Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи адабиёти таълимӣ"
Бо қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 23 июня соли 2021, №461
қабул карда шуд
Бо қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 23 июня соли 2021, №461
қабул карда шуд
Бо қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 17 декабри соли 2021, №210
ҷонибдорӣ карда шуд
Бо қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 17 декабри соли 2021, №210
ҷонибдорӣ карда шуд
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи адабиёти таълимӣ" аз 26 июли соли 2014 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2014, №7, қ.2 , мод. 419 ) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Ба сархатҳои дуюм ва ҳафтуми моддаи 1, матни моддаи 3, сархати шашуми моддаи 4, сархати чоруми моддаи 6, ном ва матни моддаи 7, сархати якуми моддаи 8, ном ва матни моддаи 10, сархатҳои чорум ва панҷуми моддаи 11, қисмҳои 3 ва 7 моддаи 13, сархати якуми қисми 1 ва қисми 4 моддаи 14, қисми 1, сархатҳои якум, дуюм ва чоруми қисми 2 ва қисми 3 моддаи 15, қисмҳои 2 ва 4 моддаи 16, қисмҳои 2 ва 3 моддаи 17 ва қисми 2 моддаи 19 пас аз калимаи "маориф" калимаҳои "ва илм" илова карда шаванд.
2. Аз матни моддаи 2 калимаи "(Сарқонуни)" хориҷ карда шавад.
...