Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда
Бо қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 27 октябри соли 2021, №544
қабул карда шуд
Бо қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 17 декабри соли 2021, №201
ҷонибдорӣ карда шуд
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда" аз 1 июли соли 2019 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2019, №7, мод. 468), тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Ба моддаи 1 сархати панҷум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
" - сифати маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашудамаҷмӯи талаботи техникӣ оид ба мутобиқат ба нишондиҳандаҳои органолептикӣ (тамъ, бӯй, ранг ва намуди зоҳирӣ), физикӣ ва кимиёвии маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда;".
2. Ба қисми 2 моддаи 3 пас аз калимаи "содиркунандагон" калимаи "воридкунандагон" илова карда шавад.
3. Дар сархати дуюми моддаи 4, сархати чоруми моддаи 9, қисми 4 ва қисми 7 моддаи 16, сархати ҳафтум ва ҳаштуми қисми 2 моддаи 24, қисми 3 моддаи 27, қисми 1 моддаи 29, қисми 1 моддаи 30, қисми 2 моддаи 31, қисми 1 моддаи 33 калимаҳои "(ҳуҷҷатҳои меъёрии техникӣ)" мувофиқан ба калимаҳои "(санадҳои меъёрии техникӣ)" иваз карда шаванд.
4. Ба моддаи 8 сархати якум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"- амалигардонии сиёсати давлатӣ дар самти пешгирии норасоии микронутриентӣ ва бемориҳои вобаста ба он;".
5. Дар қисми 1 моддаи 20 калимаҳои "шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие" ба калимаҳои "шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродие" иваз карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе,
аз 23 декабри соли 2021, № 1828