Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 декабри соли 2021, № 1839 "Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон

Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ

Бо қарори Маҷлиси намояндагони

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 1 октябри соли 2021, №499

қабул карда шуд

Бо қарори Маҷлиси миллии

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 17 декабри соли 2021, №212

ҷонибдорӣ карда шуд

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ" аз 13 декабри соли 1997 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1997, №23-24, мод. 350; с. 2003, №8, мод. 458; с. 2006, №4, мод. 200; с. 2007, №3, мод. 177, №7, мод. 694; с. 2008, №10, мод. 821; с. 2012, №4, мод. 274, №8, мод. 830; с. 2013, №12, мод. 903) тағйироти зерин ворид карда шаванд:

1. Аз матни моддаи 2 калимаи "(Сарқонуни)" хориҷ карда шавад.

2. Моддаи 10 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"Моддаи 10. Тартиби баҳисобгирӣ, индексатсия ва пардохти маблағҳои андӯхти нафақавие, ки дар суратҳисоби инфиродии нафақавии шахсони суғурташуда қарор доранд

Маблағҳои андӯхти нафақавие, ки дар суратҳисоби инфиродии нафақавии шахсони суғурташуда қарор доранд, алоҳида ба ҳисоб гирифта шуда, ба маблағҳои буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дохил намешаванд.

Муассисаи суғурта уҳдадор аст ҳар сол як маротиба маблағҳои андӯхти нафақавиеро, ки дар суратҳисоби инфиродии нафақавии шахсони суғурташуда қарор доранд, мутаносибан ба даромади аз сармоягузории он бадастомада индексатсия намояд.

Пардохти маблағҳои андӯхти нафақавие, ки дар суратҳисоби инфиродии нафақавии шахсони суғурташуда қарор доранд, тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ" анҷом дода мешавад.".

3. Дар моддаи 12 рақамҳо ва калимаҳои "70", "60" ва "собиқаи меҳнатии бефосилаи", "собиқаи бефосилаи корӣ" ва "собиқаи бефосилаи кории" мувофиқан ба рақамҳо ва калимаҳои "75", "65", "собиқаи меҳнатии" ва "собиқаи меҳнатӣ" иваз карда шаванд.

4. Сархати якуми қисми дуюми моддаи 23 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"- саҳмҳо барои суғуртаи иҷтимоӣ, солимгардонии кормандон ва аъзои оилаи онҳо;".

5. Дар моддаи 23(1):

- дар қисми сеюм калимаҳои "қонунҳои амалкунанда" ба калимаҳои "қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо розигии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шаванд;

- қисми панҷум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"Муассисаи суғурта уҳдадор аст даромаднокиро аз ҷойгиронии маблағи андӯхти нафақавӣ на камтар аз нишондиҳандаи сатҳи таваррум таъмин намояд.".

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                           Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе,

аз 23 декабри соли 2021, № 1839