Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022 - 2026 аз 30 декабри соли 2021, №567

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Замимаи 1

ба қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 30 декабри соли 2021, №567

Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022 - 2026

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026 (минбаъд - Барнома) дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон" ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон таҳия карда шудааст.

2. Барнома яке аз механизмҳои асосии татбиқкунандаи сиёсати давлатии ҷавонон ба ҳисоб рафта, имконияти воқеиро оид ба фароҳам овардани шароити иштирок ва мусоидат дар ҳалли масъалаҳои марбут ба ҳаёти ҷавонон муҳайё месозад.

3. Ояндаи давлату миллат аз насли ҷавони ҳамаҷониба ташаккулёфта вобаста буда, маҳз ҷавонон дар қиёс ба дигар табақаҳои аҳолӣ бештар фаъол ҳастанд ва ҳамзамон умеду такягоҳи давлат мебошанд.

4. Ҷавонони имрӯзаи кишвар дар марҳилае кору зиндагӣ доранд, ки дар баробари фароҳам будани шароити мусоид ҷиҳати худтакмилдиҳӣ ва инкишоф, боз як қатор мушкилоти дигаре низ мавҷуданд, ки садди роҳи зиндагии онҳо гардидааст.

5. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати бартараф сохтани мушкилоти марбут ба ҳаёти ҷавонон пайваста чораҳои зарурӣ андешида, инчунин барои мутобиқшавӣ ва рушду такомули онҳо мусоидат менамояд. Қабули Барномаи мазкур аз ҷумлаи чунин тадбирҳо мебошад, ки бо дарназардошти талаботи замони муосир, рушди илму техника, таҷрибаи пешрафтаи иқтисодию идоракунӣ, ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва амнияти давлат таҳия гардидааст.

2. ТАҲЛИЛИ ВАЗЪИЯТ

6. Барои ташаккул додани мафкураи миллӣ дар вуҷуди ҷавонон, шинохти бештари манфиатҳои миллӣ ва дар руҳияи ҳисси оштинопазир ба терроризму экстремизм, коррупсия, муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсҳои онҳо ва намудҳои дигари ҷинояткорӣ тарбия намудани ҷавонон ва ба ин васила пешгирӣ намудани моилгардонии ҷавонон ба андешаву ҳадафҳои гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ аз масъулини сохторҳои давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ масъулияти бештарро дар ҳамоҳангӣ тақозо менамояд.

7. Мусаллам аст, ки ҳадафи асосии гурӯҳҳо ва созмонҳои байналмилалии террористию экстремистӣ ин аз байн бурдани сохти конститутсионии кишварҳо, ғасб намудани давлатҳо ва ноором сохтани ҳаёти осоиштаи ҷомеа ба ҳисоб меравад.

8. Оқибати амалҳои гурӯҳҳо ва созмонҳои байналмилалии террористию экстремистӣ боиси фалаҷ гардидани низоми давлатдорӣ, аз байн рафтани арзишҳои фарҳангию таърихии як қатор кишварҳо гардидааст.

9. Бо мурури замон ва рушди илму техника ва технология терроризм шакл, усул, восита ва тарзҳои навро ба худ касб намуда, ин омил ба мураккаб гардидани муқовимат бо терроризму экстремизм гардида истодааст.

10. Қобили зикр аст, ки аз рӯи таҳлилҳои гузаронида вазъи содиршавии ҷиноятҳо дар байни ҷавонон нисбат ба нишондоди панҷ соли қаблӣ то 16 фоиз паст гардидааст. Новобаста ба паст гардидани тамоюли ҷинояткорӣ дар байни ҷавонон дар панҷ соли охир аз ҷониби ҷавонон ва ё бо иштироки ҷавонон беш аз 25 ҳазор ҷиноят содир шудааст.

11. Яъне, масъалаи содиркунии ҷиноят аз ҷониби ҷавонон ва ё бо иштироки ҷавонон ҳанӯз ҳам масъалаи мубрам боқӣ мемонад. Танҳо дар соли 2020 аз ҷониби ҷавонон ва ё бо иштироки ҷавонон 4913 ҷиноят содир гардидааст.

12. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи кор бо ҷавонон бояд дар ҷустуҷӯ ва пайдо намудани шаклу усулҳои нави таъсиррасонӣ бошад, то ин ки тадбирҳоро баҳри ҳалли мушкилоти ҷавонон ва пешгирии хатару таҳдидҳои манфӣ ба ҳаёти ҷавонон ва ҷомеа андешад.

13. Бархӯрди тамаддунҳо, маданияту фарҳанг ва воридшавии расму ойинҳои бегона ба ҳаёти ҳамарӯзаи ҷавонон таъсири манфии худро расонида истодаанд.

14. Таъсири ин тамоюлро метавон дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, хизматрасонӣ, оилаҳои насли ҷавону калонсол мушоҳида намуд, ки ба эҳтирому муносибат, рафтору кирдор, фарҳанги либоспӯшӣ, майли ҷавонон ба урфу одатҳои фарҳанги бегона ва амсоли инҳо алоқаманд буда, ба арзишҳои ахлоқиву фарҳангии ҷомеа рост намеоянд.

