Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 30 декабри соли 2021, №545
тасдиқ шудааст
Тартиби ба занҳо расонидани кумаки тиббӣ дар давраи ҳомиладорӣ, ҳангоми таваллуд ва баъди таваллуд дар ташкилотҳои низоми давлатии тандурустӣ
1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
1. Тартиби ба занҳо расонидани кумаки тиббӣ дар давраи ҳомиладорӣ, ҳангоми таваллуд ва баъди таваллуд дар ташкилотҳои низоми давлатии тандурустӣ (минбаъд - Тартиб) бо мақсади таъмини кумаки тиббӣ ба ҳар як зан ҳангоми ҳомиладорӣ, таваллуд ва баъди таваллуд дар муассисаҳои давлатии соҳаи тандурустӣ таҳия карда шудааст.
2. Кумаки тиббӣ ба занҳо дар давраи ҳомиладорӣ, ҳангоми таваллуд ва баъди таваллуд дар муассисаҳои тиббӣ, ки ба талаботи муқарраргардида мувофиқат мекунанд, расонида мешавад.
3. Кумаки тиббӣ бо риояи принсипҳои асосии зерин расонида мешавад:
- таъмини дастрасии умумӣ ва баробарҳуқуқӣ ба хизматрасонии тиббии босифат;
- ташаккули таҷрибаи мусбии ҳомиладорӣ ва таваллуд;
- интихоби иттилоотонидашудаи кумаки тиббӣ ба хизматгирандагон;
- рушди малака ва иқтидори занон, оилаҳо ва ҷомеа.
2. ТАЪМИНИ КУМАКИ ТИББӢ ДАР ДАВРАИ ҲОМИЛАДОРӢ
4. Дар давраи ҳомиладорӣ кумаки тиббӣ дар муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарӣ, таваллудхонаҳо, шуъбаҳои таваллуд ва ҳангоми ҷой доштани бемориҳои ба низоми репродуктивӣ алоқаманднабуда дар ташкилотҳои тандурустии махсусгардонидашуда расонида мешавад.
5. Кумаки тиббӣ дар давраи ҳомиладорӣ дар муассисаҳои тиббии зерин расонида мешавад:
- бунгоҳҳои саломатӣ, марказҳои саломатии деҳот, шаҳр ва ноҳия, шуъбаҳои машваратии марказҳои перинаталӣ;
- ҳангоми рух додани оризаҳо бистарикунонӣ дар муассисаҳои таваллудии сатҳҳои дуюм ва сеюм ё муассисаҳои тиббии махсусгардонидашудаи муолиҷавӣ, сироятӣ, кардиологӣ, ҷарроҳӣ ё дигари касбии муқаррарнамудаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад.
6. Бо ҳамаи ҳомиладорон то таваллуд чорабиниҳои зерин гузаронида мешаванд:
- машваратдиҳӣ аз рӯи аломатҳои хатарнок ҳангоми ҳомиладорӣ, пешгирии ҳамл, тарзи ҳаёти солим, ғизо, омодабошӣ ба таваллуд, синамаконӣ;
- дарёфти нуқсонҳои модарзодии инкишофи ҷанин;
- пешгирӣ, ташхис ва табобати оризаҳо ва бемориҳои акушерӣ.
7. Маълумот дар бораи ҳомиладорӣ дар картаи инфиродии ҳомиладор ва таваллудкунанда (шакли 029) ва варақаи мубодилавӣ (шакли 087) қайд карда мешавад.
8. Агар зани ҳомила макони зисташро иваз намояд, корманди тиббие, ки ӯро пеш аз таваллуд назорат кардааст, уҳдадор аст:
- маълумотро оид ба ҳомиладор ба ҷойи нави истиқоматиаш пешниҳод кунад, варақаи мубодилавӣ (шакли 087)-ро ба ӯ дастрас кунад, ба зани ҳомилаи гурӯҳи хатари баланддошта иқтибоси муфассалро бо қайди нишондодҳои ташхису табобат диҳад;
- дар давоми 3 рӯз телефонограммаро ба муассисаи кумаки аввалияи тиббию санитарии ҷои зисти нав равона намояд. Ҳангоми набудани имконияти мазкур, маълумотро ба марказҳои солимии репродуктивии ноҳия (шаҳр)-и дахлдор пешниҳод намояд;
- дар телефонограмма насаб, ном, номи падар, суроғаи эҳтимолии ҷойи истиқоматие, ки зани ҳомила меравад, ташхиси акушерӣ ва соматикиро қайд намояд.
9. Корманди тиббии ҷойи истиқомати нави зани ҳомила уҳдадор аст, ки дар рӯзи аввали омадани зани ҳомила ё рӯзи баъд ба ӯ занг занад ва ба қабул даъват намояд ё патронажи фаъол гузаронад.
