Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 декабри соли 2021, № 1826 "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи бехатарии сейсмикӣ"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис

Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи бехатарии сейсмикӣ"

Бо қарори Маҷлиси намояндагони

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 16 июни соли 2021, №446

қабул карда шуд

Бо қарори Маҷлиси миллии

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 17 декабри соли 2021, №199

ҷонибдорӣ карда шуд

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи бехатарии сейсмикӣ" аз 30 майи соли 2017 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2017, №5, қ.1, мод.273) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1. Дар моддаи 10:

- дар сархати якум аломати баён ":" ба нуқтавергул ";" иваз карда шавад;

- сархатҳои дуюм ва ҳаштум бо мазмуни зерин илова карда шаванд:

"- фаъолияти мақомоти дигари давлатиро вобаста ба масъалаҳои бехатарии сейсмикӣ ҳамоҳанг месозад;";

"- барномаҳои илмию техникиро дар самти таъмини бехатарии сейсмикӣ таҳия менамояд;";

- сархатҳои ёздаҳум ва дувоздаҳум хориҷ карда шаванд.

2. Ба моддаи 11 қисми 3 бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"3. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ:

- риояи меъёру қоидаҳои шаҳрсозӣ, регламентҳои техникии сифати технологии корҳои сохтмонӣ, мавод ва маснуоти сохтмонӣ, инчунин дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии шаҳрсозиро назорат менамояд;

- барномаҳои соҳавиро оид ба масъалаҳои бехатарии сейсмикӣ дар сохтмон таҳия менамояд;

- санадҳои меъёриро оид ба масъалаҳои бехатарии сейсмикӣ дар соҳаи сохтмон таҳия ва татбиқ менамояд;

- таҳияи харитаҳои сейсмикии маҳалҳои аҳолинишинро ташкил ва назорат менамояд;

- ваколатҳои дигари пешбининамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро амалӣ менамояд.".

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                           Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе,

аз 23 декабри соли 2021, № 1826