Замима
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 30 сентябри соли 2021, №413
Низомномаи Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
1. Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - вазорат) мақоми иҷроияи марказии ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки дар доираи ваколатҳои худ амалисозии сиёсати давлатиро дар соҳаҳои меъёрэҷодкунӣ, таъминоти ҳуқуқии муносибатҳои байналмилалӣ, баҳисобгирӣ, бақайдгирии давлатӣ, мураттабсозии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, назорати фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ, ёрии ҳуқуқӣ ба шаҳрвандон, тарғибу ташвиқи ҳуқуқӣ, иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, экспертизаи судӣ, сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва дигар соҳаҳое, ки бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян гардидаанд, таъмин менамояд.
2. Вазорат фаъолияти мақомоти адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро роҳбарӣ, ҳамоҳанг ва назорат менамояд.
3. Вазорат фаъолияти худро дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионӣ ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонҳо ва амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳо ва фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон ва ҳамин низомнома ба роҳ мемонад.
4. Вазорат фаъолияти худро дар ҳамкорӣ бо мақомоти дигари иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, шахсони ҳуқуқӣ, сарфи назар аз шакли ташкиливу ҳуқуқӣ анҷом медиҳад.
2. ВАЗИФА ВА ВАКОЛАТҲОИ ВАЗОРАТ
5. Вазорат дар соҳаи муқарраргардидаи фаъолият вазифаҳои зеринро анҷом медиҳад:
- таъмини амалисозии сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи меъёрэҷодкунӣ;
- иштирок дар фаъолияти ҳуқуқэҷодкунии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути таҳия ва пешниҳоди лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, гузаронидани санҷиши ҳуқуқии лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, таъмини мутобиқат байни санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст;
- баҳисобгирии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ;
- гузаронидани санҷиш, экспертизаи давлатии зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқии хусусияти умумиҳатмидоштаи вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, мақомоти назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон, Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ва бақайдгирии онҳо;
- пешбурди Таснифи ягонаи умумиҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- мураттабсозӣ ва пешбурди нусхаҳои назоратии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ;
- пешбурди махзани мутамаркази иттилооти ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- интишори расмии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ;
- назорат ва санҷиши фаъолияти ҳуқуқэҷодкунии вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, мақомоти назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон, Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот вобаста ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии хусусияти умумиҳатмидошта;
- дар доираи ваколатҳои худ таъмини фаъолияти ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ, иштирок дар омодасозӣ ва баимзорасонии шартномаҳои байналмилалӣ;
- амалӣ намудани сиёсати давлатӣ дар соҳаи расонидани ёрии ҳуқуқӣ, таълиму тарбияи ҳуқуқӣ ва тарғиби ҳуқуқӣ;
- таъмини фаъолияти нотариат ва мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ;
- бақайдгирии давлатии иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсӣ, гарави молу мулки манқул ва шартномаҳои консессионӣ;
- гузоштани апостил ба ҳуҷҷатҳои расмии содиротии мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, нотариусҳои давлатӣ, мақомоти судӣ, мақомоти истеҳсолоти иҷро ва мақомоти прокуратура;
- роҳбарӣ, ҳамоҳангсозии байнисоҳавӣ, арзёбӣ ва назорати сифати хизматрасонии давлатӣ;
- таъмини иҷрои ҷазои ҷиноятӣ;
- ташкил ва гузаронидани экспертизаи судӣ ва криминалистӣ;
- такмили тахассуси кадрҳои ҳуқуқшинос бо дар назар доштани талабот ва меъёрҳои замонавӣ;
- таъсиси комиссияи тахассусӣ барои ҳал намудани масъалаҳои соҳиб шудан ба мақоми адвокат ва қатъ намудани он;
- баррасии саривақтӣ ва босифати шикоятҳо, аризаҳо ва дигар муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ;
- амалӣ намудани вазифаҳои дигар тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
6. Вазорат мутобиқи вазифаҳои ба зиммааш вогузошташуда ваколатҳои зеринро ба амал мебарорад:
1) дар соҳаи меъёрэҷодкунӣ:
- таҳия ва бо тартиби муқарраргардида барои баррасӣ пешниҳод намудани лоиҳаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонҳо ва амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳо ва фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо ташаббуси худ;
