Замимаи 1
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 27 августи соли 2021,№ 327
Низомномаи фаъолияти комиссия оид ба қонунигардонии дороиҳо
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 25.10.2022 № 520)
1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
1. Низомномаи фаъолияти комиссия оид ба қонунигардонии дороиҳо (минбаъд - Низомнома) дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи авф бинобар қонунигардонии дороиҳо ва маблағҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон" (минбаъд - Қонун) таҳия гардида, тартиби фаъолияти комиссияҳо оид ба қонунигардонии дороиҳоро (минбаъд - Комиссия), ки аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳрҳо, ноҳияҳо ва ноҳияҳои шаҳри Душанбе таъсис дода мешаванд, муқаррар менамояд.
2. Комиссия мақоми барои гузаронидани қонунигардонии дороиҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - субъекти қонунигардонӣ) ва додани шаҳодатнома дар бораи қонунигардонии дороиҳо ваколатдор мебошад.
3. Комиссия фаъолияти худро дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи авф бинобар қонунигардонии дороиҳо ва маблағҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон", Низомномаи мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ месозад.
4. Комиссия бо ҷалби намояндагони мақомоти андоз, молия, идоракунии амволи давлатӣ, нотариусони давлатии идораҳои нотариалии шаҳрҳо, ноҳияҳо ва ноҳияҳои шаҳри Душанбе ва дар ҳолати қонунигардонии молу мулки ғайриманқули худсарона сохташудаи шахсӣ ё дар фаъолияти соҳибкорӣ истифодашаванда ва молу мулки ғайриманқули меросиро, ки нисбат ба он баҳс вуҷуд надорад, инчунин бо ҷалби намояндагони мақомоти меъморӣ ва шаҳрсозӣ, идораи замин, бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул, хоҷагии манзилию коммуналӣ ва дигар мақомоти давлатии дахлдори шаҳрҳо, ноҳияҳо ва ноҳияҳои шаҳри Душанбе ташкил меёбад ().
5. Ба Комиссия раис (муовини раис) - шаҳр, ноҳия, ноҳияи шаҳри Душанбе роҳбарӣ мекунад.
6. Ҳайати Комиссия бо шумули раиси он набояд аз 9 нафар аъзо бештар бошад. Ҳайати Комиссия бо қарори дахлдори раиси шаҳр, ноҳия, ноҳияи шаҳри Душанбе тасдиқ карда мешавад.
7. Аз ҳисоби аъзои Комиссия дар ҷаласаи якуми он муовини раиси Комиссия ва котиби Комиссия интихоб карда мешавад. Дар Комиссия ба таври доимӣ бо нигоҳ доштани музди меҳнат дар ҷойи кори асосӣ фаъолият мекунанд.
8. Комиссия барои баррасии муроҷиати субъекти қонунигардонӣ ва қабули қарори дахлдор аз натиҷаи он масъул мебошад.
9. Вазифаҳои Комиссия аз инҳо иборатанд:
1) таъмини қабули сифатнок, пурра ва саривақтии эъломия ва ё аризаҳои субъектҳои қонунигардонӣ тибқи шакли замимаҳои бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқшуда, ки барои қонунигардонии дороӣ бо замима намудани номгӯи дахлдори хуҷҷатҳои муқаррарнамудаи Қонун ва Низомнома вобаста ба намуди дороии қонунигардонидашаванда муроҷиат намудаанд;
2) муайян намудани маълумот дар бораи дороии қонунигардонидашаванда, аз ҷумла дар асоси ҳуҷҷатҳо ва (ё) дигар иттилооти мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳо, дигар шахсон, ки ҳаммонандкунии якмаънои ин дороиро таъмин менамоянд;
3) таъмини қабули саривақтии қарорҳо дар бораи қонунигардонии дороиҳо ва сари вақт ба субъекти қонунигардонӣ додани шаҳодатнома дар бораи қонунигардонии дороиҳо;
4) дохил намудани маълумот дар бораи дороиҳои қонунигардонидашуда ба феҳристи дороиҳои қонунигардонидашуда;
5) тибқи Қонун пешниҳод намудани маълумоти ҷории ҳармоҳа ва ниҳоӣ.
10. Комиссия қонунигардонии молу мулки манқул ва ғайриманқули зеринро анҷом медиҳад:
1) металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳое, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бе риояи талаботи қонунгузорӣ истихроҷ шудаанд ё бо маблағҳои пулии дар эъломияи даромад ё объекти андозбандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нишондоданашуда харидорӣ шудаанд;
2) металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо, коғазҳои қиматнок, ҳиссаи иштирок (молик-бенефитсиар) дар сармояи оинномавии шахсони ҳуқуқӣ ва ҳама гуна дигар молу мулки манқул ва ғайриманқул, ки берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маблағҳои пулии дар эъломияи даромад ё объекти андозбандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нишондоданашуда харидорӣ шуда (ташаккул дода шуда), таҳти ҳуқуқи моликияти шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа қарор доранд ();
3) молу мулки ғайриманқули худсарона сохташудаи шахсӣ ё дар фаъолияти соҳибкорӣ истифодашаванда.
