Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 декабри соли 2021, №1807 "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Бо қарори Маҷлиси намояндагони

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 20 октябри соли 2021, №527

қабул карда шуд

Бо қарори Маҷлиси миллии

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 17 декабри соли 2021, №180

ҷонибдорӣ карда шуд

 

Моддаи 1. Ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон" аз 26 июли соли 2014 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2014, №7, қ.1, мод. 380; с. 2015, №7-9, мод. 698; с. 2016, №7, мод. 603; с. 2018, №2, мод. 62; с. 2021, №1-2, мод. 1, №4, мод. 191) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1. Моддаи 17(1) бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"Моддаи 17(1). Боздоштани ваколатҳои судя

1. Ваколатҳои судя дар ҳолатҳои зерин муваққатан боздошта мешаванд:

- агар ӯ бо вайрон кардани тартиби муқарраргардида интихоб ё таъин шуда бошад;

- агар ӯ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муваққатан аз вазифа дур карда шавад;

- агар бо тартиби муқарраршуда барои ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани ӯ ризоият дода шуда бошад.

2. Ваколатҳои судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоят ва шаҳри Душанбе, судҳои ҳарбии гарнизонҳо, судҳои шаҳр ва ноҳия бо пешниҳоди раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, судяҳои Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоят ва шаҳри Душанбе бо пешниҳоди раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон то аз байн рафтани асосҳои дар қисми 1 ҳамин модда зикршуда аз ҷониби Коллегияи тахассусии судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон муваққатан боздошта мешаванд.".

2. Дар сархати нуҳуми қисми 1 моддаи 18 калимаи "маросимҳо" ба калимаи "маросим" иваз карда шавад.

3. Дар қисми 2 моддаи 19 калимаҳои "нуҳум, ёздаҳум ва ҳаждаҳуми" ба калимаҳои "ҳаштум, даҳум ва нуздаҳуми" иваз карда шаванд.

4. Ба сархати ҳафтуми қисми 1 моддаи 37 пас аз калимаҳои "низомномаҳои дастгоҳ" ва "дастурамали мансабии" мувофиқан калимаҳои "ва воҳидҳои сохтории он" ва "кормандони" илова карда шаванд.

5. Дар қисми 1 моддаи 53:

- сархати шашум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"- ҷадвали воҳидҳои кории Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоят ва шаҳри Душанбе, дастурамал оид ба коргузорӣ, низомномаҳои дастгоҳ ва воҳидҳои сохтории он, дастурамали мансабии кормандони раёсатҳо, шӯъбаҳо ва бахшҳои дигари Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистонро тасдиқ мекунад, роҳбарии умумии фаъолияти Дастгоҳи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистонро амалӣ менамояд, кормандони Дастгоҳи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, коромӯзсудя, сардорони шӯъбаҳои судҳои Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоят ва шаҳри Душанберо ба кор қабул ва аз кор озод менамояд;";

- дар сархати ҳаштум калимаҳои "раис ва ҳайати коллегияи" ба калимаҳои "раисон ва ҳайати коллегияҳои" иваз карда шаванд;

- ба сархати бистум пас аз калимаи "судяҳои судҳои иқтисодӣ" калимаи ", сохтор" илова карда шавад;

- сархати сиюм хориҷ карда шавад.

6. Ба қисми 1 моддаи 113 сархати ҳаштум бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"- масъалаи муваққатан боздоштани ваколатҳои судяро баррасӣ менамояд;".

7. Дар қисми 5 моддаи 131 калимаҳои "ёздаҳум ва чордаҳуми" ба калимаҳои "даҳум ва понздаҳуми" иваз карда шаванд.

8. Дар қисми 2 моддаи 135 калимаҳои "марзиву маъмурие" ба калимаҳои "маъмурию ҳудудие" иваз карда шаванд.

Моддаи 2. Қонуни конститутсионии мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                      Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе,

аз 23 декабри соли 2021, №1807

КОНСТИТУЦИОННЫЙ ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О ВНЕСЕНИИ ИЗМЕНЕНИЙ И ДОПОЛНЕНИЙ В КОНСТИТУЦИОННЫЙ ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН "О СУДАХ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН"

Принят

постановлением МН МОРТ

от 20 октября 2021 года, №527

Одобрен

постановлением ММ МОРТ

от 17 декабря 2021 года, №180

Статья 1. Внести в конституционный Закон Республики Таджикистан "О судах Республики Таджикистан" от 26 июля 2014 года (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 2014 г., №7, ч.1., ст. 380; 2015 г., №7-9, ст. 698; 2016 г., №7, ст. 603; 2018г., №2, ст. 62; 2021 г., №1-2, ст. 1, №4, ст. 191) следующие изменения и дополнения:

1. Дополнить статьёй 17(1) следующего содержания:

"Статья 17(1). Приостановление полномочий судьи

1. Полномочия судьи временно приостанавливаются в случаях, если:

- он избран или назначен с нарушением установленного порядка;

- он временно отстранен от должности в соответствии с законодательством Республики Таджикистан;

- дано согласие на привлечение его к уголовной ответственности в установленном порядке.

2. Полномочия судьи Верховного Суда Республики Таджикистан, суда Горно-Бадахшанской автономной области, судов областей, города Душанбе, военных судов гарнизонов, судов городов и районов временно приостанавливаются Квалификационной коллегией судей Республики Таджикистан по представлению председателя Верховного Суда Республики Таджикистан, судей Высшего экономического суда Республики Таджикистан, Экономического суда Горно-Бадахшанской автономной области, экономических судов областей и города Душанбе по представлению председателя Высшего экономического суда Республики Таджикистан до устранения оснований, указанных в части 1 настоящей статьи.".

2. Из абзаца шестнадцатого части 1 статьи 18 слова "безвестно пропавшим или" исключить.

3. В части 2 статьи 19 слова "девятым, одиннадцатым и восемнадцатым" заменить словами "восьмым, десятым и девятнадцатым".

4. Абзац седьмой части 1 статьи 37 после слов "положения аппарата" и "должностные инструкции" соответственно дополнить словами "и его структурных подразделений" и "работников".

5. В части 1 статьи 53:

- абзац шестой изложить в следующей редакции:

"- утверждает штатное расписание Высшего экономического суда Республики Таджикистан, Экономического суда Горно-Бадахшанской автономной области, экономических судов областей и города Душанбе, инструкцию по делопроизводству, положения аппарата и его структурных подразделений, должностные инструкции работников управлений, отделов и других секторов Высшего экономического суда Республики Таджикистан, осуществляет общее руководство деятельностью Аппарата Высшего экономического суда Республики Таджикистан, принимает на работу и увольняет с работы работников Аппарата Высшего экономического суда Республики Таджикистан, судей-стажеров, начальников отделов судов Экономического суда ГорноБадахшанской автономной области, экономических судов областей и города Душанбе;";

- в абзаце восьмом слова "председателя и состав судебной коллегии" заменить словами "председателей и состав судебных коллегий";

- абзац двадцатый после слов "экономических судов" дополнить словом ", структуре";

- абзац тридцатый исключить.

6. Часть 1 статьи 113 дополнить абзацем восьмым следующего содержания:

"- рассматривает вопросы временного приостановления полномочий судьи;".

7. В части 5 статьи 131 слова "одиннадцатым и четырнадцатым" заменить словами "десятым и пятнадцатым".

Статья 2. Настоящий конституционный Закон ввести в действие после его официального опубликования.

Президент

Республики Таджикистан Эмомали Рахмон

г. Душанбе,

от 23 декабря 2021 года, №1807