Барномаи рушди геодезия ва харитасозӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Замимаи 1

ба қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 26 октябри соли 2021, №462

Барномаи рушди геодезия ва харитасозӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. Барномаи рушди геодезия ва харитасозӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026 (минбаъд - Барнома) самтҳои асосӣ, афзалиятҳо, вазифаҳо ва механизми татбиқи сиёсати давлатиро дар соҳаи геодезия ва харитасозӣ барои давраи миёнамуҳлат муайян менамояд.

2. Геодезия ва харитасозӣ яке аз соҳаҳои илм, техника ва омили калидӣ дар ташаккули давлат мебошад, ки тамоми соҳаҳои илмӣ, фарҳангӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ ва ҳарбиро дар бар мегирад.

3. Дар ҷумҳурӣ азнавсозии шабакаҳои геодезии давлатӣ бо низоми координатаҳои саҳеҳнокии баланд зарур мебошад. Чӣ тавре, ки маълум аст, шабакаҳои геодезии давлатӣ ба шабакаҳои нақшавӣ ва шабакаҳои баландӣ тақсим мешаванд. Шабакаҳои геодезии давлатӣ бо усули триангулятсия, полигонометрия, трилетератсия, тарозабандӣ ва моҳворавӣ сохта мешаванд ва ин шабакаҳо ба I-IV синф ва дараҷаҳо тақсим мешаванд.

4. Мавқеи геостратегӣ ва геополитикӣ, таъмини амният ва мудофиаи давлат, делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ, татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, ташаккули модели бозори замин, минбаъд такмил додани кадастри давлатӣ, низоми иттилоотии ҷуғрофӣ, рушди таҳқиқоти геологӣ ва муҳандисӣ, фаъолияти тектоникӣ ва сейсмикии минтақаҳои кишвар асосан аз саҳеҳӣ, эътимоднокӣ ва муҳимнокии маводи геодезӣ ва харитасозӣ вобаста аст, ки онҳо барои гирифтани иттилооти фаврӣ оид ба ҳолати минтақа, тасвири он дар маводи харитасозӣ ва дар оянда истифодаи онҳо дар соҳаҳои дигар муҳим мебошад.

5. Маҳсулоти соҳаи геодезия ва харитасозӣ ба соҳаҳои иқтисодиёт ва мудофиа тааллуқ дошта, ба рушди самаранокии онҳо таъсири мустақим мерасонанд. Истеъмолкунандагони ин маҳсулот қариб тамоми соҳаҳои иқтисодиёти кишвар, аз ҷумла мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва идораҳои дигар мебошанд.

6. Дар доираи Барнома татбиқи чорабиниҳо оид ба фароҳам овардани шароит барои гузариши минбаъда ба маҳсулоти муосири рақобатпазири геодезӣ ва харитасозӣ дар заминаи такмили тадбирҳои ба ҳам алоқаманди иқтисодӣ, илмию техникӣ ва ташкилӣ пешбинӣ мегардад.

2. ТАҲЛИЛИ ҲОЛАТИ ГЕОДЕЗИЯ ВА ХАРИТАСОЗӢ

7. Бо афзудани талаботи ҷумҳурӣ ба маҳсулоти геодезӣ ва харитасозӣ, соҳаи геодезия ва харитасозӣ ба ҳолати имрӯза наметавонад ин талаботро аз сабаби норасогии асбобҳо, таҷҳизот ва технологияҳои муосир қонеъ гардонад. Дар ҳолати нигоҳ доштани ҳаҷми мавҷудаи маблағгузории ҳарсола, навсозии харитаҳо аз талабот хеле қафо монда, истифодаи ин мавод дар лоиҳаҳои бузург ғайриимкон мегардад.

8. Аксбардории ҳавоӣ дар ҳудуди ҷумҳурӣ бо мақсадҳои топографӣ ва геодезӣ, ки асосан солҳои 1974-1991 гузаронида шудаанд, масъалаҳои иқтисодӣ ва мудофиа, ислоҳоти замин ва азхудкунии конҳои маъданҳои нав кашфшударо таъмин карда наметавонад.