10. Масъулият барои муоина ва чораҳои табобатию пешгирӣ ба уҳдаи кормандони тиббие аст, ки зани ҳомила аз он ҷо дар давраи истиқомат аз рӯи минтақаи ба онҳо вогузоршуда рафтааст ва маконе, ки ба он ҷой омадааст.
11. Корманди тиббии муассисаи кумаки аввалияи тиббию санитарӣ уҳдадор аст, ки бармаҳал ба қайди диспансерӣ гирифтани зани ҳомиларо таъмин намояд.
12. Бармаҳал ба қайд гирифтан ин тамоси аввалин бо зани ҳомила мебошад, ки дар муҳлати то 12 ҳафтаи ҳомиладорӣ анҷом ёфта, ҳангоми худмуроҷиат рух медиҳад ё дар вақти гардиши ҳавлигӣ муайян мегардад.
13. Барои беҳтар намудани сифати кумаки тиббӣ дар давраи ҳомиладорӣ ва баланд бардоштани нишондоди бармаҳал бақайдгирии занҳои ҳомила ба кормандони тиббии кумаки аввалияи тиббию санитарӣ (табиби оилавӣ, ҳамшираи оилавӣ, момодоя, акушер-гинеколог) зарур аст:
- ҳамаи занҳоеро, ки нақшаи ҳомила шуданро доранд, дар шиносномаи минтақа сабт намоянд, бо онҳо оид ба омадогӣ ба ҳомиладорӣ ва муроҷиати бармаҳал ҳангоми ҳомилагӣ машварат гузаронанд;
- табиби оилавӣ то ҳомиладоршавии банақшагирифташуда муоинаи пурраи ҳолати соматикӣ ва солимии гинекологии ҳамаи занҳоеро, ки ба гурӯҳи хавфи баланди оризаҳои ҳомилагӣ ва таваллуд дохил мешаванд (бисёртаваллудкарда, таваллудҳои зуд-зуд (фосилаи байни таваллуд камтар аз 2 сол), дар собиқа доштани ҷарроҳии буриши қайсарӣ, преэклампсия ва эклампсия, хунравӣ, гирифтор будан ба бемориҳои музмини системавӣ) мегузаронанд;
- фаъолона дарёфт намудани занони ҳомиларо ба самтҳои дигари фаъолияти кормандони тиббии муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарӣ ҳамоҳанг намоянд, аз ҷумла ҳангоми гузаронидани гардиши ҳавлигӣ оид ба эмкунии кӯдакон ва ғайра;
- дар муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарӣ ҷадвали гузаронидани патронажи фаъолро тартиб диҳанд ва иҷро намоянд;
- ҷиҳати ҳатман муроҷиат намудани зани ҳомила ба муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарӣ машварат гузаронанд ва роҳхат диҳанд;
- оид ба зани ҳомила ба муассисаи тиббии профилактикӣ аз рӯйи ҷойи зист барои ба қайд гирифтан ба тариқи хаттӣ ё ба воситаи телефон маълумот пешниҳод намоянд. Дар сурати мавҷуд набудани имконияти пешниҳоди маълумот ба ҷойи зист барои ба қайд гирифтан, дар муҳлати се рӯз ба марказҳои солимии репродуктивии ноҳия (шаҳр) маълумот пешниҳод намоянд;
- ба зани ҳомила оид ба натиҷаҳои муоина ва тавсияҳо бо қайд кардани вазифа, гузоштани имзо ва муҳр маълумоти хаттӣ диҳанд;
- ҳангоми ҷой доштани нишондодҳои таъҷилӣ барои бистаришавӣ, роҳхат диҳанд ва бистарикунониро дар сатҳи лозима бо нақлиёти санитарӣ таъмин намоянд. Ҳангоми зарурат ёрии фаврии акушерӣ расонанд.
14. Вазифаҳои кормандони тиббие, ки ёрии тиббиро дар давраи ҳомиладорӣ таъмин менамоянд:
- омӯзонидан, додани маълумот ва дастгирӣ намудани падару модари оянда;
- ба маълумоти зани ҳомила расонидани зарурати гузаронидани чораҳои пешгирикунанда дар вақти ҳомиладорӣ;
- назорати пурраи ҳамаи давраҳои ҳомиладорӣ барои сари вақт ошкор намудани аворизҳо;
- расонидани кумаки фаврии акушерӣ ва интиқол намудан ба сатҳи мувофиқ дар мавриди пайдоиши аворизҳо, ба монанди хунравӣ, пре/эклампсия, садама, сепсис;
- ҳал карда тавонистани масъалаҳое, ки дар давраи ҳомиладорӣ ба вуҷуд меоянд.
