Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 декабри соли 2021, № 1813 "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бо қарори Маҷлиси намояндагони

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 6 октябри соли 2021, №508

қабул карда шуд

Бо қарори Маҷлиси миллии

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 17 декабри соли 2021, №186

ҷонибдорӣ карда шуд

Моддаи 1. Ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2008 қабул шудааст (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2008, №12, қ.1, мод.989, мод.990; с.2009, №5, мод.321, №9-10, мод.543; с.2010, №1, мод.2, мод.5, №3, мод.153, №7, мод.547, №12, қ.1, мод.812; с.2011, №6, мод.430, мод.431, №7-8, мод.610, №12, мод.838; с.2012, №4, мод.256, №7, мод.685, мод.693, №8, мод.814, №12, қ.1, мод.1004; с.2013, №3, мод.181, №7, мод.508; с.2014, №3, мод.143, мод.144, №7, қ.1, мод.389, мод.390; с.2015, №3, мод.201, №7-9, мод.707, мод.708, №11, мод.955, №12, қ.1, мод.1108; с.2016, №3, мод.130, мод.131, мод.132, №5, мод.359, мод.361, №7, мод.613, мод.614, №11, мод.877; с.2017, №1-2, мод.5, мод.6, №5, қ.1, мод.275, №7-9, мод.568, мод.585; с.2018, №1, мод.9, №5, мод.268, мод.269; с.2019, №1, мод.8, №6, мод.312, мод.313, №7, мод.464; с.2020, №1, мод.6, №7-9, мод.604, мод.606, мод.621, №12, мод.900, мод.901; с.2021, №6, мод.384, мод.385), тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1. Дар моддаи 85:

- дар санксияи қисми 1 калимаҳои "понздаҳ то бист" ба калимаҳои "сӣ то чил" иваз карда шаванд;

- дар санксияи қисми 2 калимаҳои "чил то панҷоҳ" ба калимаҳои "ҳафтод то ҳаштод" иваз карда шаванд.

2. Ба ном ва диспозитсияи қисми 1 моддаи 128 ва моддаи 131 пас аз калимаҳои "моддаҳои психотропӣ" калимаҳои ", ҳаммонанди (аналоги) онҳо" илова карда шаванд.

3. Дар моддаи 474:

- сархати сеюми қисми 1 хориҷ карда шавад;

- дар санксияи қисми 1 калимаҳои "ҳафт то даҳ", "бист то сӣ" ва "сад то дусад" мувофиқан ба калимаҳои "понздаҳ то бист", "чил то шаст" ва "дусад то чорсад" иваз карда шаванд;

- дар санксияи қисми 2 калимаҳои "дувоздаҳ то бист", "чил то панҷоҳ" ва "сесад то чорсад" мувофиқан ба калимаҳои "чил то шаст", "сад то яксаду бист" ва "панҷсад то шашсад" иваз карда шаванд.

4. Дар моддаи 474(1):

- дар санксияи қисми 1 калимаҳои "сӣ то панҷоҳ", "панҷоҳ то сад" ва "сад то дусад" мувофиқан ба калимаҳои "шаст то ҳафтод", "яксаду ҳафтод то як саду ҳаштод" ва "шашсад то ҳафтсад" иваз карда шаванд;

- дар санксияи қисми 2 калимаҳои "панҷоҳ то ҳафтод", "сад то яксаду панҷоҳ" ва "дусад то сесад" мувофиқан ба калимаҳои "навад то сад", "яксаду ҳаштод то яксаду навад" ва "ҳаштсад то як ҳазор" иваз карда шаванд;

- дар санксияи қисми 3 калимаҳои "панҷоҳ то сад" ба калимаҳои "шашсад то ҳаштсад" иваз карда шаванд;

- дар санксияи қисми 4 калимаҳои "дусад то сесад" ба калимаҳои "ҳаштсад то як ҳазор" иваз карда шаванд.

5. Моддаи 474(2) дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"Моддаи 474(2). Ғайриқонунӣ ба роҳ мондан ва гирифтани таълими динӣ

1. Барои ғайриқонунӣ ба роҳ мондани таълими динӣ, аз ҷумла тавассути шабакаи интернет, агар чунин кирдор хусусияти динии экстремистӣ надошта бошад,-

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз навад то яксаду панҷоҳ, кормандону роҳбарони иттиҳодияҳои динӣ аз яксаду шаст то яксаду ҳафтод ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз ҳафтсад то нуҳсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад.