15. Дар ҷумҳурӣ беш аз 2400 муассисаҳои фарҳангии навъи гуногун, аз қабили китобхона, клуб, осорхона, театр ва марказҳои ҷавонон ба қайд гирифта шудаанд, ки зимнан як муассисаи фарҳангӣ ҳудудан дар як вақт барои ба 12000 нафар ҷавон хизмат мерасонанд.

16. Дар баробари ниҳоят кам будани чунин муассисаҳо шароити на ҳамаи онҳо, мутаассифона, имкони қонеъ гардонидани талаботи воқеии ҷавононро ба ахлоқи ҳамида, фарҳангдӯстию хештаншиносӣ, ватандӯстӣ, таҳаммулпазирӣ ва худташаккулёбӣ доранд. Вобаста ба ин, дар сатҳи ҷумҳурӣ воситаҳои гуногун дар алоҳидагӣ аз ҷониби мақомоту сохторҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ роҳандозӣ гардида истодаанд. Аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи кор бо ҷавонон бошад, ҳаракатҳои гуногуни ҷавонон ба монанди маҳфилҳои корҳои ихтиёрии ҷамъиятӣ (волонтёрӣ), "Пайравони Пешвои миллат", "Гирандагони стипендияҳои Президентӣ", "Ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсил дошта", "Адибони ҷавони навқаламу эҷодкор", "Ҳаҷвнигорони ҷавон" ва амсоли инҳо таъсис ёфтаанд, ки вобаста ба имконият ва шароити моддию молиявии мавҷуда дар байни ҷавонон чорабиниҳои хусусияти ахлоқию фарҳангӣ, зеҳнию тарбиявӣ, маърифатию иттилоотӣ ва ғайраро баргузор менамоянд, ки он ҳам барои фарогирии бештари ҷавонон ҳанӯз кам мебошад.

17. Таъсис ва дар ҳолати корӣ қарор додани марказҳои ҷавонон яке аз механизмҳои меҳварӣ дар татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон боқӣ мемонад. Мувофиқи таҳлилҳо дар ҳудуди ҷумҳурӣ ҳамагӣ 72 марказҳои ҷавонон бо шаклҳои гуногун таъсис гардидаанд, ки бо дарназардошти мушкилоти инфрасохторӣ, молиявӣ ва кадрӣ қисми зиёди онҳо аз фаъолият бозмондаанд. Айни ҳол, ҳамагӣ 11 марказҳои ҷавонон бо шароиту имкониятҳои инфросохторӣ таъмин мебошанд ва ё фаъолият намуда истодаанд. Агар марказҳои ҷавонони фаъолиятдоштаро ба шумораи умумии фарогирии ҷавонон қиёс намоем, ҳар як маркази ҷавонон имкони фарогирии то 261591 нафар ҷавононро дорад.

18. Бо мақсади таъмини иштироки ҷавонон дар ҳаёти сиёсии кишвар дар соли 2020 беш аз 15 ҳазор нафар ҷавонон ба ҳайси волонтёр дар маъракаҳои сиёсӣ ҳамчун шахсони масъул ва мутасаддӣ омода ва сафарбар карда шуданд, ки нақш ва саҳми онҳо аз ҷониби Пешвои миллат, мушоҳидони байналмилалӣ ва Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон баланд арзёбӣ гардид.

19. Мувофиқи таҳлилҳои оморӣ дар бист соли охири соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон шумораи ҷавонон 28,5 фоиз афзоиш ёфтааст. Таносубнокии ҷавонон нисбат ба аҳолӣ 30,2 фоизро ташкил дода, синну соли миёнаи аҳолӣ бошад, 26,7 сола ба ҳисоб меравад, ки ин яке аз нишондиҳандаҳои асосии муайянкунандаи дарозумрии миллат ва муътадил нигоҳдорандаи вазъи демографӣ дар ҷумҳурӣ мебошад.

20. Дар муддати 30 соли соҳибистиқлолии кишвар Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани нақши ҷавонон дар ҷомеа ва таъмини иштироки онҳо дар тамоми самтҳои ҳаётан муҳимми иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва сиёсии кишвар тадбирҳои заминасоз андешид.

21. Таъмини иштироки фаъолонаи ҷавонон яке аз қадамҳои муҳим ва мубрам дар бунёди давлатсозӣ, баланд бардоштани ҷаҳонбинӣ, малакаю маҳорати онҳо дар самтҳои гуногуни ҳаётан муҳимми ҷаҳони муосир қабул ва арзёбӣ гардидааст.

22. Иштироки ҷавонон дар шароити ҷомеаи муосир барои фаъолияти сиёсӣ, такмили маҳорати роҳбарӣ, омода намудани кадрҳои ҷавони роҳбар имконияту шароит фароҳам оварда, ба ин васила иштироки онҳоро дар таҳия ва татбиқи барномаҳо ва қабули қарорҳо таъмин менамояд.

23. Сиёсати давлатии ҷавонон ба он асос меёбад, ки ҳама гуна ҳуқуқ ва озодиҳои иҷтимоию иқтисодӣ, сиёсӣ ва шахсии ҷавон, ки мутобиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалкунанда муқаррар гардидаанд, эътироф карда мешавад.