11. Қонунигардонии металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳои дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон истихроҷшуда ё харидоришуда, инчунин металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо, коғазҳои қиматнок, ҳиссаи иштирок (моликбенефитсиар) дар сармояи оинномавии шахсони ҳуқуқӣ, молу мулки манқул ва ғайриманқули берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти ҳуқуқи моликияти шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа қарордошта бо пешниҳоди эъломия аз ҷониби субъекти қонунигардонӣ ва қонунигардонии молу мулки ғайриманқули худсарона сохташудаи шахсӣ ё дар фаъолияти соҳибкорӣ истифодашаванда бо пешниҳоди ариза аз ҷониби субъекти қонунигардонӣ амалӣ карда мешавад.
12. Эъломия ва ё ариза ба Комиссия дар ду нусхаи шабеҳ пешниҳод карда мешавад, ки яке аз онҳо дар ихтиёри Комиссия монда, дигараш бо қайди котиби Комиссия оид ба қабули маҷмӯи пурраи хуҷҷатҳои зарурӣ ва санаи қабул ба субъекти қонунигардонӣ супорида мешавад.
13. Комиссия қарорро дар бораи қонунигардонии дороиҳо ва додани шаҳодатнома дар бораи қонунигардонии дороиҳо бо риояи муқаррароти Қонун ва Низомнома қабул мекунад.
14. Рад намудани қонунигардонии дороиҳо аз ҷониби Комиссия метавонад танҳо дар ҳолати риоя нагардидани талаботи Қонун ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдори амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирад. Дар сурати рад намудани қонунигардонии дороиҳо, хироҷ барои қонунигардонии дороиҳо баргардонида намешавад.
2. ТАРТИБИ КОРИ КОМИССИЯ
15. Комиссия эъломия ва ё аризаҳоро, ки барои қонунигардонии дороиҳо пешниҳод карда шудаанд, дар китоби бақайдгирии эъломия ва ё аризаҳо оид ба қонунигардонии дороиҳо ба қайд мегирад.
16. Эъломия ва ё ариза, ки дар ҷараёни муҳлати давраи қонунигардонӣ пешниҳод гардидааст, аз ҷониби Комиссия бояд дар муддати аз даҳ то бист рӯзи корӣ баррасӣ карда шавад.
17. Рӯзи додани эъломия ва ё ариза рӯзи ба Комиссия пешниҳод намудани маҷмуи пурраи ҳуҷҷатҳо (охирин ҳуҷҷат аз маҷмуи ҳуҷҷатҳо) ба ҳисоб меравад, ки бояд ба эъломия ва ё ариза вобаста ба намуди дороиҳои қонунигардонидашаванда замима карда шавад.
18. Субъекти қонунигардонӣ барои эътимоднок будани маълумоте, ки дар эъломия ва ё ариза ва ҳуҷҷатҳои ба он замимагардида қайд шудааст, пурра масъул аст.
19. Ба Комиссия ҳуҷҷатҳои асл ва нусхаи ҳуҷҷатҳои дар Қонун ва Низомнома пешбининамуда манзур карда мешаванд. Нусхаи ҳуҷҷатҳои ба Комиссия пешниҳодшаванда бевосита дар ҷаласаи Комиссия аз ҷониби тамоми аъзои Комиссия, ки дар ҷаласа иштирок менамоянд, ба имзо расида, бо муҳри Комиссия тасдиқ карда мешавад. Ҳуҷҷатҳои аслӣ ба субъекти қонунигардонӣ баргардонида мешаванд.
20. Ба Комиссия бо салоҳдиди худ субъекти қонунигардонӣ ҳама гуна ҳуҷҷатҳое, ки дар бораи соҳибияти боинсофона, кушода ва мунтазами ӯ нисбат ба дороии дар эъломия ва ё ариза барои қонунигардонӣ зикргардида шаҳодат медиҳад, пешниҳод карда метавонад. Ҳама гуна ҳуҷҷат ё дигар маводе, ки субъекти қонунигардонӣ ба Комиссия бо забони хориҷӣ пешниҳод менамояд, бояд тарҷумаи тибқи тартиби муқарраргардида тасдиқшудаи ин ҳуҷҷат ё маводро ба забони давлатӣ манзур намояд.
21. Баъди гирифтани эъломия ва ё ариза бо замимаи хуҷҷатҳо вобаста ба намуди дороии қонунигардонидашаванда аз ҷониби Комиссия дар муҳлати бо ҳамин Низомнома пешбинигардида дар бораи қонунигардонии дороиҳо қарор қабул карда мешавад ва шаҳодатнома дар варақаи ҳимояшудаи шакли махсус дода мешавад ё дар бораи радди қонунигардонии дороиҳо қарори асоснок қабул карда, аз натиҷааш муроҷиаткунанда хаттх огоҳ карда мешавад.