2. Барои ғайриқонунӣ гирифтани таълими динӣ,-

ба андозаи аз панҷоҳ то навад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад.

3. Барои риоя накардани тартиби гирифтани таълими динии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар,-

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз ҳаштод то яксаду сӣ, кормандону роҳбарони иттиҳодияҳои динӣ ва шахсони мансабдор аз яксаду бист то яксаду панҷоҳ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз шашсад то ҳаштсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад.".

6. Дар моддаи 474(3):

- матни модда қисми 1 ҳисобида шуда, рақамгузорӣ карда шавад ва дар санксия калимаҳои "сӣ то чил" ба калимаҳои "ҳаштод то навад" иваз карда шаванд;

- қисми 2 бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"2. Барои дар давоми сол баъди таъини ҷазои маъмурӣ такроран содир намудани кирдори дар қисми якуми ҳамин модда пешбинишуда,-

ба андозаи аз сад то яксаду панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад.".

7. Дар санксияи қисми 1 моддаи 474(4) калимаҳои "панҷоҳ то сад" ба калимаҳои "яксаду чил то яксаду панҷоҳ" иваз карда шаванд.

8. Дар санксияи моддаи 570 калимаҳои "аз даҳ то бист" ба калимаҳои "аз панҷ то даҳ" иваз карда шаванд.

9. Дар санксияи моддаи 571 калимаҳои "аз даҳ то бист" ба калимаҳои "аз панҷ то даҳ" иваз карда шаванд.

10. Дар санксияи моддаи 574 калимаҳои "аз даҳ то бист" ба калимаҳои "аз панҷ то даҳ" иваз карда шаванд.

11. Дар санксияи моддаи 588 калимаҳои "аз даҳ то бист", "аз сӣ то чил" ва "аз сад то яксаду панҷоҳ" мувофиқан ба калимаҳои "аз панҷ то даҳ", "аз даҳ то бист" ва "аз панҷоҳ то сад" иваз карда шаванд.

12. Санксияи моддаи 598 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз даҳ то бист, ба шахсони мансабдор аз сӣ то чил ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз панҷоҳ то сад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад.".

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                  Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе,

аз 23 декабри соли 2021, № 1813

ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О ВНЕСЕНИИ ИЗМЕНЕНИЙ И ДОПОЛНЕНИЙ В КОДЕКС РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН ОБ АДМИНИСТРАТИВНЫХ ПРАВОНАРУШЕНИЯХ

Принят

постановлением МН МОРТ

от 6 октября 2021 года, №508

Одобрен

постановлением ММ МОРТ

от 17 декабря 2021 года, №186

Статья 1. Внести в Кодекс Республики Таджикистан об административных правонарушениях, принятый Законом Республики Таджикистан от 31 декабря 2008 года (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 2008 г., №12, ч.1, ст.989, ст.990; 2009 г., №5, ст.321, №9-10, ст.543; 2010 г., №1, ст.2, ст.5, №3, ст.153, №7, ст.547, №12, ч.1, ст.812; 2011 г., №6, ст.430, ст.431, №7-8, ст.610, №12, ст.838; 2012 г., №4, ст.256, №7, ст.685, ст.693, №8, ст.814, №12, ч.1, ст.1004; 2013 г., №3, ст.181, №7, ст.508; 2014 г., №3, ст.143, ст.144, №7, чЛ, ст.389, ст.390; 2015 г., №3, ст.201, №7-9, ст.707, ст.708, №11, ст.955, №12, ч.1, ст.1108; 2016 г., №3, ст.130, ст.131, ст.132, №5, ст.359, ст.361, №7, ст.613, ст.614, №11, ст. 877; 2017 г., №1-2, ст.5, ст.6, №5, ч.1, ст.275, №7-9, ст.568, ст.585; 2018 г., №1, ст.9, №5, ст.268, ст.269; 2019 г., №1, ст.8, №6, ст.312, ст.313, №7, ст.464; 2020 г., №1, ст.6, №7-9, ст.604, ст.606, ст.621, №12, ст.900, ст.901; 2021 г., №6, ст.384, ст.385), следующие изменения и дополнения:

1. В статье 85:

- в санкции части 1 слова "пятнадцати до двадцати" заменить словами "тридцати до сорока";

- в санкции части 2 слова "сорока до пятидесяти" заменить словами "семидесяти до восьмидесяти".

