Замима
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 30 сентябри соли 2021, №417
Қоидаҳои маблағгузории лоиҳаҳои фармоишии илмиву таҳқиқотӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.12.2024
№ 684)
I. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
1. Қоидаҳои маблағгузории лоиҳаҳои фармоишии илмиву таҳқиқотӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Қоидаҳо) тартиби маблағгузории заминавӣ, инчунин тартиби маблағгузории грантӣ ва барномавии мақсадноки лоиҳаҳои фармоишии илмиву таҳқиқотиро аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ муайян мекунанд.
2. Дар Қоидаҳои мазкур мафҳумҳои зерин истифода бурда мешаванд:
- маблағгузории заминавӣ - маблағҳои буҷети давлатӣ, ки барои хароҷоти ҷории фаъолияти муассисаҳои давлатии илмӣ ва таълимию илмӣ равона карда мешаванд;
- маблағгузории грантӣ - маблағгузории бебозгашти муассисаҳои давлатии илмӣ ва таълимию илмӣ, ки ба онҳо дар асоси озмун ва шартҳои шартнома бо фармоишгар аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ ва созмонҳои байналмилалии молиявӣ барои амалӣ намудани лоиҳаҳои фармоишии илмиву таҳқиқотӣ ҷудо карда мешавад;
- маблағгузории барномавии мақсаднок - маблағгузории муассисаҳои давлатии илмӣ ва таълимию илмӣ, ки дар асоси озмун амалӣ гардида, барои ҳалли масъалаҳои муҳими стратегии давлатӣ равона карда мешавад;
- фармоишгар - фармоишгари ҳамаи шаклҳои маблағгузорӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, аз номи он вазорату идораҳои дахлдор барои маблағгузории заминавӣ, грантӣ ва барномавии мақсадноки лоиҳаҳои фармоишии илмиву таҳқиқотӣ баромад мекунанд.
3. Маблағгузории субъектҳои лоиҳаҳои фармоишии илмиву таҳқиқотӣ дар як вақт аз рӯйи шаклҳои гуногуни маблағгузорӣ бо баста шудани шартномаи алоҳида оид ба ҳар як шакл амалӣ карда мешавад.
4. Шартнома оид ба амалӣ намудани лоиҳаву барномаҳои фармоишии илмиву таҳқиқотиро мақоми ваколатдори давлатӣ ё мақоми ваколатдори соҳавӣ барои маблағгузории лоиҳаҳои фармоишии илмиву таҳқиқотӣ бо субъекти доир ба гузаронидани корҳои илмию таҳқиқотӣ, таҷрибавию конструкторӣ ва илмию техникӣ дар тамоми муҳлати амалишавии он, ки на бештар аз панҷ солро дар бар мегирад, мебандад (замима мегардад).
5. Маблағгузории хароҷоти ташкил ва гузаронидани экспертизаи лоиҳаҳои грантӣ ва барномавии мақсаднок тибқи қонунгузории амалкунанда дар асоси шартнома байни фармоишгар ва ташкилоти экспертӣ амалӣ карда мешавад.
6. Натиҷаҳои корҳои фармоишии илмиву таҳқиқотӣ ба фармоишгар тааллуқ дошта, иҷрокунанда ба онҳо хуқуқ надорад.
7. Озмун ва натиҷаҳои амалишавии лоиҳа ва барномаҳои маблағгузории грантӣ ва барномавии мақсадноки корҳои фармоишии илмиву таҳқиқотӣ ба воситаи ахбори омма ва нашрияҳои даврии расмӣ паҳн карда мешаванд.
8. Вазорату идораҳое, ки дар сохторашон муассисаҳои илмию таҳқиқотӣ ва таълимӣ доранд ва ё бевосита бо корҳои фармоишии илмиву таҳқиқотӣ машғуланд, бо мақсади такрор наёфтани маблағгузории лоиҳаҳои фармоишии илмиву таҳқиқотӣ ҳамасола то 1 феврал номгӯйи лоиҳаҳои корҳои фармоишии илмиву таҳқиқотии аз ҷониби бахши хусусӣ ва созмонҳои байналмилалӣ маблағгузоришавандаро ба Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамоянд.
9. Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон таносуби тақсимоти маблағгузориро аз рӯйи маблағгузории грантӣ ва барномавии мақсадноки лоиҳаҳои фармоишии илмиву таҳқиқотӣ ҳар сол дар доираи ҳадди ниҳоии маблағгузории соли молиявии оянда барои соҳа муайянгардида бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқа менамояд.
2. ТАРТИБИ МАБЛАҒГУЗОРИИ ЗАМИНАВӢ
10. Маблағгузории заминавӣ ба муассисаҳои илмии давлатӣ ва муассисаҳои таълимии ба муассисаҳои илмии давлатӣ баробаркардашуда (минбаъд - субъектҳо) ҷудо карда мешавад.
11. Маблағгузории заминавӣ хароҷотҳо дар доираи маблағҳои пешбинигардида барои таъмини ҷории инфрасохтори илмӣ ва молу мулк, аз ҷумла бино, асбобу таҷҳизот ва мавод, пардохти музди меҳнати ҳайати роҳбарикунанда, олимон, кормандони техникӣ ва ҳайати хизматрасонро дар бар мегирад.
12. Субъектҳои маблағгузории заминавӣ ҳар сол на дертар аз 1 марти соли пеш аз банақшагирифташаванда ба вазорату идораҳои дахлдори соҳавӣ дархости буҷетӣ барои маблағгузории заминавиро пешниҳод менамоянд.
13. Вазорату идораҳои дахлдори соҳавӣ дархостҳои маҷмӯии буҷетии маблағгузории заминавиро ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамоянд.
14. Маблағгузории субъектҳои маблағгузории заминавӣ аз ҷониби Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи буҷети тасдиқгардида барои соли навбатии молиявӣ аз рӯйи барномаи тақсимшавандаи буҷетӣ амалӣ карда мешавад.
3. ТАРТИБИ МАБЛАҒГУЗОРИҲОИ ГРАНТӢ ВА БАРНОМАВИИ МАҚСАДНОКИ ЛОИҲАҲОИ ФАРМОИШИИ ИЛМИВУ ТАҲҚИҚОТӢ
15. Маблағгузории грантӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ барои амалӣ намудани таҳқиқоти лоиҳаҳои фармоишии илмиву таҳқиқотии бунёдӣ ва амалӣ ва маблағгузории барномавии мақсаднок барои ҳалли масъалаҳои муҳими стратегии давлатӣ дар асоси озмун ҷудо карда мешаванд.
16. Вазорату идораҳое, ки дар сохторашон муассисаҳои илмию таҳқиқотӣ ва таълимӣ доранд мутобиқ ба самтҳои афзалиятноки рушди илми Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодҳо оид ба ҳаҷми маблағгузории грантӣ ва номгӯйи лоиҳаҳои фармоишии илмиву таҳқиқотии грантии тибқи дастури Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодшударо ба Шӯрои ҳамоҳангсозии корҳои илмию таҳкиқотӣ дар соҳаи илмҳои табиатшиносӣ, техникӣ, тиббӣ, кишоварзӣ, гуманитарӣ ва ҷамъиятшиносӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Шӯро) то 1 апрели соли пеш аз банақшагирӣ ирсол менамояд.
17. Озмуни маблағгузории барномавии мақсаднокро Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон ва баргузор менамояд.
18. Дар озмун барои маблағгузории грантӣ ва барномавии мақсаднок субъектҳои лоиҳаҳои фармоишии илмиву таҳқиқотии аккредитатсияшуда, инчунин муассисаҳои мустақили таҳсилоти олии касбие, ки аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мешаванд ва сохторҳои мустақили онҳо дар шароити якхела метавонанд иштирок намоянд.
19. Шӯро оид ба маблағгузории грантӣ ва Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба маблағгузории барномавии мақсаднок ҳуҷҷатҳои озмуниро таҳия ва тасдиқ намуда, дар саҳифаи интернет-захираҳои худ иттилоот ҷойгир мекунанд ва ба воситаи нашрияҳои чопии даврӣ озмунро эълон карда, онро ташкил ва мегузаронанд.
