Замимаи 1
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 30 декабри соли 2021, №566
Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026
1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
1. Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026 (минбаъд - Барнома) ба ташаккули тарзи ҳаёти солим, таҳкими саломатӣ ва пешгирии бемориҳо равона шудааст.
2. Амалисозии Барнома шаклҳои муосири роҳнамоиро ба манфиати солимии ҷомеа тақозо менамояд, ки тибқи онҳо ғамхорӣ оид ба солимӣ ва беҳбудии шаҳрвандон на танҳо масъулияти давлат, балки тамоми ҷомеа ва ҳар як фард дар алоҳидагӣ ба ҳисоб меравад. Ҳадафи мазкур инчунин дар Эъломияи Остонаи Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ оид ба кумаки аввалияи тиббию санитарӣ (минбаъд - КАТС) ифода ёфтаанд.
3. Амалисозии Барнома усули умумидавлатӣ ва принсипи иштироки ҷомеаро, механизми ҳамкорӣ ва муттаҳидӣ бо бахшҳои дигар, ҷомеа ва шаҳрвандони алоҳида, инчунин васеъ намудани ҳуқуқ ва имкониятҳои онҳоро ба сифати шарикон фаро мегирад.
2. ТАҲЛИЛИ ВАЗЪ
4. Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2003, №84 Барномаи ташаккули тарзи ҳаёти солим то соли 2010 тасдиқ ва мавриди амал қарор дода шуд. Дастоварди муҳимми Барномаи зикргардида аз он иборат буд, ки шахсони дар сатҳҳои гуногун қабулкунандаи қарорҳо муҳиммияти таблиғи тарзи ҳаёти солимро дар ҳалли масъалаи ҳифзи солимии аҳолӣ дарк намуданд.
5. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи амалигардонии Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2020 Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020-ро тасдиқ намуд. Дар доираи амалигардонии Барномаи мазкур фаъолона ҷалб карда шудани вазорату идораҳо ва шарикони рушд ба даст оварда шуда, ҳамзамон шарикии бисёрсоҳавӣ роҳандозӣ гардид. Фаъолияти афзалиятноки Барнома ба баланд бардоштани сатҳи маълумотдиҳии донишҳои беҳдоштӣ ва тиббии аҳолӣ, ки барои пешгирии бемориҳои ғайрисироятӣ ва сироятӣ равона шудааст, нигаронида шуда буд.
6. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо дарназардошти муҳиммияти амалисозии ташвиқот оид ба ташаккули тарзи ҳаёти солим, таҳкими саломатӣ ва пешгирии бемориҳо дар байни аҳолӣ, аз замони ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ давра ба давра ба раванди таъмини тарзи ҳаёти солим дар кишвар таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, барои рушди он марказҳои ташаккули тарзи ҳаёти солим дар сатҳҳои миллӣ (1 марказ), вилоятӣ (3 марказ) ва минтақавӣ (1 марказ), маркази маъмурӣ дар шаҳри Душанбе (1 марказ), зинаҳои шаҳрӣ ва ноҳиявӣ (48 марказ), ҳуҷраҳои ноҳиявии ташаккули тарзи ҳаёти солим (16 ҳуҷра) ташкил кардааст, ки то ҳол онҳо фаъолият намуда истодаанд.
7. Теъдоди кормандон дар марказҳои ташаккули тарзи ҳаёти солим 626 нафарро ташкил медиҳад, аз онҳо кормандони дорои таҳсилоти олии тиббӣ 115 нафар (18,3 фоиз) ва таҳсилоти миёнаи тиббӣ 107 нафар (17 фоиз)-ро ташкил медиҳанд, ки бештари онҳо ҳамчун ҳамкор кормандони ҷалбшуда буда, малакаи зарурии кор бо аҳолиро надоранд. Ин вазъият ба музди меҳнати кормандони таҳсилоти олидошта (ба ҳисоби миёна 600-700 сомонӣ) иртибот дошта, метавонад ба самаранокии фаъолияти онҳо ҳангоми кор бо аҳолӣ таъсир расонад. Низоми омодасозии омӯзиши тодипломӣ ва баъдидипломии кормандон барои марказҳои ташаккули тарзи ҳаёти солим ба таври махсус ба роҳ монда нашудааст.
8. Марказҳои ташаккули тарзи ҳаёти солим фаъолияти худро дар ҳамгироӣ бо барномаҳои дигари миллӣ оид ба муҳофизати аҳолӣ аз бемории сил, муқовимат ба эпидемияи вируси норасоии масунияти одам ва аломати пайдошудаи норасоии масуният, муқовимат ба сироятҳои гепатитӣ, иммунопрофилактика, пешгирии фарбеҳӣ ва ташаккули ғизои солим, солимии репродуктивӣ ва ғайра амалӣ менамоянд.
9. Бо мақсади боз ҳам бештар густариш додани тарзи ҳаёти солим дар ҷомеа зарурати омӯзонидани ҳамаи табақаҳои аҳолӣ (хизматчиёни ҳарбӣ, муҳоҷирон, кормандони муассисаҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ), аз ҷумла кормандони тамоми вазорату идораҳо ба миён меояд.
10. Шумораи асосии синну соли қобили меҳнати аҳолиро муҳоҷирони меҳнатӣ ташкил мекунанд, ки то рафтан ба хориҷ ва баъди омаданашон ба ватан маълумоти заруриро оид ба пешгирии бемориҳои сироятӣ намегиранд. Инчунин оилаҳои муҳоҷирон, ки фишори равонии хонагиро аз ҷониби хешовандони ҳамсар таҳаммул менамоянд, оид ба масъалаҳои солимӣ на он қадар маълумоти пурра мегиранд.
11. Барои таблиғоти васеи ташаккули тарзи ҳаёти солим тавассути воситаҳои ахбори омма дар сохтори Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон маркази матбуотӣ фаъолият мекунад. Инчунин дар назди Муассисаи давлатии "Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим" шуъбаи коммуникатсия ва робита бо ҷомеа барои амалигардонии ҳамоҳангсозии барномаҳои таҳияшудаи телевизионӣ ва радиоӣ, ташаккули тарзи ҳаёти солим, таҳкими саломатӣ ва пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ амал менамояд.
12. Таҷрибаи амалигардонии барномаи қаблӣ нишон дод, ки ҳамкорӣ бо бахшҳои дигар дар заминаи нақшаи муштарак метавонад натиҷаҳои муайянро комёб шавад. Азбаски нақшаи мазкур аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардида, масъулияти амалисозии онро низ Вазорат ба зимма гирифтааст, дар ин росто барои боз ҳам ба таври самаранок татбиқ намудани Барнома ҷалби шарикони дахлдор ба таври назаррас таъсиргузор хоҳад буд. Аз нав дида баромадани чунин механизм зарур аст, ки дар он шарикон масъулияти таҳия ва татбиқи нақшаҳоро ба зимма гирифта, ҳамзамон бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчун сохтори ҳамоҳангсоз оид ба амалишавии Барнома мувофиқа намоянд. Инчунин зарур аст, ки механизми таҳия ва амалигардонии нақшаҳои сохторҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нав дида баромада шуда, ҳамзамон бо Муассисаи давлатии "Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим", ки дар он муассисаҳои зертобеъ масъулияти амалишавии онро ба зиммаашон мегиранд, мувофиқа шавад.
