Замима
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 27 августи соли 2021,№335
Тартиби пешбурди Кадастри давлатии захираҳои сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон
БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
1. Тартиби пешбурди Кадастри давлатии захираҳои сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд- Тартиб) раванди пешбурд, бақайдгирӣ, ҷамъоварии маълумот ва додани шиносномаи мақоми объектҳои сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистонро муайян намуда, бо мақсади танзими истифодаи самаранок, ҳифз ва муаррифии захираҳои нодири таърихию фарҳангӣ, табиӣ ва захираҳои сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардидааст.
2. Кадастри давлатии захираҳои сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд- Кадастр) имкониятҳои сайёҳии мамлакатро дар бар гирифта, ба он объектҳои табиӣ, арзишҳои илмӣ ва таърихию фарҳангӣ дохил мешаванд, ки сарвату дороии миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, асоси маҳсулоти миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкил менамоянд.
3. Кадастр ҷиҳати дастрас намудани маълумоти зарурӣ барои ташрифи сайёҳони хориҷию дохилӣ, гузаронидани тадқиқоти илмӣ, чорабиниҳои экологӣ, ташкили баҳисобгирии оморӣ барои таҳияи минбаъдаи хатсайрҳои нави сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода мешавад.
4. Кадастр аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи сайёҳӣ дар асоси маълумоти илман асоснок ва маводи аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, вазорату идораҳои дахлдор, муассисаҳои илмӣ, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва субъектҳои хизматрасонии сайёҳӣ пешниҳоднамуда таҳия ва пеш бурда мешавад.
5. Номгӯи объектҳои ба Кадастр дохилшаванда тибқи қонунгузорӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи сайёҳӣ дар мувофиқа бо вазорату идораҳои дахлдор, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва субъектҳои хизматрасонии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мегардад.
6. Кадастр аз маълумоти зерин иборат мебошад:
- номгӯи объектҳо;
- арзиши арзёбӣ, аҳамияти таърихӣ, фарҳангӣ ва илмии объектҳо бо нишон додани тобеияти он, ки аз ҷониби вазорату идораҳои дахлдор муайян карда мешавад;
- маълумот оид ба ҳолати санитарию экологӣ;
- тавсифи мавқеи ҷойгиршавӣ.
7. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи сайёҳӣ ва шахсони мансабдоре, ки Кадастрро пеш мебаранд, уҳдадоранд, ки дурустии маълумоти ба ҳуҷҷатҳои кадастрӣ дохилшаванда ва ба шахсони манфиатдор дастрас намудани ин маълумотро таъмин намоянд.
БОБИ 2. МАҚСАД ВА ТАРТИБИ ПЕШБУРДИ КАДАСТРИ ДАВЛАТИИ ЗАХИРАҲОИ САЙЁҲӢ
8. Кадастри давлатии захираҳои сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсадҳои зерин пеш бурда мешавад:
- арзёбии ҳолати захираҳои сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тағйиротҳои дар онҳо баамалоянда;
- баланд бардоштани самарабахшии идоракунии захираҳои сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути амалисозии чорабиниҳое, ки ба нигоҳдорӣ ва барқарорсозии онҳо равона карда шудааст;
- гузаронидани таҳлили мунтазами захираҳои сайёҳӣ ва риояи тартиби муқарраргардида дар онҳо.
9. Тартиби пешбурди Кадастри давлатии захираҳои сайёҳӣ аз таъсис додани китоби кадастрии ҷумҳуриявӣ ва парвандаҳои кадастрии объектҳои сайёҳӣ иборат мебошад.
10. Дар китоби кадастрии ҷумҳуриявӣ маълумот оид ба объектҳои сайёҳии тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкилшуда бо нишон додани маълумот оид ба арзиши арзёбӣ, аҳамияти таърихӣ, фарҳангӣ ва илмии объектҳо, тобеияти он, мақом, намуд, тавсифи мавқеи ҷойгиршавӣ ва таъиноти истифодабарӣ ҷамъ оварда мешавад.
11. Ба ҳар як объекти сайёҳӣ, ки ба китоби кадастрии ҷумҳуриявӣ ворид карда мешавад, рақами кадастрӣ дода мешавад.