20. Номгӯйи ҳуҷҷати озмун барои маблағгузории грантӣ ва барномавии мақсаднок дорои маълумоти зерин мебошад:
- номи мақоми ваколатдори соҳавӣ;
- номгӯйи мавзӯъҳои лоиҳаҳои фармоишии илмиву таҳқиқотӣ;
- дархост бо забони давлатӣ;
- талабот ба шакл ва мазмуни дархост ба озмун;
- нақшаи намунавии тақвимӣ;
- талаботи тахассусӣ ба иҷрокунандагони пешбинишаванда;
- сметаи хароҷоти лоиҳаҳои фармоишии илмиву таҳқиқотӣ;
- маълумотнома-ҳисобот аз муассисаи давлатии "Маркази миллии патенту иттилоот"-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо натиҷаи ҷустуҷӯйи мавзӯии лоиҳаҳои фармоишии илмиву таҳқиқотӣ пешниҳодгардида аз рӯйи навгонӣ.
21. Эълон дар бораи маблағгузории грантӣ ва барномавии мақсаднок дорои маълумоти зерин мебошад:
- номи мақоми давлатии озмунро эълоннамуда;
- мавзӯъ, муҳтаво ва ҳаҷми маблағгузорӣ;
- муҳлати охири пешниҳоди дархостҳо, ки на камтар аз 30 рӯзи тақвимӣ пас аз нашри эълон оид ба озмун мебошанд.
22. Дархостҳо барои иштирок дар маблағгузории грантӣ ва барномавии мақсадноки лоиҳаҳои фармоишии илмиву таҳқиқотӣ ва инноватсиониро (минбаъд - дархостҳо) субъектҳо дар ду нусха пешниҳод менамоянд.
23. Дархост оид ба маблағгузории грантӣ маълумот доир ба муҳлати амалӣ намудани лоиҳа, ки на зиёда аз панҷ солро дар бар мегирад, доро мебошад.
24. Дархостҳое, ки ба талаботҳои ҳуҷҷатгузории озмунӣ мутобиқ нестанд, қабул карда намешаванд.
25. Шӯро дархостҳои мутобиқ ба талаботҳои ҳуҷҷатгузории озмуниро баъд аз экспертизаи давлатии илмӣ ба Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои гузаронидани экспертизаи давлатӣ пас аз баохиррасии қабули дархостҳо ба озмун ирсол менамояд.
26. Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз қабули дархостҳо аз Шӯро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронидани экспертизаи давлатии илмию техникии дархостҳоро барои маблағгузории грантӣ ташкил менамояд.
27. Натиҷаҳои озмун барои маблағгузории грантӣ дар нашрияҳои даврӣ нашр ва дар саҳифаи интернет-захираҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҷойгир карда мешаванд.
28. Маблағгузории грантӣ ва барномавии мақсаднок аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ ё мақоми ваколатдори соҳавӣ дар асоси шартномаи басташуда бо ғолиби озмун амалӣ карда мешавад.
29. Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол то 1 май номгӯйи лоиҳаҳои фармоишии илмиву таҳқиқотии грантиро, ки аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мешаванд, инчунин лоиҳаҳои фармоишии илмиву таҳқиқотии барномавии мақсаднокро таҳия карда, барои дастури минбаъд ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд.
30. Қарор доир ба қатъ кардани маблағгузории грантӣ ва барномавии мақсаднок бо натиҷаи санҷиши гурӯҳи кории байниидоравӣ ё мақоми ваколатдори давлатӣ ё мақоми ваколатдори соҳавӣ ва хулосаҳои асосноккунӣ на камтар аз 3 коршиноси мустақили Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда мешавад.
31. Ғолибони озмуни маблағгузории грантӣ ва барномавии мақсаднок дар муҳлатҳои дар шартнома муқарраршуда ҳисоботҳои семоҳа ва солонаи молиявиро ба мақомоти ваколатдори соҳавӣ пешниҳод менамоянд.
32. Маблағгузории лоиҳаҳои фармоишии илмиву таҳқиқотӣ, ки дар Қоидаҳои мазкур пешбинӣ шудаанд, тариқи ғайринақдӣ амалӣ карда мешавад (№ 684).
