Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 декабри соли 2021, №1832 "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маориф"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон

Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маориф"

Бо қарори Маҷлиси намояндагони

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 6 октябри соли 2021, №512

қабул карда шуд

Бо қарори Маҷлиси миллии

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 17 декабри соли 2021, №205

ҷонибдорӣ карда шуд

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маориф" аз 22 июли соли 2013 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2013, №7, мод.532; с.2014, №3, мод.156, №7, қ.2, мод.422; с.2016, №3, мод.148, №7, мод.624; с.2017, №7-9, мод.581; с.2018, №5, мод.278; с. 2020, №12, мод.912) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1. Ба моддаи 1 сархати ҳаждаҳум бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"- мақоми ваколатдори давлатии назорат дар соҳаи маориф ва илм - мақоми иҷроияи марказии ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки сиёсати давлатии назорат дар соҳаи маориф ва илмро бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд;".

2. Дар қисми 3 моддаи 12 калимаҳои "давлатӣ дар соҳаи маориф, мақомоти дахлдори давлатӣ" ба калимаҳои "давлатии назорат дар соҳаи маориф ва илм" иваз карда шаванд.

3. Дар қисми 19 моддаи 16 ва қисми 21 моддаи 23 калимаҳои "давлатӣ дар соҳаи маориф" ба калимаҳои "давлатии назорат дар соҳаи маориф ва илм" иваз карда шаванд.

4. Дар моддаи 28:

- ҷумлаи дуюми қисми 1 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"Назорати давлатӣ дар соҳаи маориф тавассути мақоми ваколатдори давлатии назорат дар соҳаи маориф ва илм амалӣ мегардад.";

- қисми 3 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"3. Назорати риояи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф дар шакли санҷиши нақшавӣ, ғайринақшавӣ, иловагӣ ва такрорӣ амалӣ мегардад.".

5. Моддаи 28(1) бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"Моддаи 28(1). Ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатии назорат дар соҳаи маориф ва илм

Ба ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатии назорат дар соҳаи маориф ва илм дохил мешаванд:

- амалӣ намудани сиёсати давлатии назорат дар соҳаи маориф ва илм;

- назорати сифати таҳсилот дар асоси стандартҳои давлатии таҳсилот дар муассисаҳои таълимӣ;

- додани иҷозатнома барои амалӣ намудани фаъолияти таълимӣ ба муассисаҳои таълимии давлатӣ ва ғайридавлатӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- назорати риояи нақша ва барномаҳои таълимии намунавӣ барои муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси стандартҳои давлатии таҳсилот;

- тибқи талаботи стандартҳои давлатии таҳсилот бо тартиби муқарраргардида ташкил кардани баҳогузории маҷмӯӣ ва аттестатсияи давлатии муассисаҳои таълимӣ;

- тибқи натиҷаи аттестатсияи давлатӣ ва баҳогузории маҷмӯӣ ба фаъолияти муассисаи таълимӣ ташкил намудани аккредитатсияи давлатии муассисаи таълимӣ;

- таъмини назорати меъёрҳои муайянкунандаи мақоми муассисаҳои таълимӣ;

- назорати иҷрои қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи маориф дар муассисаҳои таълимӣ, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва тобеияти идоравӣ;

- назорати фаъолият оид ба мутобиқати маводи имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба барномаҳои таълимӣ ва стандартҳои давлатии таҳсилот;

- амалӣ намудани ваколатҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст.".

6. Ба моддаи 32 сархатҳои ҳаждаҳум ва нуздаҳум бо мазмуни зерин илова карда шаванд:

"- тасдиқи қоидаҳои аттестатсияи давлатӣ, аккредитатсияи давлатии муассисаҳои таълимӣ, баҳогузории маҷмӯӣ ба фаъолияти муассисаҳои таълимӣ;

- тасдиқи тартиби гузаронидани мониторинги сифати таҳсилот ва рейтинги муассисаҳои таълимӣ, эътироф ва муайян намудани баробарарзишӣ (нострификатсия)-и ҳуҷҷатҳои таҳсилоти давлатҳои хориҷӣ;".

