Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 декабри соли 2021, № 1840 "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон

Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ"

Бо қарори Маҷлиси намояндагони

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 1 октябри соли 2021, №497

қабул карда шуд

Бо қарори Маҷлиси миллии

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 17 декабри соли 2021, №213

ҷонибдорӣ карда шуд

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ" аз 12 январи соли 2010 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2010, №1, мод. 19; с. 2011, №3, мод. 175; с. 2012, №8, мод. 831, №12, қ.1, мод. 1003; с. 2015, №3, мод. 222; с. 2020, №7-9, мод. 611) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1. Дар қисми 4 моддаи 18 калимаҳо ва рақами "сархатҳои якум, дуюм, сеюм ва панҷуми қисми 4" ба калима ва рақами "қисми 3" иваз карда шаванд.

2. Дар моддаи 48:

- дар қисми 2 калимаҳои "ҳар сол як маротиба" ба калимаҳои "ҳар се моҳ" иваз карда шаванд;

- дар қисми 8:

- дар сархати сеюм калимаи "фавти" ва аломати нуқта мувофиқан ба калимаҳои "бедарак ғоиб эътироф намудани" ва аломати нуқтавергул ";" иваз карда шаванд;

- сархати чорум бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"- барқарор гардидани саломатии шахси маъюбиятдошта, ки аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатии экспертизаи тиббию иҷтимоӣ тасдиқ карда шудааст.".

3. Ба моддаи 54 қисмҳои 3 ва 4 бо мазмуни зерин илова карда шаванд:

"3. Андозаи қисми андӯхти ҳармоҳаи нафақаи суғуртавӣ бо роҳи тақсими сармояи нафақавӣ, ки дар қисми махсуси суратҳисоби инфиродии шахси суғурташуда ташаккул ёфтааст, ба давраи пардохти эҳтимолии пас аз ба нафақа баромадан, ки қисми 4 моддаи 22 Қонуни мазкур муайян менамояд, муқаррар мегардад.

4. Тартиби ҳисоб ва пардохт аз маблағҳои андӯхти нафақавиро ба шахсони суғурташуда Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.".

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                           Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе,

аз 23 декабри соли 2021, № 1840

ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О ВНЕСЕНИИ ИЗМЕНЕНИЙ И ДОПОЛНЕНИЙ В ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН "О СТРАХОВЫХ И ГОСУДАРСТВЕННЫХ ПЕНСИЯХ"

Принят

постановлением МН МОРТ

от 1 октября 2021 года, №497

Одобрен

постановлением ММ МОРТ

от 17 декабря 2021 года, №213

Статья 1. Внести в Закон Республики Таджикистан "О страховых и государственных пенсиях" от 12 января 2010 года (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 2010 г., №1, ст. 19; 2011 г., №3, ст. 175; 2012 г., №8, ст. 831, №12, ч.1, ст. 1003; 2015 г., №3, ст. 222; 2020 г., 1497-9, ст. 611) следующие изменения и дополнения:

1. В части 4 статьи 18 слова и цифру "первом, втором, третьем и пятом абзацах части 4" заменить словом и цифрой "части 3".

2. В статье 48:

- в части 2 слова "один раз в год" заменить словами "каждые три месяца";

- в части 8:

- абзац третий изложить в следующей редакции:

"- признание пенсионера без вести пропавшим;";

- дополнить абзацем четвертым следующего содержания:

"- восстановление здоровья лица с инвалидностью, подтвержденного уполномоченным государственным органом медикосоциальной экспертизы.".

3. Статью 54 дополнить частями 3 и 4 следующего содержания:

"3. Размер ежемесячной накопительной части страховой пенсии устанавливается путём деления пенсионного капитала, сформированного в специальной части индивидуального лицевого счета застрахованного лица, на период ожидаемой продолжительности выплат, после выхода на пенсию определенный в соответствии с частью 4 статьи 22 настоящего Закона.

4. Порядок расчета и выплат из средств пенсионных накоплений застрахованным лицам определяется Правительством Республики Таджикистан.".

Статья 2. Настоящий Закон ввести в действие после его официального опубликования.

Президент

Республики Таджикистан Эмомали Рахмон

г. Душанбе,

от 23 декабря 2021 года, №1840