Бо Қарори
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 3 ноябри соли 2021, №550
тасдиқ шудааст
Оинномаи Созмони Исломӣ оид ба амнияти озуқаворӣ
Муқаддима
Ҳукумати кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Исломӣ (минбаъд - Тарафҳо), ки Оинномаи мазкури Созмони Исломӣ оид ба амнияти озуқаворӣ (минбаъд - Оиннома) -ро имзо кардаанд,
бо роҳнамоии муқаррароти Оинномаи Созмони Ҳамкории Исломӣ (минбаъд - СҲИ) ба таҳкими ягонагӣ, ҳамкорӣ ва ҳамбастагӣ байни мардуми узви СҲИ ба мақсади баланд бардоштани некуаҳволӣ, шукуфоӣ ва рушди иҷтимоӣ ва иқтисодии онҳо,
мутобиқи қарори №3/39-E оид ба таъсиси Институти Амнияти Озуқавории СҲИ дар Қазоқистон, ки дар ҷаласаи сию нуҳуми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои СҲИ дар Ҷибути, Ҷумҳурии Ҷибути, 15-17 ноябри соли 2012 қабул гардида буд,
бо эътирофи зарурати пайдо кардани роҳҳои ҳалли мушкилоти вобаста ба амнияти озуқаворӣ, ки давлатҳои аъзои он дучор мешаванд, аз ҷумла, хуруҷи гуруснагӣ, камғизоӣ, гуруснагӣ, камбизоатии ҳамаҷоя, афзоиши аҳолӣ, норасоии ғизо, биёбоншавӣ, кам шудани майдони ҷангалҳо, шӯршавии хок ва истифодаи бесамари имкониятҳои мавҷуда,
дар саъю талош ҷиҳати таъсис додани платформаи коллективӣ барои пешбурд ва рушди амнияти озуқаворӣ, деҳот ва рушди соҳаи кишоварзӣ дар асоси дарозмуддат ба воситаи сафарбар намудани ҳамаи захираҳои мавҷуда дар дохили кишвар, табодули таҷриба ва амалияи беҳтарин, рушди сармоягузорӣ ва интиқоли технологияҳои мувофиқ, ҳамин Оинномаро муқаррар менамоянд.
Боби 1 Муқаррароти умумӣ
Моддаи 1 Мафҳумҳо
Дар ин Оиннома, мафҳумҳои зерин бояд маъноҳоеро, ки дар паҳлуи онҳо нишон дода мешавад, дошта бошанд:
1. Ташкилот - Ташкилоти Исломии Амнияти Озуқаворӣ.
2. Ассамблеяи генералӣ - Ассамблеяи Генералии Ташкилоти Исломии Амнияти Озуқаворӣ.
3. Шӯрои Иҷроия - Шӯрои Иҷроияи Ташкилоти Исломии Амнияти Озуқворӣ.
4. Котибот - Котиботи Ташкилоти Исломии Амнияти Озуқаворӣ.
5. Раис - раиси Ташкилоти Исломии Амнияти Озуқаворӣ.
6. Директори генералӣ - Директори генералии Ташкилоти Исломии Амнияти Озуқаворӣ.
7. ТҲИ - Ташкилоти Ҳамкориҳои Исломӣ.
8. Давлатҳои аъзо - мамлакатҳои СҲИ, ки ба Созмони Умумиҷаҳонии Амнияти Озуқаворӣ мутобиқи моддаи 5-и Оиннома ҳамроҳ шудаанд.
9. ШВКХ - Шӯрои вазирони корҳои хориҷии СҲИ.
10. Саммити Исломӣ дар сатҳи олӣ - Саммити Подшоҳон ва Сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои аъзои СҲИ.
11. Намояндаи аккредитатсияшуда - ҳар як шахсе, ки аз ҷониби мақомоти дахлдори давлат барои ба имзо расонидани Оиннома ваколатдор шудааст.
12. Озуқа - ҳама гуна маҳсулоти коркардшуда, нимсохта ё хом, ки барои истеъмоли инсон пешбинӣ шудааст.
13. Амнияти озуқаворӣ - ҳолате, ки ҳамаи одамон, дар ҳама давру замон, дастрасии ҷисмонӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва молиявӣ ба маводи озуқавории кифоя, бехавф ва серғизо барои қонеъ кардани ниёзҳои худ ва афзалиятҳои озуқаворӣ ба хотири таъмини як зиндагии солиму фаъол доранд.
Моддаи 2 Штаб-квартира
1. Штаб - квартираи Ташкилот дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон ҷойгир мешавад. Давлати қабулкунанда бояд тамоми шароитҳои заруриро барои фаъолияти самараноки он, аз ҷумла, масуниятҳои дипломатӣ ва имтиёзҳо пешниҳод намояд.