24. Ин пеш аз ҳама дар амал татбиқ намудани тамоми ҳуқуқ ва манфиатҳоеро дар назар дорад, ки дар шароити соҳибистиқлолии кишвар қонунгузор нисбат ба насли ҷавон муайян кардааст.

25. Ҳанӯз мавзӯи ба таври пурра таъмин нагардидани ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои ҷавонон масъалаи ҳалталаб боқӣ мемонад.

26. Мусаллам аст, ки дар аёми камолот насли ҷавон майли бештар ба фароғату шуғл дорад, ки дар ҳоли фароҳам наовардани чунин як шароиту имконият эҳтимоли зиёди даст задани ҷавонон ба рафторҳои номатлуб мегардад.

27. Боиси қайд аст, ки яке аз омил ва сабабҳои асосии ҷалб гардидани ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, ин паст будани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ ва сиёсии онҳо ба ҳисоб меравад.

28. Ҷавонон ҳамчун муҳаррики идомадиҳандаи сиёсати давлату ҳукумат арзёбӣ мегарданд ва ҳифз намудани солимии онҳо яке аз вазифаҳои афзалиятнок ба ҳисоб меравад.

29. Мувофиқи таҳлилҳои коршиносон дар Тоҷикистон чун дар дигар давлатҳои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ зиёдшавии ҳолатҳои сирояти вируси норасоии масунияти одам дар солҳои охир аз рӯи нишондодҳои баҳодиҳӣ идома дошта, миқдори ҳодисаҳои нав 20 фоиз зиёд гардидааст, дар ҳоле ки миқдори фавти бо вируси норасоии масунияти одам бавуҷудоянда 5 фоиз паст шудааст.

30. Шумораи умумии сироятёфтагони вируси норасоии масунияти одам дар ҷумҳурӣ 11986 нафар ба қайд гирифта шудааст.

31. Танҳо дар соли 2019 ҳамагӣ 1320 ҳодисаи нави сирояти вируси норасоии масунияти одам ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба соли 2018 101 ҳодиса камтар ва нисбат ба соли 2017 115 ҳодиса зиёдтар мебошад. Дар солҳои охир тамоюли зиёдшавии сироятёфтагон дар байни занон ба назар расида, аз 30,9 фоиз дар соли 2011 то 41,5 фоиз дар соли 2019 баланд гардидааст.

32. Роҳҳои асосии паҳншавии сироят дар байни ҳодисаҳои нав алоқаи ҷинсӣ 71,7 фоиз ва тазриқӣ 12,7 фоиз ба шумор меравад. Таҳлил нишон медиҳад, ки вазъи эпидемиологӣ вобаста ба паҳншавии вируси норасоии масунияти одам дар ҷумҳурӣ ташвишовар боқӣ мемонад.

33. Тибқи маълумоти Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ дар соли 2019 дар Тоҷикистон ҳолатҳои ҳама намуди бемории сил 83 ба 100000 нафар аҳолӣ ва ҳолатҳои фавт дар ҳамин сол (бидуни ҳолатҳои фавт аз бемории сил, вируси норасоии масунияти одам) 7,9 ба 100000 нафар аҳолиро ташкил медиҳад. Байни ҳолатҳои нави бемории сил таносуби занҳо ва мардҳо 1 ба 1,2 боқӣ мемонад. Ин беморӣ ба солимии ҷавонон таҳдид менамояд. Тақрибан аз 2/3 ҳиссаи (63 фоиз) ҳолатҳои нави беморӣ дар шахсони 15-44 сола ошкор шудааст. Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ дар соли 2019 ҳамагӣ 7700 ҳолати бемории сил, ки 2400 ҳолати он бемории сили устувории васеъдошта ба дору аст, ҳисоб кардааст.

34. Аз рӯи маълумоти Маркази ҷумҳуриявии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил дар ҷумҳурӣ дар соли 2019 ҳамагӣ 5976 ҳолати ҳама намудҳои бемории сил (аз ҷумла, дар бахши иҷрои ҷазои ҷиноятӣ) ба қайд гирифта шуда, аз онҳо 5159 ҳолат нав (56 ба 100000 нафар) мебошанд.

35. Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои нишондиҳандаҳои баланди қадпастии кӯдакон дар ҳудуди Аврупо ва Осиёи Марказӣ мебошад. Тибқи маълумоти таҳқиқоти тиббӣдемографӣ аз соли 2017, 18 фоизи кӯдакони аз 0 то 59-моҳа дар Тоҷикистон ба қадпастӣ дучоранд. Ҳиссаи зиёдтарин ба минтақаҳои деҳот, хусусан, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ рост меояд. Қадпастӣ метавонад ба фаъолияти мағзи сари кӯдак, саломатӣ, рушди узвҳо, низоми масуният, қобилияти азхудкунӣ ва натиҷаи хониш таъсири манфӣ расонад, ки ин дар оянда боиси маҳдуд шудани маҳсулнокӣ ва қобилияти худи кӯдакон мегардад.

36. Фароҳам овардани шароити таъмини таҳсилоти сифатнок ва рушди ихтироъкорию эҷодкорӣ дар кишвар, яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар гардидааст.

37. Мувофиқи омор дар соли 1992 дар кишвар ҳамагӣ 13 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ бо шумораи 70 ҳазор донишҷӯ фаъолият менамуд, ки дар натиҷаи тадбирҳои андешидаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шумораи муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ба 41 адад ва шумораи донишҷӯён ба 244 600 нафар расонида шуд.

