Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 августи соли 2021, № 337 "Дар бораи таъсиси муассисаи давлатии "Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ оид ба намудҳои гӯштин"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар бораи таъсиси муассисаи давлатии "Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ оид ба намудҳои гӯштин"

Мутобиқи моддаҳои 52 ва 132 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Муассисаи давлатии "Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ оид ба намудҳои гӯштин" таъсис дода шавад.

2. Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқарраргардида масъалаҳои ташкилию ҳуқуқӣ ва молиявии муассисаи давлатии "Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ оид ба намудҳои гӯштин"-ро дар доираи маблағҳои пешбинишудаи буҷети давлатӣ барои соли 2021 ва воҳидҳои кории амалкунандаи соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ҳал карда, санадҳои меъёрии ҳуқуқии худро ба қарори мазкур мутобиқ намояд.

3. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд ҳар сол тибқи тартиби муқарраргардида барои пешбурди фаъолияти босамари муассисаи давлатии "Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ оид ба намудҳои гӯштин" дар буҷети давлатӣ маблағҳои заруриро пешбинӣ намояд,

4. Ба Номгӯи муассисаю ташкилотҳои системаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 майи соли 2017, №257 "Дар бораи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" тасдиқ шудааст, сархати панҷум бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"Муассисаи давлатии "Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ оид ба намудҳои гӯштин";".

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                          Эмомалӣ Раҳмон

аз 27 августи соли 2021, № 337

ш. Душанбе