3. МАҚСАД ВА ВАЗИФАҲОИ БАРНОМА
13. Мақсади Барнома ин беҳтар намудани дастрасии аҳолӣ ба хизматрасонии босифат, саривақтӣ ва баландихтисоси тиббӣ ва дастрасии аҳолӣ ба манбаъҳои иттилооти босифат ва саҳеҳ оид ба фарҳанги рафтор, пешгирии бемориҳои ғайрисироятӣ ва сироятӣ, қабул намудани намунаҳои бехатарии рафтор, таҳкими ҳисси масъулияти ҳар як фард барои солимии худ ва атрофиён мебошад.
14. Вазифаҳои асосии Барнома:
1) таҳкими иқтидори марказҳои ташаккули тарзи ҳаёти солим ва муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарӣ, тақвияти фаъолияти вазорату идораҳои дахлдор:
- такмили санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда, ки фаъолияти марказҳои ташаккули тарзи ҳаёти солим ва муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитариро бо дар назар доштани вазъи эпидемиологӣ ва тавсеаи фаъолияти онҳо танзим менамоянд;
- таҳкими иқтидори моддию техникии марказҳои ташаккули тарзи ҳаёти солим ва муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарӣ ҷиҳати амалигардонии фаъолияти самаранок;
- тақвият додани барномаҳои таълимии омодасозии пешаздипломӣ ва пасаздипломии кадрҳои тиббӣ, аз ҷумла муносибатҳои гуногуни кор бо аҳолӣ оид ба солимӣ;
- дастгирӣ ва тақвияти системаи азнавтайёркунии мутахассисони марказҳои ташаккули тарзи ҳаёти солим ва муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарӣ дар курсҳои такмили ихтисоси кадрҳои тиббӣ, аз ҷумла муносибатҳои гуногуни кор бо аҳолӣ оид ба солимӣ;
- таҷдиди низоми молиявии марказҳои ташаккули тарзи ҳаёти солим дар шароити вазъи босуръат тағйирёбандаи эпидемиологӣ дар ҷаҳон;
- дастгирии афзоиши иқтидори кормандони марказҳои ташаккули тарзи ҳаёти солим ва муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарӣ бо роҳи гузаронидани семинарҳои омӯзишии мавзӯӣ оид ба солимӣ;
2) таъмини дастрасии аҳолӣ ба манбаъҳои маълумоти босифату саҳеҳ оид ба фарҳанги рафтор, тарзи ҳаёти солим, таҳкими саломатӣ ва пешгирии бемориҳои ғайрисироятӣ ва сироятӣ, таҳия, тасдиқ, муайянкунии адади нашр ва паҳн намудани маводи иттилоотию маърифатӣ, гузаронидани чорабиниҳо, пахши маводи аудиоӣ ва видеоӣ оид ба самтҳои зерин муҳим арзёбӣ мешавад:
- солимии равонӣ, фаъолнокии ҷисмонӣ, солимии репродуктивӣ ва банақшагирии оила;
- таҳкими солимии занон, модарон ва кӯдакон, наврасон, калонсолон, пиронсолон ва маъюбон;
- пешгирии бемориҳои ғайрисироятӣ, ки бо истифодаи тамоку, машрубот, воситаҳои нашъаовар ва моддаҳои психотропӣ, ғизои нодуруст, фарбеҳӣ ва пастшавии фаъолнокии ҷисмонӣ алоқаманд мебошанд;
- пешгирии осебу ҷароҳатгирӣ дар роҳу нақлиёт, истеҳсолот, ҳаёту зист ва зӯроварӣ;
- таъсири омилҳои номусоиди муҳити зист ва ҳолатҳои фавқулода ба саломатӣ;
- пешгирии бемориҳои сироятӣ;
- риояи беҳдошти шахсию ҷамъиятӣ;
3) баланд бардоштани сатҳи маърифат ва фарҳанги беҳдоштии рафтор, солимии равонӣ, фаъолнокии ҷисмонӣ, тарзи ҳаёти солим, таҳкими солимӣ пешгирии бемориҳои ғайрисироятӣ тавассути барномаҳои таълимӣ дар асоси масъулияти бисёрсоҳавӣ ва омӯзондани риояи гигиенаи шахсию ҷамъиятӣ;
4) беҳтарсозии шарикии дохилиидоравӣ ва байниидоравӣ, ҷалби ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва шарикони байналмилалӣ бо роҳҳои зерин татбиқ карда мешавад:
- ҷалби шарикон ба шӯроҳои ҳамоҳангсозӣ дар сатҳи ноҳиявӣ, шаҳрӣ, вилоятӣ ва ҷумҳурӣ;
- ташкил ва гузаронидани вохӯриҳои давравӣ бо иштироки шарикони давлатӣ, ғайридавлатӣ ва ҷамъиятӣ;
- ҷалби шарикони рушд барои дастгирии молиявӣ ва техникии амалигардонии Барнома.
15. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ барои амалисозии вазифаҳои пешбинишуда оид ба иҷрои Барномаи мазкур Шӯрои ҳамоҳангсозӣ таъсис медиҳанд.
4. САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ ТАШАККУЛИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ, ТАҲКИМИ САЛОМАТӢ ВА ПЕШГИРИИ БЕМОРИҲО
§1. Тарзи ташаккули ҳаёти солим ва таҳкими саломатӣ
16. Вақте ки инсон намунаҳои безарари рафторро қабул мекунад, масалан, аз истеъмоли тамоку, машрубот, воситаҳои нашъаовар ва моддаҳои психотропӣ даст мекашад, ғизои оқилона ва безарарро мехӯрад, мунтазам ба фаъолияти серҳаракати ҷисмонӣ машғул мешавад, таносуби баробари меҳнату истироҳатро риоя месозад, ҳамаи инҳо ба таҳкими саломатӣ ва пешгирии бемориҳо мусоидат менамоянд. Риоя кардани чунин рафтор метавонад боиси беҳбудии саломатӣ, нигоҳдории саломатии доимӣ ва дарозумрӣ гардад. Ин амал аз ҳар як фард муносибати масъулонаро нисбати саломатии худ ва атрофиён тақозо менамояд. Риояи қоидаҳои гигиенаи шахсӣ, ки ба муҳтавои гигиении бадан, пойафзол, либос, истиқоматгоҳ ва обутобдиҳии бадан равона шудаанд, қисми ҷудонашавандаи тарзи ҳаёти солим ба ҳисоб мераванд.
17. Раванди ташаккули муносибати масъулона ба саломатии худ ва атрофиён бештар аз рафтори таълимӣ ва фарҳангии ҳар як фард дар алоҳидагӣ вобастагӣ дорад. Дар айни ҳол дар назар доштан лозим аст, ки ибтидои раванди ташаккули тарзи ҳаёти солим бо раванди ибтидои ташаккули шахсият ҳамроҳӣ менамояд. Он аз давраи ҳомиладорӣ ва инкишофи тифл дар синни барвақтии кӯдакӣ шурӯъ мешавад, ки стратегияи самараноки тамоми марҳилаи ҳаёт фарогирандаро тақозо менамояд. Кӯдакони солим дар муассисаи таълимӣ бештар комёб мешаванд, калонсолон самараноктар фаъолият мекунанд, пиронсолон фаъолона дар ҳаёти ҷомеа гузоштани саҳми муфидро идома медиҳанд.
