Қоидаҳои маблағгузории лоиҳаҳои фармоишии илмиву таҳқиқотӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Замима

ба қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 30 сентябри соли 2021, №417

Замима

ба қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 30 сентябри соли 2021, №417

Қоидаҳои маблағгузории лоиҳаҳои фармоишии илмиву таҳқиқотӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.12.2024 № 684)

I. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. Қоидаҳои маблағгузории лоиҳаҳои фармоишии илмиву таҳқиқотӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Қоидаҳо) тартиби маблағгузории заминавӣ, инчунин тартиби маблағгузории грантӣ ва барномавии мақсадноки лоиҳаҳои фармоишии илмиву таҳқиқотиро аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ муайян мекунанд.

2. Дар Қоидаҳои мазкур мафҳумҳои зерин истифода бурда мешаванд:

- маблағгузории заминавӣ - маблағҳои буҷети давлатӣ, ки барои хароҷоти ҷории фаъолияти муассисаҳои давлатии илмӣ ва таълимию илмӣ равона карда мешаванд;

- маблағгузории грантӣ - маблағгузории бебозгашти муассисаҳои давлатии илмӣ ва таълимию илмӣ, ки ба онҳо дар асоси озмун ва шартҳои шартнома бо фармоишгар аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ ва созмонҳои байналмилалии молиявӣ барои амалӣ намудани лоиҳаҳои фармоишии илмиву таҳқиқотӣ ҷудо карда мешавад;

- маблағгузории барномавии мақсаднок - маблағгузории муассисаҳои давлатии илмӣ ва таълимию илмӣ, ки дар асоси озмун амалӣ гардида, барои ҳалли масъалаҳои муҳими стратегии давлатӣ равона карда мешавад;

- фармоишгар - фармоишгари ҳамаи шаклҳои маблағгузорӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, аз номи он вазорату идораҳои дахлдор барои маблағгузории заминавӣ, грантӣ ва барномавии мақсадноки лоиҳаҳои фармоишии илмиву таҳқиқотӣ баромад мекунанд.

...

Приложение к

постановлению Правительства

Республики Таджикистан

от 30 сентября 2021 года, №417

Приложение к

постановлению Правительства

Республики Таджикистан

от 30 сентября 2021 года, №417

Правила финансирования заказных научно-исследовательских проектов в Республике Таджикистан

(в редакции пост. Правительства РТ от 26.12.2024 №684)

1. ОБЩИЕ ПОЛОЖЕНИЯ

1. Правила финансирования заказных научно-исследовательских проектов в Республике Таджикистан (далее - Правила) определяют порядок базового финансирования, также порядок грантового и программно-целевого финансирования заказных научно-исследовательских проектов за счет средств государственного бюджета.

2. В настоящих Правилах используются следующие понятия:

- базовое финансирование - средства государственного бюджета, направляемые для текущих расходов деятельности государственных научных и научно-образовательных учреждений;

- грантовое финансирование - безвозвратное финансирование государственных научных и научно-образовательных учреждений, выделяемое им на основе конкурса и условий договора с заказчиком за счет средств государственного бюджета и международных финансовых организаций для реализации заказных научно-исследовательских проектов;

- программно-целевое финансирование - финансирование государственных научных и научно-образовательных учреждений, осуществляемое на основе конкурса, направленное на решение стратегически важных государственных задач;

- заказчик - заказчиком всех форм финансирования является Правительство Республики Таджикистан, от имени которого соответствующие министерства и ведомства осуществляют базовое, грантовое, программно-целевое финансирование заказных научно-исследовательских проектов.

3. Финансирование субъектов заказных научно-исследовательских проектов осуществляется одновременно по различным формам финансирования с заключением отдельного договора по каждой форме.

...