Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ"
Бо қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 1 октябри соли 2021, №495
қабул карда шуд
Бо қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 17 декабри соли 2021, №214
ҷонибдорӣ карда шуд
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ" аз 26 декабри соли 2011 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2011, №12, мод. 854) тағйироту иловаи зерин ворид карда шаванд:
1. Дар сархатҳои ҳаштум, ёздаҳум ва дувоздаҳуми моддаи 1, сархатҳои якум ва дуюми моддаи 3, қисми 5 моддаи 8, сархати сеюми қисми 1 моддаи 20, қисми 2 моддаи 26 калимаҳои "синни ниҳоии" ба калимаҳои "синни муқарраргардидаи" иваз карда шаванд.
2. Аз матни моддаи 2 калимаи "(Сарқонуни)" хориҷ карда шавад.
3. Қисмҳои 1, 2 ва 3 моддаи 6 дар таҳрири зерин ифода карда шаванд:
"1. Бо мақсади таъмини суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ суғуртакунанда бояд бо муассисаи суғурта шартнома бандад. Пас аз бастани шартнома барои суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ он наметавонад яктарафа то лаҳзаи иҷрои ҳамаи уҳдадориҳое, ки аз шартҳои шартномаи мазкур бармеоянд, бекор карда шавад.
2. Талабот оид ба шартҳо, уҳдадориҳо ва муҳлати шартномаи суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ дар шартномаи коллективӣ байни корфармо ва кормандон муайян карда мешаванд.
3. Суғуртакунандагоне, ки шароити махсуси корӣ доранд, бо назардошти имконоти молиявӣ ҳуқуқ доранд дар асоси шартномаи коллективӣ аз ҳисоби маблағҳои худ ба кормандони собиқ иловапулӣ ба ҳаҷми нафақаи суғуртавии муқарраршуда таъин ва пардохт намоянд.".
4. Дар моддаи 7:
- қисми 2 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"2. Мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъоварӣ, баҳисобгирӣ ва нигоҳдории маблағҳои суғуртаи ҳатмии нафақавии касбиро таъмин менамояд.";
- аз қисми 4 калимаҳои "моликияти инфиродӣ ба ҳисоб рафта," хориҷ карда шаванд.
5. Қисми 4 моддаи 8 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"4. Дар ҳолате, ки маблағи воқеан пардохтгардидаи саҳмҳои суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ барои давраи ҳисоботӣ аз ҳаҷми саҳмҳои ҳисобидашуда кам бошад ва дар муҳлати 15 рӯз пас аз моҳи ҳисоботӣ суғуртакунанда маблағи камомадро пардохт накунад, муассисаи суғурта:
- суғуртакунандаро дар хусуси аз ҷониби ӯ иҷро кардани уҳдадориҳои шартномаи суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ ба таври хаттӣ огоҳ менамояд;
- ҷиҳати ситонидани маблағҳои пардохтнагардида дар доираи ваколатҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, чораҳо меандешад.".
6. Қисми 1 моддаи 12 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"1. Корфармоёне, ки барои суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ шартнома мебанданд, ба муассисаи суғурта саҳмҳои суғуртавиро барои шахсони дар сархатҳои якум, дуюм ва сеюми қисми 1 моддаи 5 Қонуни мазкур номбаршуда ба андозаи 5 фоиз аз фонди музди меҳнати воҳиди сохтории дорои ҷойҳои шароити вазнин ва зарарнок, барои кормандони дигари дар қисми 1 моддаи 5 ҳамин Қонун - 2,5 фоиз аз фонди музди меҳнат пардохт менамоянд.".
7. Моддаи 13 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"Моддаи 13. Давраи ҳисоббаробаркунӣ
Давраи ҳисоббаробаркунии саҳмҳои суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ моҳи сипаришуда мебошад. Саҳмҳо дар як вақт бо пардохти музди меҳнат ва андози иҷтимоӣ ҳисоб ва пардохт карда мешаванд.".
8. Дар моддаи 14:
- қисми 1 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"1. Саҳмҳои суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ ҳар моҳ то санаи 10-уми моҳи навбатии пас аз анҷоми давраи ҳисоббаробаркунӣ аз рӯи заминаи саҳмбандии суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ ва тарифҳои дар моддаи 12 Қонуни мазкур пешбинишуда пардохт карда мешаванд.";
- қисми 2 хориҷ карда шавад;
- қисми 3 қисми 2 ҳисобида шуда, калимаҳо ва рақами "аз 30 марти соли" ва "эъломияи" мувофиқан ба калимаҳо ва рақами "аз санаи 15-уми моҳи" ва "ҳисобот оид ба пардохти" иваз карда шаванд.
9. Дар моддаи 22:
- сархатҳои якум ва дуюм дар таҳрири зерин ифода карда шаванд:
"- ҷамъоварӣ ва баҳисобгирии саҳмҳои суғуртаи ҳатмии нафақавии касбиро таъмин намояд;
- индексатсияи маблағҳои суғуртаи ҳатмии нафақавии касбии шахсони суғурташударо, ки дар қисми касбии суратҳисоби инфиродӣ ба ҳисоб гирифта шудаанд, бо назардошти даромадҳо аз ҷобаҷогузории онҳо таъмин намояд;";
- сархатҳои чорум, панҷум, шашум ва ҳафтум бо мазмуни зерин илова карда шаванд:
"- тартиб ва шартҳои ташаккулёбӣ, нигоҳдорӣ, ҷобаҷогузорӣ ва сармоякунонии маблағҳоеро, ки аз ҷониби суғуртакунандагон барои суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ пардохт гардидаанд, муайян намояд;
- устувории молиявӣ ва тавозуни низоми суғуртаи ҳатмии нафақавии касбиро таъмин намояд;
- назорати риояи қонунгузории низоми суғуртаи ҳатмии нафақавии касбиро дар корхона, муассиса ва ташкилотҳои дигар таъмин намуда, барои риоя нагардидани талаботи қонунгузорӣ, шарт ва муҳлатҳои шартномаҳои байни муассисаи суғурта ва суғуртакунандагон басташуда дар доираи ваколатҳои худ чораҳои зарурӣ андешад;
- ҷойгиркунонии даромадноки маблағҳои суғуртаи ҳатмии нафақавии касбиро дар коғазҳои қиматнок ва депозитҳои бонкӣ таъмин намояд;".
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе,
аз 23 декабри соли 2021, № 1841