12. Парвандаи кадастрӣ барои ҳар як объекти сайёҳӣ алоҳида тартиб дода мешавад ва рақами кадастрие, ки ба китоби кадастрии ҷумҳуриявӣ ворид карда шудааст, ба он гузошта мешавад.
13. Объекти сайёҳие, ки ба Кадастр дохил шудааст, танҳо мувофиқи таъинот ва мақсад истифода мешавад. Намудҳои дигари фаъолиятро, ки ба вазъи захираҳои сайёҳӣ таъсири манфӣ мерасонад, ба Кадастр дохил намудан манъ аст.
14. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи сайёҳӣ якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор, инчунин бо Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон шумораи квотаҳои ташрифи иншооти ба Кадастр дохилгардидаро муайян мекунанд ва истифодаи онҳоро дар асоси шартнома амалӣ мегардонанд.
15. Ҳангоми ташкили сайёҳати ташрифӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон истифодабарии ройгони захираҳои сайёҳие, ки ба Кадастр дохил шудаанд, ба истиснои ташрифоти расмӣ иҷозат дода намешавад. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сайёҳони дохиливу хориҷӣ ҳангоми ташриф овардан ба объектҳои сайёҳии ба Кадастр дохилшуда бо мақсади сайёҳат, истироҳат, табобат, фароғат, инчунин зиёрат уҳдадоранд меъёрҳо ва қоидаҳои рафтори марбут ба нигоҳдорӣ ва муҳофизати захираҳои сайёҳиро риоя намоянд.
16. Объектҳои сайёҳии ба Кадастр дохилшуда ҳамчун дастовардҳои миллӣ ба шумор рафта, дар воситаҳои ахбори оммаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сомонаи расмии мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи сайёҳӣ оид ба ҳолатҳои арзиши таърихӣ, фарҳангии онҳо, ки барои ташрифовардагон ва шароитҳои истифодабарӣ квотаҳо муқаррар гардидаанд, мунтазам маълумот интишор карда мешаванд.
17. Вазорату идораҳо, субъектҳои хизматрасонии сайёҳӣ, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, ки соҳибмулкони объектҳои ба Кадастр дохилшуда мебошанд, бо дархости мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи сайёҳӣ дар хусуси таъиноти онҳо, арзиши таърихӣ, фароғатӣ, фарҳангӣ, илмӣ, табиӣ, тартиби истифодабарӣ, хусусият, ҳолат, шароити қабул ва хизматрасонии сайёҳон маълумоти дахлдор пешниҳод менамоянд.
18. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи сайёҳӣ ба объектҳое, ки ба Кадастр дохил шудаанд, шиноснома медиҳад. Ин шиноснома мақоми объекти мазкурро ҳамчун дастоварди миллӣ тасдиқ менамояд.
19. Маълумоте, ки дар Кадастр ҷамъоварӣ шудааст, дар мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи сайёҳӣ нигоҳ дошта мешавад ва дар ҳолати зарурӣ бо тартиби муқарраргардида ба субъектҳои манфиатдор пешниҳод карда мешавад.
20. Маълумоти Кадастр ҳам дар шакли чопӣ ва ҳам дар ҳомили электронӣ бо истифода аз системаи электронии ҷамъоварӣ, коркард ва нигоҳдории иттилоот пеш бурда мешавад.
21. Коркард ва тартиби ворид намудани маълумот ба Кадастри давлатии захираҳои сайёҳӣ, аз ҷумла барасмиятдарории парвандаҳои кадастриро тибқи тартиби муқарраргардида мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи сайёҳӣ ба роҳ мемонад.
БОБИ 3. ПАРДОХТИ ХАРОҶОТИ КАДАСТРИ ДАВЛАТИИ ЗАХИРАҲОИ САЙЁҲӢ
22. Пардохти хароҷоти объектҳои сайёҳии ба Кадастр воридшуда аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ ва сарчашмаҳои дигаре, ки қонунгузорӣ манъ накардааст, амали карда мешаванд.
23. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи сайёҳӣ нархнома барои истифодаи объектҳои сайёҳии ба Кадастр воридшударо дар мувофиқа бо вазорату идораҳои дахлдор, инчунин Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон таҳия ва тасдиқ менамояд.