15. Аз ҷониби машваратчӣ акушер-гинеколог ҳолатҳо ва бемориҳои зерин назорат карда мешаванд:
- синну соли 18 ё ҷавонтар ва 35 ё боло аз он;
- индекси вазни бадан 18,5 кг/м2 ва камтар аз он, ё 25 кг/м2 ва зиёдтар аз он ҳангоми ташрифи аввал;
- занҳои бисёртаваллудкарда (дар собиқа 4 ва зиёда аз он ҳомиладорӣ);
- аз даст додани тифл: ҳомилагии инкишофнаёбанда, исқоти ҳамли маъмулӣ (2 ва зиёда исқоти ҳамли беихтиёрона дар муҳлати ҳомилагии зиёда аз 12 ҳафта);
- мурдатаваллуд;
- ҳомиладории пеш аз муҳлат;
- мавҷудияти хадша дар бачадон баъд аз буриши қайсарии гузаронидашуда ё ҷарроҳиҳои гинекологӣ: миомэктомия, дӯхтани сӯрохиҳои перфоратсионӣ ва ғайраҳо;
- изоиммунизатсия аз рӯи системаи АВО ё резус;
- хунравиҳои акушерӣ, преэклампсия дар собиқа;
- аворизҳо ё ҳолатҳои патологие, ки дар ҷараёни ҳомилагии ҳозира ба амал омадаанд;
- ҳомилагии бисёрҷанина;
- хунравӣ;
- бисёробӣ ё камобӣ;
- аворизҳои гипертензивӣ;
- пешомади машима;
- нодуруст ҷойгиршавии тифл дар 36 ҳафта ва зиёда аз он;
- патологияи тифл:
- нуқсонҳои модарзодии тифл;
- аритмияи дили тифл;
- боздошти инкишофи тифл (вазни кам аз 10 персинтил бо гравидограмма) ё тифли калон.
16. Ҳангоми равиши физиологии ҳомиладорӣ 8 ташрифи тотаваллудӣ анҷом дода мешавад:
- иртиботи якум то 12 ҳафта, дуюм дар 18-20 ҳафта, сеюм дар 26 ҳафта, чорум дар 30 ҳафта, панҷум дар 34 ҳафта, шашум дар 36 ҳафта, ҳафтум дар 38 ҳафта ва ҳаштум дар 40 ҳафтаи ҳомилагӣ;
- агар таваллуд дар 40 ҳафтаи ҳомилагӣ ба амал наояд, патронажи фаъол лозим аст ва зан бояд ба таваллудхона равона карда шавад;
- ҳангоми набудани шароити зани ҳомила барои ташриф ба муассисаи кумаки аввалияи тиббию санитарӣ, ташрифҳои 3, 5, 7-ро дар хона ба амал овардан мумкин аст (патронажи фаъол);
- ҳангоми ҳомиладории аворизнок ва/ё мавҷудияти бемориҳои музмин (дар боло қайдшуда) шумораи ташрифҳо на камтар аз 8 маротиба ҷамъи ташрифҳои иловагӣ ё патронажи фаъол ҳангоми зарурат.
17. Кумаки машваратӣ ба занҳои ҳомила бо оризаи вазнини акушерӣ аз тарафи шуъбаи машваратии Муассисаи давлатии "Пажӯҳишгоҳи акушерӣ, гинекологӣ ва перинатологии Тоҷикистон", марказҳои перинаталӣ, марказҳои миллӣ ва минтақавии солимии репродуктивӣ, кафедраҳои акушерию гинекологии донишгоҳҳои тиббӣ ва Муассисаи давлатии "Маркази ҷумҳуриявии тиббию генетикӣ" расонида мешавад.
18. Кумаки машваратӣ ба занҳои ҳомилаи дорои оризаҳои ғайригениталӣ аз рӯи соҳаи бемории асосӣ аз тарафи шуъбаҳои машваратии Пажӯҳишгоҳи илмию тадқиқотӣ, марказҳои илмӣ ва кафедраҳои донишгоҳҳои тиббӣ расонида мешавад.
