Замимаи 1
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 3 декабри соли 2021, №516
Барномаи рушди футбол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026
1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
1. Барномаи рушди футбол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022 - 2026 (минбаъд - Барнома) самтҳои асосии фаъолият, афзалиятҳо, вазифаҳо ва тартиби амалисозии сиёсати давлатӣ дар ин соҳа ва роҳҳои амалисозии Нақшаи чорабиниҳои рушди футболро муайян менамояд.
2. Амалисозии Барнома барои мукаммалгардонии заминаҳои меъёрии ҳуқуқӣ, моддию техникӣ, омодасозии мутахассисон, вусъат додани рушди футбол бо истифодаи технологияҳои навоварона, инфрасохтори муосир, бунёду таҷдиди майдончаҳои варзишӣ, фароҳам намудани шароити мусоид барои зиёд намудани шуъбаҳои футбол дар муассисаҳои тайёрии варзишӣ ва рушду оммавигардонии футбол дар деҳот тавассути ҷалби аҳолӣ ба футбол саҳми муносиб мегузорад.
3. Дар асоси Барнома барномаҳои маҳаллии рушди футбол дар сатҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ таҳия, қабул ва амалӣ мегардад.
2. ТАҲЛИЛИ ВАЗЪ ВА ЗАРУРАТИ ҚАБУЛИ БАРНОМА
4. Футбол яке аз намудҳои оммавитарини варзиш ба ҳисоб рафта, он на танҳо ҳамчун падидаи варзишӣ, балки ҳамчун падидаи сиёсӣ эътироф шуда, дастовардҳо дар мусобиқаҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Чемпионати ҷаҳон ва Осиё, бешубҳа аз неруву иқтидор, сатҳи солимӣ ва маънавии ҳар миллат шаҳодат медиҳад.
5. Футбол дар давраи муосири рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш чун пештара яке аз намудҳои маъмул ва оммавитарини варзиш маҳсуб ёфта, сифатҳои ҷисмонӣ, ахлоқӣ ва зебоипарастии шахсро ташаккул дода, воситаи самарабахши тарбияи насли наврас ва солимии аҳолӣ мебошад.
6. Самтҳои муҳимми Барнома ба рушди футболи деҳот барои дӯстдорони футбол, наврасону кӯдакон ва бонувон барои футболи касбӣ нигаронида шуда, маҷмӯйи тадбирҳои афзалиятнокро дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш барои панҷ соли минбаъда муайян менамояд.
7. Рушди футбол яке аз намудҳои афзалиятноки варзиш ба ҳисоб рафта, амалисозии сиёсати давлатии соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзишро маҳз ба хотири таъмини оммавияти он, таҳкими тарзи ҳаёти солим, мусоидат намудан ба омодакунии варзишгарони касбии тоҷик барои иштирок дар мусобиқаҳои бонуфузи байналмилалӣ амалӣ месозад.
8. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, хусусан, рушди футбол мунтазам чораҳои дахлдор андешида, бо ин мақсад давра ба давра Барномаи рушди футбол дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро тасдиқ ва амалӣ мегардонад.
9. Дар самти рушду оммавияти футбол ва рушди футболи касбӣ дар Тоҷикистон Федератсияи футболи Тоҷикистон ҳамчун ташкилоти ҷамъиятӣ, мақоми ваколатдори соҳа ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, соҳибкорону сарпарастон саҳми муносиб дошта, рушди футболи тоҷик давра ба давра дар сатҳи сифатан нав ва мутобиқ ба талаботи стандартҳои байналмилалӣ роҳандозӣ шуда истодааст.