9. Дар паҳнкунии харитаҳо, хусусан харитаҳои миқёси калон маҳдудиятҳо мавҷуданд. Айни замон, маҳдудияти дурустии муайян кардани координатаҳои объектҳо, ки аз рӯи рӯйхати маълумоти таснифшаванда муқаррар шудаанд, омили боздорандаи рушди як қатор соҳаҳо мебошад.

10. Маркази низоми иттилоотии ҷуғрофӣ, ки ҳамаи паҳлӯҳои самти геодезия, харитасозӣ ва кадастриро фаро мегирад мавҷуд нест, инчунин барномаҳои компютерии ба соҳа алоқаманд, ки тариқи иҷозатномаҳо роҳандозӣ карда мешаванд, вуҷуд надоранд.

11. Бо дарназардошти бо дараҷаи баланди дақиқият муайян намудани координата ва объектҳои ҳудуди дилхоҳи кишварҳо аз ҷониби кишварҳои пешрафтаи хориҷӣ, ки дорои воситаҳои гуногуни кайҳонии иктишофӣ ва харитасозии сохташуда ва амалкунандаанд, дар харитасозӣ аз принсипи "ҳимояи тамоми ҳудуд" ба "муҳофизати объектҳои таъиноти низомӣ ва махсус" бояд гузашт.

12. Маҷмӯъи мавҷудаи геофазоӣ бидуни стандартҳои ягона сохта шудаанд. Чунин мушкилот аксар вақт ба он оварда мерасонад, ки равандҳои омода намудани маълумоти фазоӣ бо хароҷоти зиёдатӣ ва такрори амалҳо ба анҷом расонида мешавад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мавҷуд набудани низоми ягонаи муайянкунандаи иншооти геофазоӣ истифодаи маълумоти геофазоиро ҳамчун унсури универсалии иртибот дар байни пойгоҳҳои мухталиф имконият намедиҳад.

13. Сабабҳои рушд накардани соҳаи геодезия ва харитасозӣ дар ҷумҳурӣ:

- бопуррагӣ навсозӣ нашудани соҳа, таъмин нагаштани талаботи истеъмолкунандагон ба маҳсулоти харитасозӣ ва геодезӣ дар сатҳи зарурӣ, номутобиқати кофии маводи геодезӣ ва харитасозӣ, нопурра қонеъ гардонидани талаботи мудофиа ва амнияти миллии ҷумҳурӣ, мушкилоти воқеӣ ҳангоми гузаронидани корҳои делимитатсия ва демаркатсия ва муайян намудани сарҳади давлатӣ;

- набудани сармоягузориҳои зарурӣ барои навсозии соҳа;

- татбиқ нагардидани лоиҳаҳои инноватсионӣ ва сармоягузорӣ, ки монеаҳои сохтории рушди соҳаро рафъ намуда, ба истеҳсоли намудҳои тамоман нави маҳсулоти дар бозорҳои хориҷӣ ва дохилӣ талаботдошта имконият медиҳад;

- нокифоя будани таҳқиқоти илмӣ;

- набудани стандартҳои мувофиқашуда ва механизми мубодилаи фаврии иттилоот дар байни ташкилотҳои гуногун;

- парешонии омилҳо, мураккабии ҳамгироии маълумоти фазоӣ ва набудани метамаълумоти мавҷуда, ки боиси хароҷоти иловагии моддӣ гардидааст;

- самаранокии пасти пешниҳоди маълумоти фазоӣ ва мушкилоти дастрасии мақомоти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии маҳаллӣ барои доираи васеи истифодабарандагон ба маълумоти фазоӣ;

- истифодаи нопурраи низоми глобалии моҳворавӣ;

- норасогии кадрҳои баландихтисос дар соҳаи геодезия, харитасозӣ ва мушоҳидаи фосилавии Замин.

