Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Оид ба ворид намудани тағйирот ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 августи соли 1996 №354
Мутобиқи моддаи 43 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Бандҳои 1, 2 ва 3 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 августи соли 1996 № 354 "Дар бораи таъмини минбаъдаи омӯзиши сатҳи зиндагии аҳолӣ" дар таҳрири зерин ифода карда шаванд:
"1. Кумитаи давлатии омори Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- аз 1 январи соли 2009 миқдори хоҷагиҳои хонаводаҳои тадқиқшавандаро, ки ҳар моҳ гузаронида мешавад, аз 925 хоҷагӣ бо пурсиши ҳар семоҳа ба 3000 хоҷагӣ расонад;
- то 1 декабри соли 2008 барои гузаронидани тадқиқоти доимӣ хоҷагиҳои хонаводаҳоро интихоб намояд.
2. Аз 1 январи соли 2009 пардохти маблағи ҳар семоҳа ба хоҷагии хонаводаҳои тадқиқшаванда, ки буҷети хонаводаи худро сабт мекунанд, ба андозаи 25 фоизи музди ҳадди ақал муқаррар карда шавад.
3. Бо сабаби васеъ шудани шабакаи ҳисоботи мушоҳидаҳои оморӣ ба Кумитаи давлатии омори Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода шавад, ки барои кор дар мақомоти маҳаллии омор дар асоси қарордод ба миқдори 35 воҳид корманд, аз ҷумла 27 воҳид мутахассисро барои тадқиқоти хоҷагиҳои хонаводаҳо дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ (бо ҳисоби 20 оилаи тадқиқшаванда ба як мутахассис дар як моҳ) ва 8 воҳид мутахассисро барои ҷамъоварӣ ва коркарди маълумоти тадқиқоти хоҷагиҳои хонаводаҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҷалб намояд. Барои мутахассисоне, ки дар тадқиқоти хоҷагиҳои хонаводаҳо машғуланд, ҳар моҳ ба андозаи 10 фоизи маоши вазифавӣ иловапулӣ пардохта шавад".
2. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 апрели соли 2002 № 144 "Дар бораи ворид намудани тағйирот ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 августи соли 1996 № 354" аз эътибор соқит дониста шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 1 октябри соли 2008 № 497
ш. Душанбе
Правительство Республики Таджикистан
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
О внесении изменений в постановление Правительства Республики Таджикистан от 22 августа 1996 года №354
В соответствии со статьей 43 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах "Правительство Республики Таджикистан постановляет:
1. Пункты 1, 2 и 3 постановления Правительства Республики Таджикистан от 22 августа 1996 года №354 "О дальнейшем углублении изучения уровня жизни населения" изложить в следующей редакции:
"1. Государственному комитету статистики Республики Таджикистан:
- с 1 января 2009 года увеличить количество обследуемых домашних хозяйств с 925 домохозяйств с ежемесячным проведением опроса и довести до 3000 домохозяйств с квартальной периодичностью;
- до 1 декабря 2008 года провести отбор домашних хозяйств для постоянного обследования.
2. С 1 января 2009 года установить ежеквартальную оплату средств в размере 25 процентов от минимальной заработной платы обследуемому домашнему хозяйству, ведущему запись своего бюджета.
3. В связи с расширением сети отчетов статистических наблюдений разрешить Государственному комитету статистики Республики Таджикистан привлекать к работе на договорных условиях в местные органы статистики в количестве 35 единиц работников, в том числе 27 специалистов для обследования домашних хозяйств в Горно-Бадахшанской автономной области, областях, городе Душанбе, городах и районах республиканского подчинения (из расчета 20 обследуемых семей на одного специалиста в месяц) и 8 единиц специалистов для сбора и обработки данных обследования домашних хозяйств в Горно-Бадахшанской автономной области, областях, городе Душанбе, городах и районах республиканского подчинения. Специалистам, занятым обследованием домашних хозяйств, ежемесячно дополнительно оплачивать в размере 10 процентов должностного оклада".
2. Признать утратившим силу постановление Правительства Республики Таджикистан от 1 апреля 2002 года №144 "О внесении изменений в постановление Правительства Республики Таджикистан от 22 августа 1996 года №354".
Председатель
Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
от 1 октября 2008 года №497
ш. Душанбе