18. Барои таҳкими саломатӣ таъсиси шароити мусоидтар, баланд бардоштани саводи тиббию санитарӣ, дастгирии ҳаёти мустақилона ва осон гаштани майлу интихоб ба фоидаи тарзи ҳаёти бештар солим зарур аст. Таҳкими солимии занон, модарону кӯдакон, ҷавонон, калонсолон, пиронсолон ва маъюбон, инчунин таъмини ҳомиладории бехатар ва оғози ҳаёти солим, солимии репродуктивӣ ва банақшагирии оила, солимии равонӣ ва шаҳвонӣ бештар афзалиятнок ба ҳисоб мераванд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон занони қобили таваллуд, ки бевосита бо фаъолияти хадамоти солимии репродуктивӣ робитаи наздик доранд, 26 фоизро ташкил медиҳанд. Дар айни ҳол, хизматрасонии бо маводи контрасептӣ ва банақшагирии оила тахминан 35 фоиз, муоинаи антенаталӣ 45 фоиз, дигар мушкилоти вобаста ба солимии репродуктивӣ 20 фоизро ташкил медиҳад. Фоизи заноне, ки хоҳиши аз ҳомиладоршавӣ канораҷӯӣ кардан доранд ва айни замон аз усулҳои муосири контрасептӣ истифода намебаранд, наздики 23 фоизро ташкил медиҳад.
19. Дар шароити паҳншавии эпидемияи фарбеҳӣ дар ҷаҳон, фаъолнокии ҷисмонӣ, ғизои оқилонаю солим низ дар таҳкими саломатӣ афзалият ба ҳисоб меравад. Дар солҳои охир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон афзоиши бемориҳои ғайрисироятӣ, аз ҷумла фарбеҳӣ, ки мавқеи намоёнро вобаста ба фавт ва маъюбӣ ишғол мекунад, мушоҳида карда мешавад. Ҳамзамон, 17 фоизи аҳолии ҷумҳурӣ дорои вазни зиёдатии бадан буда, 11,3 фоиз аз фарбеҳӣ азият мекашанд. Фарогирии фарбеҳӣ дар байни кӯдакони 6-17-сола 4,7 фоизро ташкил карда, 43 фоизи кӯдакон ғизои ғайриоқилонаро истеъмол мекунанд ва 84 фоиз бо фаъолияти ҷисмонӣ фаро гирифта нашудаанд. Таҳияи чорабиниҳои байниидоравӣ, ки барои таъсиси механизми устувори иттилоотонии табақаҳои гуногуни аҳолӣ, кормандони соҳаи давлатӣ (тандурустӣ, маориф, саноат, кишоварзӣ, нақлиёт ва ғайра) оид ба пешгирии вазни зиёдатии бадан ва фарбеҳӣ равона шудаанд, зарур аст.
20. Таваҷҷуҳи Барнома барои таъмини шароити солими ҷавонон ва насли наврас аҳамияти махсусро доро мебошад. Доираи васеи иштирокчиёни манфиатдор метавонанд ҷиҳати татбиқи барномаҳо оид ба дастгирии солимии гурӯҳҳои мазкури аҳолӣ, аз ҷумла чорабиниҳое, ки намояндагони наслҳои гуногунро муттаҳид месозад, саҳм гузоранд. Нисбати ҷавонон метавон оид ба коллективҳои худомӯзӣ вобаста ба масъалаҳои солимии байни ҳамсолон ҷалби созмонҳои ҷавонон ва амалигардонии барномаҳои рушди маърифати тиббию санитарӣ дар заминаи муассисаҳои таълимии томактабӣ, миёнаи умумӣ ва олӣ сухан ронд.
§2. Бемориҳои ғайрисироятӣ, сироятӣ ва ихтилоли равонӣ
21. Бемориҳои ғайрисироятии музмин метавонанд боиси яке аз сабабҳои асосии маъюбӣ, масалан, нобиноӣ ё буридани пойи одамоне, ки аз диабети қанд азият мекашанд ё дорои нороҳатии узвҳо баъд аз инсулт мебошанд, шаванд. Инчунин ихтилоли узвҳои такяву ҳаракат сабаби нисфи тамоми ба кор набаромаданҳо ва ба таври доимӣ гум кардани қобилияти меҳнатӣ мешавад. Таҷриба нишон медиҳад, ки амалиёти танҳо ба рафтори инфиродӣ таъсиркунанда самаранокии маҳдуд дорад. Бинобар ин, зарурати дастгирии амалисозии муносибатҳои умумидавлатии якҷояшавӣ бо ҷалби тамоми ҷомеа ба миён меояд, ки татбиқи он ҳамкории байнисоҳавиро бо муайянсозии ҳалли паст кардани бемориҳои ғайрисироятӣ (дилу рагҳо, саратоншиносӣ, диабети қанд, ноҷӯрии равонӣ), ки бо омилҳои рафторӣ, аз ҷумла истеъмоли тамоку, машрубот, воситаҳои нашъаовар ва моддаҳои психотропӣ, ғизои ғайриоқилона, тарзи ҳаёти камҳаракат алоқаманданд, тақозо менамояд.
22. Пешгирии бемориҳои ғайрисироятӣ ва муқовимат бо онҳо чорабиниҳои дастаҷамъӣ, ҳамкории эҳтимолии байни бахши давлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва бахши хусусиро тақозо менамояд. Барои он ки ҳамкории бештари якҷояшавии байнисоҳавӣ ва дохилисоҳавӣ дар самти ташаккули тарзи ҳаёти солим, таҳкими саломатӣ ва пешгирии бемориҳо коркард карда шавад, таҳия ва ҷорӣ намудани механизмҳои самараноки шарикӣ тақозо карда мешавад.
23. Ихтилоли равонӣ сабаби афзоиши бемориҳо ва сабаби расидан ба маъюбӣ ба ҳисоб меравад. Ҳамасола аз ихтилоли бештар паҳнгардида (рӯҳафтодагӣ ва ноҷӯрии ҳаяҷоновар) ҳар як нафари чорум дар ҷомеа ранҷ мекашад. Ҳамзамон қариб нисфи шахсоне, ки аз ихтилоли равонӣ ранҷ мекашанд, ба кумаки мунтазами тиббӣ бештар ниёзманд мебошанд. Сабабҳои асосии муроҷиат накардани мардум барои кумак мавҷуд будани стереотипҳои ҷудогонаи иҷтимоӣ ва инфиродӣ дониста мешаванд. Ҷорӣ намудани стратегия оид ба пешгирии инкишофи ихтилоли равонӣ ва таъмини дастрасии одилона ба хизматрасонии босифат дар самти мазкур мудохилаи самаранок ба ҳисоб меравад. Пешниҳоди маълумоти босифату эътимоднок ва омӯзонидани тамоми аҳолӣ оид ба ихтилоли равонӣ бо ҷалби васеи воситаи ахбори омма бояд ҷузъи ҷудонашавандаи Барнома бошад. Ба ҷавонон, ки гирифтори хавфу хатари зиёданд, метавонанд чунин чораҳо, ба мисли низоми огоҳонидани пешакӣ ва маъракаҳо оид ба муқовимат бар зидди азиятдиҳӣ ва таҳқир дар муассисаҳои таълимӣ кумак расонанд. Ҳамчунин зарур аст, бо шаклҳои нави вобастагии равонӣ, ки бо олами маҷозӣ дар шабакаҳои иттилоотӣ ва технологияи компютерӣ алоқаманд аст, мубориза бурда шавад.
