Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ"
Бо қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 1 октябри соли 2021, №497
қабул карда шуд
Бо қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 17 декабри соли 2021, №213
ҷонибдорӣ карда шуд
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ" аз 12 январи соли 2010 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2010, №1, мод. 19; с. 2011, №3, мод. 175; с. 2012, №8, мод. 831, №12, қ.1, мод. 1003; с. 2015, №3, мод. 222; с. 2020, №7-9, мод. 611) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар қисми 4 моддаи 18 калимаҳо ва рақами "сархатҳои якум, дуюм, сеюм ва панҷуми қисми 4" ба калима ва рақами "қисми 3" иваз карда шаванд.
2. Дар моддаи 48:
- дар қисми 2 калимаҳои "ҳар сол як маротиба" ба калимаҳои "ҳар се моҳ" иваз карда шаванд;
- дар қисми 8:
- дар сархати сеюм калимаи "фавти" ва аломати нуқта мувофиқан ба калимаҳои "бедарак ғоиб эътироф намудани" ва аломати нуқтавергул ";" иваз карда шаванд;
- сархати чорум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"- барқарор гардидани саломатии шахси маъюбиятдошта, ки аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатии экспертизаи тиббию иҷтимоӣ тасдиқ карда шудааст.".
3. Ба моддаи 54 қисмҳои 3 ва 4 бо мазмуни зерин илова карда шаванд:
"3. Андозаи қисми андӯхти ҳармоҳаи нафақаи суғуртавӣ бо роҳи тақсими сармояи нафақавӣ, ки дар қисми махсуси суратҳисоби инфиродии шахси суғурташуда ташаккул ёфтааст, ба давраи пардохти эҳтимолии пас аз ба нафақа баромадан, ки қисми 4 моддаи 22 Қонуни мазкур муайян менамояд, муқаррар мегардад.
4. Тартиби ҳисоб ва пардохт аз маблағҳои андӯхти нафақавиро ба шахсони суғурташуда Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.".
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе,
аз 23 декабри соли 2021, № 1840