ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи Тартиби кори нуқтаҳои санитарию карантинӣ
Мутобиқи моддаи 115 Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Тартиби кори нуқтаҳои санитарию карантинӣ тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
2. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои ташкилию ҳуқуқии кори нуқтаҳои санитарию карантиниро дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдор ҳал карда, инчунин муҳофизати санитарии ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар нуқтаҳои гузаргоҳи сарҳади давлатӣ таъмин намояд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 30 сентябри соли 2021, №416
ш. Душанбе
Правительство Республики Таджикистан
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
О Порядке работы санитарно-карантинных пунктов
В соответствии со статьей 115 Кодекса здравоохранения Республики Таджикистан Правительство Республики Таджикистан постановляет:
1. Утвердить Порядок работы санитарно-карантинных пунктов (прилагается).
2. Министерству здравоохранения и социальной защиты населения Республики Таджикистан решить организационно-правовые вопросы деятельности санитарно-карантинных пунктов в сотрудничестве с соответствующими министерствами и ведомствами, а также обеспечить санитарную защиту территории Республики Таджикистан в пунктах пересечения государственной границы.
Председатель
Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г. Душанбе,
от 30 сентября 2021 года, №416