Замима
ба Қоидаҳои маблағгузории
[заминавӣ, грантӣ, барномавии мақсаднокӣ]
лоиҳаҳои фармоишии илмиву таҳқиқотӣ
дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
Шартномаи намунавӣ барои иҷрои кори фармоишии илмиву таҳқиқотӣ
№___ аз "__"_______ соли 20____ ш. Душанбе
_________________________________________________________________________________________, минбаъд Фармоишгар ном гирифта, дар шахсияти_____________________ , дар асоси низомнома (оиннома)_____________________________ , аз як тараф ва _________________________________, минбаъд Иҷрокунанда ном гирифта, дар шахсияти роҳбари муассиса ___________________, ки дар асоси низомнома (оиннома), аз ҷониби дигар ва дар асоси протоколи натиҷаҳои озмун №___ аз______________ амал менамоянд (минбаъд - Тарафҳо), шартномаи мазкурро бо мазмуни зерин бастанд:
1. Муҳтавои шартнома
1. Фармоишгар супориш медиҳад ва Иҷрокунанда иҷрои корҳои лоиҳаҳои фармоишии илмиву таҳқиқотиро, ки дар доираи фармоиши давлатӣ аз рӯйи барномаи буҷетӣ____________________________ иҷро мешаванд, ба зимма мегирад:
- аз рӯи барномаи_________________;
- самт (раванд)___________________;
- аз рӯи мавзӯи __________________.
2. Мазмун ва муҳлати иҷрои давраҳои асосӣ аз рӯйи нақшаи тақвимӣ муайян карда мешавад.
3. Ҳуҷҷатҳои дар зер номбурдашаванда ва шартҳои дар онҳо ишорашуда шартномаи мазкурро ташкил намуда, қисмати ҷудонашавандаи он ба ҳисоб мераванд:
- шартномаи мазкур;
- нақшаи тақвимии корҳо;
- асосноккунонии техникӣ.
2. Тавсифи дастовардҳои лоиҳаҳои фармоишии илмиву таҳқиқотӣ аз рӯйи аломатҳои тахассусӣ ва нишондиҳандаҳои иқтисодӣ
1. Самти таҳқиқот;
2. Соҳаи истифодабарӣ;
3. Натиҷаи мушаххаси ниҳоӣ;
4. Имконияти патенткунонӣ;
5. Сатҳи лоиҳаҳои фармоишии илмиву таҳқиқотӣ (навгонӣ);
6. Истифодаи дастовардҳои лоиҳаҳои фармоишии илмиву таҳқиқотӣ аз ҷониби Фармоишгар ё Иҷрокунанда;
7. Шакли (намуди) истифодаи маҳсулоти лоиҳаҳои фармоишии илмиву таҳқиқотӣ.
8. Самаранокии иқтисодии таҳқиқот.
3. Маблағи умумии шартнома ва шарти пардохт
1. Маблағи умумии шартнома бо дарназардоштани арзиши ҳамаи хароҷотҳо барои хизматрасонӣ, аз ҷумла ҳамаи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет _______________(бо ҳарфҳо) сомониро ташкил медиҳад.
2. Маблағгузории умумии шартнома дар доираи сметаи тасдиқгардида марҳила ба марҳила амалӣ карда мешавад.
3. Сарчашмаи маблағгузорӣ: буҷети ҷумҳуриявӣ.
4. Иҷрокунанда ва ҳамиҷрокунандаҳо уҳдадоранд, ки дар худ баҳисобгирии муҳосибии зарурӣ ва таҳлили арзиши воқеии корҳои иҷрошударо дар сохтори давраҳои он таъмин намоянд.
4. Тартиби супоридан ва қабули натиҷаи таҳқиқот
1. Ҳуҷҷатгузории лоиҳаҳои фармоишии илмиву таҳқиқотӣ ва ҳуҷҷатҳои дигаре, ки Иҷрокунанда дар давраҳои алоҳидаи иҷро ва баитмомрасии шартнома ба расмият дароварда месупорад, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда мешавад.
5. Муҳлати шартнома
1. Муҳлати шартнома дар доираи сметаи тасдиқгардидаи лоиҳаҳои фармоишии илмиву таҳқиқотӣ аз "___"__________ соли ___ то "__"_________ соли___ баста мешавад. Шартнома пас аз ба имзо расидан аз ҷониби Тарафҳо эътибор пайдо мекунад.
2. Ҳангоми дар муҳлати муқарраргардида маблағгузорӣ нагардидани лоиҳаҳои фармоишии илмиву таҳқиқотӣ муҳлати шартнома тамдид карда мешавад.