2. Ташкилот метавонад мутобиқи қарори Ассамблеяи Генералӣ ва бо пешниҳоди Шӯрои Иҷроия дар ҳама марказҳои кишварҳо, идораҳо ё муассисаҳо ба ҳайси филиалҳои худ зери идораи худ таъсис диҳад.
Моддаи 3 Вазъи ҳуқуқӣ
1. Ташкилот мутобиқи моддаи 24 Оинномаи СҲИ муассисаи махсусгардонидашудаи СҲИ мегардад.
2. Ташкилот мақоми шахси ҳуқуқии пурраро ҳамчун ташкилоти байналмилалӣ доро буда, бо истифодаи пурраи ҳуқуқҳои худ, ки аз Оиннома бармеоянд, вазифа ва функсияҳои худро иҷро мекунад.
3. Масуният ва имтиёзҳо, аз ҷумла дахлнопазирии ҳуқуқӣ ва озодкунӣ аз андозбандӣ ба ягон филиал пешниҳодшаванда мутобиқи қисми 2 моддаи 2 бояд бо созиши дуҷониба миёни Ташкилот ва кишвари қабулкунандаи дахлдор муайян карда шавад.
Моддаи 4 Мақсад ва вазифаҳои Ташкилот
1. Мақсад ва вазифаҳои Ташкилот инҳоянд:
а) пешниҳоди таҷрибаи содирот ва техникии ноу-хау аз ҷониби давлатҳои аъзо дар ҷанбаҳои гуногуни рушди самараноки соҳаи кишоварзӣ, минтақаҳои деҳот, амнияти озуқаворӣ ва рушди биотехнология, инчунин ҳалли мушкилоти паҳншавии биёбоншавӣ, кам кардани майдони ҷангал, эрозия ва шӯршавии хок ва инчунин таъмини робитаҳои босуботи иҷтимоӣ;
б) бо давлатҳои аъзо ҳамоҳанг шуда, мониторинг ва арзёбии вазъиятро дар соҳаи бехатарии саноат дар давлатҳои аъзо бо мақсади муайян намудан ва таъмин намудани ҳолати фавқулодаи зарурӣ ва кумаки башардӯстона, аз ҷумла тавассути таъсис додани захираҳои амнияти озуқаворӣ амалӣ намудан;
в) сафарбар намудан ва идора кардани захираҳои молиявӣ ва кишоварзӣ бо мақсади пешбурди кишоварзӣ ва беҳбудии амнияти озуқаворӣ дар кишварҳои аъзо;
г) ҳамоҳангсозӣ, таҳия ва татбиқи принсипҳои умумии кишоварзӣ, аз ҷумла тавассути мубодилаи таҷҳизот ва интиқоли технологияҳои мувофиқ.
2. Барои ноил шудан ба мақсадҳои дар боло зикршуда Ташкилот барои иҷрои вазифаҳои зерин кӯшиш ба харҷ медиҳад:
a) ҷамъоварӣ, омӯзиш, тарҷума ва паҳн кардани иттилоот дар бораи озуқа ва маҳсулоти кишоварзӣ;
б) гузаронидани тадқиқотҳои илмӣ, технологӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дар соҳаи кишоварзӣ ва маҳсулоти озуқаворӣ;
в) мубодилаи иттилоот, маълумот, омӯзиш ва тадқиқоти марбут ба рушди устувори соҳаи кишоварзӣ, биотехнология ва истеҳсоли моделҳои таҷрибавӣ, аз ҷумла, парвариш, истеҳсоли тухмӣ, заҳрхимикатҳо ва идоракунии агрономӣ;
г) мусоидат ба навсозии равандҳои кишоварзӣ ва рушди иқтидори институтсионалӣ;
д) сафарбаркунии захираҳо ва идоракунии захираҳо барои рушди устувори соҳаи кишоварзӣ ва амнияти озуқаворӣ аз давлатҳои аъзо;
е) ҷиҳати мусоидат ба сармоягузорӣ дар дохили СҲИ дар соҳаи кишоварзӣ ва амнияти озуқаворӣ тавассути лоиҳаҳои маблағгузории хурд, васеъ намудани иқтидор лоиҳаҳои байналмилалӣ ва беҳтар намудани дастрасӣ ба воситаҳои молиявии исломӣ;
ё) таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои дахлдори минтақавӣ ва миллӣ, барномаҳои байналмилалӣ, меъёрҳои ҳуқуқӣ ва қоидаҳои дигар, инчунин низомномаҳо доир ба амнияти озуқаворӣ барои амалӣ намудани мақсадҳои Ташкилот;
ж) инкишоф додан ва амалӣ намудани принсипҳои умумӣ дар соҳаи кишоварзӣ;
з) иштирок намудан дар барномаҳои гуманитарӣ дар асоси дархостҳои дахлдор аз Ташкилоти Ҳамкориҳои Исломӣ;
и) таҳияи механизмҳои минтақавии зарурӣ барои таъмини ёрии зарурии дар сурати ба миён омадани талаботи таъҷилӣ ба озуқаворӣ дар давлатҳои аъзо дар натиҷаи норасоии ғизо, офатҳои табиӣ ва техногенӣ, фалокатҳо, хушксолӣ ва ҳолатҳои дигари мушобеҳ, бо дарназардошти хусусиятҳои ҳар як давлати аъзо;
к) бо ташкилотҳои дигари байналмилалӣ ва минтақавӣ мувофиқи моддаи 7 ҳамкорӣ намудан;
л) иҷрои қарорҳо ва тавсияҳои СҲИ дар мавриди мазкур, ки ҷониби Саммити исломӣ дар сатҳи олӣ бароварданд, ШВКХ ва бо вохӯриҳои вазоратии вазирони СҲИ оид ба амнияти озуқаворӣ ва рушди соҳаи кишоварзӣ;
м) андешидани тамоми тадбирҳои зарурӣ барои иҷрои вазифаҳои Ташкилот.