19. Назорати занҳои ҳомилаи хатари пастдоштаро бо равиши физиологии ҳомиладорӣ, табиби оилавӣ ё момодоя вобаста ба сатҳи муассиса амалӣ мегардонад:
1) бунгоҳи саломатӣ:
- момодоя ба қайд мегирад, собиқа ҷамъ менамояд, ҳомиладоронро муоина мекунад, барои усулҳои муоинаи иловагӣ роҳхат медиҳад, худи ҳамон рӯз ба машваратчӣ ё сарпарастакушер-гинеколог маълумот медиҳад;
- зани ҳомила бояд аз ҷониби машваратчӣ ё сарпарастакушер- гинеколог ҳарчи зудтар муоина карда шавад, аммо на дертар аз муҳлати ташрифи 2-юм ҳангоми набудани нишондодҳо барои муоинаи таъҷилӣ;
- дар мавриди мавҷудияти ҳолатҳои қайдкардашуда момодоя ё табиби оилавӣ уҳдадор аст, ки муоинаи машваратчӣакушер-гинекологро дар давоми 3 рӯз ташкил намояд;
2) маркази саломатии деҳотӣ:
- табиби оилавӣ ба қайд мегирад, муоинаи пурра мегузаронад ва муоинаи машваратчӣ ё сарпараст - акушер-гинекологро ҳарчи зудтар, аммо на дертар аз муҳлати ташрифи 2-юм ташкил менамояд;
- дар мавриди мавҷудияти ҳолатҳои дар банди 15 қайд кардашуда табиби оилавӣ муоинаи машваратчӣакушер-генекологро дар давоми 3 рӯз ташкил менамояд;
3) маркази саломатии шаҳрӣ ё ноҳиявӣ;
- табиби оилавӣ ба қайд мегирад, муоинаи машваратчӣ ё сарпараст- акушер-гинекологро дар ҳамон рӯз, ё ҳарчи зудтар, аммо на дертар аз муҳлати ташрифи 2-юм ташкил менамояд;
4) дар мавриди ошкор кардани зани ҳомила ҳангоми гардиши ҳавлигӣ корманди тиббии муассисаи кумаки аввалияи тиббию санитарӣ уҳдадор аст:
- пурсиш ва муоина гузаронад;
- ҳангоми набудани оризаҳо барои муоинаҳои лозима роҳхат додан ва ба қабули якҷояи табиби оилавӣ, барои муоина машваратчӣ акушер-гинекологро даъват намояд;
- ҳангоми мавҷудияти (ҷой доштани) оризаҳо ё омилҳои хатар ҳарчи зудтар ба қабул барои машварати табиб акушер-гинеколог ва мутахассисони дигарро даъват кунад ё ҳангоми зарурат бистарикунониро ташкил намояд.
3. ТАЪМИНИ КУМАКИ ТИББӢ ҲАНГОМИ ТАВАЛЛУД
20. Кумаки тиббӣ ба занон ҳангоми таваллуд дар се сатҳи статсионарӣ-акушерӣ, ки хизматҳои заминавӣ, тахассуснок, махсусгардонидашудаи акушерӣ ва неонатологиро мерасонанд, таъмин карда мешавад:
- сатҳи якум - кумаки акушерии заминавӣ ҳангоми таваллуди физиологӣ;
- сатҳи дуюм - кумаки акушерии тахассуснок, аз ҷумла гузаронидани ҷарроҳии буриши қайсарӣ ва хунгузаронӣ, кумак ба навзодони норасид, ки дар муҳлати ҳомиладории 34-ҳафтаина ва зиёда аз он ё бо вазни 1500 грамм ва зиёд таваллуд шудаанд;
- сатҳи сеюм - кумаки махсусгардонидашудаи акушерӣ, инчунин нигоҳубини навзодоне, ки дар муҳлати ҳомиладории 28-34 ҳафта ё бо вазни аз 900 то 1500 грамм таваллуд шудаанд.
21. Сатҳи якуми кумаки беморхонавӣ ҳангоми таваллуд дар беморхонаҳои минтақавии деҳот/беморхонаҳои рақамӣ, марказҳои саломатӣ бо таъмини шабонарӯзии навбатдории момодояҳо, бо имконияти даъвати саривақтии табиби акушер-гинеколог ва интиқолдиҳии саривақтӣ ҳангоми рух додани оризаҳо дар модар ва кӯдак ташкил карда мешавад.
22. Нишондод барои бистарикунонӣ ва фиристодани занони ҳомила, зоянда, навзоида ва кӯдакони навзод ба таваллудхонаи сатҳи якум:
- занони зояндаи хавфи камтарини таваллуддошта дар муҳлати ҳомиладории 37-41 ҳафта;
- занони навзоидаи ҳолати қаноатбахшдошта пас аз таваллуди хонагӣ ва навзодони онҳо бо вазни 2500 грамм ва аз он зиёд дар давраи бармаҳали неонаталӣ.
23. Кумаки тиббии сатҳи якум аз инҳо иборат аст:
- қабули таваллудҳои физиологии занони солим ҳангоми таваллудҳои дуюм ва сеюм ҳангоми ҳомиладории расида;
- расонидани кумаки фаврии акушерӣ ва неонатологӣ.