14. Мушкилоти асосии соҳаи геодезия ва харитасозӣ инҳо мебошанд:

- набудани маводи муосири харитавӣ;

- мушкилоте, ки вобаста ба зарурати рушди минбаъдаи танзими давлатии фаъолияти геодезӣ ва харитасозӣ дар ҷумҳурӣ бо мақсади танзими санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар ин соҳа роҷеъ ба вазифаҳои дар доираи таҷдид, трансформатсияи техникӣ ва технологӣ ва таҷдиди сохторӣ алоқаманд, ба вуҷуд меоянд;

- набудани низоми ягонаи иттилоотӣ оид ба маводи геодезӣ ва харитасозии дар Фонди давлатии геодезӣ ва харитасозӣ мавҷудбуда;

- иҷрои нокифояи корҳои харитасозӣ ва нашри харитаҳо бо мақсадҳои таълимӣ.

3. МАҚСАД ВА ВАЗИФАҲОИ БАРНОМА

15. Мақсади Барнома рушди минбаъдаи соҳаи геодезия ва харитасозӣ бо истифода аз таҷҳизоти муосир ва технологияҳои инноватсионӣ мебошад, ки ба сохтани шабакаи дақиқи моҳворавӣ ва маҳсулоти муосири рақобатпазири геодезӣ ва харитасозии ба талаботи байналмилалӣ ҷавобгӯ равона гардида, талаботи давлатро таъмин менамояд.

16. Барои ноил шудан ба мақсад ва вазифаҳои Барнома ҳалли масъалаҳои зерин зарур аст:

- бунёди заминаи шабакаи давлатии дақиқтарини астрономӣ;

- бунёди низоми координатии дастраси умум;

- барқароркунӣ ва рушди шабакаи геодезии моҳворавии дақиқ барои истифодаи умум;

- барқароркунӣ ва рушди шабакаи давлатии геодезӣ (синфҳои I-IV);

- ташкили шабакаи баландӣ дар асоси низоми моҳворавии глобалӣ барои ба даст овардани маҳсулоти муосири рақобатпазири геодезӣ ва харитасозӣ, ки ба талаботи давлат ҷавобгӯ мебошанд;

- муайян намудани параметрҳои дақиқи низоми координати геосентрикии миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- азнавсозии низоми маҳаллии координатаҳо;

- таъсис ва рушди низоми пай дар пайи мониторинги геодезии ҷараёни шиддати қишри рӯизаминӣ, пешгӯии заминларза ва зуҳуроти офатҳои табиӣ;

- сохтмон ва муҳофизати доимии пойгоҳҳои геодезӣ дар ҳудуди минтақаҳои корхонаҳои саноатии соҳаи истихроҷ ва пайвастшавии ҳатмии онҳо ба шабакаҳои триангулятсионии давлатии синфҳои I ва IV;

- муайян намудани тартиби таҳияи иловаҳои рақамӣ ба координатҳои минтақаи ҷойгиршавии корхонаҳои саноатии соҳаи кӯҳкории аҳамияти стратегидошта, бо мақсади махфӣ нигоҳ доштани мавзеи ҷойгиршавии онҳо;

- ташкили низоми ягонаи пайвастшавӣ ба шабакаҳои триангулятсионии давлатӣ, мониторинги доимии онҳо ва муайян намудани онҳо;

- тартибдиҳии асосхаритаҳои рақамӣ дар асоси харитаҳои топографии миқёсҳои 1:2000-1:10000;

- тартибдиҳии харитаҳои умумиҷуғрофӣ, харита ва атласҳои мавзӯӣ;

- таҳия, нашр ва паҳн кардани харитаҳои девории таълимӣ, глобусҳо, атлас ва харитаҳои тарҳӣ ба онҳо, аз ҷумла дар шакли электронӣ;