Моддаи 5 Аъзогӣ дар Ташкилот
1. Ҳар як давлати аъзои СҲИ метавонад узви Ташкилот гардад, ба шарте ки Оинномаи мазкурро ба имзо расонад, пас аз анҷоми ҳамаи расмиёти ҳуқуқии узвият, мутобиқи қонунгузории дохилии он ва ба тариқи хаттӣ ба Котиботи ташкилот хабар диҳад. Давлатҳои аъзонабуда ё мушоҳидакор дар СҲИ наметавонад аъзои Ташкилот гарданд.
2. Давлати аъзо ё мушоҳидакор дар СҲИ, ки узви Ташкилот намебошад, метавонад барои гирифтани мақоми мушоҳидакор ба Ташкилот муроҷиат намояд. Созмонҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ метавонанд аз ҳуқуқҳои мушоҳидакор баъди пешниҳоди арзнома ва тасдиқи он аз ҷониби Ассамблеяи генералӣ истифода баранд.
3. Танҳо давлатҳои аъзои Ташкилот дар Ассамблеяи генералӣ ҳуқуқи овоз додан доранд. Қарорҳо бояд дар асоси созиш анҷом дода шаванд. Агар созиш ба даст наояд, бо овоздиҳии аксарият, ки аз се ду ҳиссаи давлатҳо аъзоҳои ҳузурдошта ва овоздиҳанда мебошад, қарор қабул карда мешавад.
4. Хусусият ва ҳудуди ҳуқуқ ва вазифаҳои давлатҳои аъзо аз ҷониби Оинномаи мазкур, инчунин қоидаву ҳуҷҷатҳои меъёрии Ташкилот муайян карда мешавад.
Моддаи 6 Ҳисоботи давлатҳои аъзо
1. Ҳамаи давлатҳои аъзо давра ба давра бояд ба Шӯрои Иҷроия ва Котибот матни қонунҳо ва санадҳои меъёриро оид ба масъалаҳои вобаста ба соҳаи салоҳияти Ташкилот, аз он ҷумла маълумоти оморӣ, техникӣ ва ғайра интишоргардида ва ё бо ягон роҳи дигар аз ҷониби мақомоти давлатӣ ба нашррасида ва ё пешниҳодгардидаро ирсол намоянд, ба истиснои маълумоте, ки қонунгузории миллӣ онро ҳимоя мекунад.
2. Ассамблеяи генералӣ, Шӯрои Иҷроия ва Котибот метавонанд аз Давлатҳои аъзо ҳисобот ё ҳуҷҷатҳои вобаста ба масъалаҳои салоҳияти Ташкилот ва маълумоти дигарро низ дархост намоянд.
Моддаи 7 Ҳамкориҳои ташкилот бо ташкилотҳои дигар
1. Ташкилот бо ҳамаи муассисаҳои СҲИ бо мақсади густариши муносибатҳо ва ҳамкориҳо миёни онҳо, инчунин баланд бардоштани сифати робитаҳо ва ҳамҷоягиҳо бо татбиқи принсипҳои сиёсат ва барномаҳои СҲИ ҳамкории зич хоҳад кард.
2. Ташкилот бояд дар фаъолияти худ ба супоришҳои муштараки СҲИ мувофиқи муқаррароти қарорҳои қабулкардаи Саммитҳои исломӣ ва дар сатҳи олӣ, инчунин ШВКХ такя намояд.
3. Ташкилот ҳангоми гирифтани розигии Ассамблеяи генералӣ ва тибқи мақсад ва ҳадафҳои СҲИ, бо мақсади мусоидат намудан ва ноил шудан ба ҳадаф ва вазифаҳои худ, бояд ҳамкории наздикро бо созмонҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ, аз қабили узвиятҳои СҲИ инкишоф диҳад. Бо ҳамин тариқ, он бояд инчунин бо созмонҳои дигари давлатӣ ва ғайридавлатии минтақавӣ ва байналмилалӣ, ки дар соҳаи кишоварзӣ, рушди деҳот ва амнияти озуқаворӣ машғуланд, ҳамкории зичро ба роҳ монад.