- санҷиши ҳуқуқии лоиҳаи қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва додани хулосаи ҳуқуқӣ оид ба мутобиқати онҳо ба Конститутсия, қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, инчунин техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ;
- бо супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди санҷиши ҳуқуқӣ қарор додани лоиҳаи қонунҳое, ки бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон пешниҳод мешаванд, таҳия ва пешниҳод намудани лоиҳаи хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- таҳия ва қабул намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқии хусусияти умумиҳатмидошта дар доираи ваколатҳои худ;
- ҳамоҳангсозии фаъолияти субъектони ҳуқуқэҷодкунанда;
2) дар соҳаи таъминоти ҳуқуқии муносибатҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- иштирок дар таҳияи санадҳои байналмилалии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- гузаронидани санҷиши ҳуқуқии лоиҳаҳои санадҳои байналмилалии ҳуқуқӣ;
- таъминоти ҳуқуқии иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар созмонҳои байналмилалӣ;
- гузаронидани санҷиши ҳуқуқии лоиҳаҳои байналмилалии сармоягузорие, ки яке аз тарафҳои он Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад;
- додани хулосаи ҳуқуқӣ ба шартномаҳои қарзие, ки аз номи Ҷумҳурии Тоҷикистои баста мешаванд;
- иштирок дар таъмини иҷрои уҳдадориҳои байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳуқуқи инсон қабул кардааст;
- додани хулосаи ҳуқуқӣ оид ба гузаронидани расмиёти дохилидавлатие, ки барои эътибор пайдо намудани шартномаҳои байналмилалӣ заруранд;
- бо ташаббуси худ ё бо пешниҳоди мақомоти давлатӣ анҷом додани таҳлили санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, ворид намудани (имплементатсия) меъёрҳои онҳо ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ ва мақомоти адлияи давлатҳои хориҷӣ;
- бастани шартнома ё созишномаҳо оид ба ҳамоҳангсозии корҳо, ёрии ҳуқуқӣ ва ҳамкорӣ бо мақомоти дахлдори ҳуқуқии давлатҳои хориҷӣ, инчунин бо созмонҳои байналмилалии ҳуқуқӣ;
3) дар соҳаи баҳисобгирӣ, санҷиш, экспертизаи давлатии зиддикоррупсионӣ ва бақайдгирии давлатии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ:
- ба ҳисоб гирифтани санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, санадҳои меъёрии ҳуқуқии ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи Таснифи ягонаи умумиҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Феҳристи баҳисобгирии давлатии санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- гузаронидани экспертизаи давлатии зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқии хусусияти умумиҳатмидоштаи вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, мақомоти назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон, Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот;
- санҷиши мутобиқати санадҳои меъёрии ҳуқуқии хусусияти умумиҳатмидоштаи вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, мақомоти назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон, Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳотро ба санадҳои қонунгузорӣ, фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин бақайдгирии давлатии онҳо;
- пешбурди феҳристи баҳисобгирии давлатии санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Таснифи ягонаи умумиҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- маҳфуз нигоҳ доштани нусхаҳои назоратии санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
4) дар соҳаи назорат ва санҷиши фаъолияти ҳуқуқэҷодкунии вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, мақомоти назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон, Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот:
- назорат ва санҷиши фаъолияти ҳуқуқэҷодкунии вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, мақомоти назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон, Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот вобаста ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии хусусияти умумиҳатмидошта ва андешидани тадбирҳои зарурӣ аз натиҷаи он;
- амалӣ намудани иҷрои ваколатҳои дигари пешбининамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи баҳисобгирӣ, санҷиш, экспертизаи давлатии зиддикоррупсионӣ ва бақайдгирии давлатии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ;
5) дар соҳаи бақайдгирии давлатӣ:
- бақайдгирии давлатии ҳизбҳои сиёсӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ;
- қайди баҳисобгирии филиал ва намояндагиҳои иттиҳодияҳои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла иттиҳодияҳои ҷамъиятии байналмилалии давлатҳои хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иттиҳодияҳои ҷамъиятии байналмилалии дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгирбуда;
- пешбурди феҳристи ягонаи ҳизбҳои сиёсӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ;
- бақайдгирии давлатии гарави молу мулки манқул ва шартномаҳои консессионӣ;