- бунёди инфрасохтори маълумоти фазоии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- бунёди асосҳои кушода барои харитасозии рақамӣ;

- таҷдид ва интишори маълумоти фазоӣ, инчунин аз байн бурдани маҳдудиятҳои зиёдатӣ барои дастрасӣ ба иттилооти фазоӣ;

- пешбурди аксбардории ҳавоӣ, корҳои топографию геодезӣ ва хариди аксҳои кайҳонӣ;

- таҳия, азнавсозӣ ва нашри харитаҳои давлатии топографии тамоми миқёсҳо дар асоси технологияҳои рақамӣ;

- таъмини геодезӣ, харитасозӣ, топографӣ барои муоинаи сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- фароҳам овардани шароит барои истифодаи пойгоҳи ягонаи харитасозӣ аз ҷониби субъектҳои фаъолияти геодезӣ ва харитасозӣ, инчунин таъмини онҳо бо мавод ва маълумотҳои геодезӣ;

- тартибдиҳӣ ва нашри харитаҳои давлатии навигатсионӣ;

- таҳияи метамаълумот барои маълумоти фазоӣ;

- ташкили феҳристи ягонаи давлатии соҳавӣ;

- таъмини ҳифзи иттилоотӣ;

- таъминоти ҳуқуқӣ, илмию методӣ, техникӣ ва барномавӣ;

- таъминоти соҳаи геодезӣ ва харитасозӣ бо кормандон;

- таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор ва таҳлили санадҳои қонунгузории амалкунандаи соҳа.

4. МОНИТОРИНГ ВА АРЗЁБИИ РАВАНДИ АМАЛИСОЗИИ БАРНОМА

17. Низоми мониторинг ва арзёбӣ, унсури муҳимми амалигардонии Барнома ба ҳисоб рафта, дар асоси талаботи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2018, №615 "Дар бораи Қоидаҳои гузаронидани мониторинг ва арзёбии амалишавии ҳуҷҷатҳои стратегии сатҳи миллӣ, барномаҳои соҳавӣ ва минтақавии рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" гузаронида шуда, иҷрои воқеии ҷараёни корҳо, мушкилоти ҷойдошта ва натиҷаҳои бадастомадаро ошкор месозад.

18. Мониторинг ва арзёбии барномаҳои соҳавӣ тавассути индикатори захираҳои масрафшуда, индикатори боздеҳ ва индикатори натиҷаи ниҳоӣ ба анҷом расонида мешавад.

19. Мониторинги натиҷавӣ аз рӯйи индикаторҳо гузаронида шуда, тавассути он то кадом андоза ноил гардидан ба ҳадафҳои гузошташуда муайян карда мешавад (як маротиба дар охири сол гузаронида мешавад) ва барои гузаронидани он ҷадвали электронӣ бо формати Eхcel тартиб дода шуда, пас аз мониторинг маълумоти муфассал омода ва ба мақомоти дахлдор пешниҳод карда мешавад.

5. САМТҲОИ АСОСӢ ВА МЕХАНИЗМИ АМАЛИСОЗИИ БАРНОМА

20. Дар натиҷаи амалисозии Барнома дар соҳаи геодезия ва харитасозӣ масъалаҳои мушаххас ҳал карда мешавад.

21. Барои корҳои топографӣ-геодезӣ бояд дар самтҳои зерин чораҷӯӣ карда шавад:

- навкунӣ, таҷдиди техникӣ ва технологӣ тавассути ба даст овардани воситаҳои муосири техникӣ ва маҳсулоти барномавӣ тибқи тамоюли рушди геодезӣ ва харитасозӣ;

- таъсис ва ҷорӣ намудани низоми координатии дастраси умум бо истифода аз низоми моҳворавии глобалӣ;

- муайян намудани нишондодҳо ҷихати алоқаи низоми координатии дастраси умум бо низоми координатаҳои СК-42 ва низоми дигари координатаҳо;

