Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
"Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон"
Бо қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 3 ноябри соли 2021, №555
қабул карда шуд
Бо қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 3 ноябри соли 2021, №555
қабул карда шуд
Бо қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 17 декабри соли 2021, №198
ҷонибдорӣ карда шуд
Бо қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 17 декабри соли 2021, №198
ҷонибдорӣ карда шуд
Моддаи 1. Ба Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 1996 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.1996, № 23, мод. 351; с. 1997, № 23-24, мод. 333, фасли IV; с. 1999, № 5, мод. 59; с. 2001, № 4, мод. 176; с. 2004, № 2, мод. 55, №3, мод. 190; с. 2006, №7, мод. 347; с. 2008, №1, қ. 2, мод. 22, №6, мод. 463; с. 2011, №3, мод. 171; с. 2012, №4, мод. 269, №8, мод. 828; с. 2016, №11, мод. 879), тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар сархати ҳафтуми моддаи 1(2) калимаҳои "бегона намудан" ба калимаҳои "бегона намудани он" иваз карда шаванд.
2. Дар қисми дуюми моддаи 2, банди а) моддаи 5, қисми якуми моддаи 8, сархати якуми моддаи 52, қисми якуми моддаи 57 калимаҳои "қаламрави", "қаламрав" мувофиқан ба калимаҳои "ҳудуди", "ҳудуд" иваз карда шаванд.
...