БОБИ 4. ҲИФЗИ ОБЪЕКТҲОИ САЙЁҲӢ, КИ БА КАДАСТРИ ДАВЛАТИИ ЗАХИРАҲОИ САЙЁҲӢ ВОРИД ГАШТААНД
24. Бо мақсади ҳифз ва нигоҳдорӣ, инчунин истифодаи самараноки объектҳои сайёҳии ба Кадастр воридгашта мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи сайёҳӣ якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор, ки дорои ваколат мебошанд, барои муайян намудани мутобиқат ба стандартҳои мавҷуда ва истифодаи судманди онҳо, ба истиснои иншооте, ки дар ихтиёри Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон мебошанд, санҷишҳо мегузаронанд.
25. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи сайёҳӣ, вазорату идораҳо, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва субъектҳои сайёҳӣ, ки дар истифодабарӣ ё ихтиёрдориашон захираҳои сайёҳӣ қарор доранд ва ба Кадастр ворид шудаанд, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳолати иншоот ва истифодаи мақсадноки онҳо масъулият доранд.
Приложение
к постановлению Правительства
Республики Таджикистан
от 27 августа 2021 года, №335
Порядок ведения Государственного кадастра туристических ресурсов Республики Таджикистан
ГЛАВА 1. ОБЩИЕ ПОЛОЖЕНИЯ
1. Порядок ведения Государственного кадастра туристических ресурсов Республики Таджикистан (далее - Порядок) определяет процесс ведения, регистрации, сбора сведений и выдачи паспорта статуса туристических объекты Республики Таджикистан, и разработан с целью регулирования эффективного использования, защиты и представления уникальных историко-культурных, природных и туристических ресурсов Республики Таджикистан.
2. Государственный кадастр туристических ресурсов Республики Таджикистан (далее - Кадастр) охватывает туристический потенциал страны и включает в себя природные объекты, научные, историко-культурные ценности, являющиеся национальным достоянием Республики Таджикистан, и которые составляют основу национальных туристических продуктов Республики Таджикистан.
3. Кадастр используется для получения информации, необходимой для посещения иностранных и внутренних туристов, проведения научных исследований, экологических мероприятий, организации статистического учета для дальнейшего составления новых туристических маршрутов в Республики Таджикистан.
4. Кадастр разрабатывается и ведётся уполномоченным государственным органом в сфере туризма на основании научнообоснованных сведений и материалов, предоставленных исполнительными органами государственной власти Горно Бадахшанской автономной области, Согдийской и Хатлонской областей, города Душанбе, городов и районов республиканского подчинения, соответствующими министерствами и ведомствами, научные учреждения, Федерацией независимых профсоюзов Таджикистана и субъектами туристических услуг.
5. Наименование объектов, вносимых в Кадастр согласно законодательству определяется уполномоченным государственным органом в сфере туризма по согласованию с соответствующими министерствами и ведомствами, Федерацией независимых профсоюзов Таджикистана и субъектами туристических услуг Республики Таджикистан.
6. Кадастр состоит из следующей информации:
- наименования объектов;
- оценочной стоимости исторической, культурной и научной значимости объектов, с указанием их подчиненности, определяемый соответствующими министерствами и ведомствами;
- информации о санитарно-экологическом состоянии;
- описание место расположения.
7. Уполномоченный государственный орган в сфере туризма и должностные лица, осуществляющие ведение Кадастра обязаны обеспечить достоверность сведений, включаемых в кадастровую документацию, а также представление этих сведений заинтересованным лицам.
ГЛАВА 2. ЦЕЛЬ И ПОРЯДОК ВЕДЕНИЯ ГОСУДАСТВЕННОГО КАДАСТРА ТУРИСТИЧЕСКИХ РЕСУРСОВ
8. Государственный Кадастра туристических ресурсов в Республике Таджикистан ведётся в целях;
- оценки состояния туристических ресурсов в Республике Таджикистан и происходящих в них изменений;
- повышения эффективности управления туристических ресурсов в Республике Таджикистан посредством осуществления мероприятий, направленных на их сохранение и восстановление;
- проведение регулярного анализа туристических ресурсов и соблюдение в них установленного порядка.
9. Порядок ведения Государственного кадастра туристических ресурсов включает в себя образование республиканской кадастровой книги и кадастровых дел туристических объектов.
10. В республиканской кадастровой книге указываются информация о туристических объектах, созданных согласию законодательству Республики Таджикистан с указанием информации об оценочной стоимости исторической, культурной и научной значимости объектов, их подчиненности, статуса, вида, описания место расположения и использовании их назначения.