10. Дар давраи солҳои 2017-2021 дар ҳудуди кишвар барои рушди инфрасохтори футбол 7 варзишгоҳи калон ва зиёда аз 946 адад майдончаҳои хурди футболбозӣ бунёд карда шудаст. Айни замон аз 10220 иншооти варзишӣ дар ҳудуди ҷумҳурӣ мувофиқи маълумоти оморӣ ба қайд гирифта шуда, 122 варзишгоҳ ва 7326 майдончаи варзишӣ фаъолият менамоянд, ки барои рушди футбол саҳми муносиб гузошта истодаанд. Новобаста аз ин, бо дарназардошти дӯстдоштатарин намуди варзиш маҳсуб ёфтани футбол ва бо мақсади ҷалби бештари аҳолӣ ба тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш бунёди иншооти варзишӣ, аз ҷумла майдончаҳои муосири футбол дар деҳаю маҳаллаҳое, ки аз 100 хоҷагӣ зиёд доранд, ба нақша гирифта шудааст.
11. Бо дарназардошти фароҳам гаштани заминаҳои инфрасохтории соҳа айни замон 22 даста дар лигаи олӣ ва якум, 35 дастаи лигаи дуюм ва 10 дастаи мунтахаби футболбозон фаъолият мекунанд, ки дар онҳо дар маҷмӯъ зиёда аз 2010 нафар футболбоз фаро гирифта шудааст.
12. Дар давраи солҳои 2017-2021 бо мақсади баланд бардоштани сатҳи тахассусии мураббиён аз ҷониби Федератсияи футболи Тоҷикистон курсҳои бозомӯзии мураббиён ва доварон барои соҳиб гардидан ба иҷозатномаҳои мураббии байналмилалии дараҷаи А, В, С доир гардид, ки дар онҳо мураббиёну доварон маҳорату малакаи хешро баланд намуданд.
13. Дар ин давра дар муассисаҳои варзишӣ 52 гурӯҳҳои машқварзӣ афзоиш ёфта, теъдоди машқварзон 4281 нафар ва теъдоди мураббиён 108 нафар зиёд гардидаанд.
14. Самтҳои муҳимми Барнома ба рушди футбол миёни кӯдакону наврасон, хоса духтарон дар деҳот нигаронида шуда, маҷмӯйи тадбирҳои афзалиятнокро дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш барои 5 соли минбаъда муайян мекунад ва ба рушди инфрасохтори футбол дар деҳоти ҷумҳурӣ, дар маҷмӯъ ба пешрафти ин соҳа вусъати нав мебахшад. Амалисозии Барнома пешбурди таълимоти футболро махсусан дар деҳоти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи сифатан нав ба роҳ монда, инчунин сатҳи дараҷаи касбии мураббиёну доваронро шурӯъ аз сатҳи деҳот баланд мебардорад.
15. Бинобар ин, рушди минбаъдаи футбол ва дар маҷмӯъ соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш андешидани чораҳои иловагӣ ва маҷмӯиро тақозо намуда, таҳия, қабул, банақшагирӣ ва маблағгузории Барнома аз ҳисоби буҷети давлатӣ муҳим мебошад.
3. МАҚСАД ВА ВАЗИФАҲОИ БАРНОМА
16. Мақсад ва вазифаҳои Барнома фароҳам овардани шароите, ки имконияти рушди самарабахши футбол, аз ҷумла футбол дар деҳот, футболи касбӣ, футболи кӯдакону наврасон, футболи бонувон ва футзалро барои ба даст овардани натиҷаҳои баланд, муқаррар намудани принсипҳои тарзи ҳаёти солим ва ҳалли мушкилоти иҷтимоии ҷомеа тавассути тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш мебошад.
17. Мақсадҳои асосии Барнома инҳоянд:
- рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш;
- тарғибу ташвиқи футбол дар байни аҳолӣ;
- шароити мусоид фароҳам овардан барои машғулиятҳои футбол ба аҳолӣ;
- оммавигардонии футбол байни аҳолӣ;
- ҷалби мунтазами аҳолӣ ба футбол;
- рушди футбол байни наврасону ҷавонон ва бонувон;
- рушди футбол дар деҳот, футболи касбӣ ва футзал;
- пайдо намудани истеъдодҳои нав дар байни наврасону ҷавонон;
- омода намудани мураббиёну доварони сатҳи баланди касбӣ;
- фароҳам овардани шароити зарурӣ барои варзишгарони касбӣ бо мақсади ба даст овардани натиҷаҳои баланди варзишӣ ва ба ин восита рушд додани футболи тоҷик дар арсаи байналмилалӣ;
- ба талаботи муосир мутобиқ намудани санадҳои меъёрию ҳуқуқии соҳа;
- омода намудани захираҳои варзишӣ ва варзишгарони сатҳи байналмилалӣ.
