Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон"
Бо қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 16 июни соли 2021, №440
қабул карда шуд
Бо қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 17 декабри соли 2021, № 178
ҷонибдорӣ карда шуд
Моддаи 1. Ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон" аз 26 июли соли 2014 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2014, №7, қ.1, мод.379; с.2015, №3, мод.197, №7-9, мод.697; с.2017, №5, қ.1, мод.266) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар моддаи 1:
- матни модда қисми 1 ҳисобида, рақамгузорӣ карда шавад;
- қисми 2 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"2. Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни конститутсионии мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, адолати судии конститутсиониро амалӣ менамояд.".
2. Ба моддаи 7 қисми 3 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"3. Раис ва муовини Раис судяҳои Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, ваколатҳои худро бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни конститутсионии мазкур ва Дастури Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамоянд.".
3. Ба моддаи 8 қисмҳои 4 ва 5 бо мазмуни зерин илова карда шаванд:
"4. Судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни конститутсионии мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро риоя намояд, дониш ва таҷрибаи худро барои иҷрои вазифаҳое, ки ба зиммаи ӯ гузошта шудаанд, истифода барад, ваколатҳояшро бо маҳорати касбӣ иҷро намояд ва сазовори номи судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад.
5. Судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ ва берун аз он бояд аз содир намудани амалҳое, ки боиси паст задани обрӯи ҳокимияти судӣ ва шаъну эътибори судя мегарданд ё беғаразона, одилона ва холисона будани ӯро зери шубҳа мегузоранд, худдорӣ намояд.".
4. Дар қисми 1 моддаи 15 калимаҳои "ба ҷомеаи судяҳо" ба калимаҳои "ба иттиҳодияи ҷамъиятии "Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шаванд.
5. Дар моддаи 34:
- қисми 2 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"2. Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои салоҳияти зерин мебошад:
- баррасии парвандаҳо дар хусуси ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқат доштани лоиҳаи тағйиру иловаҳои ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшаванда, лоиҳаи қонунҳо ва дигар масъалаҳои ба раъйпурсии умумихалқӣ пешниҳодшаванда;
- баррасии парвандаҳо дар хусуси муайян намудани мувофиқати қонунҳо, санадҳои меъёрии ҳуқуқии якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон, Маҷлиси миллӣ, Маҷлиси намояндагон, Президент, Ҳукумат, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ ва дигар мақомоти давлатию ҷамъиятӣ, шартномаҳои ба қувваи қонун надаромадаи Тоҷикистон ба Конститутсия;
- баррасии парвандаҳо оид ба ҳалли баҳсҳои байни мақомоти давлатӣ доир ба салоҳияти онҳо;
- иҷрои ваколатҳои дигаре, ки Конститутсия ва дигар қонунҳо муайян кардаанд.";
- қисми 3 хориҷ карда шавад;
- қисми 4 қисми 3 ҳисобида шавад.
6. Моддаи 40 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"Моддаи 40. Субъектҳои муроҷиат ба Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ба Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон субъектҳои зерин ҳуқуқи муроҷиат карданро доранд:
- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқат доштани тағйиру иловаҳои ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшаванда, лоиҳаи қонунҳо ва дигар масъалаҳое, ки ба раъйпурсии умумихалқӣ пешниҳод карда мешаванд;
- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқат доштани қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, шартномаҳои ба қувваи қонун надаромадаи Тоҷикистон, тавзеҳоти дастурии пленумҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- вазорату идораҳо, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар хусуси ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқат доштани қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, тавзеҳоти дастурии пленумҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- мақомоти давлатӣ оид ба баҳсҳои байни онҳо доир ба салоҳияташон;
- Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқат доштани қонун, дигар санади меъёрии ҳуқуқӣ, тавзеҳоти дастурии пленумҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ҷониби мақомоти давлатӣ ва ҷамъиятӣ нисбат ба шахсони воқеӣ дар муносибати мушаххаси ҳуқуқӣ татбиқ карда шудаанд;
- судяҳои судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (ба истиснои судяҳои Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон) дар хусуси ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқат доштани қонун, дигар санади меъёрии ҳуқуқӣ, тавзеҳоти дастурии пленумҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар парвандаи мушаххас нисбат ба шахсони воқеӣ ё ҳуқуқӣ татбиқ шудаанд ё бояд татбиқ карда шаванд;
- шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар хусуси ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқат доштани қонун, дигар санади меъёрии ҳуқуқӣ, тавзеҳоти дастурии пленумҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ҷониби мақомоти давлатӣ ва ҷамъиятӣ нисбат ба онҳо дар муносибати мушаххаси ҳуқуқӣ татбиқ карда шудаанд.".
