ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ"
Моддаи 1. Дар моддаҳои 10, 12, 14 ва 16 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 1997 "Дар бораи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1997, № 23-24, мод. 350; с. 2003, № 8, мод. 458; с. 2006, № 4, мод. 200; с. 2007, № 3, мод. 177; № 7, мод. 694) калимаҳои "ҳадди ақали музди меҳнат", "музди ҳадди ақалли меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраршуда,", "маоши ҳадди ақал" ва "моҳонаи ҳадди ақал" ба калимаҳои "нишондиҳанда барои ҳисобҳо" иваз карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе
6 октябри соли 2008 № 440
ш. Душанбе
6 октябри соли 2008 № 440
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ"
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ" қабул карда шавад.
Раиси
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон С. Хайруллоев
...