- бақайдгирии давлатии огоҳиномаҳои гарав ва пешбурди феҳристи ягонаи давлатии уҳдадориҳои таъминшуда;
- бақайдгирии давлатии таваллуд, вафот, ақди никоҳ, бекор кардани ақди никоҳ, фарзандхондӣ, муқаррар намудани падарӣ ва иваз кардани насаб, ном ва номи падар;
- бақайдгирии давлатии Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти минтақавии он, кабинетҳои адвокатӣ, маслиҳатхонаҳои ҳуқуқӣ, коллегия ва бюроҳои адвокатӣ;
- пешбурди Феҳристи ягонаи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Феҳристи махсуси адвокатҳои давлатҳои хориҷӣ ва Феҳристи ташкилотҳои адвокатии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
6) дар соҳаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ:
- иҷрои ҷазои ҷиноятӣ дар намуди корҳои ҳатмӣ, корҳои ислоҳӣ, маҳдуд кардани озодӣ, маҳрум сохтан аз озодӣ;
- таъмини тартиботи ҳуқуқӣ ва қонуният дар муассисаҳое, ки адои ҷазои ҷиноятиро дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ амалӣ менамоянд, таъмини бехатарии маҳкумшудагон ва шахсони ба ҳабс гирифташуда, инчунин кормандон, шахсони мансабдор ва шаҳрвандони дар ҳудуди чунин муассисаҳо қарордошта;
- огоҳонидан, фош кардан, ошкор кардан, пешгирӣ намудани ҷиноятҳо ва вайронкуниҳои тартиботи муқарраршудаи адои ҷазо, ки дар муассисаҳои ислоҳӣ сурат мегиранд ва ё содир карда мешаванд;
- мусоидат ба фош ва ошкор намудани ҷиноятҳое, ки маҳкумшудагон пеш аз ба муассисаи ислоҳӣ омадан содир кардаанд;
- муҳофизати мақомот ва ташкилотҳои системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ;
- муҳофизат ва посбонии маҳкумшудагон ва маҳбусон ҳангоми аз як ҷой ба ҷойи дигар бурдани онҳо;
- иҷрои меъёрҳои шароити нигоҳдошти маҳкумшудагон, ки Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааст;
- ҷалби маҳкумшудагон ба меҳнат ва таъмини гирифтани таҳсилоти умумӣ, инчунин таълими касбии онҳо дар муассисаҳо дар мувофиқа бо вазорату идораҳои дахлдор;
- таъмини фаъолияти мақомот ва муассисаҳои системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ;
- таҳқиқи парвандаҳое, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ваколати мақомоти системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ мансуб мебошанд;
- гузаронидани фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, инчунин мусоидат ба мақомоти гузаронандаи он, барои пешгирӣ ва ошкор намудани ҷиноятҳо;
- таҳияи пешниҳод оид ба такмили системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ;
- омодасозии кормандони муассисаҳои системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ ва такмили ихтисоси онҳо;
- таъмини беҳбудии шароити санитарию эпидемиологӣ ва ҳифзи саломатии шахсоне, ки дар муассисаҳои системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ нигоҳ дошта мешаванд;
- таъмини бехатарии зидди сӯхтор, экологӣ ва техногенӣ дар муассисаҳои системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ;
- таъмини низоми шароити махсус, ки дар асоси фармоиши вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷорӣ карда мешавад;
7) дар соҳаи экспертизаи судӣ ва криминалистӣ;
- ташкили фаъолияти экспертизаи давлатии судӣ;
- гузаронидани экспертизаи давлатии судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ, гражданӣ, оилавӣ, иқтисодӣ ё маъмурӣ;
- гузаронидани экспертизаи давлатии судӣ аз рӯйи дархости шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ;
- гузаронидани тадқиқоти илмӣ дар соҳаи экспертизаи давлатии судӣ;
- таъмини илмию методии экспертизаи давлатии судӣ;
- интихоб, омодагии касбӣ ва такмили ихтисоси коршиносони судӣ;
8) дар соҳаи ба ҷо овардани амалиёти нотариалӣ, сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва апостилгузорӣ:
- ба ҷо овардани амалиёти нотариалӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- ба ҷо овардани сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- гузоштани апостил дар ҳуҷҷатҳои расмии мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, нотариусҳои давлатӣ, мақомоти судӣ, прокуратура ва истеҳсолоти иҷро;
9) дар соҳаи расонидани ёрии ҳуқуқӣ:
- ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти давлатӣ дар самти расонидани ёрии ҳуқуқӣ;
- таҳия ва ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудани лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии бо расонидани ёрии ҳуқуқӣ алоқаманд;
- идоракунии умумӣ дар самти расонидани ёрии ҳуқуқии якумдараҷа ва дуюмдараҷа;
- мониторинги фаъолияти ҳуқуқшиноси давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва сохторҳои адвокатӣ оид ба расонидани ёрии ҳуқуқии ройгон ва баландбардории фарҳанги ҳуқуқии аҳолӣ;
- таҳия ва муқаррар намудани талаботи ягона оид ба сифати ёрии ҳуқуқии ба шахсони воқеӣ расонидашаванда;
- назорати риояи меъёрҳои одоби касбӣ ва талаботи сифати ёрии ҳуқуқии ба шахсони воқеӣ расонидашаванда;
- ба роҳ мондани ҳамкории байналмилалӣ дар самти расонидани ёрии ҳуқуқӣ;
10) дар соҳаи таълиму тарбия ва тарғиботи ҳуқуқӣ:
- таҳлили ҳолати тарғиботи ҳуқуқӣ ва дониши ҳуқуқӣ, таклифи пешниҳод оид ба тақвияти он;
- тарғиби дониши ҳуқуқӣ дар байни аҳолӣ, ки барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, маданияти ҳуқуқӣ ва таҳкими қонуният равона мегардад;
- гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар байни аҳолӣ дар ҳамкорӣ бо мақомоти дигари давлатӣ, таҳияи нақшаҳои чорабиниҳо дар корхонаҳо, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳо;
- ҳамоҳангсозии кори мақомоти идоракунии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ оид ба тарғибу ташвиқи донишҳои ҳуқуқӣ ва фаҳмондадиҳии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба аҳолӣ, шиносоӣ бо вазъи ин корҳо дар вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, дигар мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамоҳангсозии нақшаҳои кори онҳо оид ба тарғибу ташвиқи ҳуқуқӣ ва додани дастуру тавсияҳои методии зарурӣ, омӯзиши афкори ҷамъиятӣ вобаста ба масъалаҳои ҳуқуқ;
- андешидани тадбирҳо барои баланд бардоштани фарҳанги ҳуқуқии аҳолӣ, ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомот ва ташкилотҳои давлатӣ дар раванди таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон ва амалисозии ваколатҳои дигари пешбининамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти таълим ва тарбияи ҳуқуқӣ;
- ҳамоҳангсозии кори Шӯрои ҷумҳуриявии мутобиқсозию методӣ оид ба таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- омода ва нашри маҷаллаҳои илмиву ҳуқуқӣ, маҷмӯаи қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ;
11) дар соҳаи интишори расмии санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- нашри расмии санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷмӯи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Феҳристи ягонаи давлатии санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ";
- пешбурди портали интернетии иттилооти ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва махзани мутамаркази иттилооти ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
12) дар соҳаи хизматрасониҳои давлатӣ:
- таъмини амалисозии сиёсати давлатӣ оид ба пешниҳоди хизматрасониҳои давлатӣ;
- таҳия ва барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудани феҳристи хизматрасониҳои давлатӣ ва қоидаҳои пешбурди он;
- мувофиқаи лоиҳаи стандартҳои хизматрасониҳои давлатӣ;
- гузаронидани мониторинги фаъолияти мақомоти иҷроияи марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, хизматрасонандагони дигар оид ба таҳияи стандартҳо ва (ё) меъёрҳои хизматрасониҳои давлатӣ;
- таҳия ва тасдиқи усули муайян намудани арзиши хизматрасониҳои давлатӣ;
- таҳия ва тасдиқи тартиби ташаккул, муҳлати пешниҳод ва шакли намунавии ҳисобот дар бораи фаъолияти мақомоти иҷроияи марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот оид ба масъалаҳои пешниҳоди хизматрасониҳои давлатӣ;
- пешниҳоди таклифҳо оид ба такмили стандартҳои хизматрасониҳои давлатӣ;
- бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси кормандони соҳаи хизматрасониҳои давлатӣ;
- таҳияи қоидаҳои назорати миқдор ва сифати пешниҳоди хизматрасониҳои давлатӣ;
- назорати миқдор ва сифати хизматрасониҳои давлатӣ;
- дархости маълумот дар бораи натиҷахои назорати дохилии миқдор ва сифати хизматрасониҳои давлатӣ;
- таҳия ва тасдиқи усули арзёбии сифати пешниҳоди хизматрасониҳои давлатӣ;
- ташаккул ва амалигардонии фармоиши давлатии иҷтимоӣ оид ба гузаронидани мониторинги ҷамъиятии миқдор ва сифати пешниҳоди хизматрасониҳои давлатӣ;
- расонидани кумаки иттилоотӣ, машваратӣ ва методӣ ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар мавриди гузаронидани мониторинги ҷамъиятии сифати пешниҳоди хизматрасониҳои давлатӣ;
13) дар соҳаи тайёр намудани кадрҳои ҳуқуқшинос ва такмили ихтисоси онҳо:
- ташкили захираҳои кадрии ҳуқуқӣ, таъмини тарбияи кадрҳо, интихоби онҳо ва бо тартиби муқарраршуда иштирок дар ҷобаҷогузории кадрҳои мақомот ва ташкилотҳои адлия, ташкили бозомӯзиву баланд бардоштани дараҷаи ихтисоси онҳо;
- роҳбарӣ ба Донишкадаи такмили ихтисос ва таъмини омӯзиши пурсамари кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мақомоти адлия ва хадамоти ҳуқуқии корхонаҳо, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳо;
- ҳамкорӣ бо муассисаҳои таълимии дахлдор дар бобати тайёр кардани кадрҳои ҳуқуқшинос;
14) дар соҳаи баррасии муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ:
- баррасии пешниҳод, ариза, шикоят ва дигар муроҷиатҳои шаҳрвандон, андешидани тадбирҳо ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта дар ташкили кору фаъолияти мақомот ва ташкилотҳои адлия;
- таъмини қабули қарорҳои одилона оид ба ариза, шикоят ва дигар муроҷиатҳои воридшуда ва дар ҳолати зарурат ташкили санҷиши онҳо дар ҷой;
- таҳлили фаъолияти мақомот ва ташкилотҳои адлия дар баррасии ариза, шикоят ва дигар муроҷиатҳо, таклифи пешниҳод оид ба такмили коргузорӣ дар ин самт.