- таҳияи усулҳои куллан нав ва дақиқи аксбардории ҳавоӣ ва ҷустуҷӯи геодезӣ дар асоси технологияҳои моҳворавӣ бо бевосита истифодабарӣ аз ҳар гуна дастгоҳҳои мобилӣ;

- истифодаи технологияҳои моҳворавӣ ва рақамии заминӣ, ҳавоӣ ва кайҳонии оптикоэлектронӣ ва низоми дигари рақамии харитасозӣ дар ҳамкорӣ бо шарикони байналмилалӣ;

- навсозии шабакаҳои мавҷудаи геодезии давлатӣ (синфҳои I-IV) бо роҳи ташкили сохтори инноватсионӣ иборат аз шабакаи давлатии астрономӣ ва геодезӣ, шабакаи дақиқи геодезӣ ва шабакаи геодезии моҳворавии синфи I бо роҳи таҳия ва татбиқи талаботи нав ба зичии нуқтаҳои геодезӣ бо мақсади коркарди истифодабарии низоми миллии координатии геосентрикии дақиқнокиаш баланд;

- таъмини ҳифзи нуқтаҳои шабакаи давлатии геодезӣ, коркард ва татбиқи механизми самарабахши баланд бардоштани масъулият барои нест кардани нуқтаҳои шабакаҳои давлатии геодезӣ;

- таҳия ва татбиқи нақшаи комплексии шабакаҳои давлатии геодезӣ (синфҳои I-IV) бо ҷорӣ намудани талаботи нав ҷиҳати зичии нуқтаҳои онҳо кофӣ барои ташкили стратегии захираҳои геодезии ҷумҳурӣ, аз ҷумла таъмини мудофиа ва амнияти миллӣ;

- азнавсозии шабакаҳои тарозабандии давлатӣ, коркарди шабакаҳои тарозабандӣ (синфи I) бо коркард ва ворид намудани талаботи нав ба зичии нуқтаҳо ҷиҳати истифодаи низоми ягонаи баландӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, омӯзиши шаклҳои релефи замин ва майдони гравитатсионии берунии он, муайян намудани фарқияти баландӣ ва нишебӣ;

- таҳия ва татбиқи нақшаи маҷмӯии нигаҳдории шабакаҳои тарозабандии давлатӣ (синфҳои I-IV) бо ҷорӣ намудани талаботи нав барои зичии ҳудудҳои наздисарҳадӣ, кофӣ будан барои ташкили стратегии захираи таъминоти баландӣ дар ҷумҳурӣ, аз ҷумла барои мудофиа ва амнияти миллӣ;

- ташкили асосҳои геодезӣ барои омӯзиши шиддати қишри замин, пешгӯии заминларза, геодинамика ва мониторинги объектҳои стратегӣ.

22. Барои корҳои харитасозӣ зарур аст дар самтҳои зерин чунин корҳо роҳандозӣ карда шаванд:

- таҳия, азнавсозӣ ва нашри харитаҳои давлатии топографии тамоми миқёсҳои 1:500, 1:5 000; 1:10 000, 1:100 000, 1:200 000, ва 1:1 000 000 дар асоси технологияҳои рақамӣ;

- ташкили харитаҳои заминавии рақамӣ дар асоси харитаҳои топографии миқёсҳои 1:2000, 1:10000;

- таъсиси асосҳои харитавии кушодаи рақамӣ бо истифодаи ҳатмии тамоми намуди харитаҳо, нақшаҳо, ортосуратнақшаҳои давлатӣ, ки таркиби онҳо иншоот ва маълумоте, ки алоқаманд ба объектҳои таъиноти низомӣ ва махсус доштаро дар бар намегиранд;

- таҳия, нашр ва паҳн кардани харитаҳои мавзӯӣ, девории таълимӣ, атласҳои мактабӣ ва харитаҳои тарҳӣ ба онҳо;

- муайян намудани нақшаи мушоҳидаи фосилавӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи таҷдиди маводи нақшавӣ ва харитавӣ;