6. Масъулияти Тарафҳо
1. Ҳангоми иҷро накардани уҳдадориҳои дар шартнома пешбинишуда Тарафҳо мутобиқи шартҳо ва бо тартиби қонунгузории амалкунанда муқаррарнамуда ҷавобгӯ мебошанд.
2. Дар мавриди иҷро накардани корҳо дар муҳлати муқарраршуда Иҷрокунанда ба Фармоишгар ҷарима дар ҳаҷми 0,01 фоиз аз маблағҳои умумии шартнома барои ҳар як рӯзи батаъхиргузошташуда пардохт менамояд.
3. Дар мавриди бесифат иҷро намудани корҳо аз рӯйи лоиҳаҳои алоҳидаи барнома аз ҷониби Иҷрокунанда, баъди хулосаи коршиносони мустақили Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Фармоишгар дар дилхоҳ даври иҷро маблағгузории онро қатъ менамояд.
4. Фармоишгар ҷиҳати барасмиятдарории ҳуҷҷатгузории лоиҳаҳои фармоишии илмиву таҳқиқотӣ ба Иҷрокунанда мусоидат менамояд.
5. Фармоишгар барои гузаронидани экспертизаи лоиҳаҳои фармоишии илмиву таҳқиқотӣ, ки аз ҷониби Иҷрокунанда пешниҳод мегардад, масъул мебошад.
7. Шартҳои иловагӣ
1. Дастоварди лоиҳаҳои фармоишии илмиву таҳқиқотии дар асоси шартномаи мазкур бадастомада ба давлат тааллуқ дорад.
2. Дар мавриди амалӣ ва истеҳсоли дастоварди лоиҳаҳои фармоишии илмиву таҳқиқотӣ дар доираи шартномаи мазкур сохташуда аз ҷониби Иҷрокунанда, Тарафҳо тартиб ва ҳаҷми ҳиссаҳоро аз даромади гирифташаванда муайян мекунанд.
3. Шартномаи мазкур дар ду нусхаи аслӣ бо забони давлатӣ, дорои эътибори баробари қонунӣ, барои ҳар як Тараф як нусха тартиб дода шудааст.
4. Шартҳои дигар вобаста ба назари Тарафҳо:
- кор мутобиқи нақшаи тақвимӣ иҷро карда мешавад;
- лоиҳаҳои фармоишии илмиву таҳқиқотӣ аз бақайдгирии ҳатмии давлатӣ дар муассисаи давлатии "Маркази миллии патенту иттилоот"-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон мегузарад;
- дар ҳолатҳои форс-мажорӣ, яъне бо иродаи тарафҳо вобаста набудани ҳолатҳо (офатҳои табиӣ ва фавқулодда, эпидемия, карантин ва ғайра), Тарафҳо муҳлати иҷрои лоиҳаҳои фармоишии илмиву таҳқиқотиро тамдид менамоянд.
Суроғаи ҳуқуқии Тарафҳо
Иҷрокунанда: Фармоишгар:
Ному насаб _________________________ Ному насаб _________________________
Рақами РМА _________________________ Рақами РМА _________________________
____________________________________ ____________________________________
(имзо) Ҷ.М. (имзо) Ҷ.М.
Правила финансирования заказных научно-исследовательских проектов в Республике Таджикистан
(в редакции пост. Правительства РТ от 26.12.2024
№684)
1. ОБЩИЕ ПОЛОЖЕНИЯ
1. Правила финансирования заказных научно-исследовательских проектов в Республике Таджикистан (далее - Правила) определяют порядок базового финансирования, также порядок грантового и программно-целевого финансирования заказных научно-исследовательских проектов за счет средств государственного бюджета.
2. В настоящих Правилах используются следующие понятия:
- базовое финансирование - средства государственного бюджета, направляемые для текущих расходов деятельности государственных научных и научно-образовательных учреждений;
- грантовое финансирование - безвозвратное финансирование государственных научных и научно-образовательных учреждений, выделяемое им на основе конкурса и условий договора с заказчиком за счет средств государственного бюджета и международных финансовых организаций для реализации заказных научно-исследовательских проектов;
- программно-целевое финансирование - финансирование государственных научных и научно-образовательных учреждений, осуществляемое на основе конкурса, направленное на решение стратегически важных государственных задач;
- заказчик - заказчиком всех форм финансирования является Правительство Республики Таджикистан, от имени которого соответствующие министерства и ведомства осуществляют базовое, грантовое, программно-целевое финансирование заказных научно-исследовательских проектов.
