Замимаи 1
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 02 сентябри соли 2021, №359
Барномаи давлатии рушди минбаъдаи мамнӯъгоҳи табиии давлатии "Дашти Ҷум" барои солҳои 2021-2025
1.МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
1. Барномаи давлатии рушди минбаъдаи мамнӯъгоҳи табиии давлатии "Дашти Ҷум" барои солҳои 2021-2025 (минбаъд-Барнома) ба таъмини устувории комплексҳо, ландшафтҳо ва ёдгориҳои табиӣ, ташаккул ва муайян намудани афзалиятҳои гуногунии биологӣ, рушди сайёҳии илмию экологӣ, идоракунии устувори минтақаҳои рекреатсионӣ ва танзими мувозинати гуногунии биологӣ ва экологӣ нигаронида шудааст.
2. Барнома хусусияти рушди низоми ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда дошта, барои мусоидат намудан ба танзими асосҳои ҳуқуқӣ, экологӣ, иқтисодӣ ва идоракунии самарабахши гуногунии биологӣ дар соҳаи ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда пешбинӣ гардидааст.
3. Дар мамнӯъгоҳи табиии давлатии "Дашти Ҷум" (минбаъд- мамнӯъгоҳ) намунаҳои мероси умумиҷаҳонӣ нигоҳ дошта мешавад, ки ҳифзи онҳо яке аз вазифаҳои асосии Барнома мебошад.
2. ВАЗИФАҲОИ БАРНОМА
4. Вазифаҳои Барнома аз инҳо иборатанд:
- таъмини нигоҳдории устувори низоми экологии табиии мамнӯъгоҳ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди он дар доираи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ;
- барқароркунии захираҳои гуногуншаклии биологӣ ва экологӣ, ландшафтҳо ва объектҳои табиии нотакрори мамнӯъгоҳ;
- ҳифзу барқароркунии гуногуншаклии ландшафтҳои табиӣ бо роҳҳои илмӣ;
- таъмини усулҳои зиёд намудани саршумори ҳайвоноту набототи нодири мамнӯъгоҳ бо роҳи ташкили парваришгоҳҳои бузи кӯҳии пармашох (морхӯр), гавазни бухороӣ ва кабки дарӣ;
- нигоҳдории шароити табиии объектҳои олами ҳайвоноти нодир ва истифодабарии мақсадноки онҳо;
- таҳия ва амалисозии Нақшаи идоракунии мамнӯъгоҳ;
- таъмини фаъолияти ҳифз ва идоракунии низоми табиии мамнӯъгоҳ, намудҳои ҳайвоноти нодир ва объектҳои табиӣ;
- таъмини ҳифзу нигоҳдории намудҳои нодиру зери хатари маҳвшавӣ қарордоштаи олами набототу ҳайвонот ва андешидани чорабиниҳо оид ба афзун намудани популятсияи онҳо бо роҳи сунъӣ;
- муайян намудани мавзеи сукунати ҳайвоноти нодир ва саршумори ҳайвоноти ваҳшӣ бо дарназардошти имконпазирии таъсири фаъолияти хоҷагидорӣ ба гуногунии биологӣ;
- муайян намудани макони намудҳои эндемикии набототу ҳайвоноти табиати ёбоии мамнӯъгоҳ;
- муайян намудани макони лонагузории парандагон, кӯчиши биологӣ, зимистонгузаронӣ ва таъмини ҳифзу нигоҳдории онҳо;
- амалӣ намудани Нақшаи идоракунии мамнӯъгоҳ ва баланд бардоштани донишу таҷрибаи корӣ, барқароркунии низоми экологии харобгаштаи табиӣ, ташкили лонаҳои табиӣ барои парандагони нодир ва таъсиси объектҳои иловагии рекреатсионӣ дар ҳудуди мамнӯъгоҳ;
- баланд бардоштани таваҷҷуҳи табиатистифодабарандагон ба ҳифз ва нигоҳдории объектҳои табиии мамнӯъгоҳ дар асоси арзишҳои умумимиллӣ ва умумиинсонии рушди ҳамоҳангии табиат, инсон ва ҷомеа;
- таҳия ва муайян намудани самтҳои афзалиятноки рушди низоми мамнӯъгоҳ дар шароити тағйирёбандаи иҷтимоӣ ва иқтисодии ҷомеа;
- такмили рушди низоми мамнӯъгоҳ бо роҳи андешидани чорабиниҳои илмӣ-амалӣ оид ба барқароркунии саршумори бузи кӯҳии пармашох ва дигар ҳайвоноти нодир.