38. Ҳамзамон дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар кишвар зиёда аз 2500 муассисаи нави таълимӣ сохта, мавриди истифода барои насли ҷавон қарор дода шуд.

39. Шумораи умумии хонандагон дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ дар соли 2020 2110285 нафарро ташкил медиҳад, ки 73 фоизи хонандагонро наврасон ва 26 фоизи хонандагони дигарро ҷавонон ташкил медиҳад.

40. Дар маҷмӯъ, ҷавононе, ки дар зинаҳои гуногун ба таҳсил фаро гирифта шудаанд, дар баробари омӯхтани илм, ихтисос, касбу ҳунар ба гирифтани ғизои маънавӣ, дастгириву ҳавасмандгардонӣ, фароғату саёҳат ва умуман ба тарбия эҳтиёҷ доранд, ки вобаста ба ин масъала мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи кор бо ҷавонон масъулияти бевосита дорад.

41. Аз рӯи таҳлилҳо дар як рӯз ба ҳисоби миёна то 7 соат муассиса имкони машғул намудани муҳассилинро барои таълиму тарбия дорад ва боқимонда 7 соати дигар дар ихтиёри худи ҷавон ва ҷомеа боқӣ мемонад, ки самаранок истифодаи он масъулияти ҳар як сохтори давлатӣ ба ҳисоб меравад.

42. Боиси зикр аст, ки шуғлнокии ҷавонон на танҳо ба фарогирии онҳо бо меҳнат алоқамандӣ дорад, балки шуғлмандӣ ба амали муташаккиле рабт дода мешавад, ки он ҳамчун як самти афзалиятноки сиёсати давлатии ҷавонон ба ҳисоб меравад.

43. Мувофиқи омори давлатӣ 32,3 фоизи қувваи корӣ ба ҷавонони синни 15-29 сола рост меояд. Аз рӯи натиҷаҳои тадқиқоти Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2016 коҳиши ҳиссаи ҷавонони синни 1529 сола нисбат ба шумораи умумӣ ҷой дорад, илова бар ин, ҳиссаи аҳолии машғули калонсол (30-75-сола) ҳамасола зиёд шуда 67,7 фоизро ташкил додааст (соли 2004-55,0 фоиз ва соли 2016-60,8 фоиз), ки ташвишовар мебошад.

44. Ҳамин тариқ, насли ҷавонони 15-29-солае, ки ба шуғл фаро гирифта нашудаанд, 31,1 фоизро ташкил медиҳад ва ин гурӯҳ ҳамчун қишри осебпазири ҷомеа арзёбӣ мегардад ва баҳри ба шуғли муносиб фаро гирифтани онҳо андешидани тадбирҳои бетаъхир зарур аст.

45. Шумораи бекорон, тибқи омори расмӣ, дар соли 2020 49888 нафарро ташкил медиҳад, ки вазъи бекорӣ бештар ба ҷавонон таъсир мерасонад ва нигароникунанда он аст, ки ин вазъият дар солҳои 2017 - 2020 қариб бетағйир мондааст.

46. Мантиқан, агар насли ҷавон дар 20 соли охир солона 2,5 фоиз зиёд шуда бошад, пас бояд мутаносибан ҳиссаи нави ҷойҳои корӣ ва инфрасохтори шуғли ҷавонон тағйир ёбад.

47. Тибқи пешгӯиҳои Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2030 аҳолии ҷумҳурӣ ботадриҷ афзоиш ёфта, ба 11,5 миллион нафар хоҳад расид, ки афзоиши чашмдошти шумораи аҳолии синни қобили меҳнат барои суръат бахшидани рушди иқтисодӣ имконият фароҳам меоварад.

48. Тибқи нишондодҳои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 июли соли 2019, №367 "Дар бораи дурнамои нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020 - 2022" шумораи аҳолии доимии Тоҷикистон дар соли 2020 ба 9 миллиону 442,0 ҳазор нафар, соли 2021 ба 9 миллиону 660,0 ҳазор нафар ва дар соли 2022 ба 9 миллиону 882,0 ҳазор нафар мерасад.

49. Шумораи захираҳои меҳнатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020 ба 5 миллиону 635,3 ҳазор нафар, соли 2021 то ба 5 миллиону 742,3 ҳазор нафар ва дар соли 2022 бошад, то 5 миллиону 851,1 ҳазор нафар меафзояд, ки ин нишондод дар муқоиса ба соли 2018 давоми се соли оянда аз ҳисоби зиёдшавии табиии аҳолӣ шумораи захираҳои меҳнатии Тоҷикистон ба андозаи 7,8 фоиз афзоиш меёбад.

50. Дар давоми солҳои 2020 - 2022 афзоиши шумораи қувваи корӣ (аҳолии аз ҷиҳати иқтисодӣ фаъол) ба амал омада, мутаносибан то 2 миллиону 412,4 ва 2 миллиону 536,0 ҳазор нафар мерасад, ки суръати афзоиши ин нишондиҳанда дар муқоиса бо соли 2018 то 2,2 фоизро ташкил медиҳад.

