Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ветеранҳо"
Бо қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 20 октябри соли 2021, №533
қабул карда шуд
Бо қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 17 декабри соли 2021, №216
ҷонибдорӣ карда шуд
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ветеранҳо" аз 7 апрели соли 1995 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1995, №7-8, мод. 67; с. 1996, №3, мод. 48; с. 1998, №22, мод. 295; с. 2004, №2, мод. 41; с. 2007, №7, мод. 657; с. 2010, №1, мод. 18; с. 2020, 12, мод. 915) тағйироти зерин ворид карда шаванд:
1. Номи Қонун дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"ДАР БОРАИ СОБИҚАДОРОН".
2. Муқаддимаи Қонун дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"Қонуни мазкур вазъи ҳуқуқии собиқадоронро муайян намуда, тартиби амалисозии сиёсати давлатиро нисбати собиқадорон муқаррар менамояд.".
3. Дар моддаи 1:
- номи модда ва қисми якум дар таҳрири зерин ифода карда шаванд:
"Мақсад ва вазифаҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи собиқадорон
Мақсади қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи собиқадорон таъмини зиндагии шоиста барои собиқадорон ва иштироки онҳо дар соҳаҳои гуногуни фаъолияти ҷамъиятӣ ва давлатӣ мебошад.";
- дар қисми дуюм калимаи "ветеранҳо" ба калимаи "собиқадорон" иваз карда шавад.
4. Моддаҳои 2, 4 ва 5 дар таҳрири зерин ифода карда шаванд:
"Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи собиқадорон
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи собиқадорон ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат мебошад.
Моддаи 4. Доираи амали Қонуни мазкур
Амали Қонуни мазкур нисбати шахсоне татбиқ мегардад, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон сукунати доимӣ дошта, мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон собиқадор эътироф шудаанд.
Моддаи 5. Татбиқи амали Қонуни мазкур нисбати собиқадороншаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд
Собиқадороне, ки шаҳрвандони хориҷӣ ё шахсони бешаҳрванд буда, муваққатан ё доимӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон сукунат доранд, дар доираи муқаррарнамудаи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни мазкур аз ҳуқуқу кафолатҳо ва имтиёзҳо истифода мебаранд.".
5. Дар моддаи 3 калимаҳои "байналхалқӣ" ва "байналхалқии" мувофиқан ба калимаҳои "байналмилалӣ" ва "байналмилалии" иваз карда шаванд.
6. Дар моддаҳои 3, 8, 9, 15, 23, 27, 42, 43, 44 ва 47 калимаҳои "ин Қонун" ба калимаҳои "Қонуни мазкур" иваз карда шаванд.
7. Дар номи фасли II, моддаҳои 7, 8, 9, 11, 12, 13, 14, 15, 18, 19, 20, 21, 22, 23, 24, номи фасли IV, моддаҳои 25, 27, номи фасли VI, моддаҳои 37, 38, 39, 40, номи фасли VII, моддаҳои 41, 42, 43, 44 ва 45 калимаҳои "ВЕТЕРАНҲО", "ветеранҳо", "ветеранҳоро", "ВЕТЕРАН", "Ветеранҳо", "ветеранҳои", "Ветеранҳои", "Ветерани", "Ветеранҳое", "ветеран", "ветеранҳое", "ВЕТЕРАНҲОИ" ва "ветерани" мувофиқан ба калимаҳои "СОБИҚАДОРОН", "собиқадорон", "собиқадоронро", "СОБИҚАДОР", "Собиқадорон", "собиқадорони", "Собиқадорони", "Собиқадори", "Собиқадороне", "собиқадор", "собиқадороне" "СОБИҚАДОРОНИ" ва "собиқадори" иваз карда шаванд.
8. Ном ва муқаддимаи моддаи 6 дар таҳрири зерин ифода карда шаванд:
"Моддаи 6. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:".
9. Моддаи 10 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"Моддаи 10. Ташкилоти собиқадорон
Собиқадорон бо мақсади ҳифзи ҳуқуқҳои худ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд ташкилотҳои ҷамъиятӣ таъсис диҳанд.
Ташкилотҳои собиқадорон фаъолияти худро мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва оинномаи ташкилот амалӣ менамоянд ва ҳуқуқ доранд ҳангоми таҳия ва қабули қарорҳое, ки мақомоти давлатӣ нисбати онҳо қабул менамоянд, иштирок кунанд.".