Моддаи 8 Конвенсияҳо ва созишномаҳо
1. Ассамблеяи генералӣ бояд бо қарори аз се ду ҳиссаи овозҳо Конвенсияҳо ва созишномаҳоро дар соҳаи озуқаворӣ ва кишоварзӣ қабул намуда, ба давлатҳои аъзо барои тасдиқи онҳо пешниҳод намояд.
2. Барои мақсадҳои қисми 1 дар боло овардашуда конвенсияҳо ва созишномаҳо бояд:
а) муқарраротро оид ба эътибор пайдо кардани онҳо, инчунин шумораи қарорҳои мусбие, ки давлатҳои аъзо қабул мекунанд, дар бар гиранд;
б) ба давлатҳои аъзо, ки Оинномаро имзо накардаанд, ягон масъулияти молиявиро вогузор накунанд.
3. Ассамблеяи генералӣ ҳуқуқи таҳияи қоидаҳои гузаронидани машваратҳоро бо ҳукуматҳои давлатҳои аъзо, инчунин дастгирии техникӣ барои таҳияи конвенсияҳо ва созишномаҳоро дорад.
Боби II Мақомоти Ташкилот
Моддаи 9 Мақомоти Ташкилот
Мақомоти Ташкилот иборат аст, аз:
a) Ассамблеяи генералӣ;
б) Шӯрои иҷроия;
в) Котибот.
Моддаи 10 Ассамблеяи генералӣ
1. Ассамблеяи генералӣ аз вазирони масъули масъалаҳои марбут ба доираи мандати Ташкилот ё намояндагони онҳо, ки аз ҷониби кишварҳои манфиатдори дахлдор номзадӣ шудаанд, иборат аст. Ассамблеяи генералӣ дар як сол як маротиба ҷаласаҳои нақшавиро даъват менамояд. Сессияҳои ғайридаъватӣ бо дархости панҷ нафар иштироккунанда, ба шарте ки аз се ду ҳиссаи иштирокчиёни Ташкилот барои ин розигии худро диҳад, метавонанд сурат гиранд. Ба ҳар як аъзо ҳуқуқи як овоз дода мешавад.
2. Ваколатҳо ва уҳдадориҳои Ассамблеяи генералӣ:
а) раис ва муовини раисро ба муҳлати як сол интихоб намудан бо ҳуқуқи як маротиба пешинтихоб шудан бо дарназардошти принсипи тақсимоти одилонаи ҷуғрофӣ;
б) интихоб намудани раис ва аъзои Шӯрои Иҷроия дар асоси принсипи намояндагии шаффофи ҷуғрофӣ;
в) таҳия намудани самтҳои умумӣ ва сиёсати Ташкилот;
г) қабули буҷет, таҳия ва назорат кардани сиёсати молиявӣ ва барномаи умумии фаъолияти Ташкилот, инчунин усулҳои татбиқи ин барнома;
д) интихоб кардани Директори генералии Ташкилот мутобиқи моддаи 15 (2) Оиннома;
е) қабули амрномаҳо, тавсияҳо ва ҳисоботҳои ҷаласаи Ассамблеяи генералӣ, инчунин тартиби гузаронидани онҳо.
Моддаи 11 Уҳдадориҳои раиси Ассамблеяи генералӣ
Раиси Ассамблеяи генералӣ уҳдадориҳои зеринро ба зиммаи худ мегирад:
1. Раис сессияро даъват менамояд, мегузаронад ва раисикунандаи он мебошад.
2. Раис гузаронидани давраи байни ҷаласаҳои Ташкилотро муаррифӣ мекунад.
3. Ба раис аз ҷониби Давлатҳои аъзо дар иҷрои вазифаҳои вогузоргардидааш кумак расонида мешавад.
4. Раис метавонад бо нигоҳи худ салоҳиятҳои худро ба муовини худ диҳад.
5. Дар сурати бо ягон сабаб холӣ будани вазифаи раис ин вазифа дар муҳлати набудани Раис ба муовини ӯ вогузор мегардад.
Моддаи 12 Шӯрои Иҷроия
1. Шӯрои Иҷроия бояд аз 8 аъзо иборат бошад, аз ҷумла раис. Аъзо аз ҷониби Ассамблеяи Генералӣ аз рӯи принсипи тақсимоти одилонаи ҷуғрофӣ интихоб мешаванд. Давлате, ки дар он идораи марказии созмон ҷойгир аст, бояд узви доимӣ бошад, дар ҳоле ки яке аз вазифаҳо бе ҳуқуқи овоздиҳӣ ба Директори генералӣ дода мешавад. Аъзоёни Шӯрои иҷроия ба муҳлати 3 сол бо азнавинтихобии якмаротибавӣ интихоб карда мешаванд. Давлати узв метавонад бо ихтиёри худ ҷиҳати иваз намудани намояндаи худ дар Шӯрои Иҷроия қарор қабул кунад.