24. Мақсад ва вазифаҳо ҳангоми таваллуд дар сатҳи дуюм;
1) мақсади асосӣ:
- дастрас будани кумаки акушерии сифатнок, аз ҷумла вакуум-экстраксияи ҷанин ва муоинаи дастии бачадон;
- кумаки неонаталӣ;
- эмгузаронии модарон ва навзодони онҳо;
2) вазифаҳои асосӣ:
- пешниҳод намудани кумаки тиббӣ ба занони зоянда, бо хавфи камтарин дар вақти таваллудҳои физиологии саривақтӣ;
- нигоҳубини навзодони вазнашон 2500 грамм ва аз он зиёд дар давраи бармаҳали неонаталӣ;
- гузаронидани эҳёгарии аввалияи навзодон дар мавриди зарурӣ;
- аз рӯи нишондод ташкил намудани интиқоли занони ҳомила, зоянда ва баъди таввалуд бо навзодашон ба сатҳҳои дуюм ва сеюм;
- дар асоси санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва стандарту протоколҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил намудани реҷаи зиддиэпидемикӣ ва кумаки сифатноки табобатию ташхисӣ;
- ҷорӣ намудани технологияҳои самарабахши перинаталӣ, коркард ва воридсозии протоколҳои маҳаллии пешгирӣ, ташхис ва табобат, ки ба паст намудани фавти модарон, фавтияти неонаталӣ ва маъюбшавии кӯдакон аз давраи хурдӣ равона карда шудааст;
- ташвиқу тарғиби самаранок ва машваратдиҳӣ оид ба синамаконӣ, танзими оила, аломатҳои хатарнок;
- гузаронидани чорабиниҳои пешгирикунанда, санитарию маърифатӣ дар байни аҳолӣ;
- гузаронидани баҳодиҳӣ оид ба қаноатмандии оила дар хусуси сифати кумаки акушерӣ ва неонаталӣ.
25. Ҷавобшавии модар дар ҳолатҳои зерин анҷом дода мешавад:
- ҳолати қаноатбахш;
- набудани аломатҳои камхунии вазнини миёна ва вазнин;
- нишондиҳандаҳои асосӣ дар ҳудуди физиологӣ;
- бачадони маҳкам;
- синамаконии мунтазам.
26. Пеш аз ҷавобшавӣ машваратдиҳӣ гузаронида мешавад ва маълумоту тавсияҳои зерин дода мешавад:
- усулҳои контрасепсияи баъдитаваллудӣ;
- синамаконӣ;
- гигиенаи зани зоида ва навзод;
- ғизои модар;
- телефони алоқавӣ дар мавриди зарур будани кумаки фаврӣ ва кумак ҳангоми синамаконӣ.
27. Нишондодҳо барои интиқоли фаврӣ ба сатҳҳои дуюм ё сеюм:
1) аз тарафи зани ҳомиладор - аворизҳои ҳомилагӣ (аворизҳои гипертензионӣ, хунравӣ, эҳтимолияти валодати обструксионӣ, бисёртифлӣ, бисёробӣ, камобӣ, хадша дар бачадон ва ғайра ):
- эҳтимолияте, ки таваллуд дар муҳлати пеш аз 37 ҳафта шӯруъ мешавад;
- пешбинии аворизҳо дар давраи таваллуд ва баъд аз он ҳам аз тарафи зан, ҳам аз тарафи тифл (нуқсонҳи гуногун);
- нахустзоянда ё паритет аз 4 боло;
- бемориҳои сироятии ва экстрагениталӣ;
2) аз тарафи навзод:
- вазнаш аз 2500 грами камтар ё аз 4000 грами зиёд мебошад;
- иштибоҳи момодояҳо дар давраи муайян кардани муҳлати гестатсионӣ ва ҳангоми таваллуд ошкор шудани муҳлати кам аз 35 ҳафта;
- ошкор шудани нуқсонҳо дар тифли расида баъд аз таваллуд (гастрошизис, нуқсонҳои дил, гидротсефалия ва ғайра);
- бемориҳои сироятии дохилибатнии навзодон ва уфунати навзодон.
28. Таваллудхонаи сатҳи дуюм муассисаи кумаки таваллудие мебошад, ки ба занон кумаки тахассусии акушерӣ ва неонаталӣ, аз ҷумла пешбурди таваллудҳои оризанок, буриши қайсар ва кумаки неонатологиро ба навзодони вазнашон 2000 грамм ва аз он зиёд, кумаки ташхисию табобатӣ ва барқарорсозии гинекологӣ мерасонад.
29. Вазифаҳои асосии таваллудхонаи сатҳи дуюм:
- расонидани кумаки машваратию ташхисӣ, табобатӣ ва барқарорсозӣ ба занони ҳомила, зоянда, навзоида ва навзодони хавфи баланддошта, инчунин ба занони системаи репродуктивиашон ноҷӯриҳои органикӣ ва функсионалидошта бо истифода аз технологияи муосири пешгирикунанда ва табобатию ташхисӣ;
- ҳамоҳангсозӣ ва "ба худ" равона намудани занони ҳомила, зоянда, навзоида ва навзодони хавфи баланддошта аз муассисаи сатҳи якум ва хона ё бозфиристии онҳо ба муассисаи сатҳи сеюм, ки ба кумаки эҳёгарӣ ва шиддатнок ниёз доранд;
- гузаронидани корҳои ташкилӣ-дастурӣ дар муассисаҳои минтақавии кумаки таваллудӣ ва кӯдакона, таҳия намудани тавсияҳо оид ба мукаммалсозӣ ва рушди хадамоти кумаки таваллудӣ ва кӯдакона;
- ташкил ва гузаронидани мониторинги фаъолият ва баҳодиҳии сифати кумак ба модар ва кӯдак дар муассисаҳои минтақавии модаршавӣ ва кӯдакона.
