Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи сиёсати давлатӣ дар соҳаи саноат"
Бо қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 17 ноябри соли 2021, №569
қабул карда шуд
Бо қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 17 декабри соли 2021, №221
ҷонибдорӣ карда шуд
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи сиёсати давлатӣ дар соҳаи саноат" аз 30 майи соли 2017 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2017, №5, қ. 1, мод. 272) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар моддаи 1:
- дар сархати якум калимаи "мутаносиб" ба калимаи "босуръат" иваз карда шавад;
- дар сархати нуҳум аломати нуқта ба аломати нуқтавергул ";" иваз карда шавад;
- сархатҳои даҳум ва ёздаҳум бо мазмуни зерин илова карда шаванд:
"- паркҳои саноатӣ (индустриалӣ) - инфрасохтори саноатӣ, ки барои амалисозии фаъолияти саноатӣ, ташкил кардани истеҳсолоти саноатӣ ё модернизатсияи инноватсионии саноат таъин гардида, аз ҷониби ташкилотҳои тиҷоратӣ ё ғайритиҷоратӣ (ширкатҳои идоракунанда) тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон идора карда мешавад;
- кластерҳои саноатӣ - маҷмӯи субъектҳои фаъолият дар соҳаи саноат, ки бинобар наздикии ҳудудҳо ва вобастагии кориашон ба ҳам алоқаманд буда, бо мақсади коркарди ашёи хом то маҳсулоти ниҳоӣ (моли тайёр) дар ҳудуди як ё якчанд минтақаи кишвар ҷойгир карда мешаванд.".
2. Дар моддаи 3:
- дар қисми 1:
- дар сархати чорум аломати нуқта ба аломати нуқтавергул ";" иваз карда шавад;
- сархатҳои панҷум, шашум, ҳафтум, ҳаштум ва нуҳум бо мазмуни зерин илова карда шаванд:
"- афзун намудани иқтидори содиротии кишвар;
- ташаккул ва рушди чораҳои дастгирии субъектҳои фаъолият дар соҳаи саноат;
- навсозии инфрасохтори саноатӣ;
- ташаккули соҳаҳои нави саноат;
- истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазири саноатӣ.";
- ба сархати шашуми қисми 2 пас аз калимаҳои "паркҳои технологӣ" аломат ва калимаҳои ", паркҳои саноатӣ (индустриалӣ)" илова карда шаванд.
3. Дар моддаи 4:
- дар сархати панҷум аломати нуқта ба аломати нуқтавергул ";" иваз карда шавад;
- сархатҳои шашум, ҳафтум, ҳаштум, нуҳум ва даҳум бо мазмуни зерин илова карда шаванд:
"- банақшагирии стратегӣ дар соҳаи саноат;
- қобили андоза будани маҳакҳои мақсадноки рушди саноат;
- омезиши шаклу усулҳои танзими давлатӣ ва иқтисоди бозорӣ дар соҳаи саноат;
- таъминот бо захираҳо ва равонасозии онҳо ба рушди соҳаҳои афзалиятноки саноат;
- ҳамгироии илм ва истеҳсолот.".
4. Ба сархати панҷуми қисми 1 моддаи 8 пас аз калимаҳои "паркҳои технологӣ" калимаҳои ", паркҳои саноатӣ (индустриалӣ)" илова карда шаванд.
5. Моддаҳои 9(1) ва 9(2) бо мазмуни зерин илова карда шаванд:
"Моддаи 9(1). Паркҳои саноатӣ (индустриалӣ)
1. Рушди босуръати минтақаҳои кишвар дар асоси татбиқи чораҳои ҳавасмандгардонии фаъолият дар соҳаи саноат, инчунин фароҳамсозии шароит барои ташаккул ва рушди паркҳои саноатӣ (индустриалӣ), аз ҷумла минтақавӣ, сурат мегирад.
2. Талабот нисбат ба фаъолияти паркҳои саноатӣ (индустриалӣ) ва ширкати идоракунандаи паркҳои саноатӣ (индустриалӣ) аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешаванд.
3. Ташкил ва рушди паркҳои саноатӣ (индустриалӣ) дар минтақаҳои кишвар бо назардошти стратегияи рушди минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешаванд.
Моддаи 9(2). Ташкил ва рушди кластерҳои саноатӣ
1. Ташкил ва рушди кластерҳои саноатӣ дар минтақаҳои кишвар бо назардошти стратегияи рушди минтақаҳо ва тарҳи банақшагирии минтақавии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешаванд.
2. Чораҳои ҳавасмандгардонӣ нисбат ба кластерҳои саноатӣ бо назардошти дастгирии методӣ, ташкилӣ, коршиносӣ, таҳлилӣ ва иттилоотии рушди кластери саноатӣ, аз ҷумла минтақавӣ, амалӣ карда мешаванд.".
6. Сархати дуюми қисми 1 моддаи 10 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"- пешниҳоди қарзҳои имтиёзнок аз тариқи бонкҳо;".
7. Моддаи 12 хориҷ карда шавад.
8. Сархати панҷуми қисми 2 моддаи 14 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"- дар бораи нишондиҳандаҳои самаранокии татбиқи чораҳои ҳавасмандгардонӣ, аз ҷумла пешниҳоди қарзҳои имтиёзнок аз тариқи бонкҳо;".
9. Моддаи 16(1) бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"Моддаи 16(1). Дастгирии давлатии субъектҳои фаъолият дар соҳаи саноат дар самти фаъолияти иқтисодии хориҷӣ
Дастгирии давлатии субъектҳои фаъолият дар соҳаи саноат дар самти фаъолияти иқтисодии хориҷӣ бо роҳҳои зерин амалӣ карда мешавад:
- мусоидат барои ба бозорҳои дохилӣ ва хориҷӣ расондани маҳсулоти саноатии дар ҳудуди кишвар истеҳсолшуда;
- татбиқи чораҳои дигар оид ба дастгирии давлатии субъектҳои фаъолият дар соҳаи саноат, ки ба содироти маҳсулоти саноатии дар ҳудуди кишвар истеҳсолшуда машғуланд.".
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе,
аз 23 декабри соли 2021, № 1848