22. Эъломия ва ё ариза бо ҳуҷҷатҳои ба он замимагардида аз ҷониби Комиссия, чун қоида, бидуни иштироки субъекти қонунигардонӣ баррасӣ мегардад. Дар ҳолатҳои алоҳида барои додани эзоҳи иловагӣ субъекти қонунигардонӣ метавонад ба ҷаласаи Комиссия даъват карда шавад.
23. Комиссия наметавонад аз субъекти қонунигардонӣ пешниҳоди ҳуҷҷатҳоеро талаб намояд, ки тибқи Қонун ва Низомнома пешбинӣ нашудаанд.
24. Қарори Комиссия дар бораи қонунигардонии дороӣ ва ё радди асосноки конунигардонии дороӣ дар ҷаласаҳои Комиссия қабул карда мешавад. Қарори Комиссия қонунӣ ҳисобида мешавад, агар дар ҷаласаи Комиссия на камтар аз се ду ҳиссаи аъзои Комиссия, аз ҷумла раис ё муовини раиси Комиссия иштирок карда бошанд. Ҳангоми баробарии овозҳо қарор қабулшуда ҳисоб меёбад, агар барои он раиси Комиссия ва дар набудани ӯ муовини раиси Комиссия овоз дода бошанд.
25. Ба қарори Комиссия ва шаҳодатнома дар бораи қонунигардонии дороиҳо раиси Комиссия ва ё муовини ӯ ва котиби Комиссия имзо мегузоранд.
26. Қарори Комиссия дар бораи қонунигардонии дороӣ бо зикри рӯз ва рақам мутаносибан дар китоби бақайдгирии қарорҳо дар бораи қонунигардонии дороиҳо бояд ба қайд гирифта шавад.
27. Шаҳодатнома дар бораи конунигардонии дороиҳо дар варақаи ҳимояшудаи шакли махсус дар асоси қарори Комиссия, сабтҳо дар китоби бақайдгирии қарорҳо дар бораи қонунигардонии дороиҳо ва сабтҳо дар феҳристи дороиҳои қонунигардонидашуда дода мешавад. Шаҳодатнома дар бораи қонунигардонии дороиҳо дар як нусха пур карда мешавад. Ҳамаи саҳифаҳои шаҳодатнома дар бораи қонунигардонии дороиҳо аз ҷониби шахсони ваколатдори Комиссия, ки ба шаҳодатнома имзо гузоштаанд, имзо карда мешавад. Нусхаи шаҳодатнома дар ҳуҷҷатгузории Комиссия нигоҳ дошта мешавад.
28. Далели додани шаҳодатнома дар бораи қонунигардонии дороиҳо ба субъекти қонунигардонӣ бо имзои ӯ ва котиби Комиссия, ки барои таҳия ва супоридани шаҳодатнома масъул аст, дар китоби бақайдгирии карорҳои Комиссия тасдиқ карда мешавад.
29. Протоколҳои ҳамаи ҷаласаҳои Комиссияро котиби Комиссия ва ҳангоми набудани ӯ яке аз аъзои Комиссия тартиб медиҳад. Ба ҳар як протоколи ҷаласаи Комиссия ҳамаи аъзои Комиссия, ки дар ҷаласа иштирок намудаанд ва барои пуррагӣ ва дурустии маълумоти дар протокол сабтгардида масъул мебошанд, имзо мекунанд ва он бо муҳри дахлдор тасдиқ карда мешавад.
30. Маълумот дар бораи дороиҳои қонунигардонидашуда ва субъектҳои қонунигардонӣ дар феҳристи дороиҳои қонунигардонидашуда қайд карда мешавад.
31. Ҳамаи ҳуҷҷатҳо, ки ба анҷомдиҳии қонунигардонии дороиҳо алоқаманданд, аз ҷумла онҳое, ки ба субъекти қонунигардонӣ дода мешаванд (нусхаҳои дуюми ариза, шаҳодатнома дар бораи қонунигардонии дороӣ ва дигар хуҷҷатҳо), бо имзои раиси Комиссия ё муовини раиси Комиссия ва котиби Комиссия тасдиқ карда шуда, бо муҳри дахлдори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва ноҳияҳо, инчунин ноҳияҳои шаҳри Душанбе тасдиқ карда мешаванд.
32. Ҳамаи ҳуҷҷатҳои пешниҳодшуда, инчунин дигар ҳуҷҷатҳои марбут ба анҷомдиҳии қонунигардонии дороиҳо дар парвандаҳо (китобҳои) дахлдор гузошта шуда, рақамгузорӣ, риштабандӣ, муқовабандӣ мегарданд ва тибқи тартиби муқарраршуда аз ҷониби Комиссия дар давоми ду моҳ аз рӯзи гузаштани муҳлати қонунигардонӣ барои нигоҳдории бемуҳлат ба Саридораи бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида мешаванд.
33. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳрҳо, ноҳияҳо, ноҳияҳои шаҳри Душанбе дар ҳаҷми пурра кори босамар ва сифатноки Комиссияро оид ба қонунигардонии дороиҳо таъмин менамоянд (таъминот бо кадрҳои баландихтисос, корҳои ташкилӣ, моддӣ-техникӣ, таъминот бо биноҳои дахлдор ва ғайра).