- иҷрои аксбардории ҳавоӣ ва харидани аксҳои кайҳонӣ барои таҷдиди маводи нақшавӣ ва харитавӣ;

- ба қайд гирифтани тамоми маводи харид кардашуда барои мушоҳидаи фосилавии Замин дар сомонаи кушоди иттилоотӣ;

- таҳияи таснифоти ягонаи иттилооти харитасозӣ дар шакли метамаълумоти фазоӣ;

- ташкили феристҳои ягонаи соҳавии давлатӣ;

- ташкили серверҳо, ки нусхабардории харита ва нақшаҳоро бо истифодаи шабакаҳои алоқаи умумидастрас тибқи қонунгузорӣ оид ба ҳуқуқи муаллиф имкон медиҳад;

- таҳияи харитаҳои давлатии навигатсионӣ.

23. Бо мақсади таъмини амнияти миллӣ ва ҳифзи тамомияти арзии ҷумҳурӣ бояд гузаронидани корҳо доир ба таъминоти топографӣ-геодезӣ, делимитатсия, демаркатсия ва редемаркатсия, инчунин барасмиятдарории сарҳади давлатӣ бо давлатҳои ҳамсоя мунтазам гузаронида шаванд.

24. Бо мақсади татбиқи талаботи замони муосир оид ба таъсиси низоми иттилоотии соҳавӣ Барнома пешбинӣ мекунад:

- таъминоти техникӣ;

- таъминоти барномавӣ;

- таъсиси пойгоҳи маълумоти фазоӣ барои соҳа;

- омодасозии кадрҳои баландихтисос;

- ташкили портали иттилоотии ҷуғрофӣ;

- ташкили зерсохтори давлатии ҷустуҷӯӣ, ки ба ҷустуҷӯи дар харитаҳои топографии давлатӣ ва ортосуратнақшаҳо, харита ва нақшаҳои соҳавӣ имконият медиҳанд;

- ташкили серверҳо, ки иқтидори нусхабардории харита ва нақшаҳоро тариқи шабакаҳои умумдастрас дошта бошанд;

- ташкили хизматрасонии мубодилаи маълумот;

- ташкили хизматрасониҳои шартӣ, ки нусхабардории харита ва нақшаҳоро тариқи пардохтҳои электронӣ имкон медиҳанд;

- пешниҳоди ройгони нусхаҳои харита ва нақшаҳо ба идораҳои давлатие, ки корҳои омӯзишӣ ва тадқиқотиро ҷиҳати барномаҳои давлатӣ ва маблағгузории буҷетӣ пеш мебаранд.

25. Амалигардонии Барнома барои бартараф намудани мушкилот ва ҳалли масъалаҳои зерин мусоидат мекунад:

- такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба стандартҳои миллии маълумоти фазоӣ дар асоси стандартҳои байналмилалӣ, шартҳои техникӣ ва феҳристҳои ягонаи давлатӣ ва каталогҳо;

- додани иҷозатнома барои иҷрои корҳои геодезӣ ва харитасозӣ бо истифодаи асбобу таҷҳизоти муосир, ба монанди GPҒ, тахеометри электронӣ ва аксбардории ҳавоӣ аз рӯйи миқёсҳои харитаҳои топографӣ аз 1:500 то 1:10 000 аз ҷониби мақоми давлатии ваколатдор дар соҳаи геодезия ва харитасозӣ;

- ҷорӣ намудани тартибот ва технологияҳо оид ба ҳамкориҳои иттилоотӣ бо мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бо мақсади навсозии заминаи харитасозии рақамӣ;

- уҳдадор намудани мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ҷиҳати истифодаи харита ва нақшаҳои топографӣ, ортофотохаритаҳои давлатӣ ва ортофотонақшаҳои давлатӣ ҳамчун асос ҳангоми таҳияи харита ва нақшаҳои махсус (соҳавӣ).

