Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 25 ноябри соли 2021, №501
тасдиқ шудааст
Тартиби муайян намудани минтақаҳои муҳофизатӣ барои объектҳои гидроэнергетикӣ, шартҳои махсуси истифодаи об ва истифодаи қитъаҳои паҳнои соҳилҳо (аз ҷумла дар қитъаҳои ҳамсарҳади иншооти гидроэнергетикӣ) дар сарҳади онҳо
1. Тартиби муайян намудани минтақаҳои муҳофизатӣ барои объектҳои гидроэнергетикӣ, шартҳои махсуси истифодаи об ва истифодаи қитъаҳои паҳнои соҳилҳо (аз ҷумла дар қитъаҳои ҳамсарҳади иншооти гидроэнергетикӣ) дар сарҳади онҳо (минбаъд - Тартиби мазкур) дар асоси моддаи 82 Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардида, қоидаҳои муайян намудани минтақаҳои муҳофизатӣ барои объектҳои гидроэнергетикӣ, шартҳои махсуси истифодаи об ва истифодаи қитъаҳои паҳнои соҳилҳо (аз ҷумла дар қитъаҳои ҳамсарҳади иншооти гидроэнергетикӣ) дар сарҳади онҳоро муқаррар менамояд.
2. Минтақаҳои муҳофизатӣ дар марзобгоҳҳои (акваторияҳои) объектҳои об, аз ҷумла дар шафати барғи болоӣ ва поёнии гидроузелҳои объектҳои гидроэнергетикӣ, воқеъ дар қитъаҳои объектҳои об, дар қитъаҳои паҳноҳои соҳилӣ (аз ҷумла дар қитъаҳои ҳамсарҳади иншооти гидроэнергетикӣ), қитъаҳои дарёбод барои таъмини фаъолияти бехатару бесадама ва истифодаи бехатари объектҳои гидроэнергетикӣ, аз ҷумла сарбандҳо, биноҳои неругоҳҳои барқи обӣ, иншооти обпарто, обсардиҳӣ ва обхоликунӣ муқаррар карда мешаванд.
3. Минтақахои муҳофизатӣ қад-қади сарбанди объекти гидроэнергетикӣ дар фазои обӣ аз сатҳи об то қаър байни хатҳои соҳилӣ ҳангоми танбашавии муътадили сатҳи об дар барғи болоӣ ва сатҳи миёнаи бисёрсолаи об дар барғи поёнӣ, ки бо ҳамвориҳои амудии мусовии нисбат ба меҳвари иншооти обтанбашавӣ дар масофаҳои зерин аз ҳар ду тараф дуристода муқаррар мегарданд:
- барои объектҳои дорои хатарнокии дараҷаи баланд - 500 метр дар барғи болоӣ ва поёнии гидроузел;
- барои объектҳои дорои хатарнокии дараҷаи миёна - 350 метр дар барғи болоӣ ва поёнии гидроузел;
- барои объектҳои дорои хатарнокии дараҷаи паст - 200 метр дар барғи болоӣ ва поёнии гидроузел.
4. Минтақаҳои муҳофизатӣ қад-қади хатти соҳилии объектҳои об дар барғи болоӣ ва поёнии гидроузел ба намуди хатти заминӣ дар соҳили маҷрои обгузар бо паҳноии 20 метр муқаррар карда мешаванд, ки тӯлкашии он ба масофа аз меҳвари иншооти обтанбашавӣ, ки дар банди 3 Тартиби мазкур муқаррар шудааст, баробар мебошад.
5. Нисбат ба объектҳои гидроэнергетикии истифодашаванда ва сохташаванда минтақаҳои муҳофизатӣ муқаррар карда мешаванд.
6. Минтақаҳои муҳофизатӣ нисбат ба объектҳои гидроэнергетикии сохташаванда то ба истифодабарии муваққатӣ ва ё доимӣ супоридани онҳо муқаррар карда мешаванд.
7. Минтақаҳои муҳофизатӣ нисбат ба объектҳои гидроэнергетикии тарҳрезишаванда дар ҳуҷҷатҳои лоиҳавии объектҳои гидроэнергетикӣ нишон дода мешаванд.
8. Минтақаҳои муҳофизатӣ аз санаи ворид намудани маълумот оид ба сарҳади онҳо ба кадастри давлатии замин муқарраршуда ҳисобида мешаванд.
9. Сарҳади минтақаҳои муҳофизатӣ бояд бо мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист мувофиқа карда шавад.