3. ТАҲЛИЛИ РУШДИ МАМНӯЪГОҲИ ТАБИИИ ДАВЛАТИИ "ДАШТИ ҶУМ", ҲИФЗ ВА БАРҚАРОРКУНИИ ЗАХИРАҲОИ ТАБИӢ
5. Мамнӯъгоҳ барои таъмини ҳифз ва нигоҳдории бузи кӯҳии пармашох (морхӯр), рушди сайёҳии экологию илмӣ ва ҳифзу нигоҳдории объектҳои табиати ёбоӣ ташкил карда шудааст, ки ба рушди минбаъда ниёз дорад.
6. Дар натиҷаи гузаштан ба иқтисоди бозоргонӣ, муносибати табиатистифодабарандагон ба захираҳои табиат, хароб гардидани экосистемаҳои табиӣ, рушди агроэкосистема, намудҳои нави фаъолияти хоҷагидорӣ дар марзи ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда ва афзудани шумораи табиатистифодабарандагон зарурати рушди минбаъдаи мамнӯъгоҳ ба миён меояд.
7. Масоҳати умумии заминҳои мамнӯъгоҳ 19,7 ҳазор гектарро ташкил дода, аз он 14972 гектар заминҳои экосистемаҳои табиии нимакӯҳию кӯҳӣ, 2955 гектар заминҳои ҷангалпӯши табиӣ ва 1773 гектар заминҳои нимадаштҳо мебошад. Дар ҳудуди мамнӯъгоҳ асосан намудҳои нодир ва зери хатари маҳвшавӣ қарор доштаи олами ҳайвоноти ба Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон шомилбуда сукунат доранд, аз ҷумла:
- бузи кӯҳии пармашох (морхӯр);
- гӯсфанди кӯҳии бухороӣ (уриал);
- бабри барфӣ;
- хирси маллаи тиёншонӣ;
- намудҳои дигари олами ҳайвоноту набототи нодир.
8. Солҳои охир бинобар сабаби пуршиддат гардидани таъсири харобиовари табиатистифодабарандагон ба низоми экологии мамнӯъгоҳ, ҳолатҳои таназзулёбии муҳити зист ва талафёбии захираҳои гуногунии биологӣ-экологӣ ба назар мерасад, ки ин омилҳо метавонанд ба популятсияи ҳайвоноти нодири ба Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон шомилбуда ва захираҳои ҷангалзорҳо таъсири худро расонанд. Зеро дар таъмини рушди мамнӯъгоҳ амалигардонии барномаи ҳадафнок пешбинӣ нагардидааст ва ҷиҳати амалисозии чорабиниҳо оид ба ҳифзу нигоҳдории олами набототу ҳайвоноти нодири мамнӯъгоҳ дастгириҳои молиявию техникӣ зарур мебошад.
9. Дар доираи тадбирҳои андешидаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ташаккулёбии маҷмӯи захираҳои гуногунии биологию экологӣ, таъмини мувозинати биологӣ ва экологии низоми экологии табиӣ, захираҳои генетикии наботот ва популятсияҳои олами ҳайвонот, рушди устувори мамнӯъгоҳ, инчунин роҳҳои барқароркунии захираҳои гуногунии биологӣ ва бартараф намудани монеаҳои сунъии маъмурӣ барои идоракунии устувори захираҳои гуногунии биологӣ муайян карда мешавад.
10. Иҷрои тадбирҳои пешбинигардидаи Барнома имконият медиҳад, ки дар ҷумҳурӣ оид ба ҳифзу нигоҳдории олами набототу ҳайвоноти нодир, барқароркунии захираҳои гуногунии биологӣ ва беҳтар намудани ҳолати мамнӯъгоҳ, макони ғизогирӣ ва сукунати ҳайвоноти нодир, фароҳам овардани шароити хоси табиӣ барои афзоиши олами набототу ҳайвоноти мамнӯъгоҳ корҳои муайян ба сомон расонида шавад, зеро дар табиат ва ҷомеа ҳоло ҳам мушкилиҳои гуногунии экологӣ вобаста ба ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда ва барқароркунии захираҳои табиат ҳоло ҳам боқӣ мондаанд.
