Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи тасдиқи Барномаи беҳтар намудани ҳолат ва самаранок истифода бурдани чарогоҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2015
Мутобиқи моддаи 14 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон", бо мақсади беҳтар намудани чарогоҳҳои ҷумҳурӣ ва афзун гардонидани захираи хӯроки чорво Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Барномаи замимагардидаи беҳтар намудани ҳолат ва самаранок истифода бурдани чарогоҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2015 тасдиқ карда шавад.
2. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати амалӣ намудани Барномаи мазкур ба Муассисаи давлатии "Трести чарогоҳу мелиоративӣ"-и Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2009-ум 300 ҳазор сомонӣ ва солҳои минбаъда ҳар сол 200 ҳазор сомонӣ дар буҷет маблағ пешбинӣ намояд.
3. Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Вазорати мелиоратсия ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон (Раёсати сохтмон, лоиҳакашӣ, истифодабарии оби нӯшокии деҳот ва чарогоҳҳо), Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади беҳтар намудани ҳолати чарогоҳҳои ҷумҳурӣ оид ба ҳалли масъалаи ҷалби сармояи ватанию хориҷӣ чораҳои мушаххас андешанд.
4. Вазорату идораҳои дахлдор, раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо барои татбиқи Барномаи беҳтар намудани ҳолат ва самаранок истифода бурдани чарогоҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2015 тадбирҳои зарурӣ андешида, ҳар сол то 1 феврал аз ҷараёни иҷрои корҳои анҷомдодашуда ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ахбор манзур намоянд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 1 октябри соли 2008 № 481
ш. Душанбе
Правительство Республики Таджикистан
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
Об утверждении Программы улучшения состояния и рационального использования пастбищ Республики Таджикистан на 2009-2015 годы
В соответствии со статьей 14 конституционного Закона Республики Таджикистан "О Правительстве Республики Таджикистан" и в целях дальнейшего улучшения республиканских пастбищ и увеличения запасов животноводческого корма Правительство Республики Таджикистан постановляет:
1. Утвердить прилагаемую Программу улучшения состояния и рационального использования пастбищ Республики Таджикистан на 2009-2015 годы.
2. Министерству финансов Республики Таджикистан совместно с Министерством экономического развития и торговли Республики Таджикистан и Министерством сельского хозяйства Республики Таджикистан в целях реализации Программы улучшения и рационального использования пастбищ Республики Таджикистан на 2009-2015 годы предусмотреть в ходе разработки бюджета на 2009 год 300 тысяч сомони и в последующие годы по 200 тысяч сомони Государственному учреждению "Пастбищно-мелиоративной трест" Министерства сельского хозяйства Республики Таджикистан.
3. Министерству сельского хозяйства Республики Таджикистан совместно с Министерством мелиорации и водного хозяйства Республики Таджикистан (Управление строительства, проектирования, эксплуатации питьевой воды в сельской местности и пастбищ), Министерством экономического развития и торговли Республики Таджикистан, Государственным комитетом по инвестициям и управлению государственным имуществом Республики Таджикистан с целью улучшения состояния пастбищ республики принять конкретные меры по привлечению средств местных и зарубежных инвесторов.
4. Соответствующим министерствам и ведомствам, председателям Горно-Бадахшанской автономной области, областей, городов и районов принять все необходимые меры для реализации Программы улучшения состояния и рационального использования пастбищ Республики Таджикистан на 2009-2015 годы и ежегодно до 1 февраля представить информацию о проделанной работе в Правительство Республики Таджикистан.
Председатель
Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
от 1 октября 2008 года №481
ш. Душанбе