2. Кворуми Шӯрои иҷроия бояд аз се ду ҳиссаи шумораи аъзо иборат бошад, қарорҳо бояд аз ҷониби аксарият, аз се ду ҳиссаи аъзо қабул карда шаванд.
Моддаи 13 Вохӯриҳои Шӯрои Иҷроия
Шӯрои Иҷроия бояд дар як сол на камтар аз ду маротиба дар штаб квартираи Ташкилот ё дар ягон ҷойи дигари ҷамъомад бо маслиҳат ҷаласа барпо намояд. Маҷлисҳои ғайрирасмии Шӯрои Иҷроия метавонад дар ҳолати зарурӣ, бо хоҳиши раис ё аксарияти оддии аъзои он даъват карда шаванд.
Моддаи 14 Вазифаҳо ва ваколатҳои Шӯрои Иҷроия
Шӯрои иҷроия ба Ассамблеяи генералӣ тобеъ аст, вазифаҳо ва уҳдадориҳои он чунин аст:
а) таъмини фаъолияти самарабахши мақомоти мухталифи ташкилот мутобиқи сиёсати умумии Ассамблеяи генералӣ;
б) тасдиқ намудани тақвими умумии маҷлисҳо (ҷаласаҳо, гурӯҳҳои корӣ ва гурӯҳҳои коршиносӣ);
в) омода намудани барномаи пешакӣ ва рӯйхати масъалаҳо барои ҷаласаҳои банақшагирифташуда ва ғайримуқаррарӣ дар машварат бо давлатҳои аъзо ва Директори генералӣ;
г) ҳал намудани саволҳо вобаста ба даъвати шахс ё ташкилот барои иштирок дар ҷаласаи Ташкилот ҳамчун коршинос ё нозир;
д) сабти ҳисоботи буҷетӣ ва ҳисоботи Ташкилотро ба Ассамблеяи генералӣ фиристодан;
е) дар ҳолати зарурӣ таъсис додани кумитаҳои махсус ва омода намудани барномаи амали онҳо, аъзои худро таъин намуда ва муҳлати кори онҳоро муқаррар менамояд;
ё) ба Ассамблеяи генералӣ ҳисоботи муфассал вобаста ба фаъолияти мақомоти Ташкилот пешниҳод намудан;
ж) назорат бурдан аз руи фаъолияти Ташкилот ва таъмини иҷрои ҳамаи вазифаҳои он мутобиқи амрномаҳои Ассамблеяи генералӣ, қарорҳои Шӯрои Иҷроия ва қоидаву меъёрҳои дохилӣ;
з) гузаронидан ва назорат кардани тадқиқотҳои илмӣ, технологӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дар соҳаҳои хӯрокворӣ, озуқаворӣ ва кишоварзӣ;
и) мубодилаи иттилоот, маълумот, тадқиқот оид ба рушди устувори кишоварзӣ, биотехнологияҳо ва намунаҳои таҷрибаҳои истеҳсолӣ, аз ҷумла обёрӣ, истеҳсоли тухмӣ, пеститсидҳо ва идоракунии кишоварзӣ;
к) навсозии равандҳои кишоварзӣ ва бунёди иқтидорҳои институтсионалӣ;
л) ҳаракат намудан барои навовариҳо ва идоракунии захираҳои молиявӣ ва кишоварзӣ барои таъмини рушди босуботи кишоварзӣ ва амнияти озуқаворӣ дар кишварҳои аъзо;
м) ҷалби сармоягузорӣ дар доираи СҲИ дар соҳаи кишоварзӣ ва амнияти озуқаворӣ тавассути лоиҳаҳои микромолиявӣ, бунёди иқтидор, лоиҳаҳои байналмилалӣ ва дастрасии осон ба маҳсулоти молиявии СҲИ;
н) таҳия ва амалисозии барномаҳои дахлдори миллӣ ва минтақавӣ, барномаҳои байналмилалӣ, санадҳои ҳуқуқӣ ва дигар қоидаҳо ва меъёрҳо дар соҳаи амнияти озуқаворӣ бо мақсади иҷрои вазифаҳои Ташкилот.
Моддаи 15 Котибот
1. Котибот аз Директори генералӣ ва кормандони расмие, ки дар штаб квартираи доимӣ ва дар нуқтаҳои дигари муқарраркардашуда кор мекунанд, иборат аст. Директори генералӣ рӯйхати расмии кормандонро муайян мекунад.