6. ОМӯЗИШ ВА ТАКМИЛИ ИХТИСОСИ КОРМАНДОН ДАР СОҲАИ ГЕОДЕЗИЯ ВА ХАРИТАСОЗӢ

26. Барои таъмини фаъолият ва рушди соҳаи геодезия ва харитасозӣ бояд омӯзиши мунтазами мутахассисони баландихтисос ба роҳ монда шуда, шароити муносиби корӣ фароҳам оварда шавад.

27. Талабот ба кадрҳои нав дар соҳа, аз ҷумла кадрҳои дорои таҳсилоти олӣ ва миёнаи махсус, дар заминаи таҷдиди сохтории соҳа, воридшавии он ба иқтисоди бозорӣ, пайдоиши намудҳои нави корҳои топографӣ, геодезӣ ва харитасозӣ тағйироти ҷиддиро тақозо мекунад.

28. Бо дарназардошти афзалиятҳои рушди иқтисод ва рушди технологӣ, неруи зеҳнӣ, захираҳои кадрӣ ва моддию техникии муассисаҳои таълимӣ, рушди муносибатҳои шарикии ҷумҳурӣ бо кишварҳои хориҷӣ ва муосир тамоюли рушди илми ҷаҳонӣ афзалият дар соҳаи геодезия ва харитасозии зерин дида мешавад:

- геодезияи кайҳонӣ;

- мушоҳидаи фосилавии Замин;

- инфрасохтори маълумоти фазоӣ;

- низом ва технологияҳои геоиттилоотӣ.

29. Рушди ҳар як самти афзалиятнок бояд ба азнавсозии низоми тарбияи хатмкунандагон ва тайёр намудани кадрҳо дар соҳаи илм ва ошкор кардани шаклҳои самтҳои ояндадори таҳқиқоти илмӣ хизмат кунад.

7. ҲАМКОРИИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР СОҲАИ ГЕОДЕЗИЯ ВА ХАРИТАСОЗӢ

30. Барнома барои амалисозии қарордодҳои қаблан имзошуда шароити зарурӣ бавуҷуд оварда, барои бастани созишномаҳои байналмилалии нав мусоидат мекунад.

31. Барои дар таҷриба истифода намудани таҷрибаи пешқадам, омӯзонидани истифодаи техника ва технологияи муосир, баланд бардоштани дониши соҳавии мутахассисони соҳаи геодезия ва харитасозӣ дар кишварҳои хориҷӣ таҷрибаомӯзии истеҳсолии мутахассисони соҳаи геодезия ва харитасозӣ ташкил карда мешавад.

32. Барои иштирок дар кори Федератсияи байналмилалии геодезистҳо, Ҷамъияти байналмилалии фотограмметрия ва мушоҳидаи фосилавӣ, инчунин Ассотсиатсияи байналмилалии харитасозҳо таҳлилҳо гузаронида шуда, тибқи тартиби муқарраргардида пешниҳодҳо манзур карда мешаванд.

33. Ҳамкориҳо бо мақомоти дахлдори соҳавии давлатҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай дар соҳаи омӯзиши ҳаракатҳои қишри замин бо мақсади пешгӯии заминларза дар доираи Барномаи ҳамкории бисёрҷонибаи тиҷоративу иқтисодии Созмони Ҳамкории Шанхай тақвият дода мешавад.

34. Дар кори Шӯрои байнидавлатӣ оид ба геодезия, харитасозӣ, кадастр ва мушоҳидаи фосилавии Замин давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар доираи ҳифзи манфиатҳои миллӣ фаъолона иштирок мекунанд.

8. МАБЛАҒГУЗОРӢ ВА НАТИҶАҲОИ ИНТИЗОРИИ БАРНОМА

35. Маблағгузории Барнома аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ, махсус, сармоягузорӣ ва манбаъҳои дигари маблағгузорие, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, амалӣ карда мешавад.