51. Шахсоне, ки ҳамчун бекор ва ё бешуғл ба қайд гирифта шудаанд, ба гурӯҳи ҷавонони ниёзманд шомил мегарданд. Илова бар ин, дар байни онҳо ҷавонони ятим ва аз оилаҳои камбизоат кам нестанд, ки ба дастгирии моддӣ, маънавӣ ва рӯҳиву равонӣ эҳтиёҷманд ба ҳисоб мераванд.

52. Таҳлилҳо бозгӯи онанд, ки ҳиссаи ҷавонон дар пешрафти иқтисодиёти кишвар нисбат ба дигар қишри аҳолӣ бартарӣ дорад ва андешидани тадбирҳо дар ин масъала саривақтӣ ба ҳисоб меравад.

53. Таъмини мустақилияти иқтисодии ҷавонон, рушди фаъолияти соҳибкории ҷавонон яке аз воситаҳои асосии коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ, бешуғлӣ ва ба ин васила устувор намудани вазъи иқтисодиёти кишвар ба ҳисоб меравад.

54. Таҳлили оморӣ нишон медиҳад, ки аз 331336 субъектҳои хоҷагидорӣ зиёда аз 51000 онҳо соҳибкорони ҷавон мебошанд. Солҳои охир дастгирии давлатии ҷавонони соҳибкор тадриҷан афзоиш ёфта истодааст, бо ин мақсад танҳо дар панҷ соли охир аз ҷониби ташкилотҳои қарздиҳии кишвар ба соҳибкорони ҷавон беш аз 2 миллиард сомонӣ қарз дода шудааст.

55. Сатҳи маълумотнокӣ ва иқтидори зеҳнии ҷомеа, бахусус ҷавонон вобаста ба имкониятҳои рушди соҳибкорӣ, аз ҷумла, амалисозӣ ё истифодаи имтиёзҳо, истифодаи самараноки навовариҳои (технологияҳои) муосир, инчунин муқаррароти қонунгузорӣ суст арзёбӣ мегардад, чун ҳанӯз ҳам соҳибкорони ҷавон ба пуррагӣ аз имкониятҳои фароҳамгардида мақсаднок истифода бурда наметавонанд ё вобаста ба истифодаи онҳо маълумот надоранд.

56. Аз рӯи таҳлилҳо мушоҳида кардан мумкин аст, ки суръати рушди соҳибкорӣ дар давоми солҳои 2014-2019 тамоюли коҳишёбӣ дорад. Агар дар соли 2014 суръати рушди соҳибкорӣ 7,9 фоизро ташкил дода бошад, пас солҳои 2016 - 2017 5 фоиз ва соли 2019 3,4 фоизро ташкил додааст.

57. Динамикаи суръати рушди шумораи шахсони ҳуқуқӣ коҳишёбии нишондиҳандаи мазкурро нишон медиҳад. Шумораи шахсони ҳуқуқӣ аз 31925 адади соли 2014 ба 30930 адад дар соли 2019 расид, ки ин 3,1 фоиз кам мебошад.

58. Бояд қайд намуд, ки шахсони ҳуқуқӣ таъминкунандагони асосии ҷойҳои корӣ мебошанд. Барҳамхӯрии шахсони ҳуқуқӣ ба зиёд гардидани сатҳи бекорӣ дар кишвар оварда мерасонад.

59. Таҳлили вазъи соҳибкорӣ собит сохт, ки байни минтақаҳои ҷумҳурӣ, вилояти Суғд аз рӯи шумораи умумии субъектҳои хоҷагидор мавқеи аввалро ишғол намуда, дар вилоят 117071 адад соҳибкор фаъолият менамояд, ки ин 36 фоизи теъдоди умумии субъектҳои соҳибкории кишварро ташкил медиҳад. Дар мавқеи дуюм вилояти Хатлон меистад, ки дар онҷо шумораи субъектҳои соҳибкорӣ 102038 адад ва ё 32 фоиз аз ҳаҷми умумии соҳибкоронро ташкил медиҳад. Шумораи соҳибкорон дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ бошад 59729 адад ва ё 18 фоиз аз ҳаҷми умумӣ ва дар шаҳри Душанбе 42557 адад ва ё 13 фоизи шумораи умумии соҳибкоронро ташкил медиҳад. Дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон шумораи субъектҳои соҳибкорӣ 3570 адад ва ё 11,6 фоиз шумораи умумии соҳибкоронро ташкил медиҳад.

60. Бо мақсади ҳавасманд намудани ҷавонони соҳибкори оянда зиёд намудани роҳу воситаҳои муосири ҳавасмандгардонӣ, дастгирӣ ва омодасозии соҳибкорони ҷавони муваффақ дар шароити имрӯза мувофиқи мақсад мебошад.

61. Ҷоизи қайд, ки барои ноил гардидан ба ҳадафҳои стратегӣ дар ҷодаи рушди соҳибкорӣ, ин пеш аз ҳама истифода бурдани тамоми имкониятҳои дар дохили кишвар буда, ҷалби сармояи хориҷӣ муҳим мебошад.

62. Бо ин мақсад, зарурати рушд додани имкониятҳо тавассути ҷудо намудани грантҳо ва фармоиши иҷтимоии давлатӣ барои ташкили фаъолияти соҳибкорӣ ва хоҷагидории ҷавонон ба миён омадааст, ки он метавонад ба шуғлмандии ҷавонон тавассути рушди соҳибкории хурду миёна таҳаввулоти муассир ба вуқӯъ биёрад.