11. Рушди мамнӯъгоҳ ба баланд бардоштани сатҳи иқтисодию иҷтимоии ноҳияи Шамсиддини Шоҳини вилояти Хатлон ва барқароркунии захираҳои табиӣ мусоидат менамояд.
12. Баҳисобгирии талаботи зерини қонуниятҳои занҷираи ғизо ва гардиши моддаҳо дар табиат, дар ҳудуд ва марзи экосистемаҳои табиии мамнӯъгоҳ дар чунин ҳолатҳо зарур аст:
- афзоиши шумораи табиатистифодабарандагон ва ба ин омил мувофиқат накардани сатҳи идоракунии устувори захираҳои табиӣ ва рушди истеҳсолот;
- мушкилоти ҳифзу нигоҳдории гуногунии биологии захираҳои табиӣ, ғунҷоиши экологии олами ҳайвоноту наботот, барқароркунии захираҳои табиӣ, таъмини мувозинати биологии системаҳои экологии табиӣ (фазо, ҳудуд, акватория), ҳамчунин минтақаи ҷойгиршавии объектҳои алоҳидаи нодири табиӣ, барқароркунии ҳолати табиии онҳо ва дигар равандҳои экологӣ ҳангоми банақшагирии ҷойгир намудани воситаҳои истеҳсолот ва қувваҳои истеҳсолкунанда дар сарҳадоти мамнӯъгоҳ.
13. Идоракунии устувори мамнӯъгоҳ ба омилҳои сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ, муҳити атроф ва ҷараёнҳои фаъоли низоми экологии табиӣ вобаста аст, ки онҳо дар навбати аввал ба ҳолатҳои экологии маҳаллӣ, минтақавӣ ва глобалӣ таъсир мерасонанд.
14. Таъсири омилҳои экологӣ ба низоми экологии табиӣ, ки имкониятҳои зиёди тавлидшавии захираҳои гуногунии биологӣ дар шароити табиати ёбоӣ ва манбаъҳои зиёди беназири оби мусаффоро доранд ва дар ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда ҳамчун яке аз нахустин марказҳои ҷаҳонии захираҳои генетикии растаниҳо, ҷамоаҳои олами ҳайвонот ва гуногунии биологӣ ҳифз мешаванд.
15. Ҳамасола дар мамнӯъгоҳ зиёдшавии олами ҳайвоноти нодир дар шароити табиати ёбоӣ, равандҳои инкишофёбӣ ва зиёдшавии мавҷудоти зинда, инчунин ташаккулёбии минтақаҳои рекреатсионӣ ба назар мерасад.
16. Бо мақсади ҳифзу нигоҳдории олами парандагон ва ҳайвоноти ваҳшӣ чорабиниҳо "Дар бораи аз фасли зимистон беталаф баровардани ҳайвоноти ваҳшӣ ва парандаҳо", амалиёти умумиҷумҳуриявии "Ҳифзи ҳайвоноти ваҳшӣ" ва иқдоми "Наҷоти парандагон" гузаронида мешаванд.
17. Барномаи глобалӣ оид ба ҳифзи бабри барфӣ ва афзалиятҳои миллӣ оид ба ҳифзи низоми экологии бабри барфӣ таҳия ва тасдиқ гардиданд, ки дар натиҷа мониторинги бабри барфӣ, омӯзишҳо ва арзёбии ҳолатҳои таъсиррасон ба популятсияи ҳайвоноти мазкур амалӣ шуда истодаанд.
18. Бо мақсади ҳифзу нигоҳдорӣ ва таъмини устувории ёдгориҳо ва объектҳои табиӣ тадқиқотҳои илмӣ ва мушоҳидавӣ гузаронида шудаанд ва дастурамалҳо оид ба мониторинги биологӣ, ҳифзи ёдгориҳои табиӣ ва иҷрои корҳои биотехникӣ таҳия карда шуда, мавриди истифода қарор дода шуданд.