34. Барои таъмини ташкилию техникӣ ва дигар таъминоти фаъолияти Комиссия, аз ҷумла қабул ва баҳисобгирии эъломия ва ё аризаҳо дар бораи қонунигардонии дороиҳо, пешбурди китоби бақайдгирии қарорҳои Комиссия, таҳия ва додани шаҳодатнома дар бораи қонунигардонии дороӣ, таҳияи мавод барои ҷаласаи Комиссия тибқи қарори хаттии раиси Комиссия ҳамаи аъзои Комиссия метавонанд ба кори Комиссия бо нигоҳ доштани музди меҳнат дар ҷойи кори асосӣ ҷалб карда шаванд.
35. Мутобиқи қарори хаттии раиси Комиссия, ки бо раиси дахлдори шаҳр, ноҳия, ноҳияи шаҳри Душанбе мувофиқа шудааст, аз ҳисоби шахсони мансабдори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ин шаҳру ноҳияҳо, ноҳияи шаҳри Душанбе метавонанд гурӯҳҳои кории ёрирасон таъсис дода шаванд, ки мустақиман таҳти роҳбарӣ ва назорати аъзои ваколатдори Комиссия кор мекунанд.
36. Аз ҷониби мақомот ва шахсони мансабдори давлатӣ беасос дахолат кардан ба фаъолияти Комиссия ё бо тарзи дигар монеъ гардидан ба амалисозии ҳадаф ва вазифаҳои ба онҳо вогузоргардида манъ аст.
37. Роҳбари Комиссия иқтибос аз феҳристи дороиҳои қонунигардонидашударо аввали ҳар моҳ ба мақоми ваколатдори муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом ва ба Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо таъмини махфияти онҳо пешниҳод менамояд.
3. ҲУҶҶАТҲОЕ, КИ БА КОМИССИЯ ОИД БА ҚОНУНИГАРДОНИИ ДОРОИҲО ПЕШНИҲОД КАРДА МЕШАВАНД
38. Қонунигардонии дороиҳо (ба истиснои молу мулки ғайриманқул) дар асоси аз ҷониби субъекти қонунигардонӣ ба комиссияи маҳалли сабти зисти ӯ пешниҳод намудани хуҷҷатҳои дахлдор амалӣ мешавад. Қонунигардонии молу мулки ғайриманқул дар асоси аз ҷониби субъекти қонунигардонӣ ба Комиссияи ҷойи мавҷуд будани молу мулки ғайриманқул пешниҳод намудани хуҷҷатҳои дахлдор амалӣ мешавад.
39. Ҷиҳати қонунигардонии металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳое, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бе риояи талаботи қонунгузорӣ истихроҷ шудаанд ё бо маблағҳои пулии дар эъломияи даромад ё объекти андозбандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нишондоданашуда харидорӣ шудаанд, ба Комиссия ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:
1) эъломия оид ба қонунигардонии дороиҳо дар ду нусха аз рӯи намунаи шакли бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқшуда;
2) нусхаи шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон;
3) нусхаи шаҳодатнома дар бораи додани рақами мушаххаси андозсупоранда;
4) як нусха санади Нозироти давлатии иёргирии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки Низомнома пешбинӣ намудааст;
5) ҳуҷҷати пардохти хироҷ барои қонунигардонӣ ().
40. Оид ба натиҷаи баҳисобгирии миқдорӣ, сифатӣ ва арзишии металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои киматбаҳо Нозироти давлатии иёргирии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон се нусха санади муфассал таҳия менамояд, ки онҳо барои идентификатсияи ягонаи металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳои қонунигардонишаванда имконият медиҳанд ва ба онҳо шахси якуми мансабдори Нозироти давлатии иёргирии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (ё муовини он), субъекти қонунигардонӣ ва раиси Комиссия имзо мегузоранд. Як нусхаи санад ба Нозироти давлатии иёргирии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, нусхаи дуюм ба Комиссия ва як нусхаи дигари санад ба субъекти қонунигардонӣ дода мешаванд.
41. Барои қонунигардонии металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо, коғазҳои қиматнок, ҳиссаи иштирок (моликбенефитсиар) дар сармояи оинномавии шахсони ҳуқуқӣ ва ҳама гуна дигар молу мулки манқул ва ғайриманқул, ки берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маблағҳои пулии дар эъломияи даромад ё объекти андозбандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нишондоданашуда харидорӣ шуда (ташаккул дода шуда), таҳти ҳуқуқи моликияти шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа қарор доранд, ба Комиссия ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд ():
1) эъломия оид ба қонунигардонии дороиҳо дар ду нусха аз рӯи намунаи шакли бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқшуда;
2) нусхаи шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон;
3) нусхаи шаҳодатнома дар бораи додани рақами мушаххаси андозсупоранда;
4) нусхаи хуҷҷати муқарраркунандаи ҳуқуқи моликият ба дороиҳои қонунигардонидашаванда, ки мутобиқи қонунгузории давлати хориҷӣ ба расмият дароварда шудааст, бо тарҷумаи тибқи тартиби муқарраргардида тасдиқшудаи ҳуҷҷати муқарраркунандаи чунин ҳуқуқ ба забони тоҷикӣ;
5) дар сурати қонунигардонии коғазҳои қиматноки берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти ҳуқуқи моликияти шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа қарордошта, иқтибос аз ҳисобномаи шахсӣ дар системаи дахлдори ҳуқуқ ба коғазҳои қиматнок ё дигар ҳуҷҷати муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии давлате, ки резиденти он эмитенти коғазҳои қиматнок мебошад, пешниҳод карда мешавад;
6) ҳуҷҷати тасдиқкунандаи арзиши дороиҳои барои қонунигардонӣ пешниҳодшаванда бо тасдиқи дахлдори он тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
7) ҳуҷҷати пардохти хироҷ барои қонунигардонӣ.
