Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ
Бо қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 6 октябри соли 2021, №518
қабул карда шуд
Бо қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 17 декабри соли 2021, №207
ҷонибдорӣ карда шуд
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ" аз 8 августи соли 2015 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2015, №7-9, мод.713; с. 2017, №5, қ.1, мод.284, №7-9, мод.583; с. 2018, №5, мод. 279) тағйироту иловаи зерин ворид карда шаванд:
1. Дар моддаи 16:
- дар қисми 2:
- дар сархати панҷум калимаи "назорати" ба калимаи "танзими" иваз карда шавад;
- сархати шашум хориҷ карда шавад;
- аз сархати ҳафтум аломат ва калимаҳои ", аттестатсия ва аккредитатсияи муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбии дахлдор" хориҷ карда шаванд;
- қисми 3 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"3. Ба ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатии назорат дар соҳаи маориф ва илм дохил мешаванд:
- амалӣ намудани сиёсати давлатии назорат дар соҳаи таҳсилоти миёнаи касбӣ;
- назорати фаъолияти муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ;
- бо тартиби муқарраргардида додани иҷозатнома ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ доир ба пешбурди фаъолияти таълимӣ;
- бо тартиби муқарраргардида ташкил ва гузаронидани аттестатсия ва аккредитатсияи муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбии дахлдор;
- амалӣ намудани ваколатҳои дигар тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон.";
- қисмҳои 3 ва 4 мувофиқан қисмҳои 4 ва 5 ҳисобида шаванд.
2. Қисми 2 моддаи 17 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"2. Назорати давлатӣ дар соҳаи таҳсилоти миёнаи касбӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатии назорат дар соҳаи маориф ва илм амалӣ карда мешавад.".
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе,
аз 23 декабри соли 2021, № 1834