19. Бахшида ба таҷлили 30-солагии таъсисёбии мамнӯъгоҳ конференсияи илмию амалӣ ба мавзӯи "Нақши мамнӯъгоҳи табиии давлатии "Дашти Ҷум" дар ҳифзу нигоҳдорӣ ва барқароркунии олами наботот ва ҳайвоноти нодир" ташкил ва баргузор гашта, инчунин таҳияи тавсифнома оид ба беҳбуд бахшидан ба ҳолати экологии мамнӯъгоҳ ба анҷом расонида шуд.
20. Бо мақсади муаррифии намунаҳои асосии пайдоиши ҳаёт дар низоми экологии табиӣ, ландшафтҳои табиӣ, захираҳои гуногунии биологии экосистемаҳои табиии мамнӯъгоҳ, манбаъҳои захираҳои обӣ, объектҳои табиӣ, муҳити рекреатсионӣ ва ареалҳои паҳншавии мавҷудоти зинда лавҳаҳо омода карда шуда, дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон ҷойгир карда шуданд.
4. САМТҲОИ АСОСӢ ВА АМАЛИГАРДОНИИ БАРНОМА
21. Самтҳои асосии Барномаро ташкил медиҳанд:
- такмили низоми баҳисобгирии олами ҳайвоноту набототи мамнӯъгоҳ, кӯчиши биологии олами ҳайвоноту парандагон;
- ба роҳ мондани механизми истифодабарии оқилонаи олами набототу ҳайвоноти ба Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон шомилбуда;
- фаъол гардонидани муносибати оқилонаи аҳолӣ ба ҳифзу нигоҳдорӣ ва барқароркунии олами набототу ҳайвоноти нодири мамнӯъгоҳ;
- баланд бардоштани сифати хизматрасонии сайёҳии экологӣ ва низоми танзими реҷаи мамнӯъгоҳ;
- таҳияи Нақшаи идоракунии мамнӯъгоҳ ва амалигардонии он;
- пешниҳоди дастгирии давлатӣ ҷиҳати рушди инфрасохтори сайёҳии экологӣ;
- такмили пешбурди корҳои илмӣ, мониторинги биологӣ ва баҳисобгирии ҳайвоноти ваҳшӣ, таблиғоти экологӣ оид ба ҳифзу нигоҳдории намудҳои нодири олами набототу ҳайвонот;
- мусоидат дар рушди мамнӯъгоҳ ва сайёҳии экологӣ.
22. Дар амалигардонии Барнома аз таҷрибаи кишварҳои рушднамуда ва усулҳои илман асосноккардашудаи фаъолияти самарабахши мамнӯъгоҳҳо истифода бурда мешавад.
23. Бо амалигардонии Барнома иттилоотонии ҷомеа оид ба ҳифзу нигоҳдорӣ ва истифодабарии оқилонаи захираҳои гуногунии биологии мамнӯъгоҳ баланд бардошта шуда, шароити ҳамкориҳои манфиатбахш бо созмонҳои байналмилалӣ дар самти таъмини идоракунии устувори онҳо муҳайё карда мешавад.
5. МАРКЕТИНГ ВА ПЕШРАФТИ МАҲСУЛОТИ МИЛЛИИ МАМНӯЪГОҲ
24. Барои татбиқ намудани маркетинг ва пешрафти маҳсулоти миллии сайёҳии экологӣ иштироки фаъолона дар бозорҳои дахлдор ва намоишгоҳҳои машҳури байналмилалӣ таъмин карда шуда, инчунин барои ташкилу баргузор намудани чорабиниҳои мазкур дар ҷумҳурӣ, чораҳо андешида мешаванд.
25. Барои ноил шудан ба мақсадҳои зикргардида чораҳои зерин зарур аст:
- амалӣ намудани тадбирҳо ва чорабиниҳо оид ба ташаккули сайёҳии экологӣ бо истифодаи фаъолонаи омилҳои рушди ёдгориҳои табиӣ ва таърихӣ, ландшафтҳои табиӣ, объектҳои табиӣ, гуногунии биологӣ, арзишҳои беназири мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО, илмӣ ва фарҳангӣ;
- татбиқи чорабиниҳои самарабахши тарғиботӣ, иттилоотӣ оид ба муаррифии арзишҳои экологии объектҳои табиии мамнӯъгоҳ ва омӯзиши ландшафтҳои табиӣ;
- амалӣ намудани тадбирҳо оид ба пешбурди корҳои илмию тадқиқотӣ дар мамнӯъгоҳ.