42. Ҳуҷҷати муқарраркунандаи ҳуқуқи моликияти субъекти қонунигардонӣ ба дороиҳои қонунигардонидашаванда, ки мутобиқи қонунгузории давлати хориҷӣ ба расмият дароварда шудааст, бояд мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон қонунӣ карда шавад.
43. Барои қонунигардонии молу мулки ғайриманқули худсарона сохташудаи шахсӣ ё дар фаъолияти соҳибкорӣ истифодашаванда ба Комиссия ҳуҷҷатҳо тибқи номгӯи ҳуҷҷатҳои барои қонунигардонии молу мулки ғайриманқул пешниҳодшаванда, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст, пешниҳод карда мешаванд.
44. Комиссия дар асоси аризаи шаҳрванд бо тартиби муқаррарнамудаи Қонун ва дигар санадҳои ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон зери сохтмон ҷудо гардидани қитъаи замин ва мутобиқи таъиноти қитъаи замин анҷом ёфтани сохтмон, инчунин бо нигоҳ доштани сохтмони худсарона вайрон нашудани ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунан ҳифзшавандаи дигар шахсон, ҷой надоштани таҳдид ба ҳаёт ва саломатии онҳо ё бехатарии объектҳои дар атрофи ин сохтмон ҷойгирбударо бо дар назардошти талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷойи ҷойгиршавии сохтмон мавриди санҷиш қарор дода, аз натиҷа санад тартиб медиҳад.
44(1). Ворисони шахси фавтида метавонад ба Комиссия бо ариза оид ба қонунигардонии молу мулки ғайриманқули худсарона сохташудаи шахси фавтида муроҷиат намуда, молу мулки ғайриманқулро ба номи шахси фавтида қонунӣ гардонанд, агар талаботи қисми 3 моддаи 5 Қонун риоя шуда бошад.
44(2). Комиссия метавонад дар асоси аризаи шаҳрванд, ки ҳуқуқи истифодабарии қитъаи замин тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ӯ тааллуқ дорад, бо розигии хаттии шаҳрванде, ки худсарона молу мулки ғайриманқулро дар қитъаи замини мазкур сохтааст, қонунӣ гардонад, агар талаботи қисми 3 моддаи 5 Қонун риоя гардида бошад ().
45. Комиссия дар бораи қонунигардонии молу мулки ғайриманқул вобаста ба ҳар як иншооти молу мулки ғайриманқул дар алоҳидагӣ қарор қабул мекунад. Дар асоси қарори Комиссия ба субъекти қонунигардонӣ барои ҳар як иншооти молу мулки ғайриманқули қонунигардонишуда дар бораи қонунигардонии дороӣ шаҳодатнома дар варақи ҳимояшудаи шакли махсус дода мешавад, ки барои бақайдгирии молу мулки ғайриманкули қонунигардонишуда ва ҳуқуқи моликият ба он ҳуҷҷати расмӣ ҳисобида мешавад.
Замимаи 2- 5
Приложение 1
к постановлению Правительства
Республики Таджикистан
от 27 августа 2021 года, №327
Положение о комиссии по легализации активов
(в редакции пост. Правительства РТ от 25.10.2022 №520)
1. ОБЩИЕ ПОЛОЖЕНИЯ
1. Положение о комиссии по легализации активов (далее ,Положение) разработано на основе Закона Республики Таджикистан "Об амнистии в связи с легализацией активов и денежных средств граждан Республики Таджикистан" (далее , Закон) и устанавливает порядок деятельности комиссий по легализации активов (далее , Комиссия), создаваемых исполнительными органами государственной власти городов и районов, районов города Душанбе.
2. Комиссия является органом, уполномоченным для проведения легализации активов граждан Республики Таджикистан (далее , субъект легализации) и выдачи свидетельства о легализации активов.
3. Комиссия осуществляет свою деятельность на основе Конституции Республики Таджикистан, Закона Республики Таджикистан "Об амнистии в связи с легализацией активов и денежных средств граждан Республики Таджикистан", настоящим Положением и других соответствующих нормативных правовых актов Республики Таджикистан.