63. Низоми соҳаи кор бо ҷавонон дар қиёс ба талаботи ҷавонон ва ҷомеаи муосир ташаккул додани заминаи устувори рушдёбиро тақозо мекунад. Аз ҷумла, дар асоси муқаррароти Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ташкили имкониятҳои омодасозии мутахассисони касбӣ, дастгирии корҳои илмию тадқиқотии масъалаҳои татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон ва рушди захираҳои инфрасохторӣ хеле муҳим арзёбӣ мегардад.

64. Ба ҳолати 1 январи соли 2021 теъдоди хизматчиёни давлатӣ аз ҳисоби ҷавонони то 35-сола 9095 нафар (47,7 фоиз)-ро ташкил медиҳад, ки 1632 нафарашон дар зинаҳои роҳбарикунанда фаъолият менамоянд.

3. ҲАДАФ, ВАЗИФА ВА САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ БАРНОМА

65. Ҳадафи асосии Барнома ин фароҳам овардани шароиту имкониятҳои иҷтимоию иқтисодӣ, инфрасохторӣ вобаста ба амалигардонии самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии ҷавонон, дар рӯҳияи ҳифзи арзишҳои давлативу миллӣ ва зиракии сиёсӣ тарбия намудани ҷавонон ва таъмини иштироки онҳо дар раванди қабули қарор ва амалигардонии онҳо ба ҳисоб меравад.

66. Барои ноил шудан ба ҳадафҳои мазкур дар Барнома вазифаҳои зерин пешбинӣ карда мешаванд:

- доир намудани чорабиниҳои гуногуни маърифатӣ бо мақсади дар ҷавонон ташаккул додани тафаккури зарурӣ дар самти шинохти бештари манфиатҳои миллӣ ва ҳавасманд сохтани ҷавонони фаъол зимни доир кардани чорабиниҳо;

- баргузории чорабиниҳои гуногуни илмию амалӣ ҷиҳати ба ҷавонон фаҳмонидани хатари терроризму экстремизм, муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо;

- доир кардани чорабиниҳои иттилоотию маърифатӣ ва илмию амалӣ бо мақсади ба вуҷуд овардани ҳисси муқовимат бо коррупсия;

- андешидани чораҳои зарурӣ ҷиҳати дастгирии моддии ҷавонони осебпазир ва ба ҳамин васила пешгирӣ ва кам кардани сатҳи ҷинояткорӣ миёни ҷавонон;

- баргузории лагерҳои омӯзишӣ-фароғатӣ барои ноболиғон ва ҷавонони аз гурӯҳҳои осебпазир баҳри коҳиш додани ҷинояткорӣ ва пешгирии шиддати афзоишёбии сатҳи ҷинояткорӣ дар байни ин қишри ҷомеа;

- ташаккули заминаҳои моддию маънавӣ ҷиҳати баргузор намудани чорабиниҳои дахлдор дар самти баланд бардоштани одоби ахлоқи ҳамидаи ҷавонон;

- тарғиб ва рушди корҳои ихтиёрии ҷамъиятӣ (фаъолияти волонтёрӣ) бо роҳи андешидани чораҳои гуногуни ҳавасмандсозӣ ва маърифатию ҷамъиятӣ;

- ташкили семинару машваратҳо оид ба ташаккули ҷаҳонбинии ҳамаҷонибаи ҷавонон, ки ба арзишҳои давлатию миллӣ, шуури ҳуқуқӣ, тарзи хаёти солим ва тарбияи экологӣ асос ёфтааст;

- баргузор намудани чорабиниҳои гуногуни ҳавасмандсозӣ, фарҳангӣ, ахлоқӣ, худшиносӣ, фароғатӣ ва бадеӣ дар байни ҷавонон ва оилаҳои ҷавон вобаста ба ҳифзи арзишҳои миллӣ, бунёди оилаи солим, таъмини устувории оила;

- баргузор намудани барномаҳои консертии ҳунармандони ҷавони боистеъдод ва ба ин васила муаррифӣ намудани ҷавонони соҳибистеъдод ва санъати миллӣ ба ҷавонон;

- ташкил ва баргузор намудани хонишҳои сиёсӣ бо мақсади баланд бардоштани ҳисси эҳтироми ҷавонон ба фарҳанги миллӣ;

- ташкил ва баргузор намудани чорабиниҳои дахлдор бо мақсади таъмини иштироки ҷавонон дар идоракунии корҳои давлатӣ ва ҳавасмандсозии онҳо;

- мусоидат дар таъмин намудани фаъолияти маҳфилҳои ҷавонон бо маводи зарурии моддӣ ва техникӣ барои устувории фаъолияти онҳо дар самти иштироки ҷавонон дар ҳаёти сиёсӣ ва идоракунии давлатӣ;

- роҳандозӣ намудани хонишҳои сиёсӣ бо мақсади ба вуҷуд овардани фаҳмиши дуруст дар бораи ҳизбу ҳаракатҳои сиёсӣ ва гурӯҳҳои иртиҷоӣ;