7. Дар қисми 2 моддаи 41 калимаи "ҳаштуми" ба калимаи "ҳафтуми" иваз карда шавад.
8. Матни моддаи 42 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"Субъектҳои муроҷиат, ки дар сархати ҳафтуми моддаи 40 Қонуни конститутсионии мазкур пешбинӣ шудаанд, метавонанд дар муддати як сол аз рӯзи нисбати онҳо татбиқ шудани қонун ё дигар санади меъёрии ҳуқуқӣ ба Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намоянд.".
9. Дар моддаи 44:

"2. Барои баррасии парванда дар Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ошкор гаштани номуайянӣ дар масъалаи ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқат доштани қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, шартномаҳои ба қувваи қонун надаромадаи Тоҷикистон, тавзеҳоти дастурии пленумҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, баҳсҳои байни мақомоти давлатӣ доир ба салоҳияташон ва ҳолатҳои дигаре, ки аз салоҳияти Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеоянд, асос мегардад.";
- аз қисми 3 калимаҳои "Маҷлиси миллӣ ва" хориҷ карда шаванд;
- қисми 4 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"4. Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ё Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар хусуси ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқат доштани лоиҳаи тағйиру иловаҳои ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшаванда, лоиҳаи қонунҳо ва дигар масъалаҳое, ки ба раъйпурсии умумихалқӣ пешниҳод карда мешаванд, бо тартиб ва мӯҳлати муқаррарнамудаи Қонуни конститутсионии мазкур баррасӣ намуда, оид ба он хулоса қабул мекунад.".
10. Дар моддаи 45:
- аз қисми 1 рақам ва аломати "1." хориҷ карда шаванд;
- дар сархати панҷум калимаи "шашмоҳаи" ба калимаи "яксолаи" иваз карда шавад.
11. Сархати шашуми қисми 1 моддаи 46 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"- доираи иштирокчиёни парвандаро муайян ва ба Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд.".
12. Дар моддаи 47:

"2. Иттилоот дар бораи вақт ва маҳалли баргузории мурофиаи судӣ дар сомонаи расмии Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон на дертар аз 10 рӯз то баргузории мурофиаи судӣ ҷойгир карда мешавад.".
13. Дар моддаи 49:
- сархатҳои чорум, панҷум ва шашуми қисми 2 дар таҳрири зерин ифода карда шаванд:
"- ба судя-котиби Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои маърӯза дар бораи ҳузур доштани тарафҳо ва намояндагони онҳо, дигар иштирокчиёни мурофиаи судӣ, даъватшудагон ва сабабҳои ҳозир нашудани онҳо сухан медиҳад;
- ба тарафҳо ва намояндагони онҳо, дигар иштирокчиёни мурофиаи судӣ ва даъватшудагон ҳуқуқу ӯҳдадориҳояшонро мефаҳмонад;
- аз тарафҳо ва намояндагони онҳо дархост доштанашонро дар хусуси даъват кардани шоҳидон, мутахассисон, коршиносони иловагӣ ва доштани далелҳои иловагӣ мепурсад ва масъалаҳои дигареро, ки дар рафти мурофиа ба миён меоянд, барои ҳал кардан ба муҳокимаи суд пешниҳод менамояд;";
- ба қисми 6 ҷумлаи дуюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"Тарафҳо ва намояндагони онҳо ҳуқуқ надоранд, ки ҳангоми суханронии хотимавии худ ба ҳуҷҷатҳо ва ҳолатҳое, ки ба баррасии парванда алоқаманд нестанд ва аз тарафи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳқиқ нашудаанд, истинод биёранд.".