3. Финансирование субъектов заказных научно-исследовательских проектов осуществляется одновременно по различным формам финансирования с заключением отдельного договора по каждой форме.
4. Договор о реализации заказных научно-исследовательских проектов и программ заключается государственным уполномоченным органом или отраслевым уполномоченным органом для финансирования заказных научно-исследовательских проектов с субъектом на проведение научно-исследовательских, опытно-конструкторских и научнотехнических работ на весь срок его реализации, который составляет не более пяти лет (прилагается).
5. Финансирование расходов организации и проведения экспертизы грантовых и программно-целевых проектов осуществляется в соответствии с действующим законодательством на основании договора заказчика с экспертной организацией.
6. Результаты заказных научно-исследовательских работ принадлежат заказчику, исполнитель не имеет на них права.
7. Конкурс и результаты реализации проектов и программ грантового и программно-целевого финансирования заказных научно-исследовательских работ распространяются через средства массовой информации и периодические печатные издания.
8. Министерства и ведомства, имеющие в своей структуре научно-исследовательские и образовательные учреждения или непосредственно занимающиеся заказной научно-исследовательской работой, во избежание дублирования финансирования заказных научно- исследовательских проектов, ежегодно до 1 февраля представляют в Министерство экономического развития и торговли Республики Таджикистан перечень заказных научно-исследовательских проектов, финансируемых частным сектором и международными организациями.
9. Министерство экономического развития и торговли Республики Таджикистан ежегодно согласовывает с Министерством финансов Республики Таджикистан соотношение распределения финансирования по грантовому и программно-целевому финансированию заказных научно-исследовательских проектов в пределах минимального уровня финансирования отрасли следующего финансового года.
2. ПОРЯДОК БАЗОВОГО ФИНАНСИРОВАНИЯ
10. Базовое финансирование выделяется государственным научным учреждениям и учебным учреждениям, приравненным к государственным научным учреждениям (далее - субъекты).
11. Базовое финансирование включает расходы в пределах предусмотренных средств на текущее обеспечение научной инфраструктуры и имущества, в том числе зданий, приборов, оборудования и материалов, оплату труда руководящего состава, ученых, технического персонала и обслуживающего состава.
12. Субъекты базового финансирования ежегодно не позднее 1 марта года, предшествующего планируемому, представляют в соответствующие отраслевые министерства и ведомства бюджетную заявку на базовое финансирование.
13. Министерства и ведомства представляют сводные бюджетные заявки по базовому финансированию в Министерство финансов Республики Таджикистан.
14. Финансирование субъектов базового финансирования осуществляется Министерством финансов Республики Таджикистан в рамках утвержденного бюджета на соответствующий финансовый год по распределяемой бюджетной программе.
3. ПОРЯДОК ГРАНТОВОГО И ПРОГРАММНО-ЦЕЛЕВОГО ФИНАНСИРОВАНИЯ ЗАКАЗНЫХ НАУЧНО-ИССЛЕДОВАТЕЛЬСКИХ ПРОЕКТОВ
15. Грантовое финансирование выделяется из средств государственного бюджета для реализации фундаментальных и практических исследований заказных научно-исследовательских проектов и программно-целевое финансирование направлено для решения стратегически важных государственных задач и осуществляются на конкурсной основе.
16. Министерства и ведомства, имеющие в своей структуре научно-исследовательские и образовательные учреждения, в соответствии с приоритетными направлениями развития науки Республики Таджикистан представляют предложения об объемах грантового финансирования и перечнем грантовых заказных научно-исследовательских проектов представлены в соответствии с поручением Правительства Республики Таджикистан в Совет по координации научно-исследовательских работ в области естественных, технических, медицинских, сельскохозяйственных, гуманитарных и общественных наук в Республике Таджикистан (далее - Совет) до 1 апреля года, предшествующего планируемому.
17. Министерство экономического развития и торговли Республики Таджикистан объявляет и проводит конкурс на программно-целевое финансирование.