2. Директори генералӣ аз ҷониби Ассамблеяи генералӣ ба муддати чор сол бо дароз кардани муҳлати яккарата таъйин карда мешавад. Директори генералии аз миёни номзадҳои аз ҷониби давлатҳои аъзо пешниҳодгардида мутобиқи принсипи имкониятҳои баробар барои ҳамаи давлатҳои аъзо, бо назардошти салоҳиятнокӣ, интизом ва таҷриба таъйин карда мешавад.
3. Директори генералӣ дар назди Шӯрои Иҷроия ва Ассамблеяи генералӣ ҳисоботдиҳанда мебошад ва ваколатҳои бевоситаи роҳбарии ҳамаи кормандони Котиботро дорад.
4. Дар ҳолате ки вазифаи Директори генералӣ зиёда аз навад (90) рӯз холӣ башад, Ассамблеяи генералӣ, вориси уро барои муҳлати боқимонда таъйин менамояд.
Моддаи 16 Уҳдадориҳои мансабии Директори генералӣ
Илова, ба ҳама гуна вазифаҳои дигаре, ки аз ҷониби Шӯрои Иҷроия ва Ассамблеяи генералӣ тасдиқ мешаванд, Директори генералӣ уҳдадор аст:
a) кормандонро таъйин ва низоми дастурамали кормандонро назорат кунад;
б) фаъолияти Котиботро назорат мекунад;
в) ҳисоботи солонаро барои буҷет ва ҳисоби ниҳоии маҷмӯӣ омода намояд;
г) ба Шӯрои Иҷроия оид ба фаъолияти Котибот ҳисоботи солона диҳад;
д) барои воситаҳои Ташкилот ва хароҷоти онҳо мувофиқи муқаррароти қоидаҳои низомномаи молиявии Ташкилот ҷавобгар бошад;
е) ҷамъоварӣ, омӯзиш, тафсир, паҳн намудани иттилоот оид ба маводи озуқа, маҳсулоти кишоварзӣ;
ё) расонидани кумаки башардӯстонаи зарурӣ, инчунин дар барномаҳои башардӯстона дар асоси дархосту талаботҳои дахлдори СҲИ иштирок намудан;
ж) таҳияи механизмҳои зарурӣ барои ҳалли мушкилоти озуқавории давлатҳои аъзо, ки аз набудани озуқаворӣ, офатҳои табиӣ ва техногенӣ, фалокатҳо, хушксолӣ ва ҷиҳатҳои дигари монанд, бармеоянд.
Боби III Буҷет ва захираҳои молиявӣ
Моддаи 17 Буҷет
1. Буҷети Ташкилот барои се сол ба нақша гирифта шуда, аз 1 январи ҳар сол то моҳи декабри ҳамон сол мавриди амал қарор мегирад. Он бояд баъд аз қабул шуданаш аз тарафи Ассамблеяи генералӣ мутобиқи муқаррароти низомномаи молиявии Ташкилот иҷро карда шавад.
2. Директори генералӣ вазифадор аст ҳисоботи солонаро дар бораи иҷрои буҷет ва суратҳисоби маҷмӯии ниҳоӣ, ки ба Шӯрои Иҷроия дар ҷаласаи навбатии он дар охири соли ҳисоботӣ пешниҳод мекунад, омода намояд. Ҳисоботи солонаи молиявӣ бояд пешниҳодотро барои иҷрои буҷет, инчунин шарҳҳои онро оид ба ҳисобҳои ниҳоии маҷмӯӣ дар бар гирад.
Моддаи 18 Захираҳои молиявӣ
1. Захираҳои молиявии Ташкилот бояд инҳоро дар бар гирад:
a) аъзоҳаққии солона бо андозаҳои муқарраршуда, ки аз ҷониби Давлатҳои аъзо ба Ташкилот супорида мешавад ва аз тарафи Ассамблеяи генералӣ тасдиқ шудааст;
б) хайрия ва саҳми ихтиёрии давлатҳои аъзо, ғайри аъзо, муассисаҳо ва шарикон, ба шарте, ки аъзоҳаққиҳо аз ҳамаи манбаъҳои беруна хилофи мақсадҳо ва қоидаҳои Ташкилот намераванд;
в) ҷамъоварии маблағ аз давлатҳои аъзо ва созмонҳои байналмилалӣ барои лоиҳаҳои махсуси Ташкилот;
г) даромад аз фурӯши нашрияҳо, маҳсулот ва хизматрасониҳои вобаста ба соҳаи салоҳияти Ташкилот;
д) дар назар аст, ки давлатҳои аъзо ба буҷет мутобиқи ҷадвали шкалаи баҳогузорӣ, ки онро СҲИ истифода мебарад ё формулаи дигар, ки аз тарафи Ассамблеяи генералӣ тасдиқ шудааст, аъзоҳаққӣ месупоранд.