6. САЙЁҲӢ ДАР МАМНӯЪГОҲ
26. Дар мамнӯъгоҳ ду намуди зерини сайёҳӣ амалӣ мегардад:
- сайёҳии экологӣ;
- сайёҳии илмӣ-экологӣ.
27. Сайёҳии экологӣ дар мамнӯъгоҳ тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда мешавад
28. Сайёҳии илмӣ-экологӣ бо мақсади ҷорӣ намудани усулҳои илмии ҳифзи комплексҳои табиӣ дар шароити мамнӯъгоҳ ташкил карда мешавад. Кумитаи ҳифзи муҳити зист якҷо бо Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ташкили сайёҳии илмӣ-экологиро оид ба мавзӯъҳои "Ҳолати табиии олами наботот ва ҳайвоноти нодири мамнӯъгоҳ", "Баҳисобгирии олами ҳайвоноти нодир", "Таъсири кӯчиши парандагони мавсимӣ ба ҳолати мамнӯъгоҳ", "Таҳия намудани хатсайрҳои сайёҳӣ-экологӣ ва сайёҳии илмӣ-экологӣ дар ҳудуди мамнӯъгоҳ" ба роҳ мемонанд.
29. Захираҳои гуногунии биологии экосистемаҳои табиии мамнӯъгоҳ, пеш аз ҳама аз омилҳои иҷтимоию иқтисодӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва рушди ҷомеаҳои маҳаллӣ дар минтақаҳои кӯҳистон вобастагӣ дорад.
30. Экосистемаҳои табиии мамнӯъгоҳ вобаста ба хусусиятҳои ҷуғрофии худ дорои имкониятҳои зиёд барои рушди сайёҳии экологӣ ва сайёҳии илмӣ-экологӣ мебошанд, ки асоси онро шароити табиӣ, объектҳои табиӣ-таърихӣ ташкил медиҳанд.
31. Дар мамнӯъгоҳ бо мақсади таъмини шароити мусоид барои рушди сайёҳии экологӣ ва солимгардонии аҳолӣ таҳияи 18 хатсайри сайёҳии экологӣ, ташкили 20 ҷойи таваққуфгоҳӣ ва ҷойҳо барои истироҳати сайёҳон дар минтақаҳои муҳофизатӣ (буферӣ) ба нақша гирифта мешавад.
32. Шароити мусоидаткунанда ба рушди сайёҳии илмӣ-экологӣ ва агросайёҳӣ дар минтақаҳои муҳофизатӣ фароҳам оварда мешавад.
7. ТАКМИЛИ ИХТИСОСИ КОРМАНДОНИ МАМНӯЪГОҲ
33. Кормандони мамнӯъгоҳ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ ба курсҳои такмили ихтисос фаро гирифта мешаванд.
34. Барои такмили ихтисоси кормандони мамнӯъгоҳ амалисозии корҳои зерин зарур аст:
- ташкил ва гузаронидани семинарҳо, конфронсҳои илмию амалӣ доир ба ҳалли масъалаҳои идоракунии устувор ва барқароркунии захираҳои гуногунии биологӣ дар мамнӯъгоҳ;
- доир намудани семинар-тренингҳои омӯзишӣ ва курсҳои такмили ихтисоси мутахассисони мамнӯъгоҳ оид ба пешбурди назорати давлатӣ, рушди сайёҳии илмию экологӣ;
- мусоидат дар таъмини санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва дастурамалҳои соҳавӣ барои кормандони мамнӯъгоҳ, ки назорати давлатӣ оид ба ҳифзу нигоҳдории олами набототу ҳайвонотро таъмин менамоянд.
8. ТАЪМИНОТИ ИТТИЛООТИИ МАМНӯЪГОҲ
35. Таъминоти иттилоотӣ ба рушди мамнӯъгоҳ дар самти таъмини амнияти экологӣ, низоми экологии табиӣ, ташаккулёбии захираҳои гуногуни биологӣ, манбаъҳои захираҳои обӣ, мувозинати биологӣ ва экологӣ, ҳифзу нигоҳдории олами набототу ҳайвонот ва ҷалби сайёҳон мусоидат мекунад.