10. Дар моддаҳои 25, 26, 34, 37 ва 43 калимаҳои "путёвкаҳо", "путёвка", "путёвкаи" ва "путёвкаҳое" мувофиқан ба калимаҳои "роҳхатҳо", "роҳхат", "роҳхати" ва "роҳхатҳое" иваз карда шаванд.
11. Дар қисми дуюми моддаи 34 калимаҳои "мақомоти маҳаллии ҳокимияти иҷроияи" ба калимаҳои "мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии" иваз карда шаванд.
12. Дар сархати дуюми банди б) моддаи 40 калимаи "спортию" ба калимаи "варзишӣ," иваз карда шавад.
13. Дар сархати якуми банди а) моддаи 40 ва банди 11) моддаи 43 калимаҳои "нусхаҳои (ресептҳои)" ба калимаҳои "варақаҳои дорухати" иваз карда шаванд.
14. Моддаи 46 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"Моддаи 46. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.".
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе,
аз 23 декабри соли 2021, №1843
ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
О ВНЕСЕНИИ ИЗМЕНЕНИЙ В ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН "О ВЕТЕРАНАХ"
Принят
постановлением МН МОРТ
от 20 октября 2021 года, №533
Одобрен
постановлением ММ МОРТ
от 17 декабря 2021 года, №216
Статья 1. Внести в Закон Республики Таджикистан "О ветеранах" от 7 апреля 1995 года (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 1995 г., №7-8, ст. 67; 1996 г., №3, ст. 48; 1998 г., №22, ст. 295; 2004 г., №2, ст. 41; 2007 г., №7, ст. 657; 2010 г., №1, ст. 18; 2020 г., №12, ст. 915) следующие изменения:
1. Преамбулу Закона изложить в следующей редакции:
"Настоящий Закон определяет правовой статус ветеранов и устанавливает порядок реализации государственной политики в отношении ветеранов.".
2. Название и часть первую статьи 1 изложить в следующей редакции:
"Цель и задачи законодательства Республики Таджикистан о ветеранах
Целью законодательства Республики Таджикистан о ветеранах является обеспечение ветеранам достойной жизни и участия в различных сферах деятельности общества и государства.".
3. Статьи 2, 4 и 5 изложить в следующей редакции:
"Статья 2. Законодательство Республики Таджикистан о ветеранах
Законодательство Республики Таджикистан о ветеранах основывается на Конституции Республики Таджикистан и состоит из настоящего Закона, других нормативных правовых актов Республики Таджикистан, а также международных правовых актов, признанных Таджикистаном.
Статья 4. Сфера действия настоящего Закона
Действие настоящего Закона распространяется на лиц, постоянно проживающих на территории Республики Таджикистан, признанных ветераном в соответствии с законодательством Республики Таджикистан.
Статья 5. Применение действия настоящего Закона к ветеранаминостранным гражданам и лицам без гражданства
Ветераны - иностранные граждане или лица без гражданства, временно или постоянно проживающие в Республике Таджикистан, пользуются правами, гарантиями и льготами в пределах, установленных международными договорами Республики Таджикистан и настоящим Законом.".
4. Название и преамбулу статьи 6 изложить в следующей редакции:
"Статья 6. Основные понятия
В настоящем Законе используются следующие основные понятия:".
5. Статью 10 изложить в следующей редакции:
"Статья 10. Организация ветеранов
В целях защиты своих прав в Республике Таджикистан ветераны могут создавать общественные организации.
Организации ветеранов осуществляют свою деятельность в соответствии с законодательством Республики Таджикистан и уставом организации и имеют право участвовать при разработке и принятии государственными органами решений по отношению к ним".
6. В части второй статьи 34 слова "местных органов исполнительной власти" заменить словами "местных исполнительных органов государственной власти".
7. Статью 46 изложить в следующей редакции:
"Статья 46. Ответственность за несоблюдение требований настоящего Закона
Физические и юридические лица за несоблюдение требований настоящего Закона привлекаются к ответственности в порядке, установленном законодательством Республики Таджикистан.".
Статья 2. Настоящий Закон ввести в действие после его официального опубликования.
Президент
Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г. Душанбе,
от 23 декабря 2021 года, №1843