Низомномаи тартиби додани дараҷаҳои тахассусӣ ба судяҳои судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 октябри соли 2008, № 551

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо Фармони Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 15 октябри соли 2008 № 551

тасдиқ шудааст

Бо Фармони Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 15 октябри соли 2008 № 551

тасдиқ шудааст

Низомномаи тартиби додани дараҷаҳои тахассусӣ ба судяҳои судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Муқаррароти умумӣ

Низомномаи тартиби додани дараҷаҳои тахассусӣ ба судяҳои судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиб ва мӯҳлати додани дараҷаҳои тахассусиро ба раисон, муовинони раисон ва судяҳои Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди ҳарбӣ, Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия, Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоят ва шаҳри Душанбе муайян менамояд.

Дараҷаҳои тахассусӣ ба судяҳо вобаста ба мансаби ишғолкарда, собиқа ва таҷрибаи корӣ, сатҳи дониши касбӣ пай дар пай дода мешаванд.

2. Дараҷаи тахассусии судяҳо

Ба судяҳои судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дараҷаи тахассусиро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон медиҳад.

Ба судяҳо дараҷаҳои тахассусии зерин дода мешаванд:

дараҷаи олии тахассус;

дараҷаи якуми тахассус;

дараҷаи дуюми тахассус;

...

Утверждено

 Указом Президента

Республики Таджикистан

 от 15 октября 2008 года №551

Утверждено

 Указом Президента

Республики Таджикистан

 от 15 октября 2008 года №551

Положение о порядке присвоения квалификационных классов судьям судов Республики Таджикистан

1. Общие положения

Положения о порядке присвоения квалификационных классов судьям судов Республики Таджикистан определяет порядок и срок присвоения квалификационных классов председателям, заместителям председателей и судьям Конституционного суда Республики Таджикистан, Верховного Суда Республики Таджикистан, Высшего экономического суда Республики Таджикистан, Военного суда, Суда Горно-Бадахшанской автономной области, судов областей, города Душанбе, городов и районов, Экономического суда Горно-Бадахшанской автономной области, экономических судов областей и города Душанбе.

Квалификационные классы присваиваются судьям по очередности с учетом занимаемой должности, стажа, опыта работы и уровня профессиональных знаний.

2. Квалификационные классы судей

Судьям судов Республики Таджикистан квалификационные классы присваиваются Президентом Республики Таджикистан по представлению Председателя Конституционного суда Республики Таджикистан, Председателя Верховного Суда Республики Таджикистан, Председателя Высшего экономического суда Республики Таджикистан и Председателя Совета юстиции Республики Таджикистан.

Судьям присваиваются следующие квалификационные классы:

высший квалификационный класс;

первый квалификационный класс;

второй квалификационный класс;

...