10. Барои мувофиқа кардани сарҳади минтақаҳои муҳофизатӣ ташкилоте, ки дорои ҳуқуқи моликият ба таҷҳизоти гидроэнергетикӣ (гидротурбинаи) объекти гидроэнергетикии истифодашаванда (сохташаванда) мебошад ва ё ҳуҷҷати лоиҳавӣ барои объекти гидроэнергетикии тарҳрезишаванда дорад (минбаъд - оператори объекти гидроэнергетикӣ), ба мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ариза оид ба мувофиқасозии сарҳади минтақаҳои муҳофизатӣ бо замимаи ҳатмии маълумот доир ба сарҳади минтақаҳои муҳофизатӣ, ки бояд дорои тавсифоти матнӣ ва ҷадвалии макони ҷойгиршавии сарҳади чунин минтақаҳо, ҳамчунин номгӯйи координати нуқтаҳои хоси ин сархадҳо дар низоми координатҳое, ки барои пешбурди кадастри давлатии замин муқаррар шудааст (минбаъд - маълумот оид ба сарҳади минтақаҳои муҳофизатӣ), пешниҳод менамояд. Ҳуҷҷатҳои зикргардида бояд дар давоми 15 рӯзи корӣ аз санаи воридшавии онҳо баррасӣ карда шаванд.
11. Агар параметрҳои сарҳади минтақаҳои муҳофизатӣ ба талабот нисбат ба муқаррар намудани сарҳади минтақаҳои муҳофизатии бо Тартиби мазкур пешбининамуда, мувофиқат накунад, дар ин маврид мувофиқа гардонидани сарҳади минтақаҳои муҳофизатӣ рад карда мешавад.
12. Дар ҳолати қабули қарор оид ба мувофиқа гардонидани сарҳади минтақаҳои муҳофизатӣ дар тавсифоти матнӣ ва ҷадвалии макони ҷойгиршавии сарҳади минтақаҳои муҳофизатӣ бо шароитҳои махсуси истифодабарии замин қайд дар бораи мувофиқа гузошта мешавад, ки он бо муҳр ва имзои шахси мансабдори мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист тасдиқ карда мешавад. Оператори объекти гидроэнергетикӣ ба мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи батанзимдарории муносибатҳои вобаста ба замин ҳуҷҷати бо мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист мувофиқагардидаро, ки маълумот оид ба сарҳади минтақаҳои муҳофизатиро инъикос мекунад, аз ҷумла номгӯйи онҳо ва мундариҷаи маҳдудиятҳои истифодабарии объектҳои ғайриманқул дар сарҳади онҳоро, бо замимаи тавсифоти матнӣ ва ҷадвалии макони ҷойгиршавии сарҳадҳои чунин минтақаҳо, ҳамчунин номгӯйи координатҳои нуқтаҳои хоси ин сарҳадҳоро дар низоми координатҳое, ки барои пешбурди кадастри давлатии замин муқаррар шудааст, пешниҳод менамояд.
13. Аломатгузорӣ дар маҳалли сарҳади минтақаҳои муҳофизатӣ аз ҷониби оператори объекти гидроэнергетикӣ дар марзобгоҳи объектҳои об дар барғи болоӣ ва поёнии гидроузел, ҳамчунин дар паҳнои соҳилии объекти обӣ дар мавзеи будубоши оммавии шаҳрвандон тавассути гузоштани аломатҳои огоҳкунанда, ки нишондоди андозаи минтақаҳои муҳофизатӣ, иттилоот оид ба оператори объекти гидроэнергетикӣ ва зарурати риояи шарти махсуси обистифодабариро дар бар мегирад, амалӣ мегардад.
14. Тартиби насби аломатҳои огоҳкунанда барои нишон додани сарҳадҳои минтақаҳои муҳофизатии объектҳои гидроэнергетикӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист муқаррар мешавад.
15. Мувофиқа намудани истифодаи объектҳои об (истифодаи об) дар минтақаҳои муҳофизатӣ бо оператори объекти гидроэнергетикӣ ҳатмӣ мебошад.