24. Мубориза бо бемориҳои сироятӣ баланд бардоштани иттилоотонии аҳолиро оид ба пешгирии сироятҳои бо ваксина идорашаванда, бемории сил, вируси норасоии масунияти одам (ВНМО), зуком ва дигар сироятҳои респираторӣ, гепатитҳои вирусӣ, бемориҳои шадиди рӯда ва паразитӣ, инчунин бемориҳои сироятии нави пайдогардида бо роҳи таъмин кардани дастрасии аҳолӣ бо маълумоти босифату саҳеҳ ва ташкил намудани омӯзиш дар заминаи байнисоҳавӣ тақозо менамояд.
25. Бемориҳои бо кумаки ваксина ва иммунизатсия пешгиришаванда. Ташкили барномаҳои миллӣ оид ба иммунизатсия аз тарафи аҳолӣ хело ҳам фавқулода ба таври мусбат қабул гардид ва боиси дарёфти комёбиҳои зиёд дар кори иммунизатсия шуд. Дар баробари ин, доругузаронии нақшавӣ воситаи муҳимми пешгирии сироятҳои бо ваксина идорашаванда боқӣ монда, айни замон дар ҷадвали иммунизатсияи нақшавӣ устуворона ҷорӣ мешавад. Имконияти оғоз кардани маъракаҳои нави иммунизатсия ва баланд бардоштани иттилоотонӣ оид ба уҳдадориҳои дастгирии сатҳи баланди фарогирии доругузарониро ширкатҳои маълумотдиҳию таблиғотии махсус, ба мисли Ҳафтаи аврупоии иммунизатсия медиҳанд. Ҳамзамон, пешниҳод намудани маълумоти босифату саҳеҳ, омӯзонидани тамоми аҳолӣ оид ба аҳамияти иммунизатсия бо иштироки васеи воситаи ахбори омма бахши ҷудонопазири чорабинӣ, ба ҳисоб меравад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сатҳи фарогирии иммунизатсия 97-98 фоизро ташкил медиҳад, ки ин аз иттилоотонии кофии аҳолӣ шаҳодат дода, бо шумораи ками фаронагирифта (2-3 фоиз) бояд аз ҷониби кормандони муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарӣ корҳои инфиродӣ гузаронида шаванд.
§3. Бемории сил
26. Гарчанде сил бемории истисноии ба ягон гурӯҳи иҷтимоӣ хос ҳисобида нашавад ҳам, вале ин беморӣ бештар бо шароитҳои бади иҷтимоию иқтисодӣ ва детерминантҳои дигар алоқаманд аст. Ба гурӯҳи осебпазир бештар шахсони бекас, бемакон, ки ҳаёти номуназзам ба сар мебаранд, инчунин шахсони нашъаманд, аз озодӣ маҳрум, майзадагон, муҳоҷирони меҳнатӣ дохил мешаванд. Мувофиқи маълумоти Муассисаи давлатии "Маркази ҷумҳуриявии ҳимояи аҳолӣ аз бемориҳои сил" ин беморӣ тамоюли камшавиро касб кардааст. Бо вуҷуди ин, ошкор кардани ҳолатҳои шакли бемории сили ба доруҳои зиёд устувории сахтдошта дар байни кӯдакон афзоиш меёбад. Беморӣ асосан ба ҷавонон ва гурӯҳи аз ҷиҳати иқтисодӣ қобилияти бештари меҳнатидошта осеб мерасонад. Тахминан аз се ду ҳиссаи ҳамаи ҳолатҳои нави бемории сил (63 фоиз)-ро гурӯҳи одамони синну соли аз 15 то 44-сола ташкил медиҳанд.
27. Дар айни замон пешгирӣ дар доираи Барномаи миллӣ оид ба мубориза бо бемории сил бо дастгирии шарикон, ба монанди Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ, ташкилотҳои миллӣ ва байналмилалӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва Фонди глобалӣ оид ба мубориза бар зидди бемории пайдошудаи норасоии масуният (БПНМ), сил ва вараҷа амалӣ карда мешавад. Унсури муҳимми пешгирӣ ин пешниҳод кардани маълумоти босифат ва саҳеҳ, омӯзонидани тамоми аҳолӣ оид ба хавфи гирифторӣ ба бемории сил бо ҷалби васеи воситаҳои ахбори омма ба ҳисоб меравад.
§4. Вируси норасоии масунияти одам (ВНМО)
28. Дар миқёси тамоми кураи замин шумораи ҳолатҳои нави мубталошавӣ бо вируси норасоии масунияти одам (ВНМО) коҳиш ёбад ҳам, вале дар қисми шарқии минтақаи аврупоии Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ эпидемияи ВНМО бо суръати тезтар дар олам паҳн гардида истодааст. Дар ояндаи наздик ВНМО яке аз бемории музмини гарон мегардад. Таҳкими ҳамкории бисёрсоҳавӣ бо марказонидани саъю кӯшишҳо барои гурӯҳҳои асосии хавфу хатари ВНМО, стратегияҳои амалкунанда ва мудохилаҳо оид ба мубориза бо эпидемияи ВНМО ба ҳисоб меравад. Ба чунин чораҳои дахолат пешниҳоди маълумоти босифат ва саҳеҳ, омӯзонидани тамоми аҳолӣ оид ба хатари мубталошавӣ ба ВНМО бо ҷалби васеи воситаи ахбори омма мансуб мешаванд.
29. Дар Тоҷикистон шумораи ҳолатҳои нави сирояти ВНМО боло меравад. Сабабҳои асосии он роҳи таносулии интиқоли ВНМО ба ҳисоб меравад, ки хатари паҳншавии васеи ВНМО, бахусус дар байни занон шуморида мешавад. Сатҳи баланди хатарҳои рафторӣ дар байни гурӯҳҳои асосӣ дар паҳншавии минбаъдаи ВНМО нақши муҳимро мебозанд. Афзоиши шумораи ҳолатҳои нав дар байни муҳоҷирони меҳнатӣ дар шароити муҳоҷирати васеъ онҳоро ба гурӯҳи мақсаднок барои барномаҳои пешгирӣ шомил менамояд. Ҳамчунин тамоюли афзоиши шумораи ҳолатҳои нави ВНМО дар байни кӯдакони синну соли то 14-сола ба назар мерасад. Ҷорӣ намудани механизми устувори баланд бардоштани иттилоотонии ҷавонон, наврасон, занон ва духтарони ҷавон оид ба пешгирии ВНМО дар заминаи байнисоҳавӣ чораҳои мубрам маҳсуб мешаванд.
§5. Зуком ва дигар сироятҳои шадиди роҳҳои нафас
30. Зуком ва дигар сироятҳои шадиди роҳҳои нафас ҳиссаи зиёди нишондиҳандаҳои бемориҳои сироятиро ташкил медиҳанд. Ҳамасола дар кишварҳои минтақаи Аврупо сатҳи беморӣ аз 5 то 15 фоизро ташкил дода, дар баробари ин, нишнодиҳандаи баландтари беморӣ дар байни кӯдакони синну соли то 5-сола ба назар мерасад. Ҳар сол дар гурӯҳҳои хавфи баланддошта ҳангоми эпидемияи мавсимӣ, инчунин дар давраи пандемия шакли вазнини зуком мушоҳида мегардад, ки баъзе аз намудҳои нав метавонанд шумораи зиёди оқибатҳои марговарро ба миён оварда, ҳам ба бахши тандурустӣ ва ҳам ба бахшҳои ба ҳифзи солимӣ вобастанабуда зарар оварад. Ҳамчун воситаи дастгирӣ гузаронидани маъракаҳои маълумотдиҳӣ бо мақсади баланд бардоштани иттилоотонидани аҳолӣ оид ба зуком, роҳҳои огоҳ кардани паҳншавии он ва фоидаи доругузаронӣ бар зидди зуком бо ҷалби васеи воситаи ахбори омма зарур аст.