Моддаи 19 Хароҷоти маблағҳо
1. Моддаҳои хароҷоти Ташкилот барои мақсадҳои зерин пешбинӣ шудаанд:
a) кори Котибот ва дигар нуқтаҳои таъсис додаи Ташкилот, аз ҷумла уҳдадориҳо нисбати кормандони кироя;
б) уҳдадориҳое, ки дар натиҷаи лоиҳаҳои муштарак дар якҷоягӣ бо ташкилотҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ ба миён омаданд;
в) субсидия ва кумак ба муассисаҳо ва ташкилотҳои таҳти назорати он;
г) уҳдадориҳои аз қарордодҳои қаблӣ, қарорҳо ва ё барномаҳо бармеомада, ки барои Ташкилот характери ҳатмӣ доранд.
Моддаи 20 Ҳисобот
1. Директори генералӣ ҳисоботи солонаро дар бораи буҷет омода намуда ба Шӯрои Иҷроия дар охири соли молиявӣ пешниҳод менамояд. Шӯрои Иҷроия ҳисоботи ҷамъбастии солонаро дар бораи буҷет омода намуда, ба Ассамблеяи генералӣ дар ҷараёни иҷлосия пешниҳод менамояд. Шӯрои Иҷроия Кумитаи назорати молиявиро таъин мекунад, ки ба қатори он намояндагони панҷ кишвари узв дар давоми се сол дар асоси навбатӣ барои баҷооварии аудитӣ ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии Ташкилот, инчунин таъмини назорати босифати идоракунии Штаб квартираи доимии Ташкилот ва муассисаҳои он. Кумита метавонад ба қадри зарурӣ барои ҳамкорӣ намудан мутобиқ ба соҳаҳо мутахассисонро ҷалб намояд.
2. Кумита оид ба назорати молиявӣ бояд ҳуқуқ дошта бошад, ки ҳамаи китобҳо ва сабтҳои дахлдорро омӯзад ва инчунин аз Шӯрои Иҷроия, Директори генералӣ ва ё аз кормандони ташкилоти мазкур тамоми маълумотро, ки барои иҷрои уҳдадориҳои худ зарур мешуморад, талаб кунад. Барои ҳуҷҷатҳои ҳисобдорӣ бо мақсади тасдиқ намудани дурустии буҷет ва бехато будани ҳисоботҳо бояд ҳар сол аудит аз ҷониби Кумитаи назорати молиявӣ гузаронида шавад.
3. Кумита оид ба назорати молиявӣ бояд ҳисоботи худро ба Директори генералӣ пешниҳод намояд, ки онро якҷоя бо эродҳои худ ба Шӯрои Иҷроия пешниҳод мекунад. Шӯрои иҷроия ба Ассамблеяи генералӣ барои ҷаласаи навбатӣ ҳисоботро пешниҳод мекунад.
Боби IV Муқаррароти хотимавӣ
Моддаи 21 Мавриди амал қарор гирифтан
1. Оиннома пас аз қабул шудани он дар Саммити Исломӣ дар сатҳи олӣ ва ё ШВКХ бояд барои имзогузории давлатҳои аъзои СҲИ кушода бошад. Он бояд тахминан баъди имзои даҳ (10) давлати аъзои СҲИ тавассути намояндагони аккредитатсияшуда ба кор бурда шавад ва аллакай пас аз 30 рӯз аз рӯзи пешниҳоди ҳуҷҷати 10-ум дар бораи тасвиб ё тасдиқ мавриди эътибор қарор гирад. Барои ҳар як давлати аъзо, ки Оинномаро имзо гузоштааст, мувофиқа намудааст ё тасдиқ кардааст, пас аз эътибор пайдо кардани он дар рӯзи 30-юм пас аз рӯзи пешниҳоди ҳуҷҷат дар бораи мувофиқа ва тасдиқ мавриди амал қарор мегирад.
2. Ҳуҷҷатҳо оид ба тасвиб ё тасдиқи ин Оиннома бояд дар Котиботи Генералии СҲИ нигоҳ дошта шаванд.
3. Котиби Генералии СҲИ бояд ҳамаи давлатҳои узвро дар бораи гирифтани номгӯи ҳуҷҷатҳои зарурӣ оид ба тасвиб ё тасдиқ огоҳ созад.
4. Нусхаи аслии Оиннома дар як нусхаи ягона ба забонҳои арабӣ, англисӣ ва фаронсавӣ бояд дар Котиботи Генералии СҲИ нигоҳ дошта шавад. Котиботи генералии СҲИ бояд нусхаҳои тасдиқшудаи Оинномаро ба ҳамаи имзокардагон фиристад.