7. Вазорат барои иҷрои вазифаҳо ва ваколатҳои дар соҳаи муқарраргардидаи фаъолият ҳуқуқ дорад:
- аз вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ ва мақомоти дигари давлатӣ, муассисаҳои илмӣ ва таълимӣ оид ба лоиҳаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки вазорат таҳия менамояд, хулоса дархост кунад;
- намояндагон ва мутахассисони вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ ва дигар мақомоти давлатӣ, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳоро бо мувофиқаи роҳбарони онҳо ба таҳияи лоиҳаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои баррасии дигар масъалаҳо ҷалб намояд;
- барои мақомоти идоракунии давлатӣ дастурҳои методиро оид ба масъалаҳои таҳияи лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ таҳия ва қабул кунад;
- ҳамоҳангсозии байниидоравӣ ва назоратро оид ба масъалаҳои марбут ба ваколатҳои вазорат таъмин намояд;
- вазъи кори ҳуқуқӣ ва фаъолияти хадамоти ҳуқуқии вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, дигар мақомоти давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, муассисаҳо, корхонаҳо ва дигар ташкилотҳоро мавриди санҷиш қарор дода, аз онҳо пешниҳод кардани маълумоти дахлдорро дар бораи кори ҳуқуқӣ талаб кунад ва ба роҳбарони мақомоти мазкур дар бораи фаъолияти хадамоти ҳуқуқӣ пешниҳодот манзур намояд;
- мақомоти идоракунии давлатиро оид ба риояи тартиби муқарраркардашудаи таҳия, бақайдгирии давлатӣ ва нашри санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мавриди санҷиш қарор диҳад;
- бо тартиби муқарраршуда парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмуриро нисбати шахсони мансабдор ва шахсони ҳуқуқӣ барои аз ҷониби онҳо риоя накардани тартиби баҳисобгирӣ, бақайдгирии давлатӣ, мураттабсозии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, инчунин дар амал татбиқ намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқии эътибори қонунӣ пайдонакарда баррасӣ карда, ба онҳо ҷазои маъмурӣ таъин намояд;
- бо тартиби муқарраршуда аз феҳристи давлатӣ санадҳои меъёрии ҳуқуқии умумиҳатмии мақомоти идоракунии давлатиро, ки ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат мекунанд, хориҷ намояд;
- дар судҳои давлатҳои хориҷӣ ҳангоми баррасии баҳсҳои ҳуқуқӣ оид ба ҳуқуқ ва манфиатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқарраргардида Ҷумҳурии Тоҷикистонро муаррифӣ намояд;
- ба судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқарраршуда бо аризаи даъвогӣ барои ҳифзи манфиатҳои давлат муроҷиат намояд;
- фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятиро оид ба риоя намудани ҳуҷҷатҳои таъсисиашон назорат кунад ва мавриди санҷиш қарор диҳад;
- аз мақомоти роҳбарикунандаи ҳизбҳои сиёсӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ оид ба риоя намудани оинномаҳои онҳо тавзеҳот талаб кунад;
- бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳизбҳои сиёсӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ огоҳномаи хаттӣ диҳад;
- дар ҳолатҳои бо қонунҳо муайяншуда дар хусуси боздошти фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ ё барҳам додани онҳо ба суд муроҷиат кунад;
- дар доираи ваколати худ равобити мустақимро бо мақомоти ҳуқуқии давлатҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ ба роҳ монад;
- бо тартиби муқарраршуда дар бораи беҳдошти шароити меҳнат, таъминоти моддӣ ва иҷтимоию маишии кормандони мақомоти вазорат пешниҳод манзур намояд;
- ахбори ҳуқуқиро дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳама гуна воситаҳои дастрас паҳн намояд;
- масъалаҳои ҳавасмандгардонии роҳбарон ва кормандони мақомот ва ташкилотҳои адлияро бо тартиби муқарраршуда ҳал намояд;
- ҳуҷҷатҳоеро, ки аз тарафи мақомоти адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои истифода дар хориҷа дода мешаванд, ба расмият дарорад;
- ба ҳуҷҷатҳои расмии содираи мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, нотариусҳои давлатӣ, мақомоти судӣ, прокуратура ва истеҳсолоти иҷро апостил гузорад;
- иҷрои ҷазои ҷиноятиро дар муассисаҳои ислоҳӣ ва фаъолияти мақомот ва муассисаҳои иҷрои ҷазои ҷиноятӣ назорат намояд;
- ба адвокатҳо шаҳодатнома диҳад;
- дигар ҳуқуқҳои бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишударо доро мебошад.