§6. Гепатитҳои вирусӣ
31. Гепатитҳои вирусии А, В, С, D ва E яке аз масъалаҳои муҳим на танҳо дар низоми тандурустӣ, балки дар соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии кишварҳои ҷаҳон ба ҳисоб меравад. Бо назардошти ҳолати эпидемикии вазнини гепатитҳои вирусӣ, онҳоро ба чунин бемориҳои хатарнок, ба мисли вируси норасоии масунияти одам, сил ва вараҷа дохил намудан мумкин аст. Таҳия ва ҷорӣ намудани барномаҳои таълимӣ барои кормандони тиббии тамоми сохторҳои низоми тандурустӣ оид ба масъалаи баланд бардоштани сатҳи маълумотнокии онҳо чораҳои асосии пешгирӣ ба ҳисоб мераванд.
§7. Бемориҳои сироятии шадиди рӯда ва паразитарӣ
32. Дар ҷумҳурӣ пастравии нишондиҳандаҳои бемории сироятии шадиди рӯда аз 2348,1 ҳолат дар соли 2010 то 496,5 ҳолат ба 10000 аҳолӣ дар соли 2018 ба назар мерасад, гарчанде ки нишондиҳандаҳо дар сатҳи баланд боқӣ мемонанд. Хуруҷҳои вобаста ба мубталошавии чӯбчаи рӯдаро, аз ҳама беҳтар бо истифодаи имкониятҳои мувофиқи танзим ва мониторинг дар бахшҳои хӯрокворӣ, кишоварзӣ, обтаъминкунӣ ва санитарӣ огоҳ кардан аст. Дар робита ба ҳамин, ҷорӣ намудани барномаҳои таълимӣ оид ба риояи қоидаҳои гигиенаи шахсию ҷамъиятӣ ва рафтори бехавф, ки барои пешгирии бемориҳои рӯда ва паразитарӣ равона шудаанд, чораҳои муҳим ба ҳисоб мераванд.
§8. Вазъи эпидемиологӣ
33. Ҷаҳон ба таҳдиди ҷиддии бехатарии солимии ҷомеа вобаста ба бемориҳо ва авҷгириҳои нав, эпидемияи бемориҳои сироятӣ, офатҳои табиӣ ва фалокатҳои техногенӣ дучор шудааст. Дар амалигардонии чораҳои ҷавобии зиддиэпидемикӣ, пешгирикунанда ва ҳатто чораҳои маъмурии қатъӣ ҳангоми пандемияи сирояти коронавирус маълум гардид, ки бе иштироки фаъоли аҳолӣ, тамоми чораҳои қабулшуда камтаъсир боқӣ монда, хароҷоти маблағҳои зиёдро тақозо менамояд. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро зарур аст, ки якҷо бо шарикон ва ташкилотҳои дигар чунин механизмҳоро, ба монанди шабакаи хабардиҳӣ оид ба авҷгирии бемориҳо ва амалиётҳои ҷавобӣ ҷиҳати маълумотдиҳии фаврӣ ва сафарбаркунии аҳолӣ ва амалисозии амалиётҳои ҷавобӣ дар мавриди ҳолатҳои фавқулода ва авҷгирии бемориҳои сироятӣ ташкил намояд. Ҷалби фаъоли иттиҳодияҳои манфиатдор ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ба кори таъмини омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ва эътиногирӣ аҳамияти калонро доро мебошад. Мавриди сар задани бемориҳои сироятии навпайдошуда чораҳои пешгирикунанда бояд дар доираи Қоидаҳои тиббию санитарии байналмилалӣ, ки дар он таҳияи механизми устувори иттилоотонии аҳолӣ унсури муҳим ба ҳисоб меравад, амалӣ карда шаванд. Барои ба даст овардани самараи ҳадди аксари пешгирии бемориҳои сироятӣ, амалиётҳои муштарак ва якҷояшавӣ дар бисёр бахшҳо, ба монанди ҳифзи тартиботи ҳуқуқӣ, нақлиёт, обтаъминкунӣ, канализатсия, хӯрокворӣ, кишоварзӣ ва саноат тақозо мегардад.
§9. Осебу ҷароҳатгирӣ дар роҳу нақлиёт, истеҳсолот, ҳаёти зист ва зуроварӣ
34. Мувофиқи маълумоти Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ танҳо дар минтақаи аврупоӣ бо сабабҳои садамаҳо, ҳам тасодуфан (сабабгори ҳодисаҳои роҳҳои нақлиётӣ (9 фоиз), заҳролудшавӣ, ғарқшавӣ, сӯхтор ва афтиш) ва ҳам қасдан расонида шуда (дар натиҷаи зӯроварии байнишахсӣ ва зӯроварии ба худ равоншуда), ҳамасола 700 ҳазор ҳолати фавт рӯй медиҳад. Ин сабаби асосии фавт дар байни нафарони синну соли аз 5 то 44-сола мебошад. Омилҳои хатар мавҷуданд, ки барои навъҳои гуногуни ҷароҳатёбӣ муштарак ҳисобида мешаванд: инҳо суистифодаи машрубот ва нашъа, бенавоӣ, сатҳи пасти таълим ва муҳити хатарноки зиндагӣ мебошанд. Ин омилҳои умумӣ ба бемориҳои дигар, аз ҷумла бемориҳои ғайрисироятӣ низ таъсир расонида, имкониятҳоро барои амалҳои муштарак фароҳам меоранд.
35. Пешгирӣ кардани ҷароҳату осебёбӣ ва зӯроварӣ вазифаи бисёридоравӣ ба ҳисоб меравад ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти мазкур ба ҳамкорӣ ва ҳамбастагӣ бо шарикони дигари муътабар ниёз дорад. Зарур аст, ки чораҳо оид ба пешгирии осебу ҷароҳатёбӣ ва зӯроварии дар онҳо муносибатҳои ба тағйирот равонашудаи вобаста ба хатари рафтори инсон истифодашаванда, ки на танҳо иштироки бахши тандурустӣ, балки бахшҳои дигарро тақозо менамояд, таҳия гарданд. Муносибатҳои маҷмӯии бонизом (ташкили ҳаракати роҳ, воситаҳои нақлиётӣ, рафтори ронандаҳо), ки барои паст кардани афзоиши суръати ҳаракат, рондани воситаҳои нақлиётӣ дар ҳолати мастӣ ва истифодаи нокифояи асбоби муҳофизатӣ равона шудаанд, бехатарии роҳро барои ронандагон ва пиёдагардон хеле зиёд карда, ҳамзамон ба таври қатъӣ шумораи ҳолатҳои фавт ва ҷароҳату осеббардориро дар натиҷаи ҳодисаҳои роҳу нақлиётӣ коҳиш медиҳанд. Зарур аст, ки чораҳои равонагардида барои пешгирии муносибати дурушт бо кӯдакон, пешгирии зӯроварӣ дар байни ҷавонон ва пешгирии муносибати дағалона бо пиронсолон таҳия карда шаванд.