18. В конкурсе на грантовое и программно-целевое финансирование могут участвовать субъекты заказных научно-исследовательских аккредитованных проектов, а также автономные учреждения высшего профессионального образования, финансируемые за счет государственного бюджета и их самостоятельные структурные подразделения на равных условиях.
19. Совет по грантовому финансированию и Министерство экономического развития и торговли Республики Таджикистан по программно-целевому финансированием разрабатывают и утверждают конкурсную документацию, размещают информацию на их вебсайтресурсах и через периодические печатные издания объявляют конкурс, организуют и проводят его.
20. Перечень конкурсной документации на грантовое и программноцелевое финансирование содержит следующую информацию:
- наименование отраслевого уполномоченного органа;
- наименование тем заказных научно-исследовательских проектов;
- заявку на государственном языке;
- требования к форме и содержанию заявки на конкурс;
- типовой календарный план;
- квалификационные требования к потенциальным исполнителям;
- смету расходов заказных научно-исследовательских проектов;
- справку-отчет государственного учреждения "Национальный патентно-информационный центр" Министерства экономического развития и торговли Республики Таджикистан с результатами тематического поиска предложенных заказных научно-исследовательских проектов на новизну.
21. Объявление о конкурсе на грантовое и программно-целевое финансирование содержит следующую информацию:
- наименование государственного органа, объявившего конкурс;
- тему, содержание и объем финансирования;
- последний срок подачи заявок не менее 30 календарных дней после публикации объявления о конкурсе.
22. Заявки на участие в грантовом и программно-целевом финансировании заказных научно-исследовательских и инновационных проектов и программ подаются субъектами в двух экземплярах (далеезаявки).
23. Заявка на грантовое финансирование содержит информацию о сроке реализации проекта, который не превышает пяти лет.
24. Заявки, не соответствующие требованиям конкурсной документации, не принимаются.
25. Совет после государственной научной экспертизы направляет заявки в соответствии с требованиями конкурсной документации в Министерство экономического развития и торговли Республики Таджикистан для проведения государственной экспертизы в течение десяти дней со дня окончания приема заявок на конкурс.
26. Министерство экономического развития и торговли Республики Таджикистан после приема заявок Совета организует проведение государственной научно-технической экспертизы заявок на грантовое финансирование в Республике Таджикистан.
27. Результаты конкурса на грантовое финансирование публикуются в периодических печатных изданиях и размещаются на вебсайт-ресурсах Национальной академии наук Таджикистана.
28. Грантовое и программно-целевое финансирование осуществляется государственным уполномоченным органом или отраслевым уполномоченным органом на основании заключенного договора с победителем конкурса.
29. Министерство экономического развития и торговли Республики Таджикистан ежегодно до 1 мая разрабатывает перечень грантовых заказных научно-исследовательских проектов, финансируемых за счет средств государственного бюджета, также программно-целевых заказных научно-исследовательских проектов и представляет на дальнейшее поручение в Правительство Республики Таджикистан.
30. Решение о прекращении грантового и программно-целевого финансирования принимается по итогам проверки межведомственной рабочей группы, либо государственного уполномоченного органа, либо отраслевого уполномоченного органа и обоснованного заключения не менее чем 3 независимых экспертов Министерства экономического развития и торговли Республики Таджикистан.
31. Победители конкурса грантового и программно-целевого финансирования представляют в отраслевые уполномоченные органы квартальные и годовые финансовые отчеты в сроки, указанные в договоре.
32. Финансирование заказных научно-исследовательских проектов, предусмотренных в настоящих Правилах, осуществляется в безналичной форме №684
Приложение
к Правилам финансирования заказных
научно-исследовательских проектов
в Республике Таджикистан
Типовой договор
на выполнение работ заказных научно-исследовательских проектов
№______ от "___"___________ 20__года г. Душанбе
__________________________________ , именуемое в дальнейшем Заказчик, в лице _____________________ ,
действующего на основании положения (устава) ______________________________ , с одной стороны, и _________________________ , именуемый в дальнейшем Исполнитель, в лице руководителя учреждения _____________________ , действующего на основании положения (устава), с другой стороны и на основании протокола итогов конкурса № ___от _____________________________ (далее - Стороны) заключили настоящий договор следующим контекстом:
1. Предмет договора
1. Заказчик поручает, а Исполнитель принимает на себя заказные научно-исследовательские проекты, выполняемые в рамках государственного заказа по бюджетной программе___________________________________:
- по программе __________________________;
- направлению __________________________;
- по теме __________________________.