- татбиқи фармоиши иҷтимоии давлатӣ тавассути дастгирии лоиҳаҳои ташкилотҳои ҷамъиятии ҷавонон, ҳавасмандсозии ташкилотҳои соҳаи кор бо ҷавонон, марказҳои ҷавонон ва ҷавонони ташаббускор дар доираи самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии ҷавонон ва ба ин васила боло бурдани нақши онҳо дар рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ;

- таъмин намудани лавозимоту таҷҳизот барои рушд ва устувории фаъолияти марказҳои ҷавонон ва бахшҳои кор бо ҷавонон ва варзиш;

- баргузор намудани курсҳои омӯзишӣ оид ба баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии ҳуқуқии ҷавонон дар шароити ҷомеаи муосир ва таъмин намудани онҳо бо маводи зарурӣ;

- дар шакли моддӣ ва маънавӣ дастгирӣ намудани ҷавонони ятим ва аз оилаҳои камбизоат бо мақсади ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии онҳо, инчунин татбиқи ҳуқуқи онҳо ба меҳнат;

- баргузории чорабиниҳои дахлдор байни ҷавонони душвортарбия, ҳавасмандсозии онҳо бо мақсади пешгирӣ ва роҳ надодан ба оворагардӣ ва ба ҳамин васила тарбия намудани рафтори ҳуқуқӣ дар онҳо;

- таблиғи донишҳои ҳуқуқӣ дар байни ҷавонон оид ба дарки ҳуқуқу озодиҳои конститутсионӣ;

- баргузории чорабиниҳои илмию амалӣ дар самти таҳкими ҳифзи саломатӣ ва таблиғи тарзи ҳаёти солим;

- дастгирии моддӣ ва техникии ҷавонон бо имкониятҳои маҳдуд бо мақсади ҳифзи саломатии онҳо;

- дар байни ҷавонон доир кардани чораҳои гуногуни маърифатӣ бо мақсади нигоҳдошти саломатӣ ва пешниҳоди маводи беҳдоштӣ ҷиҳати пешгирии бемориҳои сироятӣ;

- баргузор намудани семинарҳои машваратӣ-иттилоотӣ ва чораҳои дигари тарғиботӣ оид ба муҳиммияти таъмини ғизои солим барои рушди кӯдак аз ҷониби модарони ҷавон дар 1000 рӯзи аввали ҳаёти кӯдак;

- ташкили чорабиниҳои дахлдор ҷиҳати ҷалби шахсони душвортарбия ва оворагард ба донишомӯзӣ ва ба ҳамин васила ҳавасмандсозии онҳо;

- амалӣ сохтани ҷоизаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи кор бо ҷавонон барои муҳаққиқони ҷавон дар самти адабиёт, рӯзноманигорӣ, санъат, меъморӣ, техника, технология, инноватсия барномасозӣ ва равияҳои дақиқ;

- баргузор намудани давраҳои омӯзишӣ ва дигар чорабиниҳои сатҳи баланди байналмилалӣ дар кишвар ва ба ин васила мусоидат ва дастгирӣ намудани маҳфилҳои илмию амалӣ ва маърифатӣ бо мақсади ҷалби ҷавонони хориҷ дар чорабиниҳо ва ба ин васила муаррифӣ намудани дастоварду имкониятҳои кишвар;

- ташкил ва баргузории чорабиниҳои дахлдор миёни ҷавонони ихтироъкору эҷодкор бо мақсади ҳавасмандсозии онҳо ва ҷалби ҷавонон ба ихтироъкорӣ;

- фароҳам овардани имконият ҷиҳати ба шуғлнокии самарабахш фаро гирифтани ҷавонон ва таъмин намудани онҳо бо маводи техникӣ;

- дастгирии моддию техникии ҷавонон, бахусус ҷавонон аз оилаҳои камбизоат, маъюб ва дигари ниёзманд барои беҳтар кардани шароити кору таҳсил ва зист;

- баргузории хонишҳои сиёсӣ бо мақсади ба дарки ҷавонон расонидани муҳиммияти машғул шудан ба корҳои хонагӣ, ҳунармандӣ, хоҷагидорӣ ва соҳибкорӣ;

- ташкили шароити зарурӣ ҷиҳати рушди ҳунарҳои мардумӣ байни ҷавонон бо мақсади ба шуғли пурмаҳсул ва ҷойи кори муносиб таъмин гардидани ҷавонон;

- ташкили курсҳои омӯзишӣ бо мақсади омода намудани ҷавонон ба шуғли пурмаҳсул ва ҷойи кори муносиб;

- ташкил ва баргузор намудани семинарҳои омӯзишӣ оид ба баланд бардоштани сатҳи маърифати иқтисодии ҷавонон, таҳияи нақшаи тиҷоратӣ ва дастгирӣ намудани онҳо барои кушодани тиҷорат ва ба ин васила ҳавасманд гардонидани ҷавон ба фаъолияти соҳибкорӣ, рушди хоҷагидорӣ дар байни ҷавонон;

- баргузор намудани озмунҳо барои дарёфти лоиҳаҳои инноватсионии соҳибкории истеҳсолӣ, хоҷагидорӣ, хизматрасонӣ ва дастгирӣ намудани онҳо ба таври мустақим ва ғайримустақим;