§10. Омилҳои номусоиди муҳити зист
36. Омилҳои муҳити зист яке аз детерминантҳои муҳимми солимӣ маҳсуб мешавад. Ҳангоми таъсири омилҳои кимиёвӣ, физикӣ ва биологӣ давомнокии пешбинишавандаи ҳаёти инсон коҳиш ёфта, хатари бемориҳои дилу рагҳо, респираторӣ ва саратони шуш афзоиш меёбад. Ғалоғула ё ин ки садои баланд дар муҳити зист афзоиши бемориҳои ишемикии дил ва вайроншавии узви мувозанатро дар кӯдакон ба вуҷуд меорад. Ғайриқаноатбахш будани таъминоти обҳои ошомиданӣ ва хоҷагӣ ба афзоиши шумораи ҳолатҳои бемориҳои сироятии шадиди рӯда (исҳоли хунин, домана, вабо ва ғайра), ки аз об пайдо мешаванд, оварда мерасонад ва эҳтимоли хавфи баланди эпидемикиро ба миён меоваранд. Сатҳи баланди беморӣ дар байни аҳолии дар деҳот зиндагикунанда бештар ба назар мерасад, ки барои эҳтиёҷоти хоҷагию нӯшиданӣ обро аз манбаъҳои кушода (ҷӯйҳо) ва чоҳҳои инфиродӣ истеъмол карда, истифодабарии онҳо аксаран танзими нохуб дошта, аз заҳролудшавии беруна ҳимоя намешаванд. Ҳамаи детерминантҳои дарҷгардида қабули чораҳои ба иттилоотонӣ ва омӯзонидани аҳолӣ оид ба пешгирии таъсири номусоиди омилҳои муҳити зист ба солимии аҳолӣ равонашударо тақозо менамоянд.
37. Дар ҷумҳурӣ Барномаи миллӣ амалӣ шуда истодааст, ки он натиҷаи мусбат дода, дар ҳифзи солимии аҳолӣ аз хатарҳои ба муҳити зисти хатарнок ё ифлос иртиботдошта аҳамияти муҳим дорад. Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо иштироки шарикони дахлдор зарур аст, барномаи маърифатнокӣ ва иттилоотонии аҳолиро, ки барои ҳифзи солимии мардум аз таҳдидҳои офарандаи муҳити зисти хатарнок, ифлос ё ноустувори ҷисмонии экологӣ равона карда шудааст, таҳия ва амалӣ гардонад.
5. СОХТОРҲОИ БА РАВАНДИ ТАШАККУЛИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ, ТАҲКИМИ САЛОМАТӢ ВА ПЕШГИРИИ БЕМОРИҲО ҶАЛБШУДА
38. Дар раванди амалигардонии Барнома ҳамаи сохторҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ, шарикони рушд, ташкилотҳои ҷамъиятии байналмилалӣ ва маҳаллӣ ҷалб карда мешаванд. Ҳамзамон, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъули таҳия ва татбиқи низоми тарзи ҳаёти солим, таҳкими саломатӣ ва пешгирии бемориҳо дар ҳамоҳангсозӣ бо шарикони дигар маҳсуб мешавад.
39. Дар амалигардонии Барнома тамоми кормандони тиббии сохторҳои зертобеи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалб карда мешаванд. Бахусус, зинаи муҳимми татбиқи Барнома муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарӣ ба ҳисоб мераванд, ки фаъолияти онҳо ба пешбурди солимӣ дар байни аҳолӣ равона шудааст. Дар робита бо ин, сохторҳои тандурустиро зарур аст, ки механизми устувори шарикиро бо марказҳои ташаккули тарзи ҳаёти солим дар сатҳҳои ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ ҷорӣ намоянд, ки дар ин ҷо ба зиммаи онҳо масъулияти таҳия ва амалигардонии нақшаҳои мувофиқагардида бо марказҳои ташаккули тарзи ҳаёти солим, ҳамчун сохтори ҳамоҳангсоз гузошта шудааст.
40. Ҷорӣ намудани механизми устувори шарикӣ бо вазорату идораҳо оид ба амалигардонии Барнома зарур аст. Ҳамзамон, масъулияти таҳия ва амалигардонии нақшаҳои мувофиқгардида бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун идораи ҳамоҳангсоз ба зиммаи онҳо гузошта мешавад. Амалигардонии механизми мазкур дар сатҳҳои вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ тақозо мегардад.
41. Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳи татбиқ намудани барномаҳои таълимӣ дар муассисаҳои таълимӣ дар доираи соатҳои мавҷудаи ҷудогардида барои таълими мавзӯъҳои мактабӣ (биология, экология, химия ва ғайра) ҷиҳати ба даст овардани натиҷаҳои муайян вобаста ба ташаккули намунаи бехатари рафтор кӯшиш ба харҷ медиҳад. Дар доираи Барнома омӯзонидани тамоми кормандони соҳаи маориф ва кӯдакон-таълимгирандагони муассисаҳои томактабӣ, хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, аз ҷумла литсейҳо ва гимназияҳо, донишҷӯёни муассисаҳои таълимии миёна, касбӣ ва олӣ ба нақша гирифта мешавад.
42. Масъалаи омӯзонидани кормандони тамоми сохторҳои зертобеи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус чунин категорияҳои аҳолӣ, ба монанди муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо оид ба баланд бардоштани сатҳи иттилоотонӣ дар масъалаи солимӣ мавзӯи асосӣ боқӣ мемонад. Дар айни ҳол аз тарафи вазорат семинарҳои омӯзишӣ танҳо барои муҳоҷирони меҳнатии азми сафардошта бо иштироки мутахассисони соҳаи тандурустӣ гузаронида мешавад. Дар доираи Барнома омӯзиши тамоми коргарони соҳаи меҳнат, аз ҷумла муҳоҷирони меҳнатӣ ба нақша гирифта мешавад.
43. Бо ҷорӣ намудани низоми таълим оид ба масъалаҳои солимӣ барои баланд бардоштани сатҳи иттилоотонии кормандони вазоратҳои мудофиа, корҳои дохилӣ ва адлия, аз ҷумла курсантҳо, ҳайати қаторӣ, даъватшавандагони хизмати аскарӣ, маҳбусон, мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ имконияти беҳтар гардидани иттилоотонии категорияҳои зикргардидаи аҳолӣ мумкин аст. Зарурат пайдо мешавад, ки Вазорати корҳои дохилӣ стратегияи пешгирии осеббардорӣ ва зӯровариро таҳия намуда, истифодаи усули низоми фарогир барои коҳиши зиёд кардани суръати ҳаракат, идоракунии воситаи нақлиёт дар ҳолати мастӣ ва истифодаи нокифояи ҷиҳози муҳофизатӣ равона шудааст, тавсия дода мешавад. Ин чораҳо имконияти бехатарии роҳро барои ронандагон ва пиёдагардон хеле баланд бардошта, шумораи ҳолатҳои фавт ва осеббардорӣ дар натиҷаи ҳодисаҳои роҳҳои нақлиётӣ коҳиш меёбанд. Дар доираи Барнома омӯзонидани тамоми хизматчиёни ҳарбӣ, хизматчиёни мақомоти корҳои дохилӣ, кормандони мақомоти адлия, аз ҷумла соҳаи сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва маҳбусон ба нақша гирифта мешаванд.