4. Комиссия формируется с привлечением представителей налоговых органов, финансовых органов, органов по управлению государственным имуществом, государственных нотариусов нотариальных контор городов и районов, районов города Душанбе и в случае легализации самовольно возведенного недвижимого имущества в личных целях или с целью использования в предпринимательской деятельности и наследственное недвижимое имущество, в отношении которого нет споров представителей органов архитектуры и градостроительства, органов землеустройства, государственных уполномоченных органов в области государственной регистрации недвижимого имущества, органов жилищно-коммунального хозяйства и иных государственных органов соответствующих городов, районов и районов города Душанбе
5. Комиссию возглавляет председатель (заместитель председателя)города, района, районов города Душанбе.
6. Состав Комиссии не должен превышать 9 членов, включая председателя. Состав Комиссии утверждается соответствующим решением председателя города, района, районов города Душанбе,
7. Из числа членов Комиссии на первом ее заседании избираются заместитель председателя Комиссии и секретарь Комиссии, которые на постоянной основе работают в Комиссии с сохранением заработной платы по основному месту работы.
8. Комиссия несет ответственность за рассмотрение обращения субъекта легализации и принятие соответствующего решения по его рузультатам.
9. Функциями Комиссии являются:
1) обеспечение качественного, полного и своевременного принятия деклараций или заявлений субъектов легализации, обратившихся за легализацией актива, согласно формам приложений, утвержденным постановлением Правительства Республики Таджикистан, с приложением в зависимости от вида легализуемого актива соответствующего перечня документов, установленного Законом и Положением;
2) установление сведений о легализуемом активе, в том числе на основе документов и (или) иной информации государственных органов и организаций, иных лиц, позволяющих обеспечить однозначную идентификацию этого актива;
3) обеспечение своевременного принятия решений о легализации активов и своевременной выдачи свидетельства о легализации активов субъекту легализации;
4) включение сведений о легализованных активах в реестр легализованных активов;
5) представление в соответствии с Законом текущих ежемесячных и окончательных сведений.
10. Комиссия осуществляет легализацию следующего движимого и недвижимого имущества:
1) драгоценные металлы и драгоценные камни, добытые на территории Республики Таджикистан без соблюдения требований законодательства или приобретенные на денежные средства, не указанные в декларации о доходах или в объекте налогооблажения в Республике Таджикистан;
2) драгоценные металлы и драгоценные камни, ценные бумаги, доля участия (собственника-бенефициара) в уставном капитале юридических лиц, илюбое иное движимое и недвижимое имущество, приобретенное (сформированное) за пределами Республики Таджикистан денежными средствами, не указанными в декларации о доходах или в объекте налогооблажения в Республике Таджикистан и находящиеся в праве собственности граждан Республики Таджикистан за рубежом
3) самовольно возведенное недвижимое имущество в личных целях или с целью использования в предпринимательской деятельности.
11. Легализация драгоценных металлов и драгоценных камней, добытых или приобретенных на территории Республики Таджикистан, а также драгоценных металлов и драгоценных камней, ценных бумаг, доли участия (собственника-бенефициара) в уставном капитале юридических лиц, движимого и недвижимого имущества, находящихся в праве собственности граждан Республики Таджикистан за рубежом, осуществляется путем представления декларации субъектом легализации, а легализация самовольно возведенного недвижимого имущества в личных целях или с целью использования в предпринимательской деятельности путем подачи заявления субъектом легализации.
12. Декларация или заявления подаются Комиссии в двух идентичных экземплярах, один из которых остается в Комиссии, а другой с отметкой секретаря Комиссии о приеме полного комплекта необходимых документов и даты приема передается субъекту легализации.
13. Комиссия принимает решение о легализации активов с соблюдением Закона и Положения.
14. Отказ в легализации активов Комиссией может быть только в случае несоблюдения требований Закона и других соответствующих нормативных правовых актов Республики Таджикистан. В случае отказа в легализации активов, сбор за легализацию активов возвращению не подлежит.
2. ПОРЯДОК РАБОТЫ КОМИССИИ
15. Комиссия регистрирует декларации или заявления, поданные для легализации активов, в книге регистрации деклараций или заявлений о легализации активов.
16. Декларации или заявление, поданные в течение срока легализация, должны быть рассмотрены Комиссией в течение от десяти до двадцати рабочих дней.
17. Датой подачи декларации или заявления считается дата представления в Комиссию полного комплекта документов (последнего из комплекта документов), подлежащих приложению к декларации или заявлению, в зависимости от вида легализуемых активов.
18. Субъект легализации несёт полную ответственность за достоверность сведений, отраженных в декларации или заявлении и документах, прилагаемых к нему.
19. В Комиссию представляются оригиналы и копии документов, предусмотренных Законом и Положением. Копии представленных в Комиссию документов непосредственно на заседании Комиссии подписываются всеми членами Комиссии, присутствующими на заседании, и заверяются печатью Комиссии. Оригиналы документов возвращаются субъекту легализации.