7. Сархатҳои ҳаштум, шонздаҳум ва ҳабдаҳуми моддаи 33 ва сархати чордаҳуми моддаи 36 хориҷ карда шаванд.

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                           Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе,

аз 23 декабри соли 2021, №1832

ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О ВНЕСЕНИИ ИЗМЕНЕНИЙ И ДОПОЛНЕНИЙ В ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН "ОБ ОБРАЗОВАНИИ"

Принят

постановлением МН МОРТ

от 6 октября 2021 года, №512

Одобрен

постановлением ММ МОРТ

от 17 декабря 2021 года, №205

Статья 1. Внести в Закон Республики Таджикистан "Об образовании" от 22 июля 2013 года (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 2013 г., 1497, ст. 532; 2014 г., №3, ст.156; №7, ч.2, ст.422; 2016 г., №3, ст.148, №7, ст.624; 2017 г., №7-9, ст.581; 2018 г., №5, ст.278; 2020 г., №12, ст. 912) следующие изменения и дополнения:

1. Статью 1 дополнить абзацем восемнадцатым следующего содержания:

"- уполномоченный государственный орган по надзору в сфере образования и науки - центральный исполнительный орган государственной власти Республики Таджикистан, реализующий политику государственного контроля в сфере образования и науки в порядке, установленном законодательством Республики Таджикистан;";

2. В части 3 статьи 12 слова "в сфере образования и соответствующие государственные органы" заменить словами "по надзору в сфере образования и науки".

3. В части 19 статьи 16 и части 21 статьи 23 слова "в сфере образования" заменить словами "по надзору в сфере образования и науки".

4. В статье 28:

- второе предложение части 1 изложить в следующей редакции:

"Государственный контроль в сфере образования осуществляется уполномоченным государственным органом по надзору в сфере образования и науки.";

- часть 3 изложить в следующей редакции:

"3. Контроль соблюдения требований законодательства Республики Таджикистан в сфере образования осуществляется в форме плановых, внеплановых, дополнительных и повторных проверок.".

5. Дополнить статьёй 28(1) следующего содержания:

"Статья 28(1). Полномочия уполномоченного государственного органа по надзору в сфере образования и науки

В полномочия уполномоченного государственного органа по надзору в сфере образования и науки входит:

- реализация государственной политики по контролю в сфере образования и науки;

- контроль качества образования на основе государственных образовательных стандартов в образовательных учреждениях;

- выдача в соответствии с законодательством Республики Таджикистан лицензий на осуществление образовательной деятельности государственным и негосударственным образовательным учреждениям;

- контроль соблюдения типовых образовательных планов и программ для образовательных учреждений Республики Таджикистан на основе государственных образовательных стандартов;

- организация в установленном порядке комплексных оценок и государственной аттестации образовательных учреждений в соответствии с требованиями государственных образовательных стандартов;

- организация государственной аккредитации образовательного учреждения по результатам государственной аттестации и комплексной оценки деятельности образовательного учреждения;

- обеспечение контроля нормативов, определяющих статус образовательного учреждения;

- контроль исполнения законов и других нормативных правовых актов сферы образования в образовательных учреждениях, независимо от их организационно-правовой формы и ведомственной подчиненности;

- контроль деятельности по соответствию материалов централизованных вступительных экзаменов в образовательных учреждениях среднего и высшего профессионального образования Республики Таджикистан образовательным программам и государственным образовательным стандартам;

- осуществление иных полномочий, предусмотренных законодательством Республики Таджикистан.".

6. Статью 32 дополнить абзацами восемнадцатым и девятнадцатым следующего содержания:

"- утверждение правил государственной аттестации, государственной аккредитации образовательных учреждений, комплексной оценки деятельности образовательных учреждений;

- утверждение порядка проведения мониторинга качества образования и рейтинга образовательных учреждений, признания и определения равнозначности (нострификации) документов об образовании иностранных государств;".

7. Абзацы восьмой, шестнадцатый и семнадцатый статьи 33 и абзац четырнадцатый статьи 36 исключить.

Статья 2. Настоящий Закон ввести в действие после его официального опубликования

Президент 

Республики Таджикистан Эмомали Рахмон

г. Душанбе,

от 23 декабря 2021 года, №1832