11. Каждому туристическому объекту, вносимому в республиканскую кадастровую книгу, присваивается кадастровый номер.
12. Кадастровое дело оформляется на каждый туристический объект отдельно и ему присваивается (идентифицируется) кадастровый номер, внесенный в республиканскую кадастровую книгу.
13. Туристические объекты, внесенные в Кадастр, используются только согласно назначению и целью. Запрещается висение в Кадастр других видов деятельности, негативно влияющих на состояние туристических ресурсов.
14. Уполномоченный государственный орган в сфере туризма совместно с соответствующими министерствами и ведомствами, а также с Федерацией независимых профсоюзов Таджикистана определяют количество посещений объектов, внесенных в Кадастр, и осуществляют их использование на договорной основе.
15. При организации туристического визита в Республику Таджикистан, за исключением официальных визитов не разрешается бесплатное использование туристических ресурсов, внесенных в Кадастр. Граждане Республики Таджикистан, внутренние и иностранные туристы, при посещении туристических объектов, внесенных в Кадастр, в туристических, курортных, лечебных и культурных целях, а также с целью паломничества, обязуются соблюдать нормы и правила поведения, связанные с сохранением и защитой туристических ресурсов.
16. Туристические объекты, внесенные в Кадастр считаются национальным достоянием и в средствах массовой информации Республики Таджикистан и официальных сайтах уполномоченного государственного органа в сфере туризма публикуются постоянно сведения о состоянии их исторической и культурной ценностях, в которых устанавливаются квоты для посетителей и условия их использования.
17. Министерствами и ведомствами, субъектами туристических услуг, Федерацией независимых профсоюзов Таджикистана, являющимися собственниками объектов, внесенных в Кадастр по запросу уполномоченного государственного органа в сфере туризма подготавливаются соответствующие документы об их назначении, исторической, курортной, культурной, научной, природной ценности, о порядке использования, особенностях, состоянии, условий приема и обслуживания туристов.
18. Уполномоченный государственный орган в сфере туризма выдает паспорт на объекты, внесенные в Кадастр. Данный паспорт подтверждает статус объекта, как национальное достояние.
19. Информация, содержащаяся в Кадастре, находится на хранении у государственного уполномоченного органа в области туризма и в случае необходимости предоставляется заинтересованным субъектам в установленном порядке.
20. Сведения Кадастра ведутся на бумажном и электронном носителях с использованием электронных систем сбора, обработки и хранения информации.
21. Обработка и порядок внесения сведений в Государственный кадастр туристических ресурсов, включая оформление кадастровых дел, производится в установленном порядке государственным уполномоченным органом в области туризма.
ГЛАВА 3. ВЫПЛАТА РАСХОДОВ ГОСУДАРСТВЕННЫЙ КАДАСТР ТУРИСТИЧЕСКИХ РЕСУРСОВ
22. Выплата расходов туристических объектов, внесенных в Кадастр производится за счет бюджетных средств источников, не запрещенных законодательством.
23. Государственный уполномоченный орган в сфере туризма по согласованию с соответствующими министерствами и ведомствами, а также с Федерацией независимых профсоюзов Таджикистана разрабатывает и утверждает прейскурант за использование туристических объектов, внесенных в Кадастр.
ГЛАВА 4. ОХРАНА ТУРИСТИЧЕСКИХ ОБЪЕКТОВ, ВКЛЮЧЕННЫХ В ГОСУДАРСТВЕННЫЙ КАДАСТР ТУРИСТИЧЕСКИХ РЕСУРСОВ
24. С целью охраны и сохранения, а также эффективного использования туристических ресурсов, внесенных в Кадастр, государственный уполномоченный орган в сфере туризма совместно с соответствующими министерствами и ведомствами, имеющими полномочия, проводят проверки для определения соответствия существующим стандартам и их эффективного использования, за исключением объектов, находящихся в ведомственном распоряжении Федерации независимых профсоюзов Таджикистана.
25. Государственный уполномоченный орган в сфере туризма, министерства и ведомства, Федерация независимых профсоюзов Таджикистана и субъекты туристических услуг, в использовании или распоряжение которых находятся туристические ресурсы, внесенные в Кадастр, согласно законодательству Республики Таджикистан несут ответственность за состояние объекта и его целевое использование.