20. По собственному усмотрению субъект легализации может представить в Комиссию любые документы, свидетельствующие о добросовестном, открытом и непрерывном владении субъектом легализации активом, указанным в декларации или заявлении на легализацию. К любому документу или иному материалу, представленному субъектом легализации в Комиссию на иностранном языке, должен быть представлен субъектом легализации заверенный в установленном порядке перевод такого документа или материала на государственный язык.
21. После получения декларации или заявления и документов, подлежащих приложению, к нему в зависимости от вида легализуемого актива, Комиссией в срок, предусмотренный Положением, принимается решение о легализации активов и выдается свидетельство либо принимается мотивированное решение об отказе в легализации активов, заявитель уведомляется письменно о результате.
22. Декларация или заявление и прилагаемые к нему документы рассматриваются Комиссией, как правило, без участия субъектов легализации. В отдельных случаях для дачи дополнительных пояснений субъект легализации может быть приглашен на заседание Комиссии.
23. Комиссия не может требовать от субъекта легализации предоставления документов, не предусмотренных Законом и Положением.
24. Решение Комиссии о легализации актива либо мотивированный отказ в легализации актива принимается на заседаниях Комиссии. Решение Комиссии считается правомочным, если на заседании Комиссии присутствует не менее двух третей членов Комиссии, в том числе Председатель или заместитель председателя Комиссии. При равенстве голосов считается принятым решение, за которое проголосовал председатель Комиссии, при отсутствии председателя , заместитель председателя Комиссии.
25. Решение Комиссии и свидетельство о легализации активов подписываются председателем Комиссии либо его заместителем и секретарем Комиссии.
26. Решение Комиссии о легализации актива подлежит регистрации с указанием даты и номера соответственно в книге регистрации решений о легализации активов.
27. Свидетельство о легализации активов выдается на защищенном бланке специальной формы на основании решения Комиссии, записи в книге регистрации решений о легализации активов и записи в реестре легализованных активов. Свидетельство о легализации активов заполняется в одном экземпляре. На всех страницах свидетельства о легализации активов проставляются подписи уполномоченных лиц Комиссии, подписавших данное свидетельство. Копия свидетельства хранится в документах Комиссии.
28. Факт выдачи свидетельства о легализации активов субъекту легализации удостоверяется подписью субъекта легализации и секретаря Комиссии, ответственного за подготовку и выдачу свидетельства, в книге регистрации решений Комиссии.
29. Секретарем Комиссии, при его отсутствии , одним из членов Комиссии ведутся протоколы всех заседаний Комиссии. Каждый протокол заседания Комиссии подписывается всеми членами Комиссии, присутствующими на заседании, которые несут ответственность за полноту и достоверность сведений, отраженных в протоколе, и заверяется печатью Комиссии.
30. Информация о легализованных активах и субъектах легализации заносится в реестр легализованных активов.
31. Вся документация, связанная с осуществлением легализации активов, в том числе выдаваемая субъектам легализации (вторые экземпляры заявлений, свидетельства о легализации актива и другие документы), заверяется подписями председателя Комиссии или заместителя председателя Комиссии и секретаря Комиссии и соответствующей печатью испольнительного органа государственной власти городов, районов, а также районов города Душанбе.
32. Вся представленная документация, а также иные документы, связанные с осуществлением легализации активов, формируется в соответствующие дела (книги), пронумеровывается, прошнуровывается, переплетается и в установленном порядке Комиссией в течение двух месяцев со дня истечения срока легализации сдается на бессрочное хранение в Главное архивное управление при Правительстве Республики Таджикистан.
33. Исполнительные органы государственной власти городов, районов, районов города Душанбе в полном объеме обеспечивают (обеспечение квалифицированными кадрами, организационными, материальнотехнических работами, соответствующими помещениями и т.д.) эффективную и качественную работу Комиссии по легализации активов.
34. Для организационно-технического и иного обеспечения работы Комиссии, включая прием и учет деклараций либо заявлений о легализации активов, ведение книги регистрации решений Комиссии, подготовку и выдачу свидетельств о легализации актива, подготовку материалов на заседание Комиссии, по письменному решению председателя Комиссии все члены Комиссии могут быть привлечены к постоянной работе в Комиссии с сохранением заработной платы по основному месту работы.
35. По письменному решению председателя Комиссии, согласованному с председателем соответствующего города, района, района города Душанбе, из числа должностных лиц исполнительных органов государственной власти этих городов, районов, районов города Душанбе могут создаваться вспомогательные рабочие группы, работающие под непосредственным руководством и контролем уполномоченных членов Комиссии.
36. Государственными органами или должностными лицами запрещается вмешиваться в деятельность Комиссии или иным образом препятствовать своевременному и качественному осуществлению ею возложенных на нее задач и функций.
37. Руководитель Комиссии в начале каждого месяца с обеспечением конфиденциальности представляет в уполномоченный орган по противодействию легализации (отмыванию) доходов, полученных преступным путем, финансированию терроризма и финансированию распространения оружия массового поражения и в Налоговый комитет Республики Таджикистан выписку из реестра легализованных активов.