18. Барои ноил гардидан ба мақсади рушди футбол вазифаҳои зеринро амалӣ намудан зарур аст:
- рушди инфрасохтори футбол ҷавобгӯ ба талаботи байналмилалӣ;
- муқаррар намудани принсипҳои тарзи ҳаёти солим бо роҳи тарғиб ва ҷалби бештари аҳолӣ ба машғулиятҳои мунтазами футбол;
- ҷалби бештари аҳолӣ, аҳолии деҳот, хоса ҷавононе, ки кор намекунанд ба футбол бо мақсади пешгирии амалҳои номатлуб аз қабили ҳуқуқвайронкуниҳо;
- коҳиш додани шиддати бегонапарастӣ ва хурофот дар байни наврасону ҷавонон ва пешгирии ҳама гуна аъмолҳои зишти ҷомеа миёни ҷавонон;
- зиёд намудани теъдоди шуъбаю гурӯҳҳои футбол дар муассисаҳои тайёрии варзишӣ дар шаҳру ноҳияҳо барои ҷалби бештари наврасону ҷавонон ва бонувон ба футбол;
- тақвият додани низоми тайёркунӣ ва азнавтайёркунии мураббиёну доварони сатҳи баланди касбӣ;
- эҳё ва зиёд намудани майдонҳои футбол дар маҳал барои тарғиби тарзи ҳаёти солим ва пур намудани фазои холӣ ҷиҳати пешгирии ҷавонону наврасон аз падидаҳои номатлуб мутобиқ ба талаботи байналмилалии соҳаи варзиш;
- такмили минбаъдаи сифати омодагардонии кадрҳо, азнавтайёркунӣ ва такмили ихтисоси мураббиён, доварон ва мутахассисони дигари самти футбол ҷавобгӯ ба талаботи Конфедератсияи футболи Осиё ва Ассотсиатсияи байналмилалии федератсияи футбол (FIFA);
- таҳия ва нашри маводи илмию методӣ ва дастуру барномаҳои махсуси таълими футбол;
- бештар намудани чорабиниҳои варзишӣ байни наврасон ва бонувон барои пайдо намудани истеъдодҳои нав;
- ташвиқу тарғиби футбол тавассути васоити ахбори омма;
- мустаҳкам намудани заминаи моддию техникии майдонҳои футбол, муассисаҳои варзишӣ, клубҳои футбол, таъмини онҳо бо лавозимоти варзишӣ ва ба роҳ мондани таъмини хизматрасонии тиббӣ ва аз муоинаи тиббии ҳатмӣ гузаштани шахсоне, ки ба варзиши касбӣ машғул ҳастанд;
- мустаҳкам намудани рушди муносибатҳои байналмилалӣ.
4. МАНБАЪҲОИ МОЛИЯВИИ БАРНОМА
19. Ҳаҷми умумии маблағгузории Барномаи рушди футбол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026 89 миллиону 185 ҳазор сомонӣ, аз он 14 миллиону 700 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва аз ҳисоби маблағҳои Федератсияи футболи Тоҷикистон 74 миллиону 485 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
20. Маблағгузории чорабиниҳо оид ба амалисозии Барнома дар доираи маблағҳои пешбинишавандаи буҷети давлатӣ барои мақомоти идораи давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва ташкилотҳо дар амалисозии Барнома иштироккунанда, инчунин аз ҳисоби маблағҳои дигари ғайрибуҷетӣ амалӣ карда мешавад.
5. НАЗОРАТИ ИҶРОИ БАРНОМА
21. Назорати иҷрои Барнома аз ҷониби Шӯрои рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
Замимаи 2
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 3 декабри соли 2021, №516
Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Барномаи рушди футбол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022 - 2026
* Замима мегардад