Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи таълиму тарбияи томактабӣ"
Бо қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 6 октябри соли 2021, №516
қабул карда шуд
Бо қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 17 декабри соли 2021, №206
ҷонибдорӣ карда шуд
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи таълиму тарбияи томактабӣ" аз 28 декабри соли 2013 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2013, №12, мод.900) тағйироту иловаи зерин ворид карда шаванд:
1. Аз матни моддаи 2 ва қисми 1 моддаи 16 калимаи "(Сарқонуни)" хориҷ карда шавад.
2. Дар моддаи 9:
- дар қисми 2:
- дар сархати панҷум калимаи "назорати" ба калимаи "танзими" иваз карда шавад;
- сархати шашум хориҷ карда шавад;
- аз сархати ҳафтум аломат ва калимаҳои ", аттестатсия ва аккредитатсияи муассисаи таълимии томактабии дахлдор" хориҷ карда шаванд;
- қисми 3 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"3. Ба ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатии назорат дар соҳаи маориф ва илм дохил мешаванд:
- амалӣ намудани сиёсати давлатии назорат дар соҳаи таълиму тарбияи томактабӣ;
- назорати фаъолияти муассисаҳои таълимии томактабӣ;
- бо тартиби муқарраргардида додани иҷозатнома ба муассисаҳои таълимии томактабӣ доир ба пешбурди фаъолияти таълимӣ;
- бо тартиби муқарраргардида ташкил ва гузаронидани аттестатсия ва аккредитатсияи муассисаҳои томактабии дахлдор;
- амалӣ намудани ваколатҳои дигар тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон.";
- қисмҳои 3, 4, 5 ва 6 мувофиқан қисмҳои 4, 5, 6 ва 7 ҳисобида шаванд.
3. Дар қисми 2 моддаи 10 калимаҳои "давлатӣ дар соҳаи маориф" ба калимаҳои "давлатии назорат дар соҳаи маориф ва илм" иваз карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе,
аз 23 декабри соли 2021, №1833