16. Намудҳои зерини фаъолият (истифодаи об) дар минтақаҳои муҳофизатӣ мувофиқа мегарданд:
- истифодабарии марзобгоҳи объектҳои об барои мақсадҳои фароғатӣ;
- бунёди платформаҳои доимӣ ва (ё) шинокунанда, ҷазираҳои сунъӣ, ҳамчунин қитъаҳои сунъии замин;
- иктишоф ва истихроҷи канданиҳои фоиданок;
- истироҳати муташаккилонаи шаҳрвандон;
- сохтмони бандарҳо, иншооти болобардори киштиҳо ва таъмири киштиҳо;
- сохтмони иншооти гидротехникӣ, пулҳо, ҳамчунин гузаргоҳҳои зериобӣ ва зеризаминӣ, лӯлақубурҳо ва хатҳои зериобии алоқа;
- гузаронидани корҳои қаъркобӣ, таркишӣ, пармакунӣ ва корҳое, ки ба тағйирёбии қаър ва соҳили объектҳои об алоқаманданд;
- шинокунии киштиҳои хурд, мотосиклҳои обӣ ва воситаҳои техникие, ки барои истироҳат дар объектҳои об пешбинӣ шудаанд;
- амалигардонии парвози яккарата ва фуруди яккаратаи киштиҳои ҳавоӣ;
- шикор, тамоми намуди моҳигирӣ, ба истиснои моҳигирӣ бо мақсадҳои моҳипарварӣ (аквакултура);
- оббозӣ ва қонеъ гардонидани талаботи дигари шахсӣ ва маишии шаҳрвандон;
- ба роҳ мондани омӯзиши геологӣ, ҳамчунин корҳои геофизикӣ, геодезӣ, картографӣ, топографӣ, гидрографӣ ва ғаввосӣ;
- назорати санитарӣ ва карантинӣ;
- мақсадҳои илмӣ ва таълимӣ;
- фаъолияти хоҷагидорӣ ва фаъолияти вобаста ба қитъаҳои паҳноҳои соҳилии объектҳои об (аз ҷумла, дар қитъаҳои ҳамшафати объектҳои гидроэнергетикӣ) дар минтақаи муҳофизатӣ.
17. Қарор оид ба мувофиқагардонии амалӣ намудани фаъолият (истифодаи об) дар минтақаи муҳофизатӣ мувофиқан ба муҳлати амалӣ намудани фаъолият (истифодаи об) дар минтақаи муҳофизатӣ, ки дар банди 16 Тартиби мазкур пешбинӣ гаштааст ва ё ба муҳлати амалигардонии фаъолияти хоҷагидорӣ ва фаъолияти вобаста ба қитъаҳои паҳноҳои соҳилии объектҳои об (аз ҷумла дар қитъаҳои пайвастшавӣ ба объектҳои гидроэнергетикӣ) дар минтақаи муҳофизатӣ дода мешавад.
18. Барои ба даст овардани қарор оид ба мувофиқагардонии амалӣ намудани фаъолият (истифодаи об) дар минтақаҳои муҳофизатӣ шахсони воқеӣ ё шахсони ҳуқуқӣ (минбаъд - дархосткунанда) бо аризаи хаттӣ ба оператори объекти гидроэнергетикӣ дар муҳлати на дертар аз 15 шабонарӯз то оғози амалӣ намудани фаъолият (обистифодабарӣ) дар минтақаҳои муҳофизатӣ муроҷиат менамоянд.
19. Оператори объекти гидроэнергетикӣ дар давоми 5 рӯзи корӣ аз рӯзи ворид шудани ариза онро баррасӣ карда, қарор оид ба мувофиқагардонии (рад намудани мувофиқагардонии) амалӣ намудани фаъолият (истифодаи об) дар минтақаҳои муҳофизатиро қабул менамояд.
20. Қарор оид ба мувофиқа гардонидани (рад намудани мувофиқагардонӣ) истифодаи об ё амалӣ намудани фаъолият дар минтақаҳои муҳофизатӣ ба дархосткунанда супорида мешавад.
21. Дар мавриди ба вуқӯъ омадани ҳолатҳои садамавӣ (фавқулода) дар иншооти гидроэнергетикӣ қарор оид ба мувофиқа гардонидани амалӣ намудани фаъолият (истифодаи об) дар минтақаҳои муҳофизатӣ фавран аз ҷониби оператори объекти гидроэнергетикӣ бекор карда мешавад. Оператори объекти гидроэнергетикӣ фавран ба ҳама гуна восита оид ба бекор намудани қарори зикргардида дархосткунандаро огоҳ менамояд.
22. Раддияи асоснок вобаста ба мувофиқагардонии амалӣ намудани фаъолият (истифодаи об) дар минтақаҳои муҳофизатӣ дар мавриде иҷозат дода мешавад, ки агар амалӣ намудани фаъолияти (истифодаи об) дахлдор боиси халалрасонӣ ба фаъолияти объекти гидроэнергетикӣ гардад.
23. Ба ариза оид ба пешниҳоди объекти об барои истифода, қарор оид ба мувофиқа намудани амалигардонии фаъолият (истифодаи об) дар минтақаҳои муҳофизатӣ замима мегардад, ки ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати вобаста ба пешниҳоди объекти об барои истифода ваколатдор, дар ҳолати амалӣ намудани фаъолиятҳои дар сархати якум ва ҳафтуми банди 16 Тартиби мазкур пешбинишуда, ирсол карда мешавад.
24. Аз болои раддияи оператори объекти гидроэнергстикӣ вобаста ба додани қарор оид ба мувофиқаи амалӣ намудани фаъолият (истифодаи об) дар минтақаҳои муҳофизатӣ бо тартиби судӣ шикоят оварда мешавад.