғуртаи Тоҷикистон "Тоҷиксуғурта" нигоҳ дошта шавад .
4. Ба Созмони тиҷоратии суғуртаи давлатии Тоҷикистон иҷозат дода шавад, ки бо мувофиқати Вазорати кишоварзӣ ва ислоҳоти замини Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сурати мавҷуд будани маблағҳо ба корхонаҳои кишоварзии истеҳсолкунандаи маҳсулоти кишоварзӣ дар солҳои номусоид ҷубронпулиҳои суғуртавии бештар диҳад.
5. Ба Созмони тиҷоратии бимаи давлатии Тоҷикистон супурда шавад, ки бо мувофиқати Вазорати кишоварзӣ ва ислоҳоти замини Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ставкаҳои пардохтҳои суғуртаи ҳатмии давлатии амволи корхонаҳои кишоварзии истеҳсолкунандаи маҳсулоти кишоварзиро тасдиқ намояд.
Раиси
Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон А. Самадов
Муовини корҳои Шӯрои
Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон Р. Мирзоев
Ш. Душанбе,
аз 28 январи соли 1994, № 36
Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи суғуртаи ҳатмии давлатии амволи корхонаҳои кишоварзӣ сарфи назар аз шакли моликият
Суғуртаи корхонаҳои кишоварзӣ, сарфи назар аз шакли моликият, аз бисьёр ҷиҳат ба шароити табиию иқлим вобастагӣ дорад.
Зарарҳои калоне, ки ба соҳаи кишоварзӣ бинобар фалокатҳои табиӣ, номусоидии иқлиму обу ҳаво расонида мешаванд на фақат ба иқтисоди хоҷагиҳои алоҳида, балки ба иқтисоди минтақаҳои том ва тамоми ҷумҳурӣ таъсир мерасонад.
Таҷрибаи кори солҳои қабл афзалияти суғуртаи ҳатмии моликияти корхонаҳои кишоварзии истеҳсолкунандаи маҳсулоти кишоварзиро нисбат ба суғуртаи ихтиёрӣ, ки асосан интихобӣ мебошад, собит мекунад. Дар мавриди суғуртаи ихтиёрӣ ҳаҷми ставкаҳои пардохтҳо нисбат ба суғуртаи ҳатмӣ, махсусан барои корхонаҳои кишоварзие, ки дар минтақаҳои ҳавфноки табиии кишоварзӣ воқеанд, чандинкарата меафзояд, ки ин ба иқтисоди хоҷагиҳои мазкур таъсири манфӣ мерасонад.
Вазъи иқтисодии бисьёр корхонаҳои кишоварзии ҷумҳурӣ имкон намедиҳад, ки ҷиҳати суғуртаи ихтиёрии амвол шартномаҳо баста шаванд. Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Пешниҳоди созмони тиҷоратии бимаи давлатии Тоҷикистон, Вазорати кишоварзӣ ва ислоҳоти замини Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бобати дар қаламрави ҷумҳурӣ нигоҳ доштани суғуртаи давлатии ҳатмии амволи корхонаҳои кишоварзии истеҳсолкунандаи маҳсулоти кишоварзӣ маъқул дониста шавад.
2. Муқаррар карда шавад, ки:
- пардохтҳои суғуртавӣ дар асоси ҳосилнокии миёнаи панҷ соли охир ва нархҳои ҷорӣ, бо дарназардошти майдонҳои зироаткорӣ барои ҳосили соли ҷорӣ, ҳисоб карда мешаванд;
- чорвои калони шоҳдор аз 2 моҳагӣ, гӯсфанду буз аз 4 моҳагӣ, хукҳо - аз 2 моҳагӣ, аспҳо, уштурҳо, хачирҳо, харҳо аз 6 моҳагӣ - аз ҳодисаҳои талафёбӣ (муриш, ноилоҷ ҳалол ё нобуд кардан) дар натиҷаи фалокатҳои табиӣ, касалиҳои сирояткунанда, заҳролудшавӣ ва сӯхтор бояд суғурта карда шаванд. Ҳайвоноте, ки дар китоби давлатии зот сабт гардидаанд, аз ҳодисаҳои талафёбӣ дар натиҷаи ҳама гуна касалиҳо ва заҳролудшавӣ, фалокатҳои табиӣ, сӯхтор, таъсири ҷараёни барқ ва дигар фалокатҳо суғурта карда мешаванд. Парранда (дар хоҷагиҳо ва дар фабрикаҳои паррандапарварӣ) аз 1 моҳагӣ, ҳайвоноти мӯинадор ва харгӯшҳо аз 4 моҳагӣ ва оилаҳои занбури асал низ бояд суғурта карда шаванд.
- барои пардохтҳое, ки аз рӯи намуди мушаххаси амвол барои соли дахлдор ҳисоб карда мешаванд, ба он корхонаҳои кишоварзие, ки суғуртаи ҳатмии амволаш дар давоми се сол ҷуброн нашудааст - ба андозаи 10 фоиз, чор сол - 20 фоиз, паҷ сол ва зиёда аз он - 30 фоиз имтиёз дода мешавад.
3. Муқаррар карда шавад, ки 100 фоизи маблағҳои Фонди эҳтиётии ҷумҳурии суғуртаи амволи корхонаҳои кишоварзӣ дар ихтиёри мақомоти суғуртаи давлатии ҷумҳурӣ монда, дар ҳисобномаҳои махсуси муассисаҳои кредитӣ нигоҳ дошта мешаванд.
Созмони тиҷоратии бимаи давлатии Тоҷикистон ставкаҳои пардохтҳои корхонаҳои кишоварзиро бо дарназардошти таъмини мувофиқати онҳо ба сатҳи миёнаи пардохтҳои ҷуброни суғуртавие, ки барои зироатҳо ва растаниҳои бисьёрсола дар 10 сол ва барои ҳайвонот, биною иншоот ва дигар амвол дар 5 сол ташаккул ёфтаанд, аниқ намояд.