30. Кумаки тиббии сатҳи дуюм аз инҳо иборат аст:
- таваллуд бо роҳи ҷарроҳӣ, аз ҷумла буриши қайсарӣ;
- гузаронидани ҷузъҳои хун;
- пешбурди таваллуди патологӣ;
- нигоҳубини навзодоне, ки бо вазни 1500 грамм ва зиёда аз он ё дар муҳлати ҳомиладории 34 ҳафта ё аз ин зиёд таваллуд шудаанд;
- кумаки табобатӣ-ташхисӣ ва барқарорсозӣ ба занони дорои бемориҳои гинекологӣ;
- машваратдиҳӣ оид ба тарзи ҳаёти солим, гигиена, синамаконӣ, контрасепсия, аломатҳои хатарнок барои модар ва кӯдак;
- кумаки акушерӣ ба заноне, ки аз муассисаҳои сатҳи якум интиқол карда шудаанд;
- расонидани хизматҳои контрасептивӣ, аз ҷумла безурёткунии ихтиёрӣ бо усули ҷарроҳӣ;
- ба муассисаҳои сатҳи сеюм равонасозии занони дорои оризаҳои акушерӣ дар муҳлати ҳомиладории 28-34 ҳафта ва навзодони норасидае, ки дар муҳлати ҳомиладории аз 34 ҳафта кам ё бо вазни аз 1500 грамм кам таваллуд шудаанд. Ҳангоми мавҷудияти хатар ба ҳаёт ё саломатӣ ҳангоми азнавравонасозии модар ва навзод кумак дар муассисаҳои сатҳи дуюм расонида шуда, ҳангоми зарурат машваратчӣ аз муассисаҳои сатҳи сеюм даъват карда мешавад;
- кумакҳои тиббии сатҳи якум.
31. Дар сатҳи сеюм кумакҳои тиббии зерин расонида мешавад:
- кумаки акушерӣ ба ҳомиладорон, таваллудкунандагон, навтаваллудкардагон ҳангоми мавҷудияти хатари баланди беморӣ ва фавти модарӣ;
- таваллуди патологӣ дар муҳлати ҳомиладории 24-34 ҳафта;
- таваллудкунии ҳомиладорон бо бемориҳои экстрагениталӣ, новобаста аз муҳлати ҳомиладорӣ;
- нуқсҳои тарбодӣ, модарзодӣ ва ҷарроҳишуда, новобаста аз дараҷаи норасоии гардиши хун, пролапси сарпӯши митралӣ бо ноҷӯриҳои гемодинамикӣ, аритмияҳо, миокардитҳо, кардиомиопатияҳо, синдроми зиддифосфолипидӣ, бемориҳои системавии бофтаҳои пайвасткунанда;
- тромбоз, тромбоэмболия ва тромбофлебит дар анамнез ва дар вақти ҳомиладории мазкур, малформатсияи рагӣ, аневризмаи рагҳо;
- бемориҳои узвҳои нафас, ки бо пайдоиши норасогии шуш ё дилу шуш, пневмония, бронхит анҷом меёбад;
- беморӣ ва нуқсҳои (аномалия) инкишофи роҳҳои пешоббарор, ҳомиладорӣ пас аз нефрэктомия;
- диабети қанди дараҷаи ҷубронкуниаш дилхоҳ, бемориҳои ғадуди сипаршакл бо аломатҳои клиникии гипо- ё гиперфунксия, норасогии музмини ғадудҳои болои гурда;
- бемориҳои ҷигар (гепатити токсикӣ, гепатити шадид ва музмин, сиррози ҷигар);
- миопияи дараҷаи баланд бо тағйирот дар қаъри чашм, ҷудошавии шабакия дар анамнез, глаукома;
- камхунии гемолитикӣ ва апластикӣ, гемобластозҳо, тромбоситопения, бемории Виллебранд, нуқсҳои модарзодии системаи лахташавии хун;
- эпилепсия, парешонхотирӣ, миастения. Осебҳои гузаронидашудаи косахонаи сар - мағзи сар дар собиқаи ҳаёт (анамнез);
- бемориҳои бадзот дар анамнез ё новобаста аз ҷойгиршавӣ (локализатсия) дар вақти ҳомиладории мазкур муайянгардида;
- нигоҳубини навзодоне, ки дар муҳлати ҳомиладории аз 34 ҳафта кам ё бо вазни 2000 грамм ва аз ин кам таваллуд шудаанд;
- машварати махсусгардонидашуда ва статсионарӣ, кумаки машваратӣ-ташхисӣ ва тиббӣ-барқарорсозӣ ба занон ҳангоми таваллуд;
- кумак ба навзодони камвазн ва бо нуқсонҳои модарзодӣ таваллудшуда;
- ба занон ва оилаҳои дорои нуқсонҳои репродуктивӣ;
- ҳама намуди кумакҳои контрасептивӣ, аз ҷумла безурёткунии ихтиёрӣ бо усули ҷарроҳӣ;
- кумакҳои тиббии сатҳҳои якум ва дуюм.