2. Название и диспозицию части 1 статьи 128 и статью 131 после слов "психотропных веществ" дополнить словами ", их аналогов".

3. В статье 474:

- абзац третий части 1 исключить;

- в санкции части 1 слова "семи до десяти", "двадцати до тридцати" и "ста до двухсот" соответственно заменить словами "пятнадцати до двадцати", "сорока до шестидесяти" и "двухсот до четырехсот";

- в санкции части 2 слова "двенадцати до двадцати", "сорока до пятидесяти" и "трехсот до четырехсот" соответственно заменить словами "сорока до шестидесяти", "ста до ста двадцати" и "пятисот до шестисот".

4. В статье 474(1):

- в санкции части 1 слова "тридцати до пятидесяти", "пятидесяти до ста" и "ста до двухсот" соответственно заменить словами "шестидесяти до семидесяти", "ста семидесяти до ста восьмидесяти" и "шестисот до семисот";

- в санкции части 2 слова "пятидесяти до семидесяти", "ста до ста пятидесяти" и "двухсот до трёхсот" соответственно заменить словами "девяноста до ста", "ста восьмидесяти до ста девяноста" и "восьмисот до одной тысячи";

- в санкции части 3 слова "пятидесяти до ста" заменить словами "шестисот до восьмисот";

- в санкции части 4 слова "двухсот до трехсот" заменить словами "восьмисот до одной тысячи".

5. Статью 474(2) изложить в следующей редкации:

"Статья 474(2). Незаконное осуществление и получение религиозного обучения

1. Незаконное осуществление религиозного обучения, в том числе через сети интернет, если это деяние не имеет религиозно- экстремистского характера,

влечет наложение штрафа на физических лиц в размере от девяноста до ста пятидесяти, на сотрудников и руководителей религиозных объединенийот ста шестидесяти до ста семидесяти и на юридические лица - от семисот до девятисот показателей для расчетов.

2. Незаконное получение религиозного обучения,

влечет наложение штрафа в размере от пятидесяти до девяноста показателей для расчетов.

3. Нарушение порядка получения религиозного обучения гражданами Республики Таджикистан в зарубежных странах,

влечет наложение штрафа на физических лиц в размере от восьмидесяти до ста тридцати, на сотрудников и руководителей религиозных объединений и должностных лиц - от ста двадцати до ста пятидесяти и на юридические лицаот шестисот до восьмисот показателей для расчетов.".

6. В статье 474(3):

- текст статьи считать частью 1 и пронумеровать, и в санкции слова "тридцати до сорока" заменить словами "восьмидесяти до девяноста";

- дополнить частью 2 следующего содержания:

"2. Те же деяния, предусмотренные частью первой настоящей статьи, совершенные повторно в течение года после применения мер административного взыскания,

влекут наложение штрафа в размере от ста до ста пятидесяти показателей для расчетов.".

7. В санкции части 1 статьи 474(4) слова "пятидесяти до ста" заменить словами "ста сорока до ста пятидесяти".

8. В санкции статьи 570 слова "десяти до двадцати" заменить словами "пяти до десяти".

9. В санкции статьи 571 слова "десяти до двадцати" заменить словами "пяти до десяти".

10. В санкции статьи 574 слова "десяти до двадцати" заменить словами "от пяти до десяти".

11. В санкции статьи 588 слова "десяти до двадцати", "тридцати до сорока" и "ста до ста пятидесяти" соответственно заменить словами "пяти до десяти", "десяти до двадцати" и "пятидесяти до ста".

12. Санкцию статьи 598 изложить в следующей редакции:

"влечет наложение штрафа на физических лиц в размере от десяти до двадцати, на должностных лиц - от тридцати до сорока и на юридические лица - от пятидесяти до ста показателей для расчетов.".

Статья 2. Настоящий Закон ввести в действие после его официального опубликования.

Президент

Республики Таджикистан Эмомали Рахмон

г. Душанбе,

от 23 декабря 2021 года, №1813