36. Хароҷоти зарурии молиявии алоқаманд ба татбиқи Барнома 60,4 миллион сомонӣ, аз ҷумла дар соли 2022 - 14,7 миллион сомонӣ, дар соли 2023 - 14,1 миллион сомонӣ, дар соли 2024 - 11,5 миллион сомонӣ, дар соли 2025 - 12,0 миллион сомонӣ ва дар соли 2026 - 8,1 миллион сомониро ташкил медиҳад.

37. Натиҷаи интизории Барнома аз рӯйи соҳа муайян гардида, имкон медиҳад:

1) дар дурнамои соҳа:

- рушди босуръати соҳаи геодезия ва харитасозӣ тавассути таҷдиди ҳамаҷонибаи техникӣ, муносибгардонии иқтидори соҳа ва дигаргуниҳои сохторӣ, рушди босуръати неруи илмӣ, такмили заминаи қонунгузорӣ ва меъёрӣ таъмин мегардад;

- ҷойгоҳи (имичи) нави рақобатпазирӣ дар соҳаи геодезия ва харитасозӣ ва мақоми вай дар бозори дохилӣ ва ҷаҳонӣ ташаккул ёфта, саҳми ин соҳа дар ҳалли як қатор вазифаҳои афзалиятноки миллии марҳилаи муосири рушди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин мегардад;

2) дар сатҳи макро:

- идоракунии давлатии рушди иҷтимоию иқтисодӣ, низоми мудофиа ва амнияти кишвар бо роҳи пурра таъмин намудан бо мавод ва иттилооти босифати геодезӣ ва харитасозӣ баланд бардошта мешавад;

- эҳтиёҷоти мақомоти давлатӣ, мудофиа, амният, маориф, илм ва аҳолӣ бо иттилооти геодезӣ ва харитасозии мутобиқ ба вазъи ҷорӣ дар сатҳи зарурӣ қонеъ гардонида хоҳад шуд;

-  пойгоҳи боэътимоди иттилооти харитасозӣ таъмин мегардад;

- дастрасӣ ба маводи Фонди давлатии харитасозӣ ва геодезӣ таъмин мегардад;

- дараҷаи қобилияти мудофиавии кишвар тибқи талабот ба маҳсулоти геодезӣ ва харитасозӣ баланд мешавад;

- амнияти иқтисодӣ ва стратегии кишвар бо роҳи қонеъ сохтани бахшҳои иқтисодиёт аз маҳсулоти геодезӣ ва харитасозӣ таъмин карда мешавад.

3) дар миқёси хурд:

- сатҳи зарурии таҷдиди фондҳои асосии корхонаҳо ва нигоҳ доштани онҳо, дар ҳолати рақобатпазир тавассути рушди шарикии давлат ва бахши хусусӣ ба даст оварда хоҳад шуд;

- сохторҳои нави ба бозор нигаронидашуда дар соҳаи геодезия ва харитасозӣ, ки дорои иқтидори мустақилона рушд намудан ва қобилияти рақобатро бо корхонаҳои хориҷӣ мебошанд, ташаккул меёбанд;

4) дар соҳаи иҷтимоию иқтисодӣ:

- шумораи ҷойҳои корӣ афзоиш ёфта, ба соҳаҳои дигари иқтисодиёт гузаштани қисми боистеъдоди кадрҳои илмӣ ва техникӣ пешгирӣ карда мешавад;

- талабот ба кадрҳои баландихтисоси илмию техникӣ афзоиш ёфта, ба сифати  ҳайати синнусоли онҳо беҳбуд бахшида мешавад;

- самаранокии меҳнат ва музди меҳнат баланд бардошта мешавад;

- таъмини даромади иловагии андоз ва афзоиши даромади содирот (даромади фурӯш) ба рушди  бахши давлатӣ мусоидат менамояд;

- ба таври назаррас нишондиҳандаҳои иқтисодӣ ва молиявӣ, ҳаҷми истеҳсолот дар давраи пешбинишуда, боло мераванд.  

* Замимаи 2