32. Кумаки тиббии сатҳи сеюм дар марказҳои перинаталӣ ва таваллудхонаҳо ва шуъбаҳои таваллудии беморхонаҳои вилоятӣ, зерсохторҳои клиникии Муассисаи давлатии "Пажӯҳишгоҳи акушерӣ, гинекологӣ ва перинатологии Тоҷикистон", клиникаҳои донишгоҳӣ, ки дар онҳо кумаки акушерии махсусгардонидашуда, аз ҷумла баландтехнологӣ расонида мешавад.
33. Мақсад аз фаъолияти маркази перинаталӣ ин расонидани кумаки акушерии махсусгардонидашудаи баландихтисос ба занони ҳомила, зоянда ва навзоидаи хавфи баланддошта, ба навзодони бо вазни 2000 грамм ва аз он кам, ба кӯдакон ва занони бемор ва оилаҳои функсияи системаи репродуктивиашон вайроншуда мебошад.
34. Вазифаҳои асосии маркази перинаталӣ:
- кумаки тиббии муолиҷавӣ, машваратӣ-ташхисӣ ва барқароркуниро ба занони ҳомила, зоянда, навзоида, навзодон ва кӯдакони синни бармаҳал ва ҳамчунин ба занон ва оилаҳои вайроншавии функсияи репродуктивидошта мерасонад;
- "ба худ" бозфиристии занони ҳомила, зоянда, навзоида ва навзодонро аз муассисаҳои сатҳҳои якум ва дуюм ҳамоҳанг месозад;
- дар муассисаҳои минтақавии кумаки таваллудӣ ва кӯдакона фаъолияти ташкилӣ-дастурӣ ва оид ба мукаммалсозӣ ва рушди хадамоти кумаки таваллудӣ ва кӯдакон тавсияҳо таҳия менамояд;
- мониторинги фаъолиятро ташкил менамояд, ба муассисаҳои минтақавии кумаки таваллудӣ ва кӯдакон кумаки нозирӣ мерасонад;
- чорабиниҳои зиддиэпидемикиро ташкил ва анҷом медиҳад;
- ба ноҳияҳои вобастакардашуда кумаки махсусгардонидашудаи сайёри акушерӣ ва неонатологӣ мерасонад;
- чорабиниҳои барқарорсозӣ мегузаронад, ба занон ва кӯдакон кумаки машваратии тиббӣ-психологӣ ва иҷтимоӣ-ҳуқуқӣ мерасонад;
- технологияи муосири перинаталиро, ки ба беҳтар намудани саломатии модар ва кӯдак, кам кардани талафёбии репродуктивӣ ва маъюбшавӣ, нигоҳдорӣ ва барқароркунии саломатии репродуктивии занон равона гардидааст, озмоиш гузаронида, дар фаъолияти муассисаҳо ворид менамояд;
- назорати ҳамкории муассисаҳои кумаки таваллудии минтақавиро барои беҳтар намудани дастрасӣ ва қаноатмандии аҳолӣ аз сифати хизматрасониҳои тиббӣ анҷом медиҳад;
- барои донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти тиббии олӣ ва миёна, ординаторони клиникӣ, табибони интерн, магистрҳо пойгоҳи таълимӣ муҳайё менамояд;
- баланд намудани дараҷаи тахассусии табибон ва кормандони миёнаи тибро анҷом медиҳад;
- оид ба баланд бардоштани маълумотнокии аҳолӣ маҷмӯи чорабиниҳо мегузаронад.
4. ТАЪМИНИ КУМАКИ ТИББӢ БАЪД АЗ ТАВАЛЛУД
35. Кумаки тиббӣ ба занҳо баъд аз таваллуд ва ба навзодони онҳо дар таваллудхонаҳо ва шуъбаҳои таваллудӣ ва муассисаҳои тиббии муқарраргардида расонида мешавад.