36. Барои таъмини иттилоотии мамнӯъгоҳ маводи зерини илмию тадқиқотӣ ва сайёҳии экологию илмӣ заруранд:
- сомонаи расмӣ, ки дар он маълумоти зарурӣ оид ба имконоти захираҳои гуногунии биологии табиати ёбоӣ, ёдгориҳои табиӣтаърихӣ, объектҳои табиӣ, ландшафтҳо ва комплексҳои табиӣ, манбаъҳои обӣ пешниҳод мегардад;
- ташкили хатсайрҳои сайёҳӣ ва илмӣ-экологӣ, маълумотномаҳо, лавҳаҳои иттилоотӣ бо мақсади ҷалби сайёҳон ба табиати ёбоӣ.
9. ТАЪМИНОТИ АМНИЯТИ БЕХАТАРИИ ЗАХИРАҲОИ ГУНОГУНИИ БИОЛОГИИ МАМНӯЪГОҲ
37. Барнома барои амалигардонии сиёсати экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба ҳифзу нигоҳдории захираҳои гуногунии биологии табиати ёбоӣ, объектҳои мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО, комплексҳои табиӣ ва захираҳои обӣ мусоидат мекунад.
38. Ҳифзу нигоҳдории захираҳои гуногунии биологӣ дар минтақаҳои объектҳои табиӣ, ёдгориҳои табиӣ-таърихӣ, намунаи объектҳои Мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО, инчунин сайругашти сайёҳон дар минтақаҳои табиати ёбоӣ таъмин карда мешавад.
39. Таъминоти иттилоотии сайёҳон доир ба масъалаҳои амнияти онҳо ҳангоми воридшавӣ ба мамнӯъгоҳ ва гаштугузор дар минтақаҳои он амалӣ карда мешавад.
10. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МАМНӯЪГОҲ
40. Ба роҳ мондани ҳамкориҳои самарабахши байналмилалӣ дар соҳаи рушди ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда ва сайёҳии илмию экологӣ, таҳкими ҳамкории мутақобила бо созмонҳои умумиҷаҳонии ҳифзи ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда, Мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО ва ҳифзи табиати ёбоӣ муҳим мебошад.
41. ЮНЕСКО ҳамчун муассисаи махсусгардонидашудаи Созмони Милали Муттаҳид дар рушди ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда ва ба роҳ мондани ҳамкориҳои байналмилалӣ барои ташкил ва рушди сайёҳии экологӣ нақши басо муҳим дорад. Омили мазкур заминаи устувор барои рушди мамнӯъгоҳ ва сайёҳии экологӣ дар ҳудуди он мебошад.
42. Самти асосии рушди мамнӯъгоҳ ин густариши робитаҳои байналмилалӣ оид ба сайёҳии илмӣ-экологӣ ва амалисозии созишномаҳои байниҳукуматӣ дар соҳаи сайёҳӣ ба ҳисоб меравад.
11. НАТИҶАҲОИ ЧАШМДОШТ ВА НИШОНДИҲАНДАҲОИ БАРНОМА
43. Дар доираи амалигардонии пурраи маҷмӯи тадбирҳои ташкилӣ ва маблағгузории Барнома ҳамасола фароҳам овардани шароити мусоиди табиӣ барои афзоиши табиии ҳайвоноти нодир, аз он ҷумла бузи кӯҳии пармашох (морхӯр), гӯсфанди кӯҳии бухороӣ (уриал), бабри барфӣ ва намудҳои дигари ҳайвоноти ваҳшӣ дар табиати ёбоӣ аз 9 фоиз то 16 фоиз, афзоиши захираҳои генетикии ҷангал аз 9 фоиз то 12 фоиз, таъмини реҷаи гидрологии захираҳои об, инчунин таъмини идоракунии самараноки захираҳои гуногунии биологӣ ва афзоиши воридшавии сайёҳон ба ҳудуди мамнӯъгоҳ пешбинӣ шудааст.