2. Содержание и сроки выполнения основных этапов определяются календарным планом.
3. Перечисленные ниже документы и условия, оговоренные в них, образуют данный Договор и являются его неотъемлемой частью:
- настоящий договор;
- календарный план работ;
- техническая спецификация.
2. Характеристика достижений заказных научно-исследовательских проектов по квалификационным признакам и экономическим показателям
1. Область исследования:
2. Отрасль использования:
3. Конечный конкретный результат:
4. Патентоспособность:
5. Уровень заказных научно-исследовательских проектов (новизна):
6. Использование достижений заказных научно-исследовательских проектов Заказчиком или Исполнителем:
7. Форма (вид) использования достижений заказных научно-исследовательских проектов.
8. Экономическая эффективность исследования.
3. Общая сумма договора и условия оплаты
1. Общая сумма договора с учетом стоимости всех расходов на оказание услуг, включая все налоги и другие обязательные платежи составляет ___________________________(буквами) сомони бюджета.
2. Общее финансирование договора осуществляется поэтапно в рамках утвержденной сметы расходов.
3. Источник финансирования: республиканский бюджет.
4. Исполнитель и соисполнители обязаны обеспечить у себя надлежащий бухгалтерский учет и анализ фактической стоимости выполненных работ в разрезе ее этапов.
4. Порядок сдачи и приемки результата исследований
1. Оформление заказных научно-исследовательских проектов и других документов, представляемых Исполнителем на отдельных этапах выполнения и по окончании договора, осуществляется законодательством Республики Таджикистан.
5. Срок действия договора
1. Срок действия договора заключен в пределах утвержденной сметы выполненных заказных научно-исследовательских проектов от "____"_____________ года до _____________ "_______" года. Договор вступает в силу со дня его подписания Сторонами.
2. Срок действия договора продлевается в случае нефинансирования заказных научно-исследовательских проектов в установленный срок.
6. Ответственность Сторон
1. При невыполнении обязательств, предусмотренных договором, Стороны несут ответственность в соответствии с условиями и порядком, установленном действующим законодательством.
2. В случае невыполнения работ в указанные сроки Исполнитель выплачивает Заказчику штраф в размере 0,01 процента от общих средств договора за каждый просроченный рабочий день.
3. В случае некачественного выполнения Исполнителем работ по отдельным проектам программы, после заключения независимых экспертов Министерства экономического развития и торговли Республики Таджикистан, Заказчик прекращает финансирование на любом этапе ее реализации.
4. Заказчик оказывает содействие Исполнителю в оформлении заказных научно-исследовательских проектов.
5. Заказчик несет ответственность за экспертизу заказных научно-исследовательских проектов, представленных Исполнителем.
7. Дополнительные условия
1. Достижение заказных научно-исследовательских проектов, полученное на основании настоящего договора, принадлежит государству.
2. В случае реализации и производства достижения заказных научно-исследовательских проектов, созданного в рамках настоящего договора Исполнителем, Стороны определяют порядок и размеры получаемых долей от прибыли.
3. Настоящий договор составлен в двух подлинных экземплярах на государственном языке, имеющих равную юридическую силу, по одному экземпляру для каждой Стороны.
4. Иные условия по усмотрению Сторон:
- работа выполняется в соответствии с календарным планом;
- заказные научно-исследовательские проекты подлежат обязательной государственной регистрации в государственном учреждении "Национальный патентно-информационный центр" Министерства экономического развития и торговли;
- в случае возникновения форс-мажорных обстоятельств, не зависящих от воли сторон (стихийные бедствия, чрезвычайные ситуации, эпидемии, карантин и другие), Стороны продлевают срок выполнения заказных научно-исследовательских проектов.
Юридические адреса Сторон
Исполнитель: Заказчик:
Фамилия и имя____ Фамилия и имя____
Номер ИНН _______ Номер ИНН _______
__________________ _________________
(подпись) М.П. (подпись) М.П.