36. Кумаки тиббии баъди таваллуд чорабиниҳои зеринро дар бар мегирад:
- назорати саломатӣ ва некуаҳволии модар;
- пешгирӣ ва ошкорнамоии бармаҳали оризаҳои баъдитаваллудӣ дар модар ва навзод ва мушкилоти вобаста ба инкишоф;
- таъмини нигоҳубини навзод ва назорати рушд ва инкишофи кӯдак;
- дастгирӣ ва ҳавасмандкунӣ ба синамаконӣ;
- ба шахсони нигоҳубинкунандаи кӯдак пешниҳод намудани маълумот дар бораи ҳассосияти кӯдак ва зарурати нигоҳубини ғамхорона;
- назорати шароит дар оила, некуаҳволии шахсони нигоҳубинкунандаи кӯдак ва муносибатҳои мутақобила;
- ошкорнамоии саривақтӣ ва расонидани кумаки бетаъхир ба модар ва кӯдак ва ҳангоми зарурат равонасозӣ ба статсионар барои расонидани кумаки махсусгардонидашуда ва баландихтисоси акушерӣ, неонатологӣ ва педиатрӣ.
37. Ҳангоми мушоҳидаи зан баъд аз таваллуд ва кӯдаки ӯ дар статсионар чорабиниҳои зерин гузаронида мешаванд:
- дар ҳуҷраи таваллуд ҳангоми таваллуди физиологӣ дар 2 соати аввал нигоҳубин гузаронида мешавад;
- ҳангоми ҳолати қаноатбахши модар ва кӯдак нигоҳубини минбаъда дар ҳуҷраи якҷояистии модару кӯдак амалӣ карда мешавад;
- ҳангоми таваллуди патологӣ ё бадшавии ҳолати модар ё кӯдакнигоҳубин дар ҳуҷраи табобати интенсивӣ ё эҳё амалӣ карда мешавад.
38. Ҳангоми дар ҳуҷра ё шуъбаи табобати интенсивӣ қарор доштани кӯдак модар имконияти дар назди кӯдак истоданро аз рӯи вазъи саломатӣ ва хоҳиш доро мебошад.
39. Ба хона рухсатӣ кардани таваллудкарда ва кӯдаки ӯ аз статсионар дар ҳолатҳои зерин амалӣ карда мешавад:
- агар ҳолати модар қаноатбахш бошад;
- агар модар оид ба нигоҳубин ва назорат кӯдак, инчунин нигоҳубини найи ноф омӯзонида шуда бошад;
- баъд аз машваратдиҳии модар оид ба масъалаҳои синамаконӣ, пешгирии ҳамли баъд аз таваллуд, аломатҳои хатарнок дар модар ва кӯдак;
- баъд аз гузаронидани эмкунии профилактикӣ ба навзод ҳангоми мавҷуд набудани нишондод.
40. Нигоҳубини модар ва кӯдак баъд аз рухсатӣ шудан ба хона дар ҷои зисти зан аз тарафи табиби оилавӣ/ҳамшираи оилавӣ, акушер-гинеколог, момодоя амалӣ карда мешавад. Ҳангоми зарурат мутахассисони соҳавӣ ҷалб карда мешаванд. Масъулият ба зимаи табиби оилавӣ вогузор карда мешавад. Ба занон баъд аз таваллуд ва кӯдакони онҳо, ки дар ноҳияҳои дурдаст ва/ё дастрасиашон мушкил зиндагӣ мекунанд, кумаки тиббӣ аз тарафи бригадаи сайёр дар ҳайати акушер-гинеколог, педиатр ва терапевт расонида мешавад.
41. Ба ҳамаи занон ва кӯдакони онҳо дар 42 рӯзи аввали баъд аз таваллуд ташриф ба хона анҷом дода мешавад, ки давомнокии он аз рафти таваллуд, ҳолати умумии модару кӯдак вобастагӣ дорад.
42. Ҳангоми таваллуди физиологӣ, ҳолати қаноатбахши модару кӯдак ҳангоми ҷавоб шудан ташриф ба хона аз тарафи табиб/ҳамшираи оилавӣ анҷом дода мешавад. Ташрифи аввал баъд аз ба хона ҷавоб шудан бояд дар 3 рӯзи аввал, баъд аз ин як маротиба дар як ҳафта амалӣ карда шуда, шумораи умумиаш 7 ташрифро ташкил медиҳад.
43. Ҳангоми ҳомиладорӣ ва таваллуди оризанок, мавҷудияти нуқсонҳои патологӣ аз тарафи модар ва кӯдак ташрифи аввал дар 2 рӯзи аввали баъд аз ба хона ҷавоб шудан аз таваллудхона/шуъбаи таваллудӣ аз тарафи табиби акушер-гинеколог ва табиби кӯдакона амалӣ карда мешавад. Ҳангоми беҳтаршавии ҳолат назорати минбаъда аз тарафи табиб/ҳамшираи оилавӣ ва момодоя амалӣ карда мешавад.
5. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
44. Ба занҳо дар давраи ҳомиладорӣ, ҳангоми таваллуд ва баъди он дар ташкилотҳои низоми давлатии тандурустӣ кумаки тиббӣ ба таври ройгон, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ расонида мешавад.