Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ"
Бо қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 6 октябри соли 2021, №522
қабул карда шуд
Бо қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 17 декабри соли 2021, №208
ҷонибдорӣ карда шуд
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ" аз 19 майи соли 2009 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2009, №5, мод.338; с.2014, №7 қ.2, мод.423; с.2016, №7, мод.628; с.2017, №7-9, мод.584; с.2018, №5, мод.280) тағйироту иловаи зерин ворид карда шаванд:
1. Дар қисми 3 моддаи 5 калимаҳои "ҷумҳуриявии давлатии идораи маориф" ба калимаҳои "ваколатдори давлатии назорат дар соҳаи маориф ва илм" иваз карда шаванд.
2. Дар қисмҳои 3 ва 8 моддаи 12 калимаҳои "мақомоти ҷумҳуриявии давлатии идораи маориф" ва "мақоми давлатии идораи маориф" ба калимаҳои "мақоми ваколатдори давлатии назорат дар соҳаи маориф ва илм" иваз карда шаванд.
3. Дар моддаи 32:
- сархати шашум хориҷ карда шавад;
- аз сархати ҳафтум калимаҳои "таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти олии касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ ва" хориҷ карда шаванд;
- аз сархати бисту сеюм калимаҳои "назорат ба" хориҷ карда шаванд.
4. Дар моддаи 33:
- дар қисми 2 калимаҳои "мақомоти ҷумҳуриявии давлатии идораи маориф" ба калимаҳои "мақоми ваколатдори давлатии назорат дар соҳаи маориф ва илм" иваз карда шаванд;
- қисми 3 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
- "3. Ба ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатии назорат дар соҳаи маориф ва илм дохил мешаванд:
- амалӣ намудани сиёсати давлатии назорат дар соҳаи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ;
- назорати фаъолияти муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ ва касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ;
- бо тартиби муқарраргардида додани иҷозатнома ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ ва касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ доир ба пешбурди фаъолияти таълимӣ;
- бо тартиби муқарраргардида ташкил ва гузаронидани аттестатсия ва аккредитатсияи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва касбии баъд аз муассисаи олии таълимии дахлдор;
- амалӣ намудани ваколатҳои дигар тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон.";
- қисми 3 қисми 4 ҳисобида шавад.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишопи расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе,
аз 23 декабри соли 2021, № 1835