Моддаи 22 Иловаҳо ва тағйирот ба Оиннома
1.Ба Оиннома метавонад тағйирот аз ҷониби Ассамблеяи Генералӣ баъди мувофиқаи онҳо бо давлатҳои аъзо аз ҷониби аксарияти аз се ду ҳиссаи овозҳо ворид карда мешавад. Бо вуҷуди ин, тағйироте, ки Ассамблеяи Генералӣ тасдиқ намудааст ва онҳо боиси дигаргунии куллии ҳадафу вазифаҳои Ташкилот ва ё ба миён омадани уҳдадориҳои нав нисбати давлатҳои аъзо мегардад, метавонад танҳо пас аз мувофиқаи аз се ду ҳиссаи давлатҳои аъзо эътибор пайдо намояд.
2. Тағйиру иловаҳое, ки боиси ба миён омадани уҳдадориҳои нав нисбати давлатҳои аъзо намегардад, бояд фавран мавриди амал қарор дода шавад, агар дар амрнома дар бораи тасдиқ тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад. Ислоҳот, ки муқаррароти уҳдадориҳои навро нишон медиҳад, барои ҳар як давлати аъзое, ки аз се ду ҳиссаи онҳо онро тасдиқ кардаанд, мавриди амал қарор мегирад, барои давлатҳои боқимондаи аъзо бошад, баъди тасдиқ кардани онҳо эътибор пайдо мекунанд.
3. Пешниҳодҳо оид ба тағйир додани Оиннома аз тарафи давлати аъзо ташкил ва ба Раис ирсол карда мешаванд. Раис дарҳол давлатҳои аъзоро оид ба ҳама гуна пешниҳодҳо барои тағйир додани Оиннома хабардор менамояд.
4. Ягон пешниҳод оид ба тағйир додани Оиннома ба рӯйхати масъалаҳо ва барномаи ҷаласаи Ассамблеяи Генералӣ дохил карда намешавад, агар чунин огоҳинома аз ҷониби Раис ба давлатҳои аъзо камтар аз 120 рӯз пеш аз саршавии ҷаласа фиристода шавад.
Моддаи 23 Тафсир
Ҳама савол ё баҳси марбут ба шарҳи ин Оиннома бояд ба Ассамблеяи Генералии Ташкилот барои қабули таъйинот равона гардад. Ассамблеяи Генералӣ оид ба масъалаҳои баҳсӣ бо овоздиҳии аксарияти аз се ду ҳиссаи давлатҳои аъзо қарор мебарорад.
Моддаи 24 Баромадан аз ҳайат
1. Ҳар як давлати аъзо ҳуқуқи баромадан аз ҳайати аъзогӣ аз Ташкилотро дорад, бо роҳи ирсоли огоҳинома ба раис як сол пеш аз баромадан аз аъзогӣ ва паҳн кардани он ба ҳамаи давлатҳои аъзо.
2. Давлати аъзое, ки нияти баромадан аз ҳайатро дорад, бояд уҳдадориҳои молиявии худро мутобиқи Оиннома то охири соли молиявие, ки дар он дархости баромадан аз ҳайатро намудааст, иҷро намояд ва инчунин дар назди Ташкилот аз рӯи ҳама гуна уҳдадориҳо қарзҳои худро пардохт намояд.
3. Дар сурати аз ҷониби давлати аъзо иҷро карда натавонистани уҳдадориҳои қарзии худ мутобиқи Оиннома, Ассамблеяи Генералӣ ҳуқуқи боздоштани узвияти онро дорад ва ё дар давоми як сол аз рӯзи боздоштан аъзогии онро барқарор менамояд.
4. Давлате, ки узвияти он барқарор карда шудааст, ҳама ҳуқуқҳои дар Оиннома муайянгардидаи худро аз даст медиҳад, аммо ҳамаи уҳдадориҳоро нигоҳ медорад.
Моддаи 25 Барҳамдиҳӣ
1. Ташкилот наметавонад, барҳам дода шавад ё ба ташкилоти дигар якҷоя шавад, ғайр аз дар асоси қарори аксарияти аз панҷ чор ҳиссаи ҳайати Ассамблеяи Генералӣ дар ҷаласаи ғайринавбатӣ, ки мутобиқи моддаи 10-и Оиннома баргузор карда мешавад.
2. Дороиҳо ва уҳдадориҳои молиявии Ташкилот баъди парокандашавӣ бояд ба Котиботи Генералии Созмони Ҳамкории Исломӣ гузаронида шавад.
Моддаи 26 Матни Оиннома
Таҳрири Оиннома дар забони арабӣ, англисӣ ва фаронсавӣ дорои эътибори ҳуқуқии баробар ба шумор меравад.
Моддаи 27 Забони расмӣ
Забонҳои расмии Ташкилот арабӣ, англисӣ ва фаронсавӣ мебошанд.
Оиннома аз ҷониби 40-умин Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ, ки рӯзҳои 09-11 декабри соли 2013 дар шаҳри Конакрии Ҷумҳурии Гвинея баргузор гардид, қабул карда шуд.