Тартиби таъсис ва барҳамдиҳии воҳидҳои сохтории аудити дохилӣ дар ташкилотҳои бахши давлатӣ аз 22 октябри соли 2021, №443

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Замима

Ба қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 22 октябри соли 2021,№443

Замима

Ба қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 22 октябри соли 2021,№443

ТАРТИБИ ТАЪСИС ВА БАРҲАМДИҲИИ ВОҲИДҲОИ СОХТОРИИ АУДИТИ ДОХИЛӢ ДАР ТАШКИЛОТҲОИ БАХШИ ДАВЛАТӢ

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. Тартиби таъсис ва барҳамдиҳии воҳидҳои сохтории аудити дохилӣ дар ташкилотҳои бахши давлатӣ (минбаъд - Тартиб), расмиёти мушаххаси таъсисдиҳӣ ва барҳамдиҳии воҳидҳои сохтории аудити дохилии вазорату идораҳо ва дигар ташкилотҳои бахши давлатиро муқаррар менамояд.

2. Тартиби мазкур нисбат ба вазорату идораҳо ва дигар ташкилотҳои бахши давлатие, ки аз буҷети ҷумҳуриявӣ маблағгузорӣ мешавад, амалӣ мегардад.

3. Воҳидҳои сохтории аудити дохилӣ дар ташкилотҳои бахши давлатӣ тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва меъёрҳои Тартиби мазкур таъсис ва барҳам дода мешаванд.

4. Воҳиди сохтории аудити дохилӣ ба роҳбари аввали ташкилоти бахши давлатӣ тобеъ ва ҳисоботдиҳанда буда, таҳти роҳбарии бевоситаи ӯ фаъолият менамояд.

2. ТАРТИБИ ТАЪСИСДИҲӢ ВА БАРҲАМДИҲИИ ВОҲИДИ СОХТОРИИ АУДИТИ ДОХИЛӢ

5. Воҳиди сохтории аудити дохилӣ дар ташкилоти бахши давлатӣ танҳо дар сохтори дастгоҳи марказии ташкилот (ба истиснои мақоми ваколатдори давлатӣ) таъсис дода мешавад.

6. Воҳидҳои сохтории аудити дохилӣ вобаста ба вазъи ҳуқуқӣ, функсияҳо, ваколатҳо, ҳаҷм ва мураккабии вазифаҳо метавонанд дар шаклҳои зерин ба таври мустақил таъсис дода шаванд:

- сарраёсат;

...

Приложение

к постановлению Правительства

Республики Таджикистан

от 22 октября 2021 года, №443

Приложение

к постановлению Правительства

Республики Таджикистан

от 22 октября 2021 года, №443

Порядок создания и ликвидации структурных подразделений внутреннего аудита в организациях государственного сектора

1. ОБЩИЕ ПОЛОЖЕНИЯ

1. Порядок создания и ликвидации структурных подразделений внутреннего аудита в организациях государственного сектора (далееПорядок) устанавливает конкретные процедуры создания и ликвидации структурных подразделений внутреннего аудита министерств, ведомств и других организаций государственного сектора.

2. Настоящий Порядок распространяется на министерства, ведомства и другие организации государственного сектора, финансируемые из республиканского бюджета.

3. Структурные подразделения внутреннего аудита в организациях государственного сектора создаются и ликвидируются в соответствии с нормативными правовыми актами Республики Таджикистан и нормами настоящего Порядка.

4. Структурное подразделение внутреннего аудита подчиняется и подотчетно первому руководителю организации государственного сектора и действует под его непосредственным руководством

2. ПОРЯДОК СОЗДАНИЯ И ЛИКВИДАЦИИ СТРУКТУРНОГО ПОДРАЗДЕЛЕНИЯ ВНУТРЕННЕГО АУДИТА

5. Структурное подразделение внутреннего аудита в организации государственного сектора создается только в структуре центрального аппарата организации (за исключением государственного уполномоченного органа).

6. В зависимости от правового статуса, функций, полномочий, объема и сложности задач структурные подразделения внутреннего аудита могут самостоятельно создаваться в следующих формах:

- главное управление;

...