- дастгирӣ ҷиҳати интишори маводи илмӣ, методӣ ва амалӣ дар самти татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон;

- ташкил ва баргузор намудани курсҳои махсус бо мақсади омодасозии мутахассисони ҷавон ба вазифаҳои роҳбарикунанда;

- анҷом додани мониторинги сифати татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон, аз ҷумла ташкили курсҳои омӯзишӣ, ки бо таҳия ва татбиқи лоиҳаҳо дар доираи барнома алоқаманд мебошанд;

- ташкили чорабиниҳо ва дастгирии ҷавондухтарони ноҳияҳои осебпазир ҷиҳати ҷалби онҳо ба зинаҳои таҳсил ва тавассути ин омода сохтани онҳо ба вазифаҳои роҳбарикунанда;

- дастгирии сафарҳои хориҷии мутахассисони соҳаи кор бо ҷавонон баҳри баланд бардоштани ҷаҳонбинии онҳо ва такмили ихтисосашон дар доираи ҳамкориҳо дар соҳаи кор бо ҷавонон.

67. Самтҳои афзалиятноки Барнома инҳоянд:

- ташаккули мафкураи миллӣ бо роҳи тарбия намудани ҷавонон дар самти шинохти бештари манфиатҳои миллӣ ва дар онҳо тарбия намудани ҳисси оштинопазир ба терроризму экстремизм, коррупсия, муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо ва дигар намудҳои ҷинояткорӣ;

- ташаккули арзишҳои ахлоқии ҷавонон, фаъол намудани онҳо дар самти анҷом додани корҳои ихтиёрии ҷамъиятӣ (фаъолияти волонтёрӣ) ва баланд бардоштани ҳисси эҳтироми ҷавонон ба фарҳанги миллӣ;

- таъмини иштироки ҷавонон дар ҳаёти сиёсию иҷтимоии ҷомеа ва идоракунии давлатӣ, бо роҳи дастгирии фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятии онҳо;

- таъмини ҳифзи ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои қонунии ҷавонон;

- амалигардонии чорабиниҳо доир ба ҳифзи саломатӣ ва тарзи ҳаёти солими ҷавонон;

- фароҳам овардани шароит ҷиҳати гирифтани таҳсилоти сифатнок барои ҷавонон ва таъмини рушди қобилияти ихтироъкорию эҷодкории онҳо;

- дастгирии иҷтимоии ҷавонон, таъмини фарогирии онҳо ба шуғли пурмаҳсул ва ҷойи кори муносиб;

- таъмини мустақилияти иқтисодии ҷавонон, рушди фаъолияти соҳибкории ҷавонон, ҷалби онҳо ба кишоварзӣ ва ҳунармандӣ;

- омодасозӣ ва дастгирии мутахассисони ҷавон ҷиҳати пешниҳод намудани онҳо ба вазифаҳои роҳбарикунанда.

4. МЕХАНИЗМИ АМАЛИШАВӢ ВА МАБЛАҒГУЗОРИИ БАРНОМА

68. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи кор бо ҷавонон ташкил, ҳамоҳангсозӣ, арзёбӣ ва назорати корҳоро оид ба иҷрои Барнома амалӣ менамояд. Бо тартиби муқарраргардида ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иҷрои Барнома бо дар назар доштани вазъи иҷтимоию иқтисодии мавҷуда пешниҳод манзур намуда, назорати истифодаи мақсадноки маблағҳоро таъмин менамояд.

69. Идора намудани ҷараёни амалисозии Барнома аз ҷониби Комиссия оид ба танзим ва ҳамоҳангсозии Барнома, ки онро Ҳайати мушовараи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи кор бо ҷавонон тибқи тартиби муқарраргардида таъсис медиҳад, сурат мегирад.

70. Ҳамоҳангсозӣ ва маблағгузории Барнома бевосита дар сатҳи вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар доираи имкониятҳои воқеӣ ба роҳ монда мешавад. Амалисозии Барнома дар сатҳи маҳалҳо бояд бо дар назар доштани ҳадаф, вазифа ва самтҳои афзалиятнок ва Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Барнома мутобиқи шароити маҳал бо пешбинӣ намудани маблағгузории чорабиниҳои Барнома таъмин карда шавад (Нақшаи маблағгузории чорабиниҳои Барнома замима мегардад).

71. Ҳаҷми умумии маблағгузории Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026, 18 миллиону 663 ҳазор сомонӣ, аз он 16 миллиону 435 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ва 2 миллиону 228 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби дигар манбаъҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, ташкил медиҳад.

5. МОНИТОРИНГ ВА АРЗЁБИИ БАРНОМА

72. Мониторинг ва арзёбӣ бо мақсади таъмини раванди мустақил ва шаффофи амалисозии самараноки чорабиниҳо ҷиҳати ноил гардидан ба ҳадафҳои Барнома амалӣ мегардад.

73. Мониторинг ва арзёбии Барнома таҳти роҳбарӣ ва ҳамоҳангсозии мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи кор бо ҷавонон амалӣ мегардад.

Замима

ба Барномаи миллии

рушди иҷтимоии ҷавонон дар

Ҷумҳурии Тоҷикистон

барои солҳои 2022-2026 

Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026

Замима

Замимаи 2