3. ДОКУМЕНТЫ, ПРЕДСТАВЛЯЕМЫЕ В КОМИССИЮ ПО ЛЕГАЛИЗАЦИИ АКТИВОВ
38. Легализация активов (за исключением недвижимого имущества) осуществляется на основании представленных субъектом легализации соответствующих документов в комиссию по месту его прописки. Легализация недвижимого имущества осуществляется на основании представленных субъектом легализации соответствующих документов в Комиссию по месту расположения недвижимого имущества.
39. Для легализации драгоценных металлов и драгоценных камней, добытых на территории Республики Таджикистан без соблюдения требований законодательства или приобретенных на денежные средства, не указанные в декларации о доходах или в объекте налогооблажения в Республике Таджикистан, в Комиссию представляются следующие документы:
1) декларация о легализации активов в двух экземплярах, по типовой форме, утвержденной постановлением Правительства Республики Таджикистан;
2) копия паспорта гражданина Республики Таджикистан;
3) копия свидетельства о присвоении идентификационного номера налогоплательщика;
4) один экземпляр акта Госпробирнадзора Министерства финансов Республики Таджикистан, предусмотренного Положения;
5) документ об уплате сбора за легализацию
40. По результатам количественного, качественного и стоимостного учета драгоценных металлов и драгоценных камней Госпробирнадзором Министерства финансов Республики Таджикистан составляется подробный акт в трех экземплярах, позволяющий однозначно идентифицировать предъявленные на легализацию драгоценные металлы и драгоценные камни, подписываемый первым должностным лицом (или его заместителем) Госпробирнадзора Министерства финансов Республики Таджикистан, субъектом легализации и председателем Комиссии. Один экземпляр акта остается в Госпробирнадзоре Министерства финансов Республики Таджикистан, второй передается в Комиссию, а другой экземпляр акта передается субъекту легализации.
41. Для легализации драгоценных металлов и драгоценных камней, ценных бумаг, доли участия (собственника-бенефициара) в уставном капитале юридических лиц, и любое иное движимого и недвижимого имущества, приобретенного (сформированного) за пределами Республики Таджикистан денежными средствами, не указанными в декларации о доходах или в объекте налогооблажения в Республике Таджикистан и находящихся в праве собственности граждан Республики Таджикистан за рубежом, в Комиссию представляются следующие документы
1) декларация о легализации активов в двух экземплярах, по типовой форме, утвержденной постановлением Правительства Республики Таджикистан;
2) копия паспорта гражданина Республики Таджикистан;
3) копия свидетельства о присвоении идентификационного номера налогоплательщика;
4) копия документа, потверждающего право собственности на легализуемые активы, оформленного в соответствии с законодательством иностранного государства, с заверенным в установленном порядке переводом такого правоустанавливающего документа;
5) в случае легализации ценных бумаг, находящихся в праве собственности гражданина Республики Таджикистан за рубежом, представлется выписка с лицевого счета в соответствующей системе учета прав по ценным бумагам либо иного документа, установленного нормативными правовыми актами государства, резидентом которого является эмитент ценных бумаг;
6) документ, подтверждающий стоимости предъявляемых к легализации активов, заверенный соответствующим образом в соответствии с законодательством Республики Таджикистан;
7) документ об уплате сбора за легализацию.
42. Документ, подтверждающий право собственности субъекта легализации на легализуемые активы и оформленный в соответствии с законодательством иностранного государства, подлежит узаконению в соответствии с законодательством Республики Таджикистан.
43. Для легализации самовольно возведенного недвижимого имущества в личных целях или с целью использования в предпринимательской деятельности, в Комиссию представляются документы согласно перечню документов, представляемых для легализации недвижимого имущества, утвержденному постановлением Правительства Республики Таджикистан.
44. Комиссия на основании заявления гражданина в порядке, установленном законом и другими нормативными правовыми актами Республики Таджикистан, осуществляет проверку отведенного под строительство земельного участка и возведения строительства в соответствии с назначением земельного участка, а также ненарушения права и охраняемых законом иетересов других лиц, отсутствия угрозы их жизни и здоровью либо безопасности объектов, расположенных вокруг этих построек, с учетом требований нормативных правовых актов Республики Таджикистан по месту расположения строительства и по результатам составляет акт.
44(1). Наследники умершего лица могут обратиться в Комиссию с заявлением по легализации самовольно построенного недвижимого имущества умершим, легализовать недвижимое имущество на имя умершего лица, при соблюдении требований части 3 статьи 5 Закона
44(2). Комиссия может на основании заявления гражданина, имеющего право пользования земельным участком в соответствии с законодательством Республики Таджикистан и письменного согласия гражданина, самовольно построившего недвижимое имущество на этом земельном участке, легализовать при соблюдении требований части 3 статьи 5 Закона
45. Комиссия принимает решение о легализации недвижимого имущества по каждому объекту недвижимого имущества в отдельности. На основании решения Комиссии субъекту легализации на каждый объект легализованного недвижимого имущества выдается свидетельство о легализации имущества, являющееся официальным документом для осуществления регистрации легализованного недвижимого имущества и права собственности на него.
приложение 2-5