44. Раванди ташаккули муносибати масъулона ба саломатии худ ва атрофиён дар бештар ҳолатҳо аз фарҳанги рафтори ҳар як фард дар алоҳидагӣ вобастагӣ дорад. Бинобар ҳамин, зарурати таҳия ва татбиқи механизми устувор, ки барои ташаккули фарҳанги рафтори аҳолӣ равона шудааст, аз ҷумла намуди бехатарии фарҳанги рафтор ба миён меояд. Дар доираи Барнома омӯзонидани тамоми кормандони дар соҳаи фарҳанг фаъолияткунанда ба нақша гирифта мешавад.
45. Кормандони ташкилотҳои саноатии давлатӣ, хусусӣ ва ташкилотҳои дигар аз фазои иттилоотӣ оид ба солимӣ, аз ҷумла пешгирии осеббардории истеҳсолӣ дар канор боқӣ мемонанд. Дар доираи Барнома Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон омӯзонидани тамоми кормандони дар соҳаи саноат фаъолияткунанда ба нақша гирифта мешавад.
46. Барномаҳои таълимӣ барои кормандони Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ронандагони воситаҳои нақлиётии мусофиркаш оид ба солимӣ ҷорӣ карда мешавад. Дар доираи Барнома омӯзонидани тамоми кормандони дар соҳаи нақлиёт фаъолияткунанда, аз ҷумла ронандагони нақлиёти мусофирбар ба нақша гирифта мешавад.
47. Ҷорӣ кардани барномаҳои таълимӣ барои кормандони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудани масъалаҳои ба пешгирии муносибати дурушт ва номуносиб бо кӯдакон, пешгирии зӯроварӣ дар байни ҷавонон ва пешгирии муносибати сангдилонаро бо шахсони солхӯрда равонагардидаро тақозо менамояд. Ба ҷавонони гирифтори хавфи баланддошта андешидани чунин чораҳо, ба монанди низоми пешгирии қаблӣ ва маъракаҳо оид ба муқовимат ба азиятдиҳӣ ва таҳқир дар муассисаҳои таълимӣ метавонад кумак расонад. Ҳамчунин зарур аст, бо шаклҳои нави вобастагӣ, ки бо воқеияти маҷозӣ иртибот доранд, мубориза бурд. Дар доираи Барнома омӯзонидани кормандони соҳаи мазкур ба нақша гирифта мешавад.
48. Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон назорати давлатии истифодаи самараноки захираҳои об, атмосфера, замин ва қаъри он, канданиҳои фоиданоки маъмули умум, муомилот бо моддаҳои химиявӣ ва нуриҳои минералӣ, партовҳо ва маҳсулоти такрор истифодашаванда, риояи стандартҳои бехатарии экологӣ ва биологӣ, сифати сӯзишворӣ, истифодакунандагони устувори органикӣ ва риояи меъёру стандартҳои экологиро таъмин ва ҷиҳати амалӣ гардонидани барнома, стратегия, нақшаҳои миллӣ ва минтақавӣ оид ба ҳифзи муҳити зист, ҳамоҳангсозии фаъолияти вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, инчунин муассиса, корхона ва ташкилотҳои дигар, новобаста аз шакли моликият ва тобеияти идоравии онҳо, оид ба масъалаҳои истифодаи сарватҳои табиӣ ва ҳифзи муҳити зист мусоидат менамояд.
49. Ҳамоҳангсозӣ ва таъмини иҷрои конвенсияҳо ва шартномаҳо оид ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист ва истифодаи сарватҳои табиӣ, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба зимма гирифтааст, баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ, таъмин намудани тозагии ҳавои атмосфера, захираҳои об, истифодаи самараноки сарватҳои табиӣ ва мусоидат намудан ба истифода ва рушди технологияи кампартов, инчунин пурзӯр намудани назорат ҷиҳати кам шудани партовҳоро назорат менамояд. Дар навбати худ айни замон масъалаҳои ҷойдошта ҳалли пурраи таъмини солимии экологӣ ва бехатарии саломатии аҳолиро таъмин карда наметавонад.
50. Масъалаи ташкил ва гузаронидани корҳои маърифатию иттилоотонӣ дар байни занон ва оилаҳо дар мавриди баланд бардоштани сатҳи дониш оид ба солимӣ ва пешгирии ақди никоҳҳои барвақтию хешутаборӣ муҳим боқӣ мемонад. Дар доираи Барнома омӯзонидани тамоми кормандони дар соҳаи кор бо занон ва оила фаъолияткунанда, инчунин навхонадорон ба нақша гирифта мешавад.
51. Аз ҷониби Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби мутахассисони соҳаи тандурустӣ дарсҳои омӯзишӣ ва гузаронидани чорабиниҳои иттилоотӣ вобаста ба мавзӯъҳои саломатӣ, тарзи рафтори бехатар дар байни наврасон, ҷавонон ва аҳолӣ ташкил ва баргузор мешавад. Дар доираи чорабиниҳои пешгирикунандаи Агентӣ омӯзиши тамоми аҳолӣ, аз ҷумла наврасону ҷавонон, хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёна, литсейҳо ва гимназияҳо, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олӣ ва гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ вобаста ба тарзи ҳаёти солим ба нақша гирифта мешавад.
52. Дар амалигардонии Барнома кормандони Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки метавонанд ба аҳолӣ оид ба солимӣ ва бехатарии намунаи рафтор маълумот диҳанд, нақши муҳим мебозанд. Дар доираи Барнома омӯзонидани тамоми кормандони дар соҳаи кор бо дин фаъолияткунанда, хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёна, аз ҷумла литсейҳо ва гимназияҳо, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ ба нақша гирифта мешавад.
53. Дар амалигардонии Барнома воситаҳои ахбори омма, ки метавонанд ба таври самаранок маълумоти босифату эътимоднокро оид ба солимӣ ва бехатарии намунаи рафтор паҳн намоянд, нақши муҳим мебозанд. Таҳияи барномаҳои радиоӣ ва телевизионӣ, пахши роликҳои аудиоӣ ва видеоӣ ба мадди назар гирифта мешавад.
54. Нақши шарикони рушд дар амалигардонии Барнома. Шарикӣ мақоми муҳимро дар амалигардонии Барнома, ки дар он бояд на танҳо муассисаҳои соҳаи тандурустӣ, балки ташкилотҳои давлатию ғайридавлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, бахши хусусӣ ва тамоми шаҳрвандони алоҳида иштирок намоянд, ишғол менамояд. Ҳамкории зич бо Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ, Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ), Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (ЮСАИД), Бонки Умумиҷаҳонӣ ва созмонҳои дигари байналмилалӣ нақши асосиро мебозад. Барои амалигардонии босамари Барнома иштироки фаъоли ҳамаи шарикони рушд тақозо мешавад.
6. САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ ФАЪОЛИЯТИ БАРНОМА
55. Самтҳои афзалиятноки Барнома вобаста ба таҳкими иқтидори марказҳои ташаккули тарзи ҳаёти солим, муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарӣ ва тақвияти фаъолияти вазорату идораҳои дахлдор:
- таҳкими заминаи моддию техникии марказҳо ва ҳуҷраҳои кории ташаккули тарзи ҳаёти солим дар доираи имкониятҳои мавҷудаи буҷети маҳаллӣ метавонад дар амалигардонии Барнома самараи мусбат диҳад;
- таҳкими сохторҳои ташкилию кадрӣ ва такмили санадҳои меъёрӣ ба тақвияти фаъолияти марказҳои ташаккули тарзи ҳаёти солим мусоидат менамояд. Ба роҳ мондани низоми омодасозии тодипломӣ ва баъдидипломии кормандон барои марказҳои ташаккули тарзи ҳаёти солим, ки дар онҳо омодасозии кадрҳои дорои малакаҳои банақшагирии стратегӣ, идоракунӣ, ҳамкорию сарварии байнисоҳавӣ, тайёрии мутахассисон барои эътинои фаврӣ дар шароити ҳолатҳои фавқулода ва авҷгирии бемориҳои сироятӣ бо истифодаи муносибатҳои инноватсионӣ ҷузъиёти муҳимми стратегии Барнома ба ҳисоб мераванд. Унсури муҳимми тақвияти фаъолияти марказҳои ташаккули тарзи ҳаёти солим, ин дастгирии болоравии имконоти мутахассисон тариқи омӯзонидани мунтазам дар машғулиятҳои семинарии ҳадафнок оид ба солимӣ ба ҳисоб меравад. Дар шароити тағйирёбии босуръати вазъи эпидемиологӣ дар ҷаҳон, марказҳо ба дастгирӣ ва аз нав дида баромадани буҷет ниёз доранд, ки ба ин васила фаъолияти марказҳои ташаккули тарзи ҳаёти солимро беҳтар кардан мумкин аст.
56. Самтҳои афзалиятноки Барнома вобаста ба дастрасии аҳолӣ ба маълумоти босифату эътимоднок ва гузаронидани чорабиниҳои иттилоотӣ оид ба масъалаҳои солимӣ:
- яке аз самтҳои муҳимми Барнома иттилооти босифату боэътимод ба ҳисоб меравад, ки метавонад ба шуури эҳсосотӣ ва иродаи инсон таъсири самаранок расонида, рафтори ӯро нисбати солимӣ дигаргун созад. Роҳҳои асосии пешниҳод кардан маводи иттилоотию маърифатӣ, аз ҷумла маводи аудиоӣ ва видеоӣ воситаи ахбори омма ва шабакаҳои иҷтимоӣ ба ҳисоб мераванд;
- таъминоти аҳолӣ бо маълумоти босифату эътимоднок бояд ба масъалаҳои солимии равонӣ, фаъолнокии ҷисмонӣ, солимии репродуктивӣ, банақшагирии оила ва солимии шаҳвонӣ равона карда шаванд. Маводи иттилоотию маърифатӣ оид ба таҳкими солимии занон, модарону кӯдакон, наврасон, калонсолон, нафарони солхӯрда ва маъюбон аҳамияти муҳим дорад. Инчунин маводи иттилоотию маърифатӣ оид ба пешгирии бемориҳои ғайрисироятӣ (дилу рагҳо, саратон, диабети қанд, ноҷурии равонӣ), ки бо истеъмоли тамоку, машрубот, воситаҳои нашъаовар ва моддаҳои психотропӣ, ғизои ғайриоқилона, фарбеҳӣ ва коҳишёбии фаъолнокии ҷисмонӣ алоқаманданд, самаранок ҳисобида мешаванд. Маводи иттилоотию маърифатӣ оид ба пешгирии осебу ҷароҳатгирӣ дар роҳу нақлиёт, истеҳсолот ва фазои зист, зӯроварӣ, таъсирбахшӣ ба солимӣ тавассути омилҳои номусоиди муҳити зист ва ҳолатҳои фавқулода низ муҳим ба ҳисоб меравад;
- иттилоотонии аҳолӣ бо маълумоти босифату эътимоднок бояд ба пешгирии сироятҳои бо ваксина идорашаванда, бемории сил, ВНМО, зуком ва сироятҳои дигари респираторӣ, гепатитҳои вирусӣ, бемориҳои шадиди рӯда, бемориҳои паразитӣ, инчунин бемориҳои навпайдошуда равона карда шаванд. Маводи иттилоотию маърифатӣ оид ба риояи қоидаҳои гигиенаи шахсӣ ва ҷамъиятӣ аҳамияти хос дошта метавонад;
- барои беҳтаргардонии дастрасии аҳолӣ ба сарчашмаҳои маълумоти босифату эътимоднок ҷорӣ намудани механизми ягонаи таҳия, тасдиқ, муайянкунии тираж ва паҳн намудани маводи иттилоотию маърифатӣ ба нақша гирифта мешавад.
57. Самти афзалиятноки Барнома бо омӯзонидани аҳолӣ оид ба фарҳанги рафтори гигиенӣ, тарзи ҳаёти солим, таҳкими саломатӣ ва пешгирии бемориҳо алоқаманд аст, ки ба баланд бардоштани сатҳи дониши аҳолӣ оид ба масъалаҳои солимӣ ва ҷорӣ намудани барномаҳои таълимӣ дар заминаи масъулияти байнисоҳавӣ мусоидат менамояд. Омӯзиши кормандони тамоми вазорату идораҳо, аз ҷумла хизматчиёни ҳарбӣ, муҳоҷирон, кормандони муассисаҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ, саноатӣ, арбобони дин ва маҳбусон оид ба фарҳанги рафтори гигиенӣ, тарзи ҳаёти солим, таҳкими саломатӣ ва пешгирии бемориҳо муҳимтар боқӣ мемонад. Аз ин лиҳоз, Барнома ҷорӣ намудани механизми устувори шарикӣ бо вазорату идораҳоро оид ба амалигардонии барномаҳо тариқи таҳия ва татбиқи нақшаҳои мувофиқашуда ҳамчун идораи ҳамоҳангсоз бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ менамояд.
58. Гузаронидани тадқиқоти сотсиологӣ оид ба арзёбии таъсири Барнома нисбати сатҳи "дониш-муносибат-рафтор" дар байни аҳолӣ дар ибтидо, мобайн ва интиҳои амалисозии Барнома аз ҳисоби маблағҳои грантӣ, дастгирии шарикони байналмилалӣ ва ҷамъиятӣ ва маблағҳои дигар сурат мегирад.
7. МАБЛАҒГУЗОРИИ БАРНОМА
59. Маблағгузории Барнома дар доираи маблағҳои соҳаи тандурустӣ, шарикон оид ба рушд ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ амалӣ карда мешавад.
60. Ҷиҳати пешрафти муваффақона ва амалисозии Барнома дастгирии молиявӣ ва техникии шарикони рушд ва сарчашмаҳои дигари маблағгузорӣ, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, зарур мебошад.
8. МОНИТОРИНГ ВА АРЗЁБИИ БАРНОМА
61. Гузаронидани мониторинг ва арзёбии Барнома ба зиммаи Муассисаи давлатии "Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим"-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта мешавад. Мониторинг дар сатҳҳои вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ аз ҷониби марказҳои ташаккули тарзи ҳаёти солим гузаронида мешавад.
62. Мониторинг ва арзёбии Барнома дар сатҳҳои шаҳрӣ ва ноҳиявӣ ҳар семоҳа, дар сатҳи вилоятӣ ду маротиба дар як сол, дар сатҳи миллӣ як маротиба дар як сол дар асоси нишондодҳои тасдиқшуда гузаронида мешавад.
Замимаи 2
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 30 декабри соли 2021, №566
Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалисозии Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026
Замима