14. Ба қисми 2 моддаи 50 ҷумлаи дуюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад аз талаби пешниҳодкардааш даст кашидани муроҷиаткунандаро рад кунад, агар дар санади меъёрии ҳуқуқии мавриди баҳс қароргирифта вайроншавии манфиати давлат ва ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии шахсони дигар муайян гардад.".
15. Ба моддаи 55 қисми 6 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"6. Мазмуни қарор ва дигар санадҳои Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи ҳуқуқии судро, ки ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқат менамояд, ифода мекунад.".
16. Моддаи 59 хориҷ карда шавад.
17. Дар моддаи 60:
- дар қисми 4 калима ва рақами "қисми 4" ба калима ва рақами "қисми 3" иваз карда шаванд;
- ба қисми 5 ҷумлаҳои дуюм ва сеюм бо мазмуни зерин илова карда шаванд:
"Қабули такрории санадҳои номбурда, ки ба қарори Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифанд, манъ аст. Ҳангоми қабули чунин санадҳо онҳо эътибори ҳуқуқӣ надоранд.".
18. Дар моддаи 64:
- қисмҳои 2 ва 3 дар таҳрири зерин ифода карда шаванд:
"2. Дар протоколи мурофиаи судӣ маълумоти зерин нишон дода мешавад:
- сол, моҳ, сана ва маҳалли баргузории мурофиаи судӣ;
- вақти оғоз ва анҷоми мурофиаи судӣ;
- ҳайати суд, ки парвандаро баррасӣ намудааст, бо нишон додани насаб, ном, номи падари судяҳо, котиби маҷлиси судӣ, тарафҳо ва намояндагони онҳо ва дигар шахсони иштирокчии парванда;
- номи парванда;
- маълумот дар бораи ҳозир шудани тарафҳо ва намояндагони онҳо, дигар шахсони иштирокчии парванда ва даъватшудагон;
- маълумот оид ба фаҳмондани ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои тарафҳо ва намояндагони онҳо, дигар шахсони иштирокчии парванда ва даъватшудагон;
- таъиноте, ки суд дар мурофиаи судӣ қабул намудааст;
- аризаҳо, дархостҳо ва баёноти тарафҳо ва намояндагони онҳо;
- нишондоди шоҳидон, аз ҷониби коршиносон тавзеҳ додани хулосаҳои худ ва эзоҳи мутахассисон;
- муҳтавои хулосаи намояндагони мақомоти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии маҳаллӣ;
- муҳтавои музокираҳои судӣ;
- маълумот оид ба эълон ва шарҳи муҳтавои санади судӣ;
- маълумот дар хусуси ба тарафҳо ва намояндагони онҳо, дигар шахсони иштирокчии парванда фаҳмондани ҳуқуқҳояшон барои шинос шудан бо протоколи мурофиаи судӣ;
- санаи тартиб додани протоколи маҷлиси судӣ.
3. Бо мақсади пурра таҳия намудани протокол стенограмма, воситаҳои сабти овоз ва дигар воситаҳои техникӣ истифода бурда мешаванд. Истифодаи воситаҳои техникии сабти овоз ва дигар воситаҳои техникии сабти рафти мурофиаи судӣ дар протокол дарҷ карда мешавад. Воситаҳои техникии сабти овозу сурат ба протоколи мурофиаи судӣ замима мегарданд.";
- қисми 6 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"6. Тарафҳо ва намояндагони онҳо, дигар шахсони иштирокчии парванда ҳуқуқ доранд бо протокол шинос шаванд.".
19. Аз қисми 7 моддаи 68 калимаҳои "бо сабаби маъюбӣ" хориҷ карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни конститутсионии мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе,
аз 23 декабри соли 2021, № 1806