44. Амалишавии Барнома ба ноилшавии натиҷаҳои зерин мусоидат хоҳад кард:
- зиёд гардидани популятсияи ҳайвоноти нодир аз ҷумла бузи кӯҳии пармашох, гӯсфанди кӯҳии бухороӣ, бабри барфӣ, силовсин, ҷиркабк ва дигар объектҳои олами ҳайвоноти табиати ёбоӣ;
- истифодабарии самараноки захираҳои гуногунии биологӣ ва беҳтаркунии сифати гузаронидани мониторинги биологӣ дар мамнӯъгоҳ;
- тақвияти корҳои таблиғотию тарғиботӣ дар воситаҳои ахбори омма бо мақсади баланд бардоштани сатҳи маърифати экологии аҳолӣ;
- муайян кардан ва пешгирӣ намудани ҳолатҳои риоя нагардидани қонунгузорӣ дар мамнӯъгоҳ;
- муташаккилӣ ва самарабахшии сохтори назорати давлатӣ дар мамнӯъгоҳ;
- таъмини ҳамкориҳои мутақобилан манфиатбахши идораҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва аҳолӣ оид ба ҳифзу нигоҳдории намудҳои нодири олами ҳайвоноту наботот.
45. Чорабиниҳои маҷмӯӣ оид ба татбиқи низоми идоракунии самарабахши ландшафтҳои табиӣ, захираҳои набототу ҳайвоноти нодир, таҳияи механизми истифодабарии имконпазири объектҳои истироҳатӣ, табобатӣ, фароғатӣ, баланд бардоштани сатҳи фарҳангу маърифати экологӣ, аз он ҷумла чорабиниҳои илман асоснок доир ба ҳифзи ландшафтҳои экосистемаҳои табиӣ, намудҳои нодири набототу ҳайвонот ва объектҳои табиии нотакрор, амалӣ карда мешаванд.
46. Намунаҳои табиии ҷангалҳои арча, писта, бодом ва популятсияи дигари табиии экосистемаи ҷангал дар мамнӯъгоҳ барқарор мешаванд.
47. Таъмини риояи реҷаи мамнӯъгоҳ ва дуруст ба роҳ мондани идоракунии захираҳои табиии он сатҳи таъсиррасонии антропогенӣ ба объектҳои табииро паст менамояд.
48. Таҳкими заминаи моддию техникии мамнӯъгоҳ яке аз ҳадафҳои асосии рушди афзалиятноки мамнӯъгоҳ ба ҳисоб меравад ва он беҳбуд бахшидани фаъолият оид ба амалӣ намудани назорати давлатӣ ва афзоиши саршумори олами ҳайвоноту набототи нодир, иҷрои ҳадафноки корҳои илмию тадқиқотӣ, гузаронидани мониторинги биологии олами ҳайвоноти нодир, солномаи табиат, инчунин манфиатбахшии корҳои биотехникиро таъмин менамояд.
11. САРМОЯГУЗОРӢ
49. Барои сармоягузории лоиҳаҳо оид ба ташкил намудани парваришгоҳҳои хурд ҷиҳати ҳифзу нигоҳдорӣ ва барқароркунии олами набототу ҳайвоноти нодир дар мамнӯъгоҳ ва сохтмони иншооти хизматрасонии сайёҳии экологӣ дар шакли зерин мусоидат карда мешавад:
- андешидани тадбирҳо оид ба рушду ҳавасмандкунии саёҳии экологӣ;
- ташкили наворгирии электронӣ ва мушоҳидагоҳҳои биологии олами набототу ҳайвонот ва парандагони нодир дар ҳудуди мамнӯъгоҳ;
- баланд бардоштани идоракунии самарабахш тавассути таҳияи Нақшаи идоракунии мамнӯъгоҳ ва амалисозии он.
50. Самарабахшии ҷалби сармоягузорӣ оид ба ҳифзу нигоҳдории намудҳои нодири олами набототу ҳайвоноти ба Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон шомилшуда, аз ҷумла бузи кӯҳии пармашох (морхӯр), гӯсфанди кӯҳии бухороӣ (уриал), бабри барфӣ, хирси маллаи тиёншонӣ, мурғи ҳилол, кабки дарӣ ва растаниҳои нодир таъмин карда мешавад.
12. МАБЛАҒГУЗОРИИ БАРНОМА
51. Барои таъмини амалишавии Барнома андешидани чораҳои молиявӣ зарур аст.
52. Маблағгузории Барнома аз ҳисоби сарчашмаҳои молиявии зерин амалӣ карда мешавад:
- маблағҳои буҷети давлатии барои мамнӯъгоҳ пешбинишуда;
- маблағҳои махсуси Кумитаи ҳифзи муҳити зист;
- маблағҳои грантии созмонҳо ва фондҳои байналмилалӣ;
- манбаъҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст.
Замимаи 2