8. Вазорат дар бораи таъминоти моддӣ ва иҷтимоии кормандони мақомоти адлия бо тартиби муқарраршуда ба сохторҳои дахлдор пешниҳодот манзур менамояд, таъминоти моддию техникии мақомот ва ташкилотҳои адлияиро ташкил мекунад, дар бобати амалӣ намудани сохтмони асосӣ ва таъмири биноҳои мақомот ва ташкилотҳои адлия аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ, маблағҳои махсуси мақомот ва дигар сарчашмаҳои маблағгузорӣ, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳо меандешад.
9. Вазорат бо тартиби муқарраргардида озмунҳо мегузаронад ва шартномаҳоро барои расонидани мол, иҷрои кор ва хизматрасонӣ, инчунин гузаронидани корҳои илмиву тадқиқотӣ барои эқтиёҷоти давлатӣ мебандад.
10. Вазорат ваколати тақсимкунандаи асосӣ ва қабулкунандаи воситаҳои буҷети ҷумҳуриявиро, ки барои нигоҳдории вазорат ва иҷро намудани ваколатҳои ба вазорат вогузоршуда пешбинӣ шудаанд, амалӣ мегардонад.
11. Вазорат бо тартиби муқарраршуда ба мақомот ва ташкилотҳои низоми адлия маблағ ҷудо мекунад, дар мақомот ва ташкилотҳои адлия ҳисоби муҳосибӣ ва ҳисоботдиҳиро ташкил ва назорат мекунад.
12. Вазорат дар доираи ваколатҳои худ ҳифзи маълумоте, ки сирри давлатиро ташкил медиҳанд, таъмин мекунад.
13. Вазорат дар доираи ваколатҳои худ ҳуқуқ дорад санадҳои меъёрии ҳуқуқиро, ки барои иҷрои вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, мақомоти идоракунии давлатӣ ва дигар шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҳатмӣ мебошад, қабул кунад.
14. Вазорат ҳуқуқ надорад функсияҳои назорат ва идораи молу мулки давлатиро, ба истиснои ҳолатҳое, ки санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудаанд, анҷом диҳад.
3. ТАШКИЛИ ФАЪОЛИЯТИ ВАЗОРАТ
15. Вазоратро вазир роҳбарӣ менамояд, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мансаб таъин ва аз мансаб озод карда мешавад.
16. Вазир барои иҷрои ваколатҳои ба зиммаи вазорат гузошташуда ва татбиқи сиёсати давлатӣ ва батанзимдарории меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи муқарраргардидаи фаъолият масъулияти шахсӣ дорад.
17. Вазир як муовини якум ва муовинон дорад, ки яке аз онҳо ҳамзамон сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ мебошад. Онҳо аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди вазир ба мансаб таъин ва озод карда мешаванд.
18. Воҳидҳои сохтории вазорат метавонад аз сарраёсатҳо, раёсатҳо, шуъбаҳо ва бахшҳо оид ба самтҳои асосии фаъолияти вазорат иборат бошад. Дар таркиби сарраёсатҳо мумкин аст раёсатҳо, шуъбаҳо ва бахшҳо ва дар таркиби раёсатҳо шуъбаҳо ва бахшҳо ташкил карда шаванд.
19. Вазир:
- байни муовинони худ уҳдадориҳоро тақсим мекунад;
- ба фаъолияти вазорат роҳбарӣ мекунад;
- ҷаласаҳои ҳайати мушовараи вазоратро ташкил менамояд ва ба онҳо роҳбарӣ мекунад;
- лоиҳаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонҳо ва амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳо ва фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба масъалаҳои марбут ба ваколати вазорат барои баррасӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқарраршуда пешниҳод менамояд;
- дар доираи ваколати худ бо тартиби муқарраршуда аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон санадҳои ҳуқуқии байналмилалиро оид ба масъалаҳои марбут ба ваколати вазорат имзо мекунад, дар ҳудуди ваколати худ бо мақомоти ҳуқуқии давлатҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ робита менамояд, ҳайатҳои вакилонро барои омӯзиш ва мубодилаи таҷрибаи кор дар асоси мувофиқаи тарафайн қабул мекунад ва мефиристад;
- бо тартиби муқарраргардида санади меъёрии ҳуқуқӣ ва барои ҳалли масъалаҳои таъҷилӣ ва ҷорӣ санадҳоро дар шакли фармоиш қабул мекунад ва супоришҳо медиҳад;
- дар ҳудуди шумораи воҳидҳои муқарраршудаи кормандон ва фонди музди меҳнат, рӯйхати басти мансабҳои дастгоҳи марказии вазорат, инчунин дар доираи маблағҳои ҷудошуда сметаи хароҷоти нигоҳдории онро тасдиқ менамояд;
- сметаи хароҷоти мақомот ва ташкилотҳои низоми вазоратро тасдиқ мекунад;
- сметаи хароҷот ва басти мансабҳои идораҳои давлатии нотариалӣ ва бойгониҳои давлатии нотариалии ҷумҳуриро тасдиқ менамояд;
- низомномаи воҳидҳои сохтории вазорат ва бо тартиби муқарраршуда низомномаҳои (оинномаҳои) корхона, муассиса ва ташкилотҳои дигари мақомоти адлияро тасдиқ менамояд;
- бо тартиби муқарраргардида оид ба масъалаҳои ташкили идораҳои нотариалии давлатӣ, шуъба ва бахшҳои мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, мақомот ва муассисаҳои иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, дигар мақомот ва ташкилотҳои адлия ва муқаррар намудани шумораи басти ин мақомот пешниҳодот манзур менамояд;
- бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарон ва кормандони воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказӣ, кормандони дигар мақомот ва ташкилотҳои адлия, нотариусони давлатӣ, дигар кормандони идораҳои нотариалӣ ва мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандиро ба мансаб таъин ва аз мансаб озод менамояд ва ё барои таъин ва озод намудан розигии хаттӣ медиҳад;
- бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ваколати ба мансаб таъин ва аз мансаб озод намудани кормандони техникии идораҳои нотариалӣ ва мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандиро ба шахсони дигар вогузор менамояд;
- муовинони сардори сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, командирони қисмҳои ҳарбӣ, муовинони онҳо, мутахассисони роҳбарикунандаи молиявӣ, сардорони муассисаҳои ислоҳиро бо пешниҳоди сардори сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ ба мансаб таъин ва аз мансаб озод мекунад;
- бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарони воҳидҳои сохторӣ, дигар кормандони вазорат, кормандони роҳбарикунандаи мақомот ва ташкилотҳои адлия, кормандони идораҳои нотариалӣ ва мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандиро ҷазои интизомӣ медиҳад;
- дар доираи ваколати худ ба кормандони дастгоҳи марказии вазорат ва низоми адлия рутбаҳои дараҷавӣ медиҳад, инчунин бо тартиби муқарраршуда барои додани рутбаҳои дараҷавӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодот манзур менамояд;
- рутбаҳои махсусро то рутбаи полковник медиҳад;
- бо тартиби муқарраргардида кормандони шоистаи мақомот ва ташкилотҳои мақомоти адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷиҳати мукофотонӣ бо мукофотҳои давлатӣ барои хизматҳои махсуси меҳнатӣ дар назди ҷомеа ва давлат пешбарӣ менамояд;
- кормандони мақомоти адлияро барои маҳорати касбӣ, дастовардҳои меҳнатӣ, хизмати бисёрсолаи софдилона ва бенуқсон бо унвони корманди фахрии мақомоти адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, нишони сарисинагӣ, мукофотҳои идоравӣ ва ифтихорномаи Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз мегардонад;
- ваколатҳои дигарро, ки бо қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иҷрои вазифаҳо ва амалӣ намудани ваколатҳои вазорат пешбинӣ шудаанд, иҷро менамояд.
20. Дар ҳолати набудани вазир вазифаҳои вазирро муовини якуми вазир ё бо супориши вазир яке аз муовинони вазир иҷро мекунад.
21. Вазорат дар доираи ваколатҳои худ қоидаҳо, дастурамалҳо ва дастурҳои методиеро интишор месозад, ки иҷрои онҳо барои мақомот ва ташкилотҳои адлия ҳатмӣ мебошанд.
22. Вазорат дар ҳолатҳои зарурӣ бо вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, дигар мақомоти идоракунии Ҷумҳурии Тоҷикистон фармоишҳои муштаракро таҳия ва қабул мекунад.
23. Вазорат бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мақомоти дигари давлатӣ, шахсони ҳуқуқӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар доираи самт ва ваколатҳои ба фаъолияташ мансуббуда мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкориро ба роҳ мемонад.
24. Барои ҳаллӣ масъалаҳои нисбатан муҳим дар вазорат дар ҳайати вазир (раиси ҳайати мушовара), муовинони вазир (аз рӯйи мансаб), дигар кормандони роҳбарикунандаи вазорат ҳайати мушовара таъсис дода мешавад.
25. Ҳайати мушовараи вазорат дар ҷаласаҳои худ, ки мунтазам гузаронида мешаванд, масъалаҳои муҳимтарини мансуби ваколатҳои вазоратро баррасӣ менамояд.
26. Протоколҳои ҳайати мушовара бо фармоишҳои вазир амалӣ мегарданд. Дар сурати ба миён омадани ихтилоф дар байни вазир ва ҳайати мушовара, вазир қарори худро амалӣ намуда, дар бораи ихтилофоти бавуҷудомада Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро огоҳ месозад.
27. Дар ҳолатҳои ҷудогона бо мақсади ҳалли масъалаҳои ҳуқуқӣ ҷаласаҳои якҷояи ҳайати мушовара бо дигар вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ ва мақомоти идоракунии давлатӣ гузаронида мешаванд.
28. Барои баррасии масъалаҳои фаъолият ва пешниҳоди тавсияҳо дар назди вазорат бо тартиби муқарраргардида мумкин аст мақомоти ҳамоҳангсоз ва машваратӣ (шӯроҳо, комиссияҳо, гурӯҳҳои корӣ), аз ҷумла байниидоравӣ ташкил карда шаванд. Низомномаи онҳо аз тарафи вазир тасдиқ карда мешаванд.
4. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
29. Вазорат дорои молу мулк мебошад, ки ба он бо ҳуқуқи идоракунии оперативӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шудааст.
30. Маблағгузории хароҷот барои нигоҳдории дастгоҳи марказии вазорат ва мақомоте, ки ба нақшаи идоракунии вазорат шомиланд, инчунин ташкилотҳои низоми вазорат аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ ва бо тартиби муқарраргардида аз ҳисоби маблағҳои махсус ва фаъолияти ҳисоби хоҷагидорӣ анҷом дода мешавад.
31. Вазорат шахси ҳуқуқӣ буда, дорои муҳр бо сабти Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва номи худ бо забонҳои давлатӣ ва русӣ, нишони худ, муҳрҳои дахлдор, штампу бланкҳо мебошад ва аз суратҳисоби ягонаи сарраёсати хазинадории Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузорӣ мегардад.
32. Маҳалли ҷойгиршавии вазорат: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734025, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 25.
Замимаи 2
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 30 сентябри соли 2021, №413
Сохтори дастгоҳи марказии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Роҳбарият
Сарраёсати қонунгузорӣ
Раёсати робитаҳои байналмилалии ҳуқуқӣ
Раёсати баҳисобгирӣ ва бақайдгирии давлатии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ
Раёсати ёрии ҳуқуқӣ, робита бо ҷомеа ва воситаҳои ахбори омма
Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандӣ
Раёсати бақайдгирии давлатии ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсӣ
Раёсати кадрҳо ва корҳои махсус
Раёсати молия ва хоҷагӣ
Раёсати коргузорӣ ва назорат
Шуъбаи апостилгузорӣ ба ҳуҷҷатҳои расмии давлатӣ ва бақайдгирии давлатии уҳдадориҳои таъминшуда
Замимаи 3
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 30 сентябри соли 2021, №413
Нақшаи идоракунии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дастгоҳи марказӣ
Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ
Раёсатҳои адлияи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва вилоятҳо
Саридораи нотариалии давлатӣ, идораҳои нотариалии давлатии шаҳрҳо ва ноҳияҳо
Шуъба-хонаҳои ақди никоҳи шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд, бахшҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар шаҳру ноҳияҳо
Замимаи 4
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 30 сентябри соли 2021, №413
Номгӯйи ташкилотҳои низоми Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Маркази ҷумҳуриявии экспертизаи судӣ ва криминалистӣ
Донишкадаи такмили ихтисос
Корхонаи воҳиди давлатии "Қонуният"
Муассисаи